• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

                               Хоҳӣ, ки шавад замона хуррам аз ту,

                               Магзор, ба ҳеҷ дил расад ғам аз ту.

                               Аммо пайи исботи ҳақ, ар лозим шуд,

                               Бигзор биранҷад дили олам аз ту!

Абулқосим Лоҳутӣ

 Шеър падидаи нодирест, ки ҳамеша аз дили қарнҳо садо додааст ва дар тӯли таърих аз миёни сабку шеваҳои ҷудогона, равишу ҷараёнҳои мухталиф дар бештари вақт бо либоси ороставу пероста ва ҷаззобу дилнишин берун омадааст.

Ҳар сабку услуб ва ҷараёни адабие, ки маҷрои шеърро ба сӯи рӯдхонаи худ тобондааст, ба ҷуз дурри суфта ва зарри холис аз он рӯдхона чизеро ба уқёнуси таърих нарехтааст ва хасрӯбаҳоро ҳамеша ба соҳил партоб кардааст. Дар ин амри муҳим, яъне шиносонидани он зарри холис ва он дурри суфта ба доираи васеи хонандагон аҳли таҳқиқу нақд нақши устувор доштанду доранд. Воқеан, “...агар дар ин шӯрабозори пурмуштарӣ, ки газоффурӯшони дукони ҳунар кушодаанд ва колои камарҷу бебаҳои худро ба ҷӯяндагони ҳунар арза мекунанд, саррофони ҳушёр набошанд, он гоҳ беҳунарон хармуҳраҳои худро ба ҷои марворидҳои симинқолиб мефурӯшанд” (Зарринкӯб).

Имрӯз шеъри муосир бо ҷараёни маънусу номатлубе рубарӯ шудааст, ки мутаасифона, аксари намояндагонаш ба ҷои марворидҳои симинқолиб хармуҳраҳоеро ба унвони шеър ҳамел мебанданду ба гардани хонанда меовезанд. Ин ҷараёни номатлуб дар шеъри муосири тоҷик муғлақбаёнист, ки дар ниҳояти кор ба печидагӯии бемаъно табдил шудааст. Ин ҷараён солҳо боз дар доираҳои адабии Тоҷикистон фаъол аст ва пайравону ҷонибдорони зиёде дорад. Агарчанде ин ҷараён то имрӯз ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст, вале ишораҳоеро оид ба шеваву равишҳо ва гардишҳои он дар навиштаҳои устодон Раҳим Ҳошим, Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмони Абдуманнон, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Рустам Ваҳҳобзода, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Салими Зарафшонфар, Мубашшири Акбарзод ва дигарон во хӯрдан мумкин аст. Ин донишмандон аз гаравидани шоирон ба муғлақбаёнӣ ва ибҳомгӯӣ, ки гоҳо бемантиқии сухани худро зери пардаи ин ду мафҳум пинҳон медоранд, дар қисматҳое аз навиштаҳои худ ишораҳо намудаанд. Мақолае, ки чанд сол қабл мушаххасан ба ҳамин мавзӯъ дахл карда буд, навиштаи Салими Зарафшонфар таҳти номи “Суханро бар мизони ақлу дил неҳ” мебошад, ки муғлақбаёнии дур аз маъноро бо далелҳо аз ашъори шоирон баррасӣ кард.

Ҷараёни номатлубе чун муғлақбаёнӣ  ҳанӯз аз солҳои 90-ум дар шеъри муосири тоҷик рӯ ба ҷавлон ниҳод ва бисёре аз “навпардозон”-и навроҳ ва ё каму беш донишфарогирифтаро, ки дар сояи шеъри нави Эрон ба эҷод пардохта буданд, ба коми худ кашид, торафт дар рагу пайи шеъри тоҷик ҷой гирифт ва имрӯз аксари шоирони ҷавонро пойбанди ҳолу ҳавои худ кардааст.

Онҳое, ки фаросату фаҳми ин нуктаро доштанд ва аз корбурди забон дар шеър хуб огоҳ буданд, бардоштҳои чашмгире аз шеъри нав  карданд ва дар сояи он гардишҳои тозаеро дар шеъри  муосири тоҷик ворид намуданд. Навиштаи устод Гулназар, ки гуфтааст: “Ҷавонон... мекӯшанд то имкониятҳои дохилии суханро бештар истифода кунанд... Ба ин хотир ибораву калимасозӣ мекунанд, ба тасвир мегароянд... талош меварзанд, ки эҷодашон бо эҷоди ҳамзабонон ҳампарвозӣ кунад” (“Растохези сухан”) ҳокӣ аз вазъи шеъри ҳамон давра аст.

Ба шеъри Эрон шоирони солҳои 70-80-ум низ озодона дастрасӣ доштанд, аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳузури чунин ҷараёни номатлубро дар ашъори ин насл ба мушоҳида намегирем? Аввал ин ки шоирони он солҳо ба майдони адабиёт омада,  дар баробари фарогирии осори классикон аз шеъри рус ва дар тарҷумаҳои русӣ аз шеъри Аврупо маълумоти мукаммал доштанд ва заминаҳои тафаккури худро аз он дарёҳои бузурги шеър шодоб карда буданд.  Дуюм, ин дар ба рӯи онҳо дар авҷи шеъри Эрони муосир, аниқтараш бо баргузории симпозиуми шеъри форсӣ дар Тоҷикистон соли 1967 боз шуда буд. Ин Симпозиум барои ин шоирон дар нигариши шеъри нав дарси омӯзандае гардид. Бузургтарин донишмандону шоирон бо маърӯзаҳои худ аз чигунагии шеъри нав сухан ба миён оварданд. Мусаллам аст, ки дар он замон дар сояи шеъри шоироне чун Нимо Юшиҷ, Фурӯғи Фаррухзод, Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя, Ахавони Солис, Нодири Нодирпур ва дигарон, ки парчамбардорони шеъри нави Эрон буданд, ҷараёне бо чунин шева наметавонист зуҳури мустақиме дошта бошад. Аммо баъди ин даста ҳам, ки охирин намояндаи он бо ҳамон устувориву мукаммалии ашъор ва диду назари фарохи худ метавонад Қайсари Аминпур бошад, шеъри Эрон аз қуллае, ки менишаст, кам-кам поин шуд. Шеъри тоҷик боз ҳам ҳамон замина ва устувории шеъри солҳои 60-70-ро дошт, ки тавонист дар ашъори аксар шоирони наслҳои баъдӣ чун шеъри Афғонистон, ки вазъи сиёсӣ ва андӯҳи бепоёни мардуми ин кишвар намегузошт берун аз доираи мавзӯи зиндагии воқеии мардум ҳарф бизанад, бори инъикоси зиндагии воқеии мардумро бикашад. Аммо дар баробари ин шеъри Эрон рӯ ба зоҳиргароӣ оварда буд ва то имрӯз аксаран пойбанди ҳамин шева аст, ки оҳиста-оҳиста тавонист тӯдаи васеъи шоирони моро низ аз пушти худ бибарад. Тақлидкории аёну номуваффақ, ки  дар ашъори аксари ҷавоншоирони имрӯзи мо ҷараён дорад, ба ҳамин паҳлӯи масъала иртибот пайдо мекунад. Шикасти рӯҳи тоҷиконаи шеър дар адабиёти муосири мо, ба вижа ашъори ҷавонон, масъалаи дигари матраҳнашудаест, ки ба баррасии бештаре ниёз дорад. Ин масъала на бастаи сирқати адабӣ, балки вобастаи ҳолу ҳаво ва рӯҳияи шеър аст. Сирқат масъалаи дигари шеъри мост, ки ба таври лозим матраҳ нашудааст. Дарвоқеъ, ҳамон гуна, ки соҳиби китоби “Растохези сухан” менависад: “Шеъри ҷавонон пур аз ибораҳои Фурӯғи Фаррухзоду Суҳроби Сипеҳриву Аҳмади Шомлуст. Аз бузургон пайравӣ кардан бад нест. Аммо рабудан ва ҳамчун моли худ арза доштан хуб нест”. Агар сари ин масоил боз ҳам жарфтар биандешем, лозим мешавад матлаби шоири номвари Фаронса Жерар де Нервалро ба хотир биёрем, ки гуфта буд: «Он ки нахустин бор гунаи ёрро гулфом хонд, шоир буд, аммо он ки бори дигар ин васфро овард, муқаллиде беш набуд».

Хуб мушоҳида мешавад, ки дар пушти ин пардаҳои муғлақбаёнӣ ва мавҳумгароӣ дар такя бо тақлидкориҳои ноогоҳона шеъри баъзе аз шоиронамон ба ҳарзаву ҳазён мубаддал шудааст. Воқеан, корбурди забон дар шеър як ҷузъи муҳим аст, ки метавонад ҳадафи шоирро ба хонанда бирасонад. Вале аз чунин корбасти нодурусти забон, аз ин таркибу ибораороӣ хонанда чӣ бардоште карда метавонад:  

Роҳҳо сохтаем,

Ки ҳама ҷуз ба чарогоҳ, ба ҷое набарад.

Гала бар арзиши коҳ

Фаҳми маслух шудан биспорад...

Дуруст аст, ки хонанда аз қисмати аввали ин пора ҳадафро мушахасан мефаҳмад, ҳарчанд суоле ба миён меояд, ки чаро бояд ҳамаи роҳҳои сохтаи мо касро ба ҷуз ба чарогоҳ ҷои дигаре набаранд? Аммо аз байти дувуми он, ки мавҳумгароёна гуфта шудааст ва ҳадафи гӯянда мушаххас нест, хонанда чӣ бардоште метавонад бикунад? Супоридани фаҳми маслух шудани гала бар арзиши коҳ чӣ баёни мавҳуму бемантиқонаест, ки аз он маънии солиме ба даст намеояд. Эҷоди ин гуна шеърҳо дар адабиёт ба ҷуз бозии беҳадафона ва ноогоҳона бо калимот,  ғайр аз сардаргумӣ чизе ба бор намеорад.

Дар асл муғлақбаёнӣ ва ҳарзагӯии маҳз дар шеъри мо аз дуруст надонистани забон ва ноогоҳона худро ба дарёи шеъри Шомлуву Суҳроби Сипеҳрӣ ва шоирони дигаре чун онҳо, ки бештар ба сапедсароӣ (хаёлангезӣ ва ҳисомезӣ) майл доранд, андохтани дастае аз шоирони тоҷик аст, ки боиси авҷ гирифтани ин ҷараёни номатлуб гардидааст. Баъзан ба чашм мерасад, ки таркибу ибораҳои сохтаи шоиронамон дар шеър на танҳо маъное надоранд ва аз ҳадду ҳудуди ҳисомезӣ низ берунанд, балки дар маҷмӯъ аз онҳо ҷумлаи мантиқие низ ба вуҷуд намеояд, ки ҳадафи гӯяндаро равшан бисозад.

Суги чинори фикри маро соя,

Дар мусҳафи сиришк фитод афсӯс...

Аз ин байт чӣ маъное метавон берун овард? Калимаҳо ноҷо, сардаргумӣ дар маъно.

Дар ашъори бархе аз шоирон шеърҳоеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ҳарчанд ҳадафи гӯяндаашон то андозае равшан аст, вале аз таркибу ибораороиҳои дур аз маъно низ орӣ нестанд. 

Мисол: 

Кабӯтарони сафедро дерест,

Ба боми хонаам андешаи нишастан нест.

Ва гурбаи хокӣ,

Дар олами пирист.

“Гурбаи хокӣ” аз ҳамин даст таркибҳои сохта аст, ки то анҷоми шеър ҳузур дорад, аммо мушаххас намегардад, ки мурод аз он чист, кураи замин аст ё хоки гӯр ё чизи дигар. Яъне аз будани ин “гурбаи хокӣ” “дар олами пирӣ” муроде ҳосил нашуд.

Намунаҳои дигари бемантиқуиву бетаносубӣ:

Ва ҳар падида ба коми сукути танҳоӣ,

Чу оҳи монеъа дар тангнои ҳанҷара мурд.

Бемаъноӣ бо печидагӯӣ дар мисраи аввали ин байт шакл гирифтааст ва муаллиф манзури худро зери пардаи ибҳом гузоштааст, то зеҳни хонанда музахрафоти ӯро фалсафа пиндорад.

Мисоли дигар:

Бар коҳи рангҳосилам чашмам намепарад,

Бар рӯи дида коҳро эҳсос мекунам...

Таркибҳои мардумии “паридани чашм” ва “коҳ дар рӯи дида афтодан” маъмуланд. Аммо дар ин байт, агар аз сактаи вазн бигзарем, муроди шоир мушаххас нест ва ҳеҷ маълум намегардад, ки ин ду таркиб чиро ифода мекунад.

Торикӣ дар шеър ба ҳеҷ ваҷҳ далели муваффақии шоир набудааст ва нест, шеър бояд ҳамеша равзанеро ба сӯи нур боз кунад. Ҳамон гуна, ки муаллифи китоби “Шеър ва дониш” менигорад, шеъри шоир бояд “...маънии печида ва мубҳам надошта бошад ва ба маҳзи садо додани он матлаб ба таври барҷаста равшан бигардад”.

Шоироне низ ҳастанд, ки мутлақо аз вуҷуди аслии шеър хабар надоранд. Гуфторашон ба ҷуз фиреби назари хонанда чизе нест. Мусоҳибаи Нодири Нодирпур бо хонум Гургин таҳти номи “Сухане чанд дар бораи масоили тозаи шеър” (маҷаллаи “Садои Шарқ”, №2, 2012) ба хотир мерасад, ки дар он чанд ҷузъиёте вобаста ба ин мавзӯъ матраҳ шудааст. Аз ҷумла, шоири номвари Эрон шоиронро ба чор даста тақсим мекунад ва яке аз ин чаҳор даста ҳамонҳое ҳастанд, ки суханро муғлақу печида ва ниҳоят бемантиқона ба хонанда ироъа мекунанд:

“Усулан, касонеро ки дастандаркори шеър ва ҳунаранд, ба чаҳор даста метавон тақсим кард:

Аввал, ононе, ки зеҳни сода доранд ва баёнашон низ сода аст. Сифати самимиро бар эшон итлоқ метавон кард.

Дуввум, касоне, ки зеҳни амиқу афкори печида доранд ва баёнашон низ ба табъи зеҳнияташон душвор ва буғранҷ аст. Инон қобили эътино ва эҳтироманд.

Саввум, дастае, ки зеҳни амиқу афкори воло доранд ва он афкор ва зеҳниётро ба содатарин ваҷҳ баён мекунанд. Эшонро метавон шоирони комил номид.

Чаҳорум, гурӯҳе, ки зеҳни сода ва андешаҳои сатҳӣ доранд, аммо онҳоро табъан ё умдатан буғранҷ ва печида баён мекунанд. Инон ё нотавонанд ва ё дағал!».  

Бисёр мушоҳида мешавад, ки офаридани таркибу ибораҳо дар шеър аз ҷониби ин гуна касон, ки Нодири Нодирпур дастаи чаҳорумашон медонад, сарсарист ва шояд манзурашон аз ин амал интизори баёни дурустиву нодурустии таркиби сохтаашон аз ҷониби хонандаи хушзеҳн ва мунтаққидини мӯшикофе бошад.  Аз ин лиҳоз таркибу вожаҳои мубҳаму печидаеро, ки аз ағлаби онҳо маъниро тасаввур кардан имкон надорад, ба фазои адабӣ сар медиҳанд ва мунтазир мешаванд, то аз ҷониби дигарон бифаҳманд, ки вожаҳои сохтаашон дурустанд ё нодуруст ва ба ин минвол худро молики он тасаввур бикунанд. Парвиз Нотили Хонларӣ дар мавриди ин гуна касон чунин андешидааст, ки дар шеърашон “...сустии таркиб ва заъфи таълиф аз рӯи амд (қасд) эҷод шудааст, то ғаробати он зеҳни хонандаро машғул кунад ва дар пайи ёфтани маънии шеър барнаояд”. 

Дар воқеъ, касе ҳам, ки ба дарки маънии таркибу ибораҳои сохтаи ин даст шоирон нарасад ва аз онон талаби маъно бикунад ба сӯяш писханд мезананд ва худро дар роҳи шоирӣ ҳакиме мепиндоранд, ки фаҳми ҳама кас ба дарки ҳикматҳояшон намерасад. Ба ибораи дигар гӯем, ин гуна шеърҳо бо як навъ беэътиноӣ ба тафаккури ҷомеа, бо таҳдиди “шеърро намефаҳмед!” рӯи кор омадаанд.

Дар ин миён касоне низ ҳастанд, ки аз баёни маънии сухани офаридаашон худдорӣ мекунанд ва бори ин ҳамаро ба гардани илҳом мегузоранд. Ин гурӯҳ гоҳо қасдан ин корро мекунанд, то хонандаро гул бизананд, ки ин ҳамаро дар зеҳни онон илҳом овардааст. Ба қавли Нодири Нодирпур, “...агар аз ӯ бипурсед, ки фалон иборот дар фалон шеъраш чӣ маънӣ медиҳад. мегӯяд: «Намедонам! Фақат медонам, ки ман ин тавр эҳсос кардам ва эҳсос ҳам тобеи мантиқ ё дастури забон нест». Ва ҳол он ки дуруст бар хилофи он чи мегӯяд, ин ӯст, ки бояд маънии як-яки ибораташро бидонад ва битавонад, ки дар бораи онҳо тавзеҳ диҳад ва ин ҳамон масъулияти воқеъии шоир аст, масъулияти дугонаи шоир дар муқобили калимоте, ки барои адои мақсуд ба кор мебарад ва дар қиболи касоне, ки ин калимотро мехонанд ва ё мешунаванд».

      Рӯзе сухан аз муғлақбаёнӣ ва печидагӯии бемантиқона дар миён буд, Ато Мирхоҷа воқиаи аҷиберо қисса кард: “Боре шеърҳои як шоири номдорамон (аз овардани номаш худдорӣ мекунам) дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуд. Шеърҳоро гаштаву баргашта хондам, вазн дуруст, қофия ба ҷо, аммо печидаву нофаҳмо. Ба худ бовар накардам, ки шояд фаҳми ман ба фалсафаи онҳо намерасад. Ба муаллиф занг задаму аз рӯи эҳтиром муборакбодаш кардам ва гуфтам ҳар қадар шеърҳоятонро мехонам, ба маъниашон намерасам. Гуфт: беҳуда заҳмат мекашӣ, ман худ низ маънии онҳоро намефаҳмам. Фақат медонам, ки шеър бояд имрӯз ҳамин гуна навишта шавад, то дигарон маънии онро нафаҳманд ва ба ту эҳтиром гузоранд, ки дар шеърат фалсафаи баланде нуҳуфтааст”.

      Аз ин даст мисолҳоро зиёд метавонем биёрем, ки яке аз маънидод кардани мисраъи “дарё нилу нил...”-аш худдорӣ мекунад ва дигаре калимаи “хора”-ро аз ибораи “тиморхора”, ки дар шеъраш ба кор бурдааст, санги хора тафсир мекунад...

Ин мухтасар танҳо муқаддимаеаз мақолаи мазкур аст, ки дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” (18.07.2019, №29) интишор гардид.Дар идома аз ин даст ашъори шоирони муосир ба сароҳат таҳлилу баррасӣ гардидааст. Шакли пурраи матлаб дар “Садои Шарқ” интишор хоҳад гашт.

Муҳриддин САБУРӢ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved