• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Нашриёти “Эр-граф” қисми сеюми романи таърихии адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ато Мирхоҷаро аз чоп баровард.

 Дар қисми сеюми романи «Саройи санг» муаллиф саргузашту сарнавишти қаҳрамонони асарро давом дода, хонандаро бо вазъи риққатбори тоҷикони Шуғнонзамин ва авзои сиёсии солҳои 70-уми асри XIX ошно месозад. Дар ин айём Афғонистон барои ба даст овардани Шуғнону Вахон даст ба омодагии ҳарбӣ мезанад. Таҳти роҳбарии тоҷики зарафшонӣ Муҳаммад Яъқуббеки Бадавлат мусалмонони Хитойи ғарбӣ давлате ба номи Йеттишаҳр ташкил мекунанд. Яъқуббек барои ҳимояи он англисҳоро ба хоки ин давлати навбунёд роҳ медиҳад. Қавму қабилаҳои қирғизони назди Помир низ барои муттаҳид гаштан тадбирҳоеророҳандозӣ менамоянд. Мир Манзаршоҳ барои мустаҳкам намудани сарҳади шарқии Шуғнонзамин дастаҳои ғоратгари бегонаро шикаст медиҳад. Шоҳи Бадахшон Маҳмудшоҳ ба Шуғнон лашкар кашида, ба муқовимати ғайричашмдошти артиши он дучор мегардад. Юсуфалихон бо маслиҳати аҳли фазл бо Маҳмудшоҳ сулҳ мебандад, вале бо додани 70 навраси хуфӣ ба бардагӣ обрўйи худро дар назди раият барбод медиҳад.

Муҳаррирони ин қисм Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абдуманнон мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки қисми якуми роман соли 2018 бо сарсухани Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Саттор Турсун ва қисми дуюм дар соли 2019 ба нашр расида буданд.

Т. ХАЛИЛӢ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved