• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Чанд рўз аст, ки мо зери таъсири нишотбахши воқеаҳои рўзҳои охир қарор дорем, ки онро бо забону қалам тасвир кардан душвор аст. Суханронии Шумо ва Президенти Ўзбекистон, ки дар қасри таърихии “Арбоб” дар мулоқот бо мо – зиёиён ва фаъолони вилоят доштед, натанҳо моро, балки тамоми одамоне, ки ба воситаи оинаи нилгун рафти мулоқотро тамошо мекарданд, хеле мутаассир карду шод гардонид.

 Дар натиҷаи иродаи бузурги сиёсӣ ва ташаббуси оқилонаи Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Миромонович ва дастгирии ҳаматарафаи якдигар сардиҳои муносибатҳои солҳои охир аз байн бардошта шуданд, дарвозаҳои оҳанин боз гардиданд. Барои шаҳрвандони ҳарду мамлакат имконияти рафтуомад бе ягон визаю мамоният фароҳам оварда шуд. Пас аз солҳои тўлонӣ парвози ҳавопаймоҳо аз сўи Душанбе ба Тошканд, аз Тошканд ба Душанбе оғоз гардид, ҳаракати автобусҳои байнидавлатӣ ба роҳ монда шуд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, то давраи пандемия ба Тоҷикистон аз ҳама зиёд аз Ўзбекистон меҳмон омадааст, албатта, ин маънои онро дорад, ки хешовандон дар вақти дилхоҳашон имконияти ба дидори ҳам расиданро соҳиб шудаанд.

Дар натиҷаи ин вохўриҳои судманд сохта шудани ду НБО дар дарёи Зараф- шон натанҳо хонаҳоро мунаввар месозад, балки ба дилҳои мардум низ рўшноӣ мебахшад. Корхонаҳои нави саноатӣ сохта мешаванд ва ҳазорҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Масалан, дар ҳамкорӣ сохта шудани заводи автомобилии “Uz Avto Motors” ҳам ба садҳо оила ризқу рўзӣ мерасонад.

Ҳамчунин ҷоннок гардидани ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ дар солҳои охир моро хеле шод гардонид. Дар се соли охир мо бо олимони ўзбекистонӣ ҳамко- риҳои зич барпо намудем. Мусассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров” бо макотиби олии Ўзбекистон робитаҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Олимони донишгоҳи мазкур дар конференсияҳои байналмилалии дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Фарғона, Тирмиз баргузоргардида бо гузоришҳои пурмуҳтаво иштирок менамоянд.

Баргузор гардидани Рўзҳои фарҳанги Ўзбекистон дар Тоҷикистон, Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ўзбекистон имконияти хуби шиносоӣ бо дастовардҳои ходимони соҳаро дар давраи Истиқлол фароҳам овард. Дар Тошканд бахшида ба мероси адабии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳо баргузор гардиданд. Якчанд чорабинии илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба 580-солагии Алишер Навоӣ дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуданд. Ба як истгоҳи метрои Тошканд номи яке аз шоирони бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода гузошта шуд. Дар Душанбе бошад, бахшида ба Қаҳрамони Ўзбекистон, Шоири халқии Ўзбекистон Эркин Воҳидов маҳфили хубе баргузор гардид.

Пас аз чанд муддати таваққуф тарҷумаи асарҳои адибони ўзбек ба забони тоҷикӣ, тарҷумаи осори эҷодкорони тоҷик ба забони ўзбекӣ бо нафаси тоза оғоз ёфт. Хушбахтона, алоқаҳои адабӣ аз нав ҷоннок гардида истодаанд.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои театр ва кино торафт ривоҷ меёбанд. Баъд аз тана- ффуси чандинсола ҳайати эҷодии Театри драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи Муқимии шаҳри Тошканд ба Хуҷанд ташриф оварда, спектакл ва консертҳои худро ба намоиш гузоштанд. Мухлисони хуҷандии театр санъаткорони Театри ба номи Алишери Навоии шаҳри Намангонро низ бо хушӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин Театри ба номи Шукур Бурҳони Тоҷикистон дар давоми панҷ рўз ба Намангон сафари эҷодӣ намуд.

Ба қарибӣ дар Душанбе Рўзҳои кинои ўзбек доир гардид. Филми “Илҳақ” дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳам намоиш дода шуд. Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки дар якчанд филми ўзбекӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева даҳҳо образҳоро, ба монанди Нодирабегим, Майсара офарида ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ўзбекистон барои хидматҳои шоёнаш бо ҷоизаи “Олтин ҳумо” (Ҳумои тиллоӣ) қадрдонӣ гардидааст.

Дар маҷмўъ, суханҳои Шумо дар мулоқот бо зиёиёни вилояти Суғд дар Қасри Арбоб воқеан созандаву рўҳбахш буданд. Муносибати бародаронаи Шумо, муҳтарам Президенти кишвар, Пешвои гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович барои мардуми тоҷику ўзбек намунаи ибрат буда, шаҳрвандони ҳарду давлат аз ин ин иқдому корҳои шоистаи шумо бағоят шоду розӣ ҳастанд. Аз номи аҳли илму адаби вилояти Суғд, аз номи мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба сарварони оқилу дониш- манди худ сипоси самимии худро расонида, барои Шумо умри дарозу бофароғат ва муваффақиятҳои бештар дар ҷодаи пурмашаққати роҳбариву давлатдорӣ таманно менамоем.

Ба бахти мардумони мо, ки чеҳраву урфу одат, ҳатто орзуву нияти ба ҳам монанд доранду ҳамхуну ҳамдил ҳастанд, ҳамеша саломат бошед ва дар амалӣ гаштани корҳои неки оғозкардаатон Худованд мададгор бошад!

Бо эҳтиром:

Ҷўрабек Набиев,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,

Абдувалӣ Бердиалиев,

Аслиддин Пўлотов,

Қамариддин Тўхлиев,

профессорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,

Тўрақул Ризоқулов,

профессор, ноиби ректори Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Мунаввара Ойматова,

 номзади илмҳои филологӣ,

Ўринбой Усмон,

адиб, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигарон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved