• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ВОРИСИ ТАРЗИ АДИБОНИ САМАРҚАНД

 

Адаш ИСТАД

дар аввали асри XX мактаби адабии неруманде дошт. Дар ин мактаби адабӣ Нақибхони Туғрал, Саидаҳмади Васлӣ, Фахриддини Роҷӣ, Саидаҳмади Аҷзӣ, Сипандӣ ва Писандӣ, Гулханӣ ва Ҷавдат барин шоирони машҳур гирд омада буданд. Дар бораи обрўи баланди мактаби адабии Самарқанди аввали асри XX Тамҳид дар як шеъраш гуфтааст:

Бувад табъи баландашро баназму наср устодӣ,

Касе гар пайрави тарзиадибони Самарқанд аст.

Идомаи: ВОРИСИ ТАРЗИ АДИБОНИ САМАРҚАНД

ОЗМУНИ БЕҲТАРИН МУСАВВАРАИ НБО

 

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва ҷиҳати мукаммал гардонидани маҷмўи асарҳои санъати тасвирии фонди осорхона миёни рассомони касбии кишвар озмуни «Беҳтарин мусаввараи НБО»-ро эълон намудааст.

Тибқи талаботи озмун, мусаввараҳои офаридаи рассомон бояд дастовардҳои даврони муосир дар соҳаи энергетикаи мамлакат, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Қайроққум», «Шаршар», «Сарбанд», «Марказӣ» ва «Норак», бахусус НБО-и пуриқтидори солҳои соҳибистиқлолӣ сохташудаи «Помир-1», «Сангтўда-1», «Сангтўда-2» ва «Роғун», рўйдодҳои муҳимми таърихии дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (аз ҷумла, ба истифода додани чархаи якуму дуюми НБО-и «Роғун») ва лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони онҳоро дар бар гиранд.

Ҳамчунин дар мусаввараҳо бояд ҷараёни кори сохтмони иншооти замони муосир, симои қаҳрамонони бригадаҳои бузургу номдори сохтмон ва арсаи меҳнат, ҷамъомаду вохўриҳои аҳли адабу ҳунар ва сиёсатмадорони кишвар бо сохтмончиён, инчунин манзараҳои дилошўби неругоҳҳои барқи обӣ таҷассум ёфта, бинандаро ба андешаи ифтихор аз ватану ватандорӣ ва ободии кишвар водор созанд.

Беҳтарин асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи хариди МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» тибқи муқаррарот харидорӣ ва дар фонди муассиса ҳифз гардида, дар намоишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ба тамошо гузошта мешаванд.

Озмун то 10 марти соли равон идома ёфта, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврўз ҷамъбаст мегардад.

ГИРОМИДОШТИ АДАБИЁТШИНОСИ АСИЛ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф равоншод Худойназар Асозода конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодону донишҷўёни факултаи филологияи донишгоҳ иштирок доштанд.

Идомаи: ГИРОМИДОШТИ АДАБИЁТШИНОСИ АСИЛ

«ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӣ»

Тавре қаблан хабар додем, баъд аз се моҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 8 январ маросими пўшидашавии он баргузор гардид, ки дар он раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Фаронса «Равзана», скрипканавози маъруф Шафақ Фаррухзод андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр кард, ки «баргузории намоишгоҳи осори таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Фаронса шахсан дар дили ман ҳисси ифтихорро бедор намуд. Ман дар консерватория ба донишҷўён мусиқии тоҷикиро дарс медиҳам, оид ба фарҳангу тамаддунамон нақл мекунам. Бо ташкили ин намоишгоҳ онҳо тавонистанд нигораҳоро бо чашмони худ бубинанд ва бо порае аз таъриху фарҳанги мо шинос шаванд».

Сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо тўли се моҳ имкон пайдо карданд, ки бо бозёфтҳои таърихии Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, деворнигораи Панҷакенти бостонӣ, ёдгории машҳури Аҷинатеппа, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, осори нодири тиллою нуқрагин ва дигар нигораҳо аз наздик шинос шаванд.

«Барои дар чунин сатҳи баланд гузарондани ин намоишгоҳ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ташаккури зиёд ба ҳамаи онҳое, ки дар тўли зиёда аз як сол кор карда, сарфи назар аз пандемияи коронавирус ин рисолатро иҷро намуданд. Дар чунин замони барои ҳама душвор, ки ҳатто ба ҷое рафтан осон нест, онҳо тавонистанд як ҳавопаймо нигораҳоро аз Тоҷикистон биёранд», - иброз намуд Шафақ Фаррухзод.

Маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 13 октябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.

ЯК СОЛИ БОБАРОРИ НАҚДИ АДАБӢ

 

Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёт ҳақиқатнигорӣ ва асолати сухан ба маротиб рушд меёбад ва мавзўъҳое вобаста ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари адабиёт қарор гирифта, як адабиёти комилан миллӣ, ки ниёзи ҷомеаи гузаштаву имрўзи мост, арзи ҳастӣ мекунад.

Идомаи: ЯК СОЛИ БОБАРОРИ НАҚДИ АДАБӢ

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved