• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Интишороти маъруфи кишвар «ЭрГраф» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон се асари адибони маъруфи кишвар Ато Ҳамдам ва шодравон Леонид Чигринро бо номҳои «Эмомалӣ Раҳмон жасорати» («Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»), «Буюк ипак йўлӣ» («Шоҳроҳи Абрешим»), «Икки Пешво жасорати» («Корномаи ду Пешво») аз нашр баровард.

 

Бояд зикр намуд, ки қиссаи бадеӣ- публитсистии «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», ки соли 2011 навишта ва ба забонҳои тоҷикию русӣ ба нашр расида буд, дар як муддати кўтоҳ аз ҷониби муштариён хуш қабул гардид ва ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуд. Соли 2015 тарҷумаи беларусии ин асар дар қароргоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск бо ширкати сафирони кишварҳои гуногун ва олимону адибони машҳур рўнамоӣ гардид.

Романи «Шоҳроҳи Абрешим» аввали соли дуҳазорум баъди ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуданаш охири моҳи майи соли 2004 дар Ҷумҳурии мардумии Чин ба забони чинӣ тарҷума ва нашр шудааст. Баъдтар рўнамоии ин китоб дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Инак, баъди чанд сол романи хондании «Шоҳроҳи Абрешим» ба забони ўзбекӣ тарҷума ва дар ин китоби бузургҳаҷм ворид гардид ва ба нашр расид.

Қисмати сеюми китоб бо номи «Корномаи ду Пешво» манзур гарди- дааст, ки он ҳамчун асари публитсистӣ аз барқарор гаштани муносибатҳои ҳасана дар шароити кунунӣ, аввалин сафари расмии Президенти тозаинти- хоби Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздиду вохўриҳо ва мулоқотҳои судбахши сарварони ду кишвари дўсту бародар ҳикоят мекунад.

Тарҷумаи китоб ба қалами яке аз нависандагон ва тарҷумонҳои хушсалиқаи ўзбекизабони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Омонбой Жуманов мансуб мебошад. 8 июни соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати адибони тоҷик ва меҳмонон аз ҷумҳурии ҳамсоя рўнамоии ин китоб баргузор мегардад.

Нигина ҚАМАРИДДИНОВА,

«АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved