• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Боре сафари хидматӣ ба вилояти Суғд доштам ва дар як маърака аз ифротгароиву бегонапарастӣ сухан оғоз гардиду падареро ном бурданд, ки ба ҷурми терроризм зиндонӣ шудааст ва баъди пароканда шудани мардум гуфтугўи дуздонаи чанд нафар ҳам ба гўш расид, ки маҳкумшударо ҷабрдида ва қурбони дасиса шумурданд.

 Ҳайрон мондам. Чун баъдтар ба таҳқиқ машғул шудам, маълум гардид, ки чандон чунин набудааст. Як нафар, ки дар мурофиаи судӣ ҳузур доштааст, гуфт:

– Оне, ки шумо ном бурдед, вақте ҳукми суд эълон шуд, аз ҷо бархесту таҳдид кард.

Магар нафаре, ки гунаҳкор нест, метавонад ин гуна бонг занад ва таҳдид кунад?! Ин қадар «боварӣ» ва «ҷасорат» аз куҷост? Бадтар аз ин, чаро баъзе одамон деҳа гумон мебаранд, ки фалонӣ қурбони туҳмат шуд?

 Аҷиб аст, ки агар нафаре бо ҷурми дуздӣ, куштор, ришва ситонидан, туҳмату дасиса ва муштзўрию бадмастӣ, ҳатто нашъаҷаллобӣ ба зиндон равад, ҷойи баҳсу шубҳа намемонад. Аксарият маҳкум мекунанд ва ҷонибдори ҳукм шуда, онро одилона мешуморанд, вале дар мавриди нафароне, ки ба ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, наметавон чунин гуфт: ҳамеша гумону шубҳа ҷо дорад. Чаро чунин аст?

Ман намегўям, ки ҷомеа ва мақомоти дахлдор коре ба анҷом намерасонанд ё дар ин ҷабҳа камфаъоланд, баръакс, осоиши ҷамеа ва сулҳу оромӣ, ки имрўз насиби мост, бемуҳобо қабл аз ҳама хидмати онҳост. Бо вуҷуди ин, ҳама гуна таҳқиқу санҷишҳо дар мурофиаи судӣ ҷамъбаст мешавад ва натиҷаи он ҳамеша мавриди гуфтугўи мардум қарор мегирад. Албатта, баъзе мурофиаҳо хусусияту оҳанги махфӣ доранд ва аз баҳси мо истисно мебошанд, аммо гоҳо ба мурофиа даъват намудани ашхоси махсус шарт аст. Масалан, тамоми хешовандони маҳкумшаванда, дўстону ҳамнишинон, ҳатто ҳамсинфони ў, ашхоси обрўманди деҳа ё маҳалла, баъзе омўзгоронимуассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пирамардони оқил, занон бояд шоҳиди афкору аъмоли ҳамдеҳаи худ бошанд. Дар он сурат ба миш-миш ва ҳар гуна овозаҳои беасос замина намемонад. Ба ҳар ҳол аз муҳимтарин ҷузъиёти аъмоли маҳкумшаванда, то ҷое, ки имкон ва иҷозат ҳаст, ҳама, хурду калони деҳа, бояд огоҳ гардад. Ягон ифротгаро ё террорист танҳо нест, шариконаш хомўшу ором намеистанд ва ба хотири «исбот»- и бегуноҳии шарики худ ба ҳар кор даст мезананду аз ҳар восита истифода мебаранд, вагарна оне, ки 6-7 сол барои гуноҳи исботшудааш ҷазо мегирад, дар гумони баъзеҳо «ҷабрдида» намешуд…

 Воқеан, замоне суди сайёр баргузор мешуд ва гунаҳкорро ба деҳа бурда, дар ҳузури ҳама муҳокима, лозим шавад, маҳкум мекарданд. Дуруст аст, ки дар мавриди муҳокимаи аъмоли ашхоси ифротгаро ва террорист ҳамеша наметавон чунин кард, аммо пас аз мурофиа бояд кори дигаре анҷом дод ё чорае дигар андешид, то дафтари аъмол бо хотири ҷамъ пўшида шаваду даҳони бадхоҳон баста.

Хуб мешуд, ки нашрияҳои маҳаллӣ аз ҷараёни чунин мурофиаи судӣ гузориши муфассал дарҷ намоянд.

Ҳамоно пас аз мурофиа бо иштироки аҳли деҳа гурўҳи махсус мулоқот ороста, тамоми гумону шубҳаро аз замири мардум берун афкананд.

Муроди дигари камина аз навиштани ин сатрҳо, эмин доштани хурдсолон аз хатари ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Бача ба ҳар сухани калонсол бовар мекунад, вай наметавонад, ки миёни росту дурўғ, ҳақиқату буҳтон тафовут гузорад. Агар нафаре гўяд, ки падари ў ноҳақ зиндонӣ шудааст, бача имон оварда, азият мекашад ва дар вуҷудаш ҳисси нафрату нобоварӣ ба маҳкумкунандагон ҷо хоҳад гирифт. Вақте Дантес шоири машҳури рус Александр Пушкинро кушту ба Фаронса рафт, модараш ба тифли худ инро ошкор кард, гуфт, ки «Пушкинро падари ту кушт…» ва тифл бо ҳамин эҳсос ба воя расиду нисбати падар кина гирифт.

Бачаҳо ҳиссаи осебпазири ҳарҷомеа маҳсуб меёбанд. Хурдтарин тағйироте, ки муҳити моро ба изтироб меорад, аввал эҳсоси хурдсолонро ба- рангехта, дар рўҳу равонашон нақши амиқ мегузорад. Баъзан ин эҳсос хурўҷ карда, дар тафаккури бача мақоми аввалия мегирад ва аз таҳсилу таълими дуруст канор мебарад. Душвор аст берун аз хонавода дубора ба роҳи дуруст овардани хурдсол, зеро ў бештар ба падару модар бовар дорад ва сухани онҳоро ниҳоӣ ва оқилона меҳисобад.

Пас, метавонад модар ба фарзанди худ вобаста ба падараш ҳақиқатро арз намояд?

Нақши модар дар тарбияи фарзанд басо бузург аст. Донишманде фармудааст, ки агар дар хонаводае падар бесавод аст, бар зарари худи падар аст, вале чун модар бесавод аст, ҳар узви оила азият хоҳад кашид.

Кўдаконе, ки дар хонаводаи носозгор ба воя мерасанд, ҳамеша зери таъсири ақидаи калонсолон қарор мегиранд. Калонсолон чӣ мегўянд, чӣ мекунанд ва чӣ мехонанд, аз зеҳну назари онҳо дур намемонад.

Бубинед, ифротгароён ба адабиёти классикии мо дарафтода, мероси ирфониро ширку куфр эълон доштаанд, адабиёти бачагонаро масхара мепиндоранд, ба ақидаи онҳо, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём гумроҳшудагонанд. Мо дар ҷавоб зиёд умумигўӣ мекунем. Аз он чӣ донишмандони соҳаи адабиёт пешниҳод намудаанд, фақат Абдуллои Раҳнамо маводе бас арзанда бо далелу исботи фаровон вобаста ба ҳифзи меросу шаъни Мавлоно Балхӣ ба хонанда пешниҳод намуд, ки дар хотирҳо мемонад.

 Албатта, мо наметавонем, ки барои кўдакон китобҳое таҳия ва чоп намоем, ки мақсаду моҳияти ифрогароён ва террористонро ифшо намояд, зеро зеҳни онҳо ҳанўз пок аст ва ба бисёр мафҳуму маъниҳо сарфаҳм намераванд. Вале барои модарон бояд таҳия кард, то ҳушёр бошанду фарзанди худро аз ин хатар эмин доранд.

Абду ИБОДУЛЛОҲ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved