• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Институти  забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директор, академик Носирҷон Салимӣ тасмим дорад, ки куллиёти Садриддин Айниро аз нав коркард намуда, ба нашр манзур намояд. Бо ин сабаб хабарнигори АМИТ «Ховар» Умед ЛОИҚЗОДА тасмим гирифт доир ба ин масъала бо ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ Абдухолиқи НАБАВӢ, ки муҳаққиқи адабиёти муосир, ҳамзамон узви ҳайати таҳририя мебошад, суҳбат орояд.

 

 Чӣ сабаб пеш омад, ки Институти  забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт куллиёти устод Айниро дубора коркард, муқоиса ва бо иловаи тавзеҳот нашр намояд?

Абдухолиқи Набавӣ: Сабаби аввалин ва асосӣ барои чопи тозаи куллиёти устод Айнӣ, албатта, замони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои таҷдиди назар ва аз нав дидани арзишҳои адабиёт, фарҳанг ва аз ҷумла, осори Айнӣ шароит ба миён омад. Имконе фароҳам шуд, ки таълифоти Айнӣ ба қадри тавон ба таври куллӣ манзури хонандагон карда шавад ва мо чеҳраи устодро боз ҳам мукаммалтар, корномаи ӯро бо ҳамаи шебу фароз пеши назар оварда тавонем. Зеро маълум аст, ки Айнӣ поягузори фарҳанг, адабиёт, забон ва илми нави тоҷик ба шумор меравад ва ин ифтихор ба ӯ ба осонӣ даст надодааст. Зиёда аз он ҳар чизе, ки аз устод ба нашр расидааст, аз ҷумла Куллиёти ба истилоҳ 15-ҷилдаи ӯ имрӯз аз нашрияҳои нодир ва камёфт шуморида мешавад. Бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки Куллиёти устод Айнӣ бо имконоте, ки мавҷуд аст, дар шакли комилтар манзури аҳли илму адаб ва хонандагон гардад.

Куллиёти ҳозира аз пештара чӣ фарқ дорад?

Абдухолиқи Набавӣ: Куллиёти ҳозира асосан ҳамаи осори дастраси  устодро фаро мегирад, ки дар нашрҳои гузашта чунин набуд. Инчунин дар кулл осори Айнӣ бо дастхатҳои эшон муқоиса карда шуд ва мавриди тасҳеҳ қарор гирифт. Чанд ҷилди Куллиёти навро асарҳои то ба ҳол ба чоп нарасида ва ё солҳои охир таҳияву тарҷума ва нашршудаи устод ташкил медиҳанд. Бисёре аз матни шеъру намунаҳои наср, ки баъзан ғалат хонда шуда буданд, таҳрир ва тасҳеҳи нав шуданд. Аз ҳамин нуқтаи назар шумораи ҷилдҳои Куллиёт аз пешина бештар гардид.

Мегуфтед, ки Куллиёти аввали устод Садриддин Айнӣ тибқи нақшаи пешбинишуда ба таври мукаммал ба чоп расида буд?

Абдухолиқи Набавӣ: Куллиёти пешина тибқи нақша 15 ҷилд пешбинӣ шуда буд, ки ҳар ҷилд асарҳои устод Айниро бо муҳтавои муайян ва аз лиҳози замони эҷод ба ҳам наздик бояд дар бар мегирифт. Аз ин 15 ҷилд 13 ҷилди он ба нашр расид, аммо ҷилдҳои 14 ва 15, ки бояд мактубҳо, қайдҳои адабӣ ва асарҳои чопнашударо дар бар мегирифтанд, чоп нашуда монданд. Ҳарчанд бо ташаббуси Устод Камол Айнӣ дар ду ҷилди охир (14 ва 15) асари “Таърихи инқилоби фикрии Бухоро” бо ҳуруфи сирилик (ҷилдӣ 14) ва шакли факсимилии китоби мазкур (чун ҷилди 15) ба чоп расид, наметавон гуфт, ки Куллиёти аввали устод Садриддин Айнӣ тибқи нақшаи пешбинишуда мукаммал ба чоп расида бошад.

Устод Айнӣ як қисми асарҳои худро бо забони ӯзбекӣ навиштаву нашр намуда буд ва оё он асарҳо ҳам ба ин куллиёт шомил мешаванд?

Абдухолиқи Набавӣ: Устод Айнӣ дар идомаи суннати зуллисонайнии тоҷикӣ-ӯзбекӣ баробари осори тоҷикӣ чанд асари ӯзбекӣ ҳам навиштааст. Қиссаи “Ҷаллодони Бухоро” ҳарчанд ба тоҷикӣ таълиф шудааст, лекин бо тақозои сиёсати замон бори аввал ба забони ӯзбекӣ нашр шуда буд. Аз аввалин асарҳои ба забони ӯзбекӣ навиштаи устод “Таърихи инқилоби Бухоро” (“Бухоро инқилоби таърихӣ”) будааст. Устод романи бузургҳаҷми “Ғуломон”, бахшҳои иловагии “Марги судхӯр”-ро низ аввал ба забони ӯзбекӣ навиштааст. Ҳамчунин ҳикояву шеъру мақолаҳои зиёде ба забони ӯзбекӣ дорад. Устод баъзе осори худро ба ӯзбекӣ худ тарҷума кардааст ё тарҷумаи онҳо зери назараш будаанд. Бинобар ин ӯро поягузори насри нави  ӯзбекӣ ба шумор овардаанд.

Мегӯянд китоби “Ёддоштҳо”-и устод то ба охир нашр нашуда буд…

Абдухолиқи Набавӣ: Китоби “Ёддоштҳо” на ин ки то охир чоп нашудааст, балки тибқи нақшаи устод, ки мехост воқеаҳои  ин асарро то замони Инқилоби октябр оварда расонад, амалӣ нагардид. Зеро устод дар кори амалӣ он қадар ба умқи воқеаҳову шахсиятҳо ва тасвири ҳаводису мукаммалии онҳо мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳаҷми асар вусъати дигаре пайдо намуд. Ҳамин тавр танҳо воқеаҳои то оғози асри бист 4 ҷилди “Ёддоштҳо”-ро ташкил кардаанд, ки онҳо ҳама ба нашр расидаанд. Агар умр вафо мекарду ин асар тибқи нияти бадеии муаллиф то ба охир таълиф мешуд, он шояд ҳатман ба як ҳамосаи нодире дар бораи зиндагии нимасраи мардуми мо табдил меёфт.

Ҳоло Радиои фарҳанг рисолаҳои таърихӣ-илмии Устод Айниро ҳамчун қисми 5-и “Ёддоштҳо” шунавонида истодааст. Баррасии ин масъала дар нақшаи лоиҳаи навбатии Шумо ҳаст?

Абдухолиқи Набавӣ: Чуноне ки гуфта шуд, “Ёддоштҳо” қисмати панҷум надорад, танҳо ба шаҳодати Камол Айнӣ, гӯё устод Айнӣ гуфта бошад, ки ҳамон рисолаи “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”-ро, ки дар нашриёти Бухоро гум шуда ва ба чоп нарасида буд, агар рӯзе пайдо гардад, чун бахши панҷуми “Ёддоштҳо” мешавад ба нашр расонид. Гумон меравад, ки Радиои фарҳанг аз ноогоҳӣ ин рисоларо қисми панҷуми “Ёддоштҳо” донистааст, аммо худи ин рисола дар Куллиёт вобаста ба муҳтаво ва асарҳои ҳаммавзӯяш дар ҷилди сеюм ҷой дода мешавад.

Рисолаҳои таълимии устод Айнӣ, ба монанди “Таҳзиб-ус-сибён”, “Заруриёти диния”, “Тартил-ул-Қуръон” ва ғайра низ ба куллиёт шомиланд?

Абдухолиқи Набавӣ: Албатта, чунон ки гуфтем, ҳар чизе, ки маҳсули қалами устод Айнӣ аст, бояд ба Куллиёти осори ӯ ворид гардад ва аз ҷумла он асарҳое, ки ном бурдед. Ин осор, пеш аз ҳама, баёнгари афкори таҷаддудхоҳӣ ва равшанфикрию маорифпарварии устод Айнӣ мебошанд.

Осори таърихии Айнӣ кадом давраи гузаштаи моро фаро гирифтаанд?

Абдухолиқи Набавӣ: Дарвоқеъ, устод Айнӣ ба сифати аввалин таърихнигори давраи нав шинохта шудааст. Ҳаминро ҳам бояд зикр кард, ки нахустин асарҳои бузургҳаҷми Айнӣ осори таърихии ӯ мебошанд: “Таърихи инқилоби фикрӣ”, “Таърихи инқилоби Бухоро” ва “Таърихи амирони манғит”, ки байни солҳои 1918-1922 навишта шудаанд. “Намунаи адабиёти тоҷик” низ як шакли хосси таърихнависии таърихи адабиёти тоҷик аст, ки раванди адабии асрҳои 10 то 20-ро фаро мегирад. Он кас дар бораи муборизаҳои мардуми тоҷик ба муқобили истилогарони араб ва ҳуҷуми Чингиз очеркҳои таърихии илмӣ-бадеӣ навиштааст. Пайдост, ки устод лаҳзаҳои муҳими зиндагии 15-асраи иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро дар осорашон фаро гирифтааст.

Дар бораи мактубҳои устод Айнӣ чӣ мегӯед, оё онҳо низ дар ин куллиёт ба нашр мерасанд?

Абдухолиқи Набавӣ: Мактубҳои Айнӣ яке аз бахшҳои муҳими осори устод ба шумор мераванд ва мушкилоти хосси табъу нашри худро доранд. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки дар Куллиёти аввал имкони гирдоварии табъу нашрашон фароҳам нашуд. Дар Куллиёти ҳозира мактубҳо як ҷилди ҷудогонаро ташкил хоҳанд дод. Ният дорем, ки дар канори номаҳои устод посухҳои ба онҳо дода шударо низ ҷой диҳем. Номаҳои русӣ ва ӯзбекии устод ба ҳамон забоне, ки таълиф шудаанд, ҷой дода мешаванд ва албатта, номаҳо тавзеҳоти дақиқу ҳаматарафаро дар пай доранд.

Устод гӯё китоби муқаддаси Қуръонро низ китобат кардааст. Дар ин масъала чӣ гуфта метавонед?

Абдухолиқи Набавӣ: Дар бораи ба китобат машғул шудани устод Айнӣ иттилое дар даст надорем. Дар бораи китобати Қуръон ҳам ҳамчунин. Устод дар чанд маврид норозигии худро аз ҳусни хаташон изҳор доштаанд, бинобар ин ба китобат ва хосса китобати Қуръон машғул шуданашон ҳақиқат надорад.

Дар расонаҳо чанд рӯз пештар хабаре нашр шуд, ки қариб 30 шеъри то ҳол нашр нагардидаи Устод Айнӣ дарёфт гардидаанд. Оё ин шеърҳои чопнашуда ба куллиёти устод дохил карда мешаванд?

Абдухолиқи Набавӣ:  Воқеан, зиёда аз 30 шеъри тозаи устод Айнӣ ба даст омадааст ва наметавон гуфт, ки ин кор ба итмом расида бошад. Шояд боз аз ин қабил шеърҳо ҳастанд ва ба даст хоҳанд омад. Шеърҳои навёфтшуда сирф мазҳабӣ нестанд, балки шеърҳои ишқӣ, насиҳатӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ мебошанд, ки то ҳол бо сабабҳои мухталиф ба чоп нарасидаанд. Аммо дар ин шеърҳо ва ҳатто ашъори ба нашррасида ҳамеша байт ва мавзӯъҳои динӣ бо тақозои замон ҳазф шудаанд, ки дар Куллиёти нав онҳо барқарор карда шудаанд. Дар канори ин вобаста ба тағйири сиёсати шӯравӣ номи ашхос ва санаву мафҳумҳои шеърҳои ба замони муайян мувофиқ эҷодшуда ҳазф шуда буд, ки онҳо низ барқарор карда шуданд.

Устод Айнӣ чандин таҳқиқоти илмӣ нисбат ба Саъдии Шерозӣ, Устод Рӯдакӣ, Бадриддин Восифӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигарон бурдааст. Ин таҳқиқот ба  куллиёт шомиланд?

Абдухолиқи Набавӣ:  Албатта, ин осори илмии устод дар Куллиёти нав мавҷуд аст. Зиёда аз он як нусхаи тоза ва комилтаре аз тадқиқот дар бораи замони зиндагӣ ва афкори фалсафии Бедил низ ба даст омад, ки албатта, баъди мутолиа ва тасҳеҳу тавзеҳ ба Куллиёт ворид хоҳад шуд. “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки аз Куллиёти пешина берун монда буд, як ҷилди Куллиёти навро ташкил хоҳад дод. Ба ҳамин монанд рисолаи “Таърихи инқилоби Бухоро”, мақолаи “Маънои калимаи “тоҷик”…” ва ғайра.

Дар эҷодиёти Айнӣ- ҳам дар назм ва ҳам дар наср дар нашрҳои қаблӣ бисёр матнҳо бурида партофта мешуд. Ин дафъа он матнҳо барқарор карда мешаванд?

Абдухолиқи Набавӣ:  Чуноне дар боло зикр кардем, яке аз вазифаҳои асосии таҷдиди чопи Куллиёт ҳам ҳамин аст. Ин буридану партофтанҳоро дар ҳамаи осори Айнӣ, хосса, дар шеър, мақолаҳои публисистӣ, асарҳои илмӣ ва ҳатто “Ёддоштҳо” мушоҳида кардан мумкин аст. Барқарор кардани ин бахшҳо барои мукаммал тасаввур кардани муҳтаво, ҷаҳонбинӣ ва ҳунари адабии устод Айнӣ мусоидат хоҳад намуд.

Мегӯянд, ки устод Айнӣ дар бораи радио низ як манзумае доштааст…

Абдухолиқи Набавӣ: Дарвоқеъ, шеърҳое ҳастанд, ки то ҳол чоп нашуда буданд. Аз ҷумлаи онҳо шеъри “Радио” (1943) аст, ки дар тазмин ба ин байти Низомии Ганҷавӣ навишта шудааст:

 

Ҳар дам аз ин боғ баре мерасад,

Тозатар аз тозатаре мерасад.

Эҷодиёти устод Айниро намунаи осори асили адабӣ меноманд. Мехостем назари Шуморо оид ба  осори Айнӣ бифаҳмем.

Абдухолиқи Набавӣ: Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки таълифоти устод Айнӣ осори асили адабӣ мебошанд. Як хусусияти асари бадеӣ ин аст, ки ба мардум муассир меафтад. Дуюм, кулли осори Айнӣ ба зиндагии мардуми тоҷик, гузашта ва имрӯзи он, таърихи муборизаҳои вай барои озодӣ, тавсифу тасвири фарзандони шуҳратёр ва қаҳрамони он, ки забону адабиёт, фарҳангу маънавиёти онро бунёд гузоштаанд, бахшида шудаанд. Бинобар ин онҳо аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандӣ дошта, ҷузъи мондагори осори маънавии мардуми тоҷик дар даврони нав ба шумор мераванд. Ҷаззобияти ин осор низ вобаста ба омилҳои мазкур аст.

 Бояд зикр  кард, ки осору рӯзгори устод Айнӣ мондагор аст.

АМИТ "ХОВАР"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved