• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

17-уми майи соли ҷорӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии яке аз устодони барҷастаи назми муосир, шоири маъруф устод Лоиқ Шералӣ маҳфили зебои адабӣ баргузор шуд.

 Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зимни ифтитоҳи маҳфил иброз дошт, ки устод Лоиқ дар навсозии шеъри муосири мо нақши барҷаста дошта, аз маҳбубтарин шоирони тоҷик ба шумор меравад. Мавсуф дар суханронии худ муҳимтарин хусусиятҳои шеъри Лоиқ, тарҷумаҳо, мақолаҳои публитсистӣ, мусоҳибаҳо ва шохисаҳои инсониву эҷодии ўро ба таври мушаххас зикр намуд.

Дар бораи зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоири зиндаёд гардонандаи маҳфил – Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба таври муфассал андеша ронда, ҷойгоҳи ўро дар шеъри ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрону Афғонистон хеле назаррас донист.

Адабиётшиноси шинохта Абдураҳ- мони Абдуманнон перомуни вижагиҳои ашъори устод Лоиқ гузориши илмӣ ироа намуд, ки дар ҳамин шумора пешкаши хонандагон гардидааст.

 Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ пораҳои ҷолиберо аз рўзгори ҳамсабақиву дўстӣ бо шоири равоншод ба ёд оварда, изҳор дошт, ки Лоиқ аз замони донишҷўӣ бо ҳушмандиву лаёқати хосаш фарқ мекард ва то охири умр ба дўстону ҳамқаламонаш муҳаббату садоқати беандоза дошт.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар суханронияш аз ҷумла гуфт, ки шеъри Лоиқ хонандагони зиёд дорад ва ў дар байни халқ то кунун ҳам аз имрўзитарин ва замонитарин шоирони мост. Номбурда иродати худро бо хондани шеъри муассире бахшида ба Лоиқ баён намуд.

Ҳамчунин донишмандону адибони маъруф Ҳақназар Ғоиб, Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа ва дигарон дар бораи сифатҳои волои инсонӣ ва хусусиятҳои шеъри Лоиқ суханронӣ карданду дар васфаш шеърҳо хонданд.

Қироати шеърҳо аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир гувороии хос дошт ва ба ҳамагон ҳаловати маънавӣ бахшид.

Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Афзалшоҳи Шодӣ ва сарояндаи хушовоз Абдумаҷид Бердиев бо сурудҳои дилошўб маҳфилороӣ карда, шукўҳи онро афзуданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved