• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Меҳмонхонаи «Адабиёт ва санъат» ин бор бо ҳузури пурфурўғи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Абдулҳамид Самад гармиву рўшноии хоса дошт. Устод аз он қаламкашони пухтакору варзидаест, ки фарозу фуруди зиёдеро дар роҳи адабиёт тай карда, ба ситеғи камол расидааст. Аз ин рў, суҳбати ў ҷолибу лаззатбахш аст.

 

- Устоди азиз, ба назари Шумо, насри имрўзи мо кадом марҳиларо тай карда истодааст ва аз насри замони шўравӣ бо чӣ хусусиятҳояш фарқ дорад?

- Пеш аз посух додан ба ин пурсиш ҳолати воқеиро арз мекунам, то ки манзараи гузаштаву имрўз равшан шавад. Соли 1982 қиссаи «Паррончакҳо» дар ду шумораи маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд. Мавзўи қисса, ки ҳаёти пуршебу фарози ҷавонон ва донишҷўёни он давраро дар бар мегирифт, аз ҷониби хонанда ва аҳли назар гарм пазироӣ ёфт. Донишҷўёни пойтахт барои муҳокимаи қисса дар хобгоҳҳояшон маҳфил ороста, бо ширкати банда ва дигар адибон пиромуни бурду бохти нависанда дар иншои ин асар баҳс мекарданд. Дар ҳар сурат ин падида муваффақият ҳисоб мешуд. Вале пас аз чанд моҳ дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагон, ки мавзўаш баррасии наср буд, маро сахтакак танқид карданд, ки «қисса қаҳрамони интернатсионалӣ надорад». Аслан эрод ҷон дошт ва эроди нозуку сахт ҳам буд. Мавзўи қисса ҳаёти донишҷўёни пойтахтро дар бар мегирад, бештари воқеа ва амалиёти қаҳрамонҳо дар шаҳри Душанбе мегузарад, аммо ҳамаи қаҳрамонҳо тоҷиканд. Магар ин қобили қабул буд?

Худову ростӣ, ман чун муаллиф 38 сол пеш дар ин хусус наандешида будам. Ва устодони сахтгир низ ҳангоми дар маҷлиси ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» муҳокима кардани қисса оид ба ин «норасоӣ» ҳарфе назада буданд… Яъне он замон мо нависандаи ҷавони шўравӣ будем ва мебоист дар нигоштаҳоямон аз байни бародарони бузург тимсоли роҳнамое меофаридем. Сиёсат ва идеологияи он даврон. Имрўз адиби тоҷик давлати соҳибистиқлол дорад ва дар интихоби мавзўъ ва қаҳрамони ормонӣ билкул озод аст. Ҳунару маҳорати адабияшро то ҷое метавонад, ба тасвири ҳамаҷонибаи қаҳрамон ва дарду ормонҳои миллӣ мебахшад. Дар ин маврид, бешак, арзишҳои инсонпарварӣ, ки ҳусни адабиёти ҳазорсолаи мост, пойдор мемонад.

Адабиёт ва насри муосири мо, ба назари банда, ҳанўз ҳам дар марҳилаи гузариш қарор дорад. Насли бузургсоли адибонамон бо мушкилӣ аз чорчўбаҳои пешини асарофаринӣ мераҳанд; ҷавонтарҳо роҳу равишҳои тоза меҷўянд. Дар тўли қариб се даҳсола нависандагони тоҷик дар интихоби мавзўъ ва тасвири қаҳрамонҳои таърихӣ ба дастовардҳо ноил шуданд. Ин яке аз вижагиҳои насри муосири мост. Ва боз озодона интихоб кардани мавзўъ ва қаҳрамон, озодона ба андозаи неру офаридани асар.

- Оё дар замони истиқлол аз сўи нависандагони мо образи барҷастае офарида шуд, ки дар ёду зеҳни хонандагон нишинад ва аз ягон ҷиҳат барои онҳо улгу бошад?

- Дар замони истиқлол нависандагони тоҷик роману қисса, ҳикоя, очерку публитсистикаи афзун навиштанд ва китобҳои зиёд нашр карданд: асарҳои бадеӣ ва мустанад. Бешак, дар ин осор мол ва қаҳрамони шоистаи адабиёт мавҷуд аст. Дар насри бадеӣ қаҳрамони ормонӣ бо талош, ҳусни нийят, оштинопазирӣ ба падидаҳои зишт: ноадолатӣ, фасодкорӣ, ифротгароӣ, фурўши маводи мухаддир, бадахлоқӣ иродаи мустаҳкам ва ҳифзи расму суннатҳои миллиро ифода мекунад. Дар асарҳои мустанад хонанда бо қаҳрамони фидоии бунёдкору меҳанпарасти тоҷик дар замони истиқлол ошно мешавад. Бо дастони ана ҳамин қаҳрамонони баиродаву ҷонфидо пеши чашми мо бузургтарин роҳу нақбҳо, пулу корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои обии барқӣ, аз ҷумла, Неругоҳи обии «Роғун» бунёд ёфтанд. Бегумон, ҳам илҳомбахши нависанда, ҳам нерубахши қаҳрамонҳо ҳидоятҳои дурандешона ва бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд. Аммо асар ва қаҳрамони мондагори адабиётро довари якрў – вақт аст, ки бо гузашти солҳо муайян хоҳад шуд.

- Шумо аз ибтидо бо қиссаву ҳикояҳои марғубатон ба дили хонандагон роҳ ёфтед. Донистан мехоҳем, ки романи ягонаи Шумо – «Гардиши девбод» аз сўи онҳо чӣ гуна истиқбол шуд?

- Гарму самимӣ. Пас аз нашри роман дар маҷаллаи «Садои Шарқ» донишмандони суханшинос ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд ва пайиҳам мақолаҳои доманадори тадқиқотии профессорон А. Сайфуллоев, Х. Шариф (ёдашон гиромӣ бод!), М. Нарзиқулзода, И. Усмон ва адибони ҳамқалам, хонандагони гиромӣ низ дар рўзномаву маҷаллаҳо ба нашр расиданд, ки мадюни меҳрашон ҳастам. Вале пас аз нашри китоби дувуми романи «Гардиши девбод» аз тариқи интишороти «Адиб», вазири вақти маориф ва илми Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид ғайричашмдошт занг зада, андешаҳояшро пиромуни асар иброз дошт ва пешниҳод кард, ки ҳарду китобро дар як муқова барои хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ  омодаи чоп бикунам. Бо арзи сипос аз пайи иҷрои хоҳиш шудам. Дил ҳаминро мехост. Зиёда аз ин, роман дар аксари донишгоҳҳои пойтахту вилояти Хатлон ва маҳфилҳо аз ҷониби аҳли назар муҳокима шуда, оид ба нуқсу костиҳои он низ андешаҳои зиёде баён карда буданд. Ин пешниҳоди ҷаноби вазир имкон фароҳам овард, ки эродҳои қобили қабулро ислоҳ бикунам. Ҳарду китоби «Гардиши девбод» соли 2017 дар як муқова бо теъдоди даҳ ҳазор нусха ба зевари нашр расид. Ва боз ин ҳам боиси сарфарозии банда шуд, ки моҳи майи соли 2019 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакии АИ бо иштироки донишмандони суханшинос маҳфиле бо номи «Баррасӣ ва арзёбии романи «Гардиши девбод» баргузор гардид. Суҳбати озоду ошкоро. Хулоса, то имрўз «Гардиши девбод» агар нашри онро бо ҳуруфи форсӣ дар Теҳрон  ба ҳисоб бигирем, бори панҷум чоп шуд.

- Баҳрабарӣ аз гуфтугў ва забони зиндаи халқ яке аз вижагиҳои сабки фардии шумост. Ба назаратон, нависанда ҳангоми корбурди калимоти лаҳҷавӣ ва таъбиру ибораҳои халқӣ кадом меъёрро бояд риоя кунад, то аз ҳадди эътидол нагузарад?

- Лаҳҷа ё забони гуфтори мардум як шохаи қадимаву арзишманди фарҳангамон аст ва он дар радифи забони шуҳратёру пойдори тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, ки ба таъбири Абўрайҳони Берунӣ «Сомониён ба он шиносномаи абадият додаанд», хазинаи гаронбаҳост (зимнан, агар Сомониён пояи давлатдориро устувор гузошта буданд, устод Рўдакӣ бо осори пургавҳараш забони нобу адабиёти пурҳикмати форсӣ, дарӣ, тоҷикиро ончунон зебо гузошт, ки умри ҳамешасабзи абадӣ дорад). Ва агар мо некбинона назар афканем, дар тамоми лаҳҷаву гўишҳои мардуми Тоҷикистон вожа, таъбиру ибораҳои бумӣ, рехта, хушоҳанг ва пурмаъноро меёбем, ки хоси забони ноби тоҷикианд, вале бо ивазшавии ҳарфу овоз ё оҳанги талаффуз аз калимаҳои китобии осори классикӣ андаке фарқ мекунанд. Лекин ин вожа ва таъбиру ибораҳои тоҷикон ҳуқуқи комили дар паҳнои забони адабӣ зистанро доранд ва онҳо чун ранг дар ҷойи сазовор ҳусни ҷумлае мешаванд ва барои фардикунонии гуфтугўи қаҳрамони асари насрӣ созгор меафтанд. Бисёр вожаҳои мардумиро дар фарҳангҳои қадима меёбем. Банда низ айёми ҷавонӣ аз гармии сар ва камбории таҷриба бо зиндаёд профессор Атахон Сайфуллоев пиромуни ин мавзўъ баҳс доштам. Аммо имрўз бо камоли масъулият иброз медорам, ки суиистифодаи лаҳҷа ҳаргиз ба фоидаи асари бадеӣ, хонанда ва муаллиф нахоҳад буд. Зеро асари бадеӣ барои мардуми як вилоят, водӣ ё қаламрав нашр намешавад. Забони осори мо имрўз мебояд натанҳо барои кулли хонандаи Тоҷикистон, балки ҳамзабонон фаҳмо бошад. Банда дар мавриди истифодаи лаҳҷа дар насри бадеӣ ба андешаи устод Айнӣ мувофиқам, ки мефармоянд: «… бо сўҳони қоида суфта ва бо чилбури маънӣ сайқал дода, ба кор бурда шаванд, захираи луғавии забони умумихалқӣ ва адабиамонро бойтар карда метавонанд».

Бешак, суиистифодаи лаҳҷа доираи хонандаи асари бадеиро танг мекунад.

- Баъзе шоирону адабиётшиносонамон, аз ҷумла Рустам Ваҳҳобзода, Камол Насрулло дар мавзўи фанни шеър ва муҳиммоти кори шоирӣ барои ҷавонон рисолаҳо навиштанд. Оё навиштани чунин рисолаҳоро барои нависандагони ҷавон низ зарур медонед?

- Шояд зарур бошад. Ин таҷрибаи пешина аст ва дар адабиёти ҷаҳон вуҷуд дорад. Вале муаллифи чунин рисола нависанда ё муҳаққиқи наср, ба назарам, мебояд бо дастоварди назарраси эҷодӣ ҳуқуқи маънавӣ пайдо кунад, сипас бо дили пур ба ин кори хайр даст бизанад. Аслан беҳтарин намунаҳои осори адабиёт роҳнамо ва дарси омўзанда низ мебошанд.

- Имрўз бештари нависандагони ҷавон ва умуман адибони ҷавон дар дуроҳа мондаанд: аз пайи беҳбуди зиндагии моддияшон шаванд ё ба тангдастиву муҳтоҷӣ тан диҳанд. Барои аз ин бунбаст баровардани онҳо чӣ маслиҳат метавонед бидиҳед?

- Ҳолат воқеан ҳузнангезу ташвишовар аст. Ба ҳоли ногувори ҷавонадибон дил месўзад. Вале аз дилсўзии мо ба онҳо чӣ суд? Онҳо ночор мебояд дар се идора адои вазифа кунанд, дар се миз асар нависанд, иҷорапулиро бидиҳанд ва кисахарҷие биёбанд. Дар ин хел такопўи зиндагӣ ба куҷо мерасанд ва чӣ хел адиби пухтакору сазовори адабиёти бузург ба воя мерасанд? Дар асри бист андешае маъруф буд: «Вазиру роҳбареро ёфтану ба курсӣ шинондан осон, аммо адибу ҳунарманди боистеъдод ёфтану тарбият кардан кори мушкил». Дар аҳди қадим ҳукуматдорон аҳли сухану ҳунари болаёқатро аз рустоҳо ба марказҳои фарҳангӣ бурда, барои рушди истеъдоди онҳо шароит муҳайё мекарданд, то номбардорашон шаванд. Ҷавонадибон ба ҳолати аҷиб афтодаанд. Истиқлолияти давлатӣ озодии сухану эҷод бахшидааст. Беҳтарин бахт. Вале вазъият булаҷаб аст: «Асп меёбиву полон не, полон меёбиву асп не». Ягона роҳи «аз ин бунбаст баровардан»-и адибони ҷавони болаёқатро ман дар ғамхориву дастгирии Ҳукумат мебинам. Шояд мушкилоти соҳиби манзил  шудани онҳоро қарзҳои дарозмуддату имтиёзнок додан ҳал намояд. Ин таҷриба дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя самараи хуб додааст. Ва шукри Худо, ки иқтидори иқтисодии давлатамон ҳоло ба ин мусоидат карда метавонад.

- Орзуманди саломатии бардавоми шумоем, устод. Комраво бошед!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved