• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар соли барои мардуми Тоҷикистон таърихӣ, яъне таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи кишвар ироа гардид. Ҳамагон интизор буданд, ки дар ин соли таърихӣ Сардори давлат дар Паёми хеш кадом нуктаҳоро махсус зикр хоҳад кард.

 

Чун Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» унвон дошт, Роҳбари давлат оид ба ҳар масъалаи каму беш ба ин самтҳо вобаста ибрози андеша намуда, корҳои дар бадали як сол баанҷомрасидаро баррасӣ намуданд ва вазифаҳои дар пеш истодаро таъкид сохтанд.

Масъалаи аз ҳама муҳим, ки дар соли сипаришуда натанҳо мардуми мо, балки сокинони сайёраро ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардонд, пандемияи COVID-19 буд. Ва табиист, ки Президенти мамлакат Паёми хешро бо ҷалби таваҷҷуҳи намояндагони халқ ва дар маҷмўъ кулли сокинони кишвар ба ин масъала оғоз намуданд. Мо ҳамагон медонем, ки мардуми мо дар мубориза бо ин вабои аср чи гуна истодагарӣ кард ва Ҳукумати мамлакат аз рўи имконият барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин бемории ногаҳонию ҳанўз барои тиби муосир пурра омўхтанашуда тадбирҳо андешид. Сардори давлат дар ин хусус изҳори андеша намуда, диққати намояндагони халқ ва мардуми Тоҷикистонро ба он ҷалб карданд, ки ҳарчанд имрўз ин беморӣ рў ба пастӣ овардааст ва рўзҳои охир дар кишварамон кам нафароне ба он мубтало мегарданд, мо бояд аз зарари он ба рўзгорамон, хусусан иқтисоди кишвар, андеша кунем. Зеро пандемияи мазкур натанҳо ҷони даҳҳо  нафар ҳамватанони моро рабуд, балки ба ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ зиён расонд, ки зарари онро мо солҳои оянда боз ҳам бештар эҳсос хоҳем кард. Имрўз иқтисоди пурқудраттарин кишварҳои олам дар ҳолати буҳрон қарор дорад ва Тоҷикистон, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонисту иқтисодиёташ чун ҳалқаи як занҷир бо онҳо пайванд, хоҳ-нохоҳ ба он мувоҷеҳ хоҳад гашт. Воқеан, COVID-19 танҳо як бемории маргзо нест, он рўзгор ва муомилаи мардумони олам, дар маҷмўъ муносибатҳои байнидавлатии тўли садсолаҳо шаклгирифтаро низ тағйир дод. Имрўз ҳатто кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз тарси сироят наёфтану таҳдиди гуруснагию нарасидани маводи ғизоӣ дари худро ба рўи якдигар мебанданду хариду фурўш, тиҷоратро коҳиш медиҳанд. Ва Сардори давлат маҳз ба ҳамин нукта таваҷҷуҳ карда, изҳор доштанд, ки мо бояд ба умеди дигарон нашуда, дар соли равон ҳама чораҳоро биандешем, то таъсири манфии ин зуҳуроти номатлубро ба иқтисоди кишвар ва пеш аз ҳама рўзгори мардум, ҳатталимкон пешгирӣ намоем. Дар ин мавридтадбири Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, онҳое ки ба кумаки давлат ниёзи бештар доранд, саривақтӣ аст. Тасмим гирифта шуд, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ нафақаи маъюбон аз кўдакӣ, нафақаи кўдакони маъюби то ҳаждаҳсола, ки дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, бист фоиз ва нафақаи маъюбони гурўҳи якум ба андозаи панҷоҳ фоиз баланд карда шавад. Албатта, ин наметавонад мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созад. Ин оғози кор аст, дар оянда идома хоҳад ёфт.

Халқи мо як мақоли бисёр хуб дорад: Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст. Аз замони ба истиқлол расидан то имрўз мо рўзҳои гуногунро пушти сар кардем. Хусусан дар оғоз, бино бар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва пас аз барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ бенасиб мондан аз мероси мутааллиқ ба кишварамон, муносибати на ҳама вақт хайрхоҳонаи баъзе ҳамсояҳо, буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва ғайра иқтисоди кишвар заиф ва мардум парешон шуд. Маҳз бо роҳбарии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи меҳнатқарини мо ба ҳам омада, дасти якдигар гирифтанд ва он ҳама рўзҳои сахт ва мушкилоти ба сарамон омадаро бартараф сохтанд. Шукр, ки дар давоми сӣ сол мо ба пойдевор ва бинои давлати соҳибистиқлоламон хиштҳои мустаҳкам гузоштем ва имрўз Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо комёбиҳо ба даст овардааст. Аммо имрўз бино бар сар задани пандемия вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳолати буҳрон қарор дорад, ки ин вазъиятро иқтисоддонҳо мушкилтарин дар сад соли охир медонанд. Аз ин рў, Президенти мамлакат вазъи иқтисоди кишвар ва ҷаҳонро ба мулоҳиза гирифта, таъкид доштанд, ки  мо бояд дар ин вазъияти шиддатноки ҷаҳони муосир пеш аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя кунем ва «…барои рушди устувори иқтисодӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем. Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рўзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад».

Ва дар ҳалли ин масъала Сардори давлат дар баробари кишоварзон, корхонаю муассисаҳои давлатӣ сектори хусусӣ, пеш аз ҳама соҳибкоронро даъват намуданд, ки фаъол бошанд, ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ дучанд кор кунанд. Дар Паём таъкид гашт, ки барои дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат соли 2021 онҳо аз пардохтани андози ягонаи замин озод карда мешаванд. Бояд хотиррасон кунем, ки аз ҳамин қабил дастгириҳо нисбат ба соҳибкорону тоҷирон  солҳои пешин низ аз тарафи давлат анҷом дода шуда буд.

Мо ҳамагон хуб медонем, ҳар сол қисмати зиёди Паёми роҳбари давлат ба масъалаи фарҳанг, илму маориф, тарбияи наврасону ҷавонон бахшида мешавад. Имсол низ Президенти кишвар ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, хотиррасон карданд, ки масъалаҳои мазкур ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд.Ҳамагон шоҳиди ҳолем, ҳар сол дар кишварамон даҳҳо мактабу донишгоҳ ва муассисаҳои фарҳангӣ сохта ва ё тармиму таъмир карда мешаванд, сол аз сол миқдори омўзишгоҳу донишкадаҳо ва шумораи донишҷўён зиёд  мегарданд. Бар замми ин, ҳар сол садҳо ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа фиристода мешаванд, ки ин нишони таваҷҷуҳи махсуси давлат ба соҳаи мазкур мебошад. Таҷрибаи башарият собит кардааст, давлату халқе ки ба маорифу фарҳанг таваҷҷуҳ намекунад, оянда надорад.Маҳз фарзандони баилму дониш метавонанд кишвари хешро пешрафта ва ободу зебо гардонанд. Илова ба ин ғамхориҳое, ки зикр кардем, ҳар сол дар ҷумҳуриамон ду озмуни басо муҳим – «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» баргузор ва барои ҳавасмандгардонии иштирокдорон ва ҷалби бештари мардум ба фарҳангу адабиёт маблағи зиёде сарф мегардад. Бар замми ин, ҳамасола дар байни хонандагони мактаб озмуну олимпиадаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Солҳои 2020-2040 дар ҷумҳуриамон «Солҳои омўзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст, ки он бешубҳа ҷиҳати омўзиши илмҳои дақиқ дар байни мактаббачагон саҳми босазо мегузорад. Хурсандиовар аст, ки барои боз ҳам бештар бедор намудани шавқи наврасону ҷавонон ва ҷалб намудани олимону тадқиқгарон ба омўзиши фанҳои дақиқу риёзӣ,  Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш зарурати ҳамасола баргузор намудани озмуни нави ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Илм – фурўғи маърифат» пешниҳод намуданд.

Як нуктаро бояд иқрор шавем:  мардуми мо, бо сабабҳои гуногун, солҳои охир ба тарбияи фарзандони хеш бепарво шудаанд, ба донишандўзӣ, хусусан ба илмҳои дақиқ фаро гирифтани онҳо, аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳол он ки дар замони техникаю технологияи нав, ки рўзафзун рушд меёбаду тамоми рўзгори моро фаро гирифтааст ва бе ҳузури онҳо дасту пойи инсонҳо гўё баста аст, нақши фанҳои риёзиву дақиқ даҳчанд боло меравад. Ва волидайнро лозим аст, ки барои ҳаматарафа азхуд кардани ин фанҳо ба фарзандони хеш шароит муҳайё созанд. Аҳамияти ин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта Сардори давлат ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки натанҳо ғолибони озмунҳои мазкур, балки барои ҳавасмандгардонии моддию маънавии муаллимон ва падару модарони онҳо низ тадбирҳо андешанд.

Ин ҳама ғамхориҳо танҳо ба хотири рушди фанҳои дақиқ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон аст, ки дар оянда бояд барои рушди кишвари азизамон ҳиссагузор бошанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш бори дигар ба масъалаи забономўзӣ, хусусан эҳтирому рушди забони модариамон, изҳори андеша карда, омўзгорону волидайн, аҳли зиё ва кормандони васоити ахбори оммаро хотиррасон карданд, ки барои покиза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ, ки аз ниёкон ба мо мерос мондааст, бетараф набошанд. Воқиан ҳам дар замони ҷаҳонишавӣ хатари аз байн рафтани баъзе забонҳои алоҳида, зери суол рафтани таъриху фарҳанг ва тамаддуни бостонии миллатҳо ба вуҷуд омадааст. Танҳо ба ғамхории давлату ҳукумат гирифтани пеши роҳи раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷиҳатҳои мусбат дасти таҷовуз ба фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳои нисбатан майда дароз карда, пойдевори давлатдории онҳоро суст мекунад, ғайриимкон аст.  Дар ин кор ҳамагон, хусусан аҳли зиё, адибону таърихнигорон, олимону омўзгорон бояд дар сафи пеш бошанд, зеро имрўз масъалаи худшиносию ватандўстӣ, эҳтироми шахсиятҳои бузурги миллат, ҳаматарафа омўхтани осори эшон ва дар маҷмўъ арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги бостониамон беш аз пеш мубрам мегардад. Тавре ки дар Паём омадааст, мо натанҳо худамон бояд бештар таъриху фарҳангамонро биомўзем, балки вақти он расидааст, ки онро тарғибу ташвиқ намуда, халқҳои дигарро низ ошно созем.  «Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати омўхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омўзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».

Давлату миллатро пеш аз ҳама бо таъриху маънавиёти бою рангин ва ғаниаш, аз ҷумла шоҳкориҳои дар адабиёт офаридааш, ёдгориҳои таърихию кашфиётҳои дар соҳаи илм, хусусан илмҳои дақиқ, анҷом додаи фарзандони фарзонааш, дастовардҳои варзишгаронаш дар мусобиқаҳои бузурги байналхалқӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Хулоса, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳим арзёбӣ шуданд. Воқеан, имрўз мо дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва ниҳоят ҳассоси ҷаҳони муосир ҳаёт ба сар мебарем. Воқеаҳои солҳои охир, задухўрди абарқудратҳо барои манфиатҳои миллию давлатии хеш чандин кишварҳои тинҷу осударо ба майдони набард табдил дода, натанҳо осудагию суботи онҳоро барҳам заду миллионҳо одамонро хонабардўшу гуреза гардонд, балки давлатдории онҳоро аз байн бурд. Ва ин кирдорҳои вайронкоронаю ҷаҳонсўз то имрўз идома дорад. Абарқудратҳо нақшаҳои нав мекашанд, тарзи тахрибкориҳои хешро тағйир медиҳанд ва дар ин набарди ҳаёту мамот танҳо миллату давлате истодагарӣ карда метавонад, ки муттаҳид бошад, шаҳрвандонаш ғаразҳои сиёсию гурўҳии хешро аз манфиати давлату Меҳани худ боло надонад ва ҳамагон чун як тан аз як гиребон сар бароварда, меҳнат кунанду дар пайи ободӣ бошанд. Имрўз ҳар фарди ватандўст, хусусан волидайн, омўзгорон ва аҳли зиё бояд насли наврасу ҷавонро дар ҳамин рўҳия тарбия кунанд. Танҳо инсони худогоҳу худшиносу меҳанпараст ва миллати бофарҳангу яктану ҳамраъй метавонад ба ҳама гуна ҳуҷуму вабоҳо истодагарӣ кунаду пирўз шавад.

Равшан Махсумзод,

муовини раиси ИНТ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved