• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

 

Ёди чеҳраҳои дурахшони адабу фарҳанг бо созмон додани нишастҳои илмиву маҳфили шеъру суруд метавонад дар зеҳни насли нав дўстии халқҳову адабиётҳоро густариш диҳад.

 

Соли 2019 дар фазои густардаву гарм дар пойтахти ҷумҳурии Ўзбекистон – шаҳри ҳамешаҷавони Тошканд аз қаҳрамони Тоҷикистон, мунодии сулҳу дўстӣ, шоири номдор устод Мирзо Турсунзода ёд кардан талқини рафоқате буд, ки хати сабзи рўзгор ва осору пайкори ин нобиғаи адабу фарҳангу сиёсат маҳсуб мешавад. Ҷавобан ба ин иқдоми манфиатовар дар рўзҳои сарсабзӣ ва омодагӣ ба иди ҷаҳонии Наврўз дар пойтахти Тоҷикистон – Душанбеи гулпўш оростани маҳфили шеъру сухан ҷиҳати ёд кардани Шоири халқии Ўзбекистон Эркин Воҳидов шаҳодати пойдор будани равобит ва ба рўйдодҳои олам назар ва нигоҳи ягона доштани эҷодкорони тоҷику ўзбек мебошад.

Замоне, ки аз меросбарони хирадманди суннати ҳамдилӣ ва ҳамнавоии халқҳои тоҷику ўзбек Мирзо Турсунзода ва Эркин Воҳидов сухан ба гуфта меояд, зикр намудан бамаврид аст, ки робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ўзбек ба шарофати умумияти расму ойин ва зиндагӣ дар фазо ва марзи ба ҳам наздики ҷуғрофӣ бармаҳал ташаккул ёфта, дар дарозои таърих халқҳои тоҷику ўзбекро бо ҳам қарин намудааст. Ғояҳои наҷиби инсондўстӣ, кўшиш барои зиндагии осоишта, мубориза алайҳи зулму бедодӣ, инъикоси маишату рўзгордорӣ дар адабиёти шифоҳии тоҷику ўзбек бо истифодаи жанру қолабҳои маъмулии фолклор хусусияти умумӣ доранд. Вуҷуд доштани вариантҳои тоҷикиву ўзбекии достони калонҳаҷми «Гуруғулӣ» ва ривояту афсонаҳои зиёд баёнгари он аст, ки ин халқҳо дар тўли таърих ба рўйдодҳои зиндагӣ нигоҳу назари ҳамсон доштаанд. Ҳамин падидаи наҷиби инсонӣ дар адабиёти хаттии ин халқҳо шурўъ аз ёдгориҳои таърихӣ, ба сони «Луғот-ат-турк»-и Маҳмуди Қошғарӣ, «Қутадғу-билиқ»-и Юсуфи Баласуғунӣ, «Ҳиббат-ул ҳақоиқ»-и Аҳмади Йуғнакӣ, «Девони Ҳикмат»-и Аҳмади Ясавӣ, «Қиссаб-ул- анбиё»-и Рабғузӣ, «Муҳаббатнома»-и Хоразмӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Дурбек, «Гул ва Наврўз»-и Лутфӣ ва андарзномаҳои тоҷикӣ сифати тоза пайдо намуда, дар мисоли мероси гаронарзиши Мавлоно Лутфӣ, Саккокӣ, Қутб, Алишери Навоӣ, Бобур, Муҳаммад Солеҳ, Машраб, Огаҳӣ, Турдӣ, Гулханӣ, Махмур, Муқимӣ, Фурқат шоираҳо Маҳзуна, Нодира, Увайсӣ ва ҳамтоёни форсигўйи онҳо намунаи самараовардаи иртиботи маънавии халқҳои тоҷику ўзбек гардидаанд.

Муҳаққиқони адабиётшиносии муқоисавӣ натиҷагирӣ намудаанд, ки адабиёти асил ҳамеша оғўши худро барои падидаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва адабии олам боз мекунад. Адабиётҳои тоҷику ўзбек аз ҳамин суннати дерин ва фазилати нек бархўрдор буда, дар дарозои ташаккул ва рушди худ манбаъҳои муштараки омўзиш, чун фарҳанги арабиву юнониву чиноиву ҳиндӣ доштаанд. Ҳамин муштаракоти манбаъҳои омўзиш ва бардошту ба амал тадбиқсозии андўхтаҳо дар мисоли афкор ва пайкори донишмандону эҷодкорони тоҷику ўзбек, ба вижа ду хирадманди беназири адабу фарҳанг - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба гунаи мактаби маърифат ва рафоқату ҳамраъйӣ аз замони рўзгори эшон то ба имрўз ҷиҳати эътироф ва пайравии меросбарони онҳо гардидааст.

Ба эътибори фармудаи Алишери Навоӣ дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳайирин» нахустин мулоқоташ бо Абдураҳмони Ҷомӣ дар зинаи 17-18-солагии умраш иттифоқ афтода, то замони вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ идома ёфтаву дар муддати 35 соли муносибати устодиву шогирдии онҳо ҳаммаромиву ҳаммақсадӣ ғолибият доштааст. Рафоқати онҳо то ҳадде расида, ки таълифоти худро ба ҳамдигар бахшида, «дар тарғиби ақидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ якдигарро  пуштибонӣ карда, дар фаъолияти адабӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳамдигар мададгор будаанд». Алишери Навоӣ чун гувоҳи мустаҳкамии бинои дўстӣ ва рафоқат пас аз вафоти устоди худ асари ҷудогонае бо унвони «Хамсат-ул-мутаҳайирин» таълиф намуда, худро соҳиби мотам муаррифӣ менамояд.

Ў чун идомадиҳандаи анъанаи миёни эҷодкорони туркизабон роиҷбудаи зуллисонайнӣ, тавонистааст, ки ба забони модарии худ ва ҳам забони форсии тоҷикӣ дар сатҳи аҳсан ғазал эҷод намояд. Дар радифи девони туркии «Хазоин-ул-маонӣ» таълиф гардидани «Девони форсӣ»-и ў тавонист, ки мақоми шоирӣ ва мавқеи адабии ўро ҳам дар таърихи адабиёти ўзбек ва ҳам дар таърихи адабиёти тоҷику форс таъйин намояд. Дар ин маврид донишмандони тоҷику ўзбек, аз ҷумла, Абдулғанӣ Мирзоев ва Ҳамид Сулаймон ба таври ҷудогона ибрози андеша намудаанд.

Абдулғанӣ Мирзоев теъдоди ғазалҳои ба таври ҷавобия ва назира ба ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз сурудаи ўро 237-то  дониста, натиҷагирӣ намудааст, ки « … устодии Алишер Навоӣ ва маҳорати баланди дар назми форс-тоҷик нишон додаи ўро, зиёду кам дар ҳар як ғазали ҷавобия ва ғайриҷавобияи ў ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст… Аз мутолиаи ин қисмати осори Алишери Навоӣ чунин тасаввурот ба миён меояд, ки асосгузори адабиёти ўзбек мақоми адабии худро дар таърихи назми форс-тоҷик дар ҳақиқат ба хубӣ муайян карда будааст. Ба ин тариқа, Алишер Навоӣ на фақат ҳамчун як нафар намояндаи бузурги адаб, ҳимоякунандаи аҳли адабиёт ва санъати мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрони нимаи дувуми асри XV, балки баъд аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун яке аз беҳтарин ғазалсароёни асри XV форс-тоҷик низ ба таърихи адабиёти мо дохил хоҳад шуд».

Аз замони пажўҳиши зиндагинома ва мероси арзишманди Алишери Навоӣ то давраи шуҳрат пайдо кардани адабиёти даврони нави ўзбек хидматҳои аллома Садриддин Айнӣ дар рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ўзбек беназир мебошад.

Зикр намудани андешаи навоишиноси донишманди ўзбек Ҳамид Сулаймон ин қазияро ба хубӣ собит менамояд: «Дар байни олимоне, ки дар ҷабҳаи омўзиши ашъори форсии Навоӣ кор мебаранд, махсусан, тадқиқоти донандаи машҳури адабиёти Шарқ ва ёдгориҳои хаттӣ профессор Садриддин Айнӣ, (моҳи ноябри соли 1948 Шўрои илмии Донишгоҳи Ленинград бе ҳимояи рисола ба Садриддин Айнӣ унвони доктори илми филология дод. М,З.) сазовори диққат аст. Айнӣ сарфи назар аз он, ки нусхаи аслии «Девони Фонӣ»  дастрас нест, дар муддати чандин солҳо шеърҳои форсии Навоиро аз бисёр манбаъҳои дастнавис ҷуста, даҳҳо нусхаҳоро аз ҷиҳати забон ва услуб ҳарф ба ҳарф муқоиса карда кори бағоят дақиқе бурдааст. Ҳамин тариқ, Айнӣ нахустин муҳаққиқи шеърҳои форсии Навоӣ гардид».

Рушди адабиёт, равнақи шеъри дузабона (ширу шакар), ва ривоҷи робитаҳои адабӣ ба номи шоирони номдори ўзбек  Бобур, Бобораҳими Машраб ва эҷодкорони ҳавзаҳои адабии водии Фарғона Ҳувайдо, Акмал, Низомии Хуқандӣ, Гулханӣ, Махмур, Нодира, Увайсӣ, ҳавзаи адабии Хоразм Равнақ, Андалеб, Роқим, Нишотӣ, Мўнис, Зирак, Огаҳӣ, Диловар ва ҳавзаи Бухоро Ҷонӣ, Муҷрим, Обид, Сайқалӣ, Шавқӣ, Хиромӣ ва суханварону донишмандони дигар бастагии қавӣ дорад.

Шоираҳо Робия, Исматӣ, Оиша (асри XI), Мўнисаи Хуқандӣ, Мутриба (XII), Мунаҷҷима ва Меҳрӣ( асри XV), Гулбаданбегим ва Гулчеҳрабегим (асри XVI), Нурҷаҳонбегим ва Зебуннисо (асрҳои XVI-XVII), Маҳзуна, Нотавон ва Увайсӣ (асрҳои XVII-XIX) Муаззамахон, Назмихоним ва шоираи номдори асри XIX Нодира, барои мардуми минтақа аз муҳаббату дўстӣ сухан гуфтаанд.

Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ўзбек дар нимаи дуюми асри XIX ва оғози асри XX хусусияти тоза пайдо намуд, ки ин ба воридшавии андешаву афкори нав ба Осиёи Миёна бастагӣ дорад. Сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия, тағйир хўрдани назару андеша оид ба сохти давлатдорӣ, системаи таълим ва муносибат ба мунавварфикрон тадриҷан ба адабиёти минтақа низ асар намуд ва бо огоҳ гардидан аз афкори ба бедорӣ даъваткунандаи равшанфикроне чун Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Ҷалил Мамадқулизода, Алиакбари Собир ва маорифпарварони тотору қазоқ, адибони пешқадами тоҷику ўзбек низ ҷиҳати дар вуҷуди мардум бедор намудани ҳисси худшиносӣ ҷадал намуданд. Воридшавии афкори тоза, тариқи тарҷума ошно гардидан ба намунаҳои адабиёти рус, арзи ҳастӣ намудани нахустин мактабҳои русӣ-туземӣ, қаламкашони замонро водор намуд, ки дар ҳамин равия сухан гўянд. Андешаҳои ошкорову танқидии маорифпарварони тотор Курсавӣ, Шаҳобуддини Марҷонӣ ва Қайюми Носирӣ, ки баъди таҳсил дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро ба ватан баргашта буданд, низ ба эҷодкорону равшанфикрони давр таъсиргузор буд.

Бо истифода аз ин неҳзати бедорӣ як қатор адибони ўзбек низ бо таълифи асарҳои худ барои бедории мардум хидмат кардаанд, ки дар сафи пеши ин даста Муқимӣ ва Фурқат қарор доштанд.

Ин далелҳои таърихӣ, илмӣ ва адабӣ баёнгари онанд, ки бо шарофати наздикии ҷуғрофӣ, умумияти дину оин, таърихи дерина доштани зуллисонайнӣ, дўстиву рафоқат, ҳамкориҳои эҷодӣ, баҳрабардорӣ аз бозёфти тозаи ҳамдигар миёни халқҳои тоҷику ўзбек, ҳанўз қабл аз ташаккули адабиёти хаттӣ роҳандозӣ гардида, давра ба давра ранг ва таровиши тоза касб кардааст. Ин амалро ҳам адабпажўҳони тоҷик, ҳам муҳаққиқони ўзбек ва ҳам донишмандону сайёҳони русу хориҷӣ зикр намудаанд.

Дар оғози қарни XX арзи ҳастӣ намудани матбуоти даврӣ барои равнақи тозаи ҳамкориву робитаҳо мусоидат намуд. Рўзномаву маҷаллаҳои туркизабони аз берун ворид мешуда, ба мисли «Тарҷумон», «Вақт», «Шўро», «Иқбол», «Тозаахбор», «Мактаб», «Оина», «Юлдуз», «Турмуш» ва нашрияҳои дар Осиёи Миёна ба табъ мерасида, чун «Меҳнаткашлар товуши», «Қутулиш» ва рўзномаву маҷаллаҳои ба забони тоҷикиву ўзбекӣ чоп мешуда дар радифи чопи ахбори замон ба масъалаи мактабу маориф, забон ва адабиёт низ таваҷҷуҳ намуда, намунаҳои назму насри тоҷикиву ўзбекиро ба хонанда манзур кардаанд.

Садриддин Айнӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба фазилати донандаи хуби забонҳои тоҷикиву ўзбекӣ буданашон, бо таълифи асарҳои назмиву насрӣ ва драмавии хеш ҷиҳати амалкарди жанрҳои адабӣ, таҷассуми бадеии таърихи гузашта ва даврони нави халқҳои тоҷику ўзбек ва тарбияи эҷодкорони ҷавон бошарафона хидмат кардаанд.

Ба амал омадани дигаргуниҳои сифатӣ дар адабиётҳои  тоҷику ўзбек, дарк намудани набзи замон ва истиқболи ғояи тоза, ба таълиф ва нашри «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Рўзҳои гузашта», «Каждум аз меҳроб», «Сароб» ва «Бой ва хизматгор»-и устодони адабиёт Садриддин Айнӣ, Абдулло Қодирӣ, Ҳамза Ниёзӣ, Абдулло Қаҳҳор ва дастаи дигари адибони тоҷику ўзбек бастагӣ дорад.

Ба шарофати талошҳои маърифатӣ ва адабиву илмии Садриддин Айнӣ, дўстӣ ва ҳамкории адибон - А. Лоҳутӣ, Ғ. Ғулом, Ойбек, М. Турсунзода, Р.Ҷалил, А. Қаҳҳор, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Ҳ. Олимҷон, А. Деҳотӣ, М. Раҳимӣ, Раҳмат Файзӣ, Ҳамид Ғулом, Комил Яшин, Зулфия, М. Миршакар, А. Шукўҳӣ, С. Ҷавҳаризода ва… хусусияти эҷодӣ касб кард.

Устод Садриддин Айнӣ аз эҷодиёти Абдулло Қодирӣ вуқуфи  комил дошта, ба қобилияти нависандагӣ ва образофарии ў арҷ гузоштааст. Нусхаи ўзбекии «Одина»-ро аз назари Абдулло Қодирӣ гузаронидани устод Айнӣ ба аҳли таҳқиқ маълум аст.

Воқеан, романҳои А. Қодирӣ «Рўзҳои гузашта» ва «Каждум аз меҳроб» саривақт ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид ва дар радифи асарҳои устод Садриддин Айнӣ ба хонандаи тоҷик завқи бадеӣ бахшида, барои эҷодкорон чун мактаби омўзиши маҳорат хидмат кардааст.

Намунаҳои хуби ҳамин ҳамкорӣ дар мисоли фаъолияти адабиву илмӣ ва муносибати самимии  Садриддин Айнӣ ва эҷодкорони ўзбек Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Ойдин, Собир Абдулло, Мирмуҳсин, Ҳамид Олимҷон, Абдулло Қаҳҳор, Миртемир, Зулфия, Шароф Рашидов, Ойбек, Саид Аҳмад ва… ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки барои ду адабиёт манфиатовар буда, робитаи таърихии халқҳои тоҷику ўзбекро густариш додааст.

Мирзо Турсунзода, ки дар мисоли фаъолияти адабӣ ва ҷамъиятиаш ҳамаи шаклҳои робитаҳои адабиро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст, дар давраи оғозини фаъолияти эҷодиаш иртиботи худро бо Ғафур Ғулом чунин ёдовар мешавад: «Ман дар Тошкент таҳсили илм кардам, дар ҳамон солҳои таҳсил фикру хаёлам побанд ва мафтуни назми классикии Шарқ гашта буд, ман бо ҳирси тамом ашъори шоиронеро, ки оид ба мавзўи муосир иншо мекарданд, меҷустам. Яке аз паси дигаре ва ҳар доим шеърҳои Ғафур Ғуломро дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои ўзбекӣ пайдо мекардам. Гўё ман он шеърҳоро намехондам, балки монанди мусофире, ки дар биёбон об менўшад, фурў мебурдам. Аз ҳамон вақт ман худро мухлиси назми ин шоир мешуморам».

Эҷодкорони тоҷик ба шахсият ва осори Шароф Рашидов дилбастагии самимӣ доранд, ба намунаҳои осори публитсистӣ ва адабии ў бо се забон – ўзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ қаробат пайдо кардаанд. Ба эътибори гуфтаи ҳамсари Мирзо Турсунзода, Шароф Рашидов ба мисли Ғафур Ғулом забони тоҷикиро хуб медонистаанд ва суҳбатҳои эшон дар меҳмонии Мирзо Турсунзода бо забони ноби тоҷикӣ сурат мегирифтааст. Осори бадеии ў аз ҷониби Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Анора Остонова, Раҳим Ҳошим ва Мутеулло Наҷмиддинов ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, адабиёти тарҷумавии тоҷик ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ўзбекро ғанитар гардонидаанд.

Мирзо Турсунзода аз барори эҷодӣ ва комёбиҳои шоирони боистеъдоди ўзбек Абдулло Орифов ва Эркин Воҳидов шод гардида, изҳори қаноатмандӣ мекард, ки ҳунармандони навҷў ва идомадиҳандагони суннати неки ниёгон ба камол мерасанд. Ў бо огоҳӣ аз ҷараёни камолоти шоири навпардози ўзбек Абдулло Орифов, дар яке аз ҷаласаҳои адабии дар шаҳри Москва баргузоршуда ўро дарёфт ва баъди суҳбати гарм иброз намуд, ки  «анъанаи дерин - равобити эҷодию равуои адибони тоҷику ўзбек канда нашавад».

Ин гуфтаи пурҳикмати Мирзо Турсунзода, ки тадриҷан барои эҷодкорони тоҷику ўзбек сифати васиятро касб кард, дар амалкарди шоирони номдор татбиқи худро ёфт. Ин шоирони навҷў ва навовари ўзбек бо ҳамтоёни тоҷики худ омадурафт, тарҷума, муаррифии ашъори ҳамдигарро ба роҳ монданд. Намунаи ашъори Эркин Воҳидов дар тарҷумаи Лоиқ Шералӣ ва ашъори Абдулло Орифов дар тарҷумаи Саидалӣ Маъмур ба ҷаҳони маънавии хонандаи тоҷик манзил гузошт ва ба таърихи ибратомўзи робитаҳои адабии тоҷикону ўзбекон саҳифаи тоза зам намуд.

Тариқи рўзномаву маҷаллаҳо ва маҷмўаҳои «Меҳрнома» (1974), «Чашмаи хурўшон» (1981), «Шасти дўстӣ» (1984), «Тўшае аз ҳар гўшае» (1988), «Аз раҳи дил» (1989), «Китоби дўстӣ» (1989), «Созҳои бародарӣ» (1991) ва барномаҳои радиоӣ ба хонандаву шунаванда манзур намудани ашъори шуарои ўзбек суннати дерини ҳамнавоӣ ва арҷгузорӣ ба нақши пайвандгарии адабиётҳоро тақвият бахшид.

Тавре ки ба гуфта омад робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ўзбек замони арзи ҳастӣ кардани матбуот ба маҷрои тоза ворид гардид. Дар Тоҷикистон баробари нашри рўзномаҳои тоҷикӣ нашрияҳои ўзбекиву русӣ низ ба фаъолият оғоз намуда, дар шумули иҷрои амалҳои хоси матбуот ба рушди адабиёт ва таҳкими дўстӣ низ мусоидат кард.

Рўзномаи ўзбекзабони «Совет Тоҷикистони», ки акнун бо номи «Халқ овози» мунташир мешавад, бо муҳайё будани фазои созгор қаламкашони ўзбекзабони муқими Тоҷикистонро муттаҳид намуд ва тадриҷан аз байни онҳо шоиру нависандагони боистеъдод ба камол расиданд.

Аз ин даста адибон Аширмат Назаров, Маҳмуд Тулқун, ўлмас Ҷамол, Зайниддин Дўстматов, Солиҷон Қаҳҳоров, Қосим Мамадҷонов, Ҷамолиддин Тошматов, Сулаймон Эрматов, Турон Тўйчиев, Шойим Бутаев, Ҷамшед Пиримов, Ҷўрақул Ҳоҷибоев, Мафтун Ҷўра, Шодӣ Саттор, Зикрулло Валиев ва… чун рўзноманигор, шоир, нависанда ва тарҷумон ба адабу фарҳанги халқҳои тоҷику ўзбек хидмат кардаанд.

Ин адибон бар иловаи дастаи дигари адибони ўзбекзабони Тоҷикистон Ҷўрақул Аҷиб, Тўхтамиш Тўхтаев (Паймон), Ҷамшед Пирим, Омон Раҷаб, Урунбойи Усмон, Амонбой Ҷуманов ва… дар Тоҷикистону Ўзбекистон суннати зуллисонайнии ўзбекиву тоҷикиро идома дода, дар тарҷума ва муаррифии дастовардҳои эҷодии халқҳои тоҷику ўзбек саҳм мегузоранд.

ўлмас Ҷамол бо нигоҳдории фазилати дузабонӣ, эҷоди асарҳои хуби назму наср ва иштиёқ ба амали тарҷума дар адабиёти ўзбеку тоҷик мақоми вижа пайдо намуд.

Вақте сухан аз  шеъри дузабона (ширу шакар)-и замони нав меравад, намояндагони ду халқ барои баёни андешаи хеш мисраъҳои  шеъри Улмас Ҷамол:

ўзбекистон ўғлидурман,

тожигим гуфто писар,

Рост гўям, ҳар кадоме

севгалимдир жон падар.

Она деб айтсам бировин, ул

 бири менга падар,

Ҳамчу ду чашми сиёҳам икки

халқ ҳам муътабар,

Меҳру ёдаш дар вуҷудам

порлаган Шамсу қамар…

-ро ба хотир меоранд.

Ҳамингуна рисолати таърихиро дар муҳит ва ҳавзаи адабии тоҷикзабонони муқими Ўзбекистон шоир ва тарҷумони тавоно Ҷонибек Қувноқов ба таври шоиста  иҷро намуд, ки корномаи ў арзандаи пажўҳиши вижа мебошад.

Табиист, ки дар маҳдудаи ин мухтасар баёну бозгўйи муфассали таърихи ибратомўзи робитаҳои адабии ин халқҳои куҳанбунёд аз имкон берун аст, вале ҳамин чашмандоз низ башорат аз он медиҳад, ки миёни ин халқҳо дар тўли таърих танҳо рафоқат будаву дўстӣ. Пас, «тоҷику ўзбек аз як чашма об менўшанд, аз як дастурхон нон мехўранд. Дар баъзе оилаҳо ба ду забон - ўзбекию тоҷикӣ гап мезананд. Шодию ташвишҳоямон як аст, хурсандиамонро бо ҳам мебинем. Зарур шуда монад, якҷоя оби дида мерезем» гуфтани Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ як ҳақиқати бебаҳс аст.

Ба шарофати сиёсати такя ба хирад ва суннатҳои башардўстӣ доштаи сарварони сиёсии Тоҷикистону Ўзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба муносибати халқҳои бо ҳам бародари тоҷику ўзбек нафаси тоза дамид ва меросбарони ин халқҳо чун гузаштагони пуршарафи худ неру ва заковати хешро барои ҳамзистии ибратомўз равона месозанд.

Муртазо Зайниддинзода

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved