• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

20 сентябр - 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ

Ҷолол Икромӣ:

Ман дар соли 1909, дар тирамоҳ, тақрибан дар моҳи сентябр ба дунё омадаам. Ин таърихро ман худам аз гуфтаи хешу таборон муайян кардам; набошад дар дастам ягон санад нест, ки синну соли маро муайян кунад.

Зеро ки дар вақти таваллуди ман дар Бухоро амир ҳокимият дошт; ягон муассиса ва ё идораи қайди таваллудшудагон - ЗАГС набуд. Одатан падарони босавод ва китобхон дар муқоваи ягон китобашон менавиштанд, ки "Худои таоло дар фалон таърих, дар фалон рўз ва дар фалон соат ба банда як фарзанди нарина (яъне писар) ё оҷиза (яъне духтар) ато намуд. Номашро фалонча мондем". Афсўс ки падари ман бо вуҷуди босаводӣ ва китобхонӣ, ё ин корро фаромўш кардаанд ва дар ягон китоб таърихи таваллуди маро нанавиштаанд, ё ки навишта бошанд ҳам, ҳамон китоб дар вақти Ҷанги Колесов (соли 1917-18) дар Чорҷўй, дар қатори ҳамаи чизҳои хонадони мо монда, гум шуд ва ё дар вақти ҷанг ва инқилоби соли 1920 дар Ғиждувон, дар қатори ҳамаи молу ашёи оилаи мо монда гум шудааст. Бале, оилаи мо ду толон, ду гурезогурезро аз сар гузаронид.

***

...падарам ману бародарам ва ака Шарифхон (амакбачаи ман, писари Қиёмҷон махсум)-ро ҳамроҳ гирифта ба Кармина сафар кард. Он вақт ба Кармина бо поезд мерафтанд. Ман шоду хурсанд будам, ки боз ба поезд савор мешавам. Падарам инро медонист ва бинобар он то ба Когон ҳам ба "поездча" савор шуда рафтем, дар Когон ба вагони дилхоҳ нишаста натавонистем. Поездҳо серодам, ифлос ва сустгард буданд. Ба ҳар ҳол ба як вагони "обши" (умумӣ) ба зўр билет гирифта савор шудему ба як кати поён як навъе карда ҷо гирифтем. Ман натавонистам, ки дар назди тирезаи вагон нишаста, дашту саҳроҳоро тамошо карда равам. Хайр, майлаш, ҳамин гумбур-гумбур карда рафтани поезд ҳам як кайфе дорад. Баъд аз тирезаи начандон калони вагони класси сеюм камубеш берунро ҳам дидан мумкин мешуд. «Ман, падарам ва дигарон»

 Ба муносибати 110 -солагии Ҷалол Икромтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон  мақолаи Абдуҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистонро дар ин ҷо нашр мекунем:

 

ҚУЛЛАИ ҶАЛОЛ ИКРОМӢ

Аз рўи инсоф  иқрор мекунам: солҳои охир мо устод Ҷалол Икромиро фаромўш кардаем, дар саҳифаҳои матбуот, дар маҳфилу суҳбатҳои адабӣ асару қаҳрамонҳои эшонро аҳён-аҳён, балки хеле кам ба ёд овардаем. Дигарҳоро намедонам, вале каминаро аз ин ҷиҳат хиҷолате думболагир мешавад. Воқеан заҳмату хидмати Ҷалол Икромӣ дар поягузории адабиёти навини тоҷик, бахусус дар рушду инкишофи риштаи наср баъди устод С. Айнӣ барҳақ дар радифи С. Улуғзода меистад.

Агар боз аз рўи инсоф асарҳои зиёди хонданбоб, қаҳрамонҳои бешумори хотирнишин ва дар тўли умри бардавом талошҳои ҷонфарсои устод Ҷалол Икромиро дар иншои осори серпаҳлу ва офаридани олами рангин, рўзгори пуртазод ва талху ширини қаҳрамонҳояш пеши назар биёрем, дарк мекунем, ки дар ибрози ин нукта муболиғае нест. Банда ба ин нукта, вақте ки дар китобхонаи Иттифоқи нависандагон ҷилд-ҷилд осори Ҷалол Икромиро барои намоиш омода мекардем, бори дигар бовар кардам ва ба заҳматписандиву садоқати устод ба касби нависандагӣ аҳсант хондам.

Аҳли назар хуб медонад, ки ҳар фард шавқу истеъдоде дорад. Ва боз кашфи истеъдоду боли парвоз ёфтан насиби ҳар кас низ  намешавад. Дар ин маврид бахт хандаду бо пире чун устод Айнӣ рў ба рў бишавӣ, аз эшон маслиҳату дуо бигирӣ, ба гуфте рўи об барорадат, боз заҳмату азоби сангинтаре пеш меояд. Яъне, ирода, ҳунар ва маҳорати хуби шиноварӣ мебояд, то ки ба мавҷҳои пуршўр муқовимат карда тавонӣ, ғарқу гумном нашавӣ ва нарму дилпурона ба соҳили мурод бирасӣ. Ва устод Ҷалол Икромӣ дар қиссааш "Устоди ман, мактаби ман, худи ман" ба ин маънӣ навиштааст: "Дар ҷавонӣ нависандагиро қудрати илоҳӣ медонистам ва ҳеҷ изҳор карда наметавонистам, ки як рўз ман ҳам нависанда мешавам… Нависандагӣ, бешубҳа қобилияти табиӣ ва истеъдоди ҷибиллӣ металабад. Шояд дар бисёр касон ин қобилият ва истеъдод бошад, лекин баъзе аз шароитҳои маълум низ лозим ҳастанд, ки барои зоҳир гардидани он қобилият мадад расонанд, замина ҳозир кунанд". Чунин заминаро ҳидояти устод С. Айнӣ барои Ҷалолхони ҷавон муҳайё сохт. Устоди гавҳаршинос баъди шунидани шеъри навшогирдона, албатта пурғалати Ҷалолхон гуфтаанд: "Ман ба Шумо маслиҳат медиҳам, ки ҳикоя нависед… Ман бовар дорам, ки дар наср қобилияти шумо зоҳир мегардад". Ин суҳбати сарнавиштсоз тобистони соли 1927 ба вуқўъ омад ва Ҷ. Икромӣ низ маслиҳати пири адабиётро ба замин нагузошта, ба гуфти худаш  баъди "як ҳафтаи пурмашаққат, як ҳафтаи орзу ва умед" нахустҳикояи хеш  "Хаёл" ё "Шабе дар регистони Бухоро"-ро эҷод кард. Аммо ин тифли навзод аз қадами нахустин ба истиқболи сард ва писханди марговари як тан камхирад ва ҳасуд дучор омад ва хушбахтона, аз амали ҷавонмардонаи Муҳиддин Аминзодаи шоир аз нестӣ раҳоӣ ёфта, ба дасти устод Айнӣ расид ва ниҳоят дар шумораи дуюми "Роҳбари дониш" нашр шуд. "Шодмонии  беинтиҳо… такрор нашуданӣ… рўҳбаландӣ ва шавқу ҷўшу хурўш…" подоши лаззатбахше аз нашри нахустҳикоя буд, ки баъд аз пайи худ дар тўли шасту шаш соли ҳаёти пурбаракати нависандагӣ "меҳнату машаққату кори бисёр, гапи бисёр, танқиди бешумор, сарзаниш ва таънаҳои пай дар пай… гоҳо ба маврид, гоҳо бемаврид ва ноҳақ, баъзан аз ҷониби устодони донишманд ва соҳиби кор, баъзан аз одамони туфайлӣ ва шахсони ба адабиёт бегона"-ро ба сари нависанда оварданд. "…бояд шумо, - менависад Ҷ. Икромӣ, - ба ҳамаи ин тоб оваред ва сараро аз ганда ҷудо кунед!"

"Шавқу завқи нахустин" ба Ҷ. Икромӣ рўҳу тавон бахшид ва баъд ў "бо азму ҷазми калон" иншои  "Ширин" - ҳикояи дуюмашро ба  анҷом расонид. Ғайри чашмдошт мутолиаи ин ҳикоя устод Айниро хеле ба хашму ғазаб овард ва муаллифи ҷавон ба гўшмоли сахти эшон гирифтор шуд. "Ҳикоятам дар журнал чоп шуд, ман усто шудам, гуфта саросема шудед! - мегўянд устод Айнӣ ба ў. - Кас бояд чунон кунад, ки як ҳикояташ аз дигараш беҳтар ва хубтар бошад. Лекин Шумо чиҳо навиштед?!" " Пас аз ин муқаддима, -он лаҳзаро шарҳ медиҳад Ҷ. Икромӣ, - сар карданд ба сарзаниш ва таъна. Дар сари ҳар калимае, ки ман нодуруст ва нодониста кор фармудаам, махсусан истода, маро аз ҳаллоҷӣ мегузарониданд, ҷанг мекарданд ва ба дараҷае мерасиданд, ки рангашон меканд ва аз ғазаб меларзиданд… Дар он дам замин мекафиду маро фурў мебурд, ман хушбахт мешудам. Аз нияти нависанда шудан ҳам безор шудам. Сад пушаймон шудам, ки барои чӣ ман ин корро пеш гирифтам…"

- Ана гиред! - гуфтанд Айнӣ дастхати маро баргардонида, - аз сари нав кор кунед!  Ҳар луғат ва калимаеро, ки дуруст намедонед, аз китобҳои луғат ёфта маънияшро фаҳмед ва ана баъд кор фармоед. Бисёр саросема  нашавед".

Ғараз аз овардани ин пора аз ҳаёти устод Ҷ. Икромӣ, ки имрўз ҳам беҳтарин дарси адабист, ба он хотир мебошад, ки адибони ҷавон бидонанд: роҳи эҷодӣ дар ибтидо барои ягон нависандаи забардаст низ ҳамвор, об задаю рўфта ва ё пур аз гулу себарга набудааст. Ҷ. Икромӣ ҳикояро дубора аз назари тасҳеҳ гузаронида, "дар фурсати муайян" назди устод Айнӣ мебарад. "Он кас, - менависад Ҷ. Икромӣ, - ҳикояро гирифта, пагоҳ биёед, гуфтанд. Пагоҳ омадам, боз аз аввала сахттар ҷанг карда, ҳикояро ба ман баргардониданд, ман боз кор кардам, боз нашуд ва ниҳоят дар дафъаи шашум ё ҳафтум кор карданам, гуфтанд, ки:

- Ана акнун ҳикояатон ба чоп меравад. Нағз кор кардед, офарин!

Чи мукофоти бузурге буд аз фозили замон ва устоди адибон Садриддин Айнӣ шунидани таҳсин. Ва ин меваи болаззату гуворои ҳамон иродаи матин, шавқу рағбат ва сабру заҳмат буд, ки барои корҳои бузург ва бузургтари минбаъда дар майдони насри тоҷик Ҷалол Икромиро омода ва раҳнамун сохт. Ва нависандаи ҷавон, пандҳои устоди сахтгиру ғамхор Садриддин Айнӣ ба гўш, бо ҷиддият барои омўхтану эҷод кардан камар баст ва дар сафи адибони ҷавони ҳамсолаш Ҳ. Карим, С. Улуғзода, Алӣ Хуш, Б. Азизӣ, Р. Ҷалил, Ғ. Абдулло, М. Аминзода бо офаридани ҳар як асари хурду бузург ба пойдевори насри тоҷик хиште гузошт. Албатта барои дар адабиёт нақши поянда гузоштани як адиби ҷавон танҳо шунидани афсонаҳои бешумор аз бибию бобоҳои закӣ ва ё мутолиаи осори ривоятӣ ва ҷангномаҳо басанда нест. Дар ин маврид ба воситаи омўзиш ошноӣ бо намунаҳои беҳтарини адабиёти дунё, андўхтани донишу маҳорат, баланд бардоштани маърифат ва салиқаи нависандагӣ дар баробари дақиқ омўхтани ҳаёт ва хулқу атвори инсонҳо, дарки нозуки дардҳои ҷомеа ба ривоҷи кори эҷодӣ созгор меафтад. Ин паҳлуи ҳаёти инсонҳои эҷодкори асил низ хеле заҳматталаб мебошад. Устод Ҷ. Икромӣ зарурати омўзиши осори адибони номвари дунёро амиқ дарк карда, дар радифи асарҳои Айнӣ боз аз рўи тарҷума роману қиссаҳои Жюл Верн, Виктор Гюго, Александр Дюма, Максим Горкий, Балзак, Пушкин, Лермонтов, Гогол ва дигаронро мутолиа мекунад. Аслан омўзиш барои эҷодкорон якумрист ва то нафаси охирин идома меёбад, ҳам аз адабиёт меомўзӣ ва ҳам аз зиндагӣ. Ва ин сарчашмаҳо барои амалӣ шудани нақшаҳои эҷодӣ ба кас илҳом мебахшанд ва гиреҳи мушкилҳоро мекушоянд. Ҷ. Икромӣ боғайратона омўхту пурсамар эҷоду тарҷума кард ва боз дар баргардонидани нашри осори классикӣ ба хати нав фаъолона ширкат варзид ва ба ин васила барои ғанӣ гардонидани маънавияти ҷомеа хидмати шоистаро ба ҷо овард.

Бо устод Ҷ. Икромӣ банда ҳанўз айёми навҷавонӣ, ки мисли эшон "шоир ва нависандагонро чун авлиё" мепиндоштам, зимни аз фанни адабиёт омўхтани ҳаёту эҷодиёти эшон ва мутолиаи асарҳояш "Ман гунаҳгорам" ва "Тори анкабут" ғоибона шинос шудам. Вале мутолиаи романи ҳаяҷоновари "Духтари оташ", сарнавиштҳои ниҳоят талх, муборизаҳои шадиду оштинопазири қаҳрамонҳо, махсусан кашфи асрори сиришти як зумра занҳо, олами орзуву омол, фазилат ва ишқу устувории онҳо дар роҳи мақсад дар он  айёми хунрез ва муҳити беандоза пурихтилофу барои мо булаҷаби Бухорои Шариф меҳру муҳаббати маро ба нависанда афзуду афзуд. Ёдам ҳаст, ки романро мо, ҳамсинфҳо, даст ба даст гаштаю баргашта мехондем. Моро сеҳри калом, риштаи шавқангези тасвир, воқеабандии моҳирона, зинда ва барҷаста офарида шудани образҳои Дилоромканиз, Ҳайдарқул, Фирўза, Асо, Оймуллои танбўр, Муҳаррами ғарҷ, баъдтар Асад-махсум  асиру шефтаи худ мегардонд. Он вақт мо дарк намекардем, ки романи "Духтари оташ" яке аз қуллаҳои бузурги насри тоҷик ба шумор мераваду муаллифи он Ҷалол Икромӣ аз нависандагони забардаст мебошад.

Баъди солҳои зиёд, вақте ки ба маҷаллаи муътабарамон "Садои Шарқ" ба кор омада, ба ҷамъияти нависандагон, ба гуфте чун як пойи малах ворид шудам, ба устод Ҷалол Икромӣ ҳамсуҳбат ва ошно гардидам. Ба ростӣ, ман ҳеҷ гоҳ дастхати хурд ё бузургамро барои мутолиа ба устод Ҷ. Икромӣ ё мисли эшон пирони адабиёт надодаам. Инро аз ҷониби худ як андоза густохӣ, хирагӣ ва ҳатто худнамоӣ мешуморидам. Одами мўйсафед, нури чашмаш костаро бар замми ташвишҳояш, маҷбур бикун, ки асари хому хаталаеро бихону таҳрир бикун. Вале чун қиссаи нахустинам "Баъд аз сари падар" дар маҷаллаи "Садои Шарқ" ба чоп расид, устод Икромӣ ҳангоми дар даҳлези Иттифоқ вохўрданамон бо нигоҳи рахшон, овози пур аз меҳру самимият гуфтанд: "писар, ман қиссаякотона хондам. Ба ман маъқул шуд. Боз  ҳамин хел нависед". Магар аз пири адабиёт шунидани чунин суханҳои гарму олиҳиматона барои як навқалам ҷоиза нест? Сипас мушоҳида кардам, ки назари неку ғамхорона ва бедареғ дастгирӣ кардани адибони ҷавон хоси устод Ҷалол Икромӣ будааст. Вай дар мавридҳои зарурӣ мекўшид, ки ҷавони андаке болаёқат ноумеду дилшикаста нашавад, ҳунарашро ба қадри тавон ифшо бикунад.

Мурод аз иншои ин мақола ҳаргиз таҳлили паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти нависандаи забардасти тоҷик Ҷалол Икромӣ нест. Зеро дар хусуси арзишҳои бадеии осори доманадори нависанда, мавқеи эҷодиёти ў натанҳо дар адабиёти тоҷик, балки дар насри минтақа ва Иттиҳоди Шўравӣ беҳтарин донишгмандони суханшинос М. Шукуров, И. С. Брагинский, Х. Мирзозода, Р. Ҳодизода, Г. Ломидзе, Л. Демидчик, А. Сайфуллоев. Ю. Бобоев, Ш. Ҳусейнзода, Р. Амонов, З. Г. Османова, А. Макаров, В. Оскоский, С. Усикина, Л. Бат, Б. Худойдодов, Р. Муқимов, Ҷ. Бақозода ва А. Набиев дар рисолаву мақолаҳои хеш, адибони шаҳир С. Айнӣ, М. Авезов, С. Улуғзода, М. Турсунзода ва Ф. Муҳаммадиев назар ва баҳои худро иброз доштаанд.

Аз ҷумла, нависандаи бузурги халқи қазоқ Мухтор Авезов ҳангоме ки перомуни романи хеле ҷолиби Ҷ. Икромӣ "Ман гунаҳгорам" моҷарову хархашаи сиёҳкорона ба миён меояд, ба ҳимояи ў бармехезад ва дар мақолаи худ "Ба муносибати китоби нави Ҷ. Икромӣ" менависад: "Ба ман аз ин китоб якчанд ҷиҳати барҷастаи он писанд гардид: шарҳи вазъи ботинии қаҳрамонон бо кушодани ҷиҳатҳои равонии онҳо, ки муаллиф фардҳои алоҳидаро танҳо бо як ранг: сиёҳ ё сафед тасвир накарда, балки табиати инсонро бо ҳама ҷилваҳои хўву хислати ў ба қалам додааст… Тасвири бисёр персонажҳо дар асари Икромӣ муътамад ва гоҳо нозуку  дурахшон мебошад".

Самари заҳмат, ҷустуҷў ва пажўҳиши бадеӣ, ҷилои ҳунари халлоқияти Ҷалол Икромӣ дар романи "Духтари оташ" ба андозае барҷаста, муассир ва ҳайратангез буд, ки ҳамаро мафтун кард ва ба муаллиф дар муҳити адабии саросари Иттиҳоди Шўравӣ ва мамолики хориҷӣ низ шуҳрати афзун бахшид. Асар ба бисёр забонҳо тарҷума шуд ва пайи ҳам аз чоп баромад. Устод Мирзо Турсунзода аз мутолиаи ин роман ба ҳаяҷон омада менигорад: "Кас дар фуроварди китоб ба чунин хулосае меояд, ки Ҷалол Икромӣ монанди як меъмори ҳунарманд, монанди як ҳайкалтароши чобукдаст, монанди як рассоми дақиқназар, монанди як рўҳшиноси ҳассос амал намуда, ин кохи насрро сохтааст… Санъати Ҷ. Икромӣ дар он аст, ки ў ин образҳо (Дилоромканиз, Оймуллои танбўр, Фирўза, Муҳаррами ғарҷ, Асо, Ҳайдарқуд… А. С.)-ро на ба таври ҳикоя кардан, балки ба воситаи нишон додан, тасвир кардан офаридааст".

Зимнан ёдовар шудан бамаврид аст, ки ду шоҳкори насри муосири тоҷик романҳои "Восеъ" (1967) ва "Духтари оташ" (1962) аз баракати ҳунар  ва килки ду шогирди сазовори устод Айнӣ, яъне С. Улуғзода ва Ҷ. Икромӣ андаке кам дар фосилаи як даҳсола эҷод  ва нашр шудаанд. Ва аҷиб ин аст, ки агар устоди равоншод С. Улуғзода дар асарҳои худ паҳлуҳои гуногуни рўзгор ва часпу талошҳои шахсиятҳои бузурги адабию илмӣ ва сиёсию таърихии миллат: Рўдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Темурмалик, Восеъ ва Аҳмади Донишро аз ҷиҳати бадеӣ таҳқиқ карда, барои наслҳои имрўзу фардо ба мерос гузошта бошад, устоди зиндаёдамон Ҷ. Икромӣ як навъ идомаи мантиқии воқаҳои таърихиро дар даврони басо пурошўб, пурфоҷиа ва хунрези миллат - ибтидои қарни бист, инқилоби сурх ва шикасти аморати Бухоро, суқути ҳукмронии сулолаи манғития ва зиддияти шадиду муборизаҳои хунини инсонҳоро дар ин марҳилаи ҳассос дар асари сегонааш "Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро" басо доманадору ҷолиб ба риштаи тасвир кашида, мисли Дилоромканиз, Ҳайдарқул, Фирўза, Асо, Оймуллои танбўр, Асад-махсум қаҳрамонҳои дурахшону ҷовидоне офарида тавонистааст. Донишмандони суханшинос ин асари сегонаи Ҷ. Икромиро натанҳо дар адабиёти тоҷик, балки дар адабиёти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дастоварди беназир шуморидаанд. Воқеан имрўз бинои насри адабиёти навини тоҷикро бе асари сегонаи устод Ҷ. Икромӣ "Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро" хуштарҳу бошукўҳ тасаввур наметавон кард. Ва умуман дар насри мо, алалхусус жанри роман як қуллаи устувор асарҳои устод Айнӣ бошад, ду қуллаи побарҷову намоёни дигар романи "Восеъ"-и С. Улуғзода ва "Духтари оташ"-и Ҷ. Икромӣ мебошанд.

Дар муҳити адабӣ таъбире хеле маъруф аст. Мегўянд, ки "фалонӣ шоирона умр ба сар бурд". Аммо, ба назари ман, устод Ҷ. Икромӣ ҳаёти нависандагиро интихоб кард ва то нафаси охирин ба заҳмати сангини пешаи худ содиқ монд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат нависандаи бузургамон Ф. Муҳаммадиев ба ифтихори 70-солагии устод Ҷ. Икромӣ бо самимият менависад: "…муаллимро ба ягон ҳунарманди дигар ташбеҳ доданӣ шавем, симои кўҳнавард пеши назар меояд… кўҳнаварди муосир, марде, ки ба фатҳи қуллаҳои баланд кайҳо одат кардааст ва наметавонад ба ин кор машғул нашавад… Кўҳнавард қулларо фатҳ карда, номи худро, санаи ғалабаро навишта мемонад. Қуллаи махсусан баланд ва меҳнатталаб "Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро" ном дорад".

Бо устод Ҷалол Икромӣ гоҳ-гоҳ ҳамсафар мешудем ё ҳангоми дар осоишгоҳи Зимчрўд бо завҷаи азизаш холаи Саодат дар истироҳат будани муаллим бо шоир Камол Насрулло ҳатман ба дидорашон мерасидем. Зимни суҳбат устод ҳатман мепурсиданд:

- Ягон маротиба ба Бухоро рафтаед?

- Мутаассифона, не,- хиҷолатзада посух медодем мо.

- Афсўс… Худакам шуморо ба сайри Бухоро мебарам, - мегуфтанд устод, сипас ба ситоиши қаймоқу нони гарм ва лаззати ангури Бухорои Шариф пардохта меафзуданд. - Бо бурдаи нон аз пиёла қаймоқи Бухороро базўр меканед. Ангураш чунон ширин, ки… Ягон рўз хона биёед, худакам барои шумо бо равғани поки Бухоро ош мепепазам…

Инсони шариф, заҳматкаши ростини  майдони наср устод Ҷалол Икромӣ аз худ қуллаи баланду устувореро ба ёдгор мондааст. Чун аз сари ин қулла ба паҳнои эҷодиёташ нигарем, мебинем, ки муаллим дарвозаҳои Бухорои пурасрор, хулқу атвори инсонҳо, расму таомули мардум, гиру дори бераҳмонаи таърих ва муборизаҳои беамони ҷомеаро ба рўи мо барои ҳамеша кушодааст.

Магар чунин нависандаи забардастро, ки ҷилд-ҷилд китоб ва қаҳрамонҳои аҷоибу ғароиби хотирмон дорад, аз ёд баровардан аз рўи инсоф аст?

Хеле хуб шуд, ки 95-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Ҷалол Икромӣ бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил ёфт. Устод бо ифтихор таъкид кардааст: "Зодгоҳам Бухоро, миллатам тоҷик, ватанам Тоҷикистон".

Ёдаш ба хайр!

Абдулҳамид САМАД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved