• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Эҷодиёти шоири шинохтаамон устод Саидҷон Ҳакимзода дар назми муосири тоҷик ҷойгоҳи арзанда дошта, вижагиҳои ашъор ва мавқеи шаҳрвандию доираи мавзўъҳои фарогирифтааш аз ҷониби муҳаққиқон беш аз пеш мавриди омўзишу пажўҳиш қарор мегиранд.

Ба муносибати 80-солагии шоири маъруф гурўҳи адибонамон бо сарварии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар шаҳри Кўлоб аз хонаи шоир, муҳити эҷоду рўзгораш дидан намуда, дар назди пайкараи шодравон, дар саҳни яке аз мактабҳои  шаҳр, ки номи ўро дорад, гулгузорӣ карданд. Хонандагон бо шавқу муҳаббати зиёд шеърҳои Саидҷон Ҳакимзодаро қироат намуданд.

15 майи соли равон дар толори калони Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Кўлоб ба номи Рўдакӣ Конфронси  илмӣ-амалии васеъ дар мавзўи "Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик" баргузор шуд.

Конфронсро ректори ДДОК, узви вобастаи АИ ҶТ Абдуллои Ҳабибулло оғоз бахшид. Раиси ИНТ Низом Қосим дар бораи эҷодиёти Саидҷон Ҳакимзода сухан ронда, нақши рўшану мондагори мавсуфро дар назми тоҷик таъкид дошт:

ҳарчанд ки худ аз ин ҷаҳон зуд гузашт,

Дунёи ҳакимзода дар хотир монд.

Муовини раиси шаҳри Кўлоб Кенҷамоҳ Маҷидова, адибон Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Зафари Мирзоён, муҳаққиқон Аламхон Кўчаров, Мубашшир Акбарзод, Ёралӣ Содиқов ва дигарон перомуни мавзўъи мазкур суханронӣ карданд. Фарзанди устод Саидҷон Ҳакимзода мураттиби "Куллиёт"-и шоир Шарифҷон Ҳакимзода бинобар таваҷҷуҳи самимӣ ва гиромидошти эҷодиёт ва шахсияти арҷманди падар ба аҳли илму адаб ибрози сипос намуд.

Суханронӣ ва маърўзаҳои муҳаққиқон аз донишгоҳҳо ва пажўҳишгоҳҳои кишвар, ки дар ҳузури иштирокчиёни конфронс ироа гардиданд, дар шакли китоб ба зевари табъ ороста  ва ба ихлосмандони илму адаб тақдим шуд.

 

Дар ҳақиқат ғазал, дар баробари анвоъи дигари адабӣ,  дар тўли умри пурбаракати инсониву шоирӣ ҳамроҳу қарини Саидҷон Ҳакимзода будааст. Ғазалҳои  шоир танҳо худ як бахши мукаммали осори пурарзиши ўро ташкил медиҳанд. Чи басо хуб аст, ки "Куллиёт"-и мавсуф (Саидҷон Ҳакимзода.  Душанбе. Адиб, 2009. Мураттиб Шарифҷон Ҳакимзода) бо ин жанр оғоз ёфта, маҳз ғазал дари бўстони муаттари табъи гулафшонашро ба рўи хонанда боз менамояд. Ғазалҳои шоир аз лиҳози мавзўъ, авзон ва бандубаст рангорангу пурбор ва ҳар яке аз тозакориҳо ва навҷўиҳо саршоранд. Дар ин навъи сухан воқеан Саидҷон Ҳакимзода намунаҳои мукаммалу пурҷилое офаридааст, ки тадқиқу пажўҳишашон идома меёбад. Аҷзои ғазалро, ки жанри лирикист, бо он ки хати сужети муайяну махсус тарҳрезишуда надорад,  риштаи нозук ва то ҳадде ноаёни андеша, ҳис ва хаёл ба ҳам пайванд мекунад, абёти он дар маҷмўъ дар зеҳни хонанда андешаи куллеро падид меорад. Ин риштаи нозук намегузорад, ки аҷзои он аз ҳам гусехтаву дар ҳам бирезанд. Зиёда аз ин, шоирони бузурги пешин байти тахаллусашонро тавре мегуфтанд, ки маъонии абёти тамоми ғазалҳояшон бо як нукта, ибора ва ишораеву калимае хулоса мешаванд. Ва аз ин ҷост, ки муҳаққиқон онро жанри комилу воҳиди адабӣ шумурдаанд.

Ғазалҳои шоири гиромиамон Саидҷон Ҳакимзода аз ин дидгоҳ бисёр ҷолибанд.

Боз аз хуни дили рехта мактуб кунам,

Ёд аз ишқи ту, эй дилбари маҳбуб, кунам.

Ҳар қадар дур шавӣ аз ману хилват ҷўӣ,

Он қадар дар ғами ту сўзаму ошўб кунам.

Об пошанд гузаргоҳи туро чашмонам,

Миҷҷаам баҳри хаси роҳи ту ҷорўб кунам.

Равам аз пайраҳаи сабзи сухан то дили ту,

То ки аз шохаи меҳри ту қаламчўб кунам.

Гар ба ман мартабаи Рустами  Дастон бидиҳанд,

Хешро назди қадамҳои ту мағлуб кунам.

Ғазали мазкур намоди табъи гиро ва шево, маҳорати адабии шоир аст дар ин навъ. Зеро шоир аз бисёр калимаву ибораҳои дастнахўрдаву тоза ё равишу корбасти зебояшон истифода кардааст,   ин ғазал аз он башорат медиҳад, ки гўяндааш чӣ қадр истеъдоди дурахшон дорад. Вобаста ба замон таркиби ғазалҳо бо вожаҳои нав, мазмунҳои тоза тағйир мехўрад. Шоири ҳақиқӣ наметавонад дар асри нав аз ибораву ташбеҳу истиороту қофияҳои замони пешин афзуну барзиёд кор бигирад. Зеро дар ин маврид таркиби ғазалҳо аз калимоту ибороти куҳна ва бисёр корхўрда пур мегардад ва таровати сухани имрўзро аз байн мебарад. Албатта,  шоирони, ба истилоҳи устод Лоиқ "қодирсухан"-е ҳамеша ба майдон меоянд, маҳз онҳо метавонанд бо заҳмати сангин ва муфидашон чеҳраи суханро аз ороишоти куҳна халосӣ бахшанд.

Ғазалҳои Саидҷон Ҳакимзода равону хушоҳанганд, ки аз ин ҷиҳат низ ҷавобгўи  анъанаҳои  носутурданӣ ва нозудудании ғазалгўӣ мебошанд:

Ғайри васлат нест армони дигар,

Ғайри меҳрат нест дармони дигар.

Нест дар афлоки бахтам аз азал

Чун рухат хуршеди тобони дигар.

Аз даме побастаи ишқи туам,

По намемонам ба айвони дигар.

Хуш намеояд маро ҳар як сухан,

Бо ту дорам шеъру девони дигар.

Сабз аз борони меҳрат умрбод

Нестам муҳтоҷи борони дигар.

Як шаби Наврўз меҳмонам шавӣ,

Зинда монам то баҳорони дигар.

Ин ғазал аз сатрҳои дилкашу хотирмон, чунонки дар сабки классикӣ роиҷ мебошад ва калимоту оҳанги хотирнишину хушобуранг ва ҷаззобу зебо ба ҳам омадааст. Ин намуна низ баёнгари авҷи эҳсосу илҳоми шоир аст, ки дар зимн вазъи қаҳрамони лирикӣ, ҳамдиливу қариниашро бо ў ифода менамояд. Аносири табиат, ҳолу ҳавои  он дар ифшои вазъу ҳолати  қаҳрамони лирикӣ, чеҳракушоии образҳои он  созгору барҷо истифода мегарданд. Чунин гуногунрангӣ ва танаввўъ дар корбурди василаву тарзҳои  суханофаринӣ аз таҷрибаи васеъу ҳамеша  дар ин пеша даст ба кор будани Саидҷон Ҳакимзода шаҳодат медиҳад:

Ғам шарики умри кўтоҳи ман аст,

Умри ман кўтоҳ аз оҳи ман аст.

Дар ҷаҳон танҳо шафақ,

 танҳо шафақ,

Аз ҳама ёри дилогоҳи ман аст.

Ҳар қадар ки нарх қимат мешавад,

Боз арзон донаю коҳи ман аст.

Он ки умре пешпоям медиҳад,

Боз бинам дар сари роҳи ман аст.

Бар замини пургунаҳ аз осмон,

Он ки санг андохт, арвоҳи ман аст.

ҳамин гуна, Саидҷон Ҳакимзода  парвардаи назми Лоҳутию Турсунзода, Миршакару Раҳимзода, ҳамзамону ҳампаймон ва ҳамдостони Муъмин Қаноату Ғаффор Мирзо, Шукўҳиву Лоиқу Бозор, Қутбӣ, Ашўр Сафару Мастон, Ҳабибуллову Ҳақназар Ғоибу Ёдгорӣ… буду дар эҷоди шеъри замону армонҳои ҳамватанон хидмати арзанда намуд.

Парда ҲАБИБ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved