• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

9 феврали соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд. Дар маҳфил Сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, кормандони масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар қаламкашон иштирок доштанд.

 

Дар оғоз Эргаш Шоисматов  меҳмононро хушомадед гуфта, дар бораи мақоми баланди Алишери Навоӣ дар адабиёти туркиву форсӣ сухан гуфт.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод дар суханронияш изҳор дошт, ки робитаҳои адабии адибони тоҷику ўзбек пешинаи таърихӣ дошта, аз дўстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ оғоз ёфтааст ва дар адабиёти муосир тавассути дўстиву ҳамкории шоирону нависандагони ду кишвар, аз ҷумла устод Айнӣ, Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода, Ғафур Ғулом, Лоиқ Шералӣ, Абдулло Орифов ва дигарон мустаҳкамтар гардидааст. Номбурда ҳамчунин баён намуд, ки имрўз низ ба шарофати муносибатҳои хубу бародаронаи ду кишвар робитаҳои адабӣ боз ҳам наздиктару пурсамартар шудаанд.

Сипас мудири Хазинаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло дар мавзўи мавриди назар маърўза кард ва аз ҷумла изҳор намуд, ки Алишер Навоӣ дар ташаккули адабиёти классикии ўзбек нақши муҳимтарин дорад ва дар баробари ин, бо ашъоре, ки ба забони тоҷикӣ эҷод кардааст, дар адабиёти классики форсу тоҷик низ ҷойгоҳи шоиста  ёфтааст.  Дар маҳфил қаламкашону пажўҳишгарон Тўронбой Тўйчиев, Сулаймон Эрматов, Ёқубҷон Абдуманнонзода, Илҳом Эшонқулов ва дигарон сухан гуфтанд.                                        «АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved