• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Чанде пеш дар Хонаи кинои «Зебунисо»-и пойтахт маҳфили адабии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон баргузор гардид. Дар оғоз филми мустанаде бо номи «Устод Сорбон», ки аз ҷониби коргардони ҷавон Тоҳири Назар таҳия шудааст, намоиш дода шуд. Дар филм пораҳои ҷолибе аз ҳаёти нависанда сабт шудаанд, ки бинандагонро бо рамзу рози эҷодиёти ў ошно мекунанд.

 

Сипас китоби тозанашри «Сорбон дар оинаи нақду сухансанҷӣ» рўнамоӣ карда шуд, ки аз тарафи рўзноманигор Одили Нозир мураттаб шудааст ва дар он мақолаҳои ноқидону адабиётшиносон дар бораи эҷодиёти Сорбон гирд омадаанд.   Дар идомаи маҳфил адабиётшиноси шинохта, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар бораи шахсият ва эҷодиёти нависанда сухан гуфт ва ҷойгоҳи ўро дар насри муосири тоҷик назаррас донист. Суҳбат ва сурудхонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ маҳфилро ҷолибу хотирмон кард.

Ҳамчунин нависанда Абдурофеъ Рабизода, адибони ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур ва Иброҳимҷони Дўстализод дар бораи сифатҳои инсонии Сорбон бо илосу муҳаббат сухан ронданд.  Маҳфили адабӣ ба иштирокдорон лаззати хоси маънавӣ бахшид.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved