• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 Дар адабиёт ва публитсистикаи тоҷик бо лутфу зарофат, танз ва ҳаҷву мутоиба ҷолибу намакин гардонидани осор усули нав нест. Ағлаби аҳли қалам кўшиш менамоянд, ки тавассути истифодаи воситаҳои образноки сухан ба гуфтору навишторашон нармӣ, малеҳӣ ва хушгўйӣ бахшанд ва ба ин васила матлабашонро гуворо, ҷолиб ва муассир гардонанд. 

 

Нависанда Абдурауф Муродӣ аз зумраи адибонест, ки бо вуҷуди аз аносири образии сухан моҳирона корбаст намудан, дар эҷоди ҳаҷву танз маҳорати хосса дорад ва ҳаҷвнигориро равияи эҷодиёти худ қарор додааст. Ў истеъдоди баланду таҷрибаи кофии суханварӣ дорад, суханро чун дурр суфта мекунад, онро ба ҳикмат медарорад ва кўтоҳу мухтасар мегўяд. Кам менависад, фишурдаву суфта менависад, дар каломи андак маънии фаровонро гунҷонида метавонад. Ин аст, ки ў бо вуҷуди дар навъҳои гуногуни эҷоди публитсистиву бадеӣ самимона шуғл варзидан, дар офаридани осори ҳаҷвӣ, хоса нуктаҳои ҳаҷвӣ ҳаводорони зиёд пайдо кардааст.

Абдурауф Муродӣ адиби тозасухан аст. Сухани тозаи ў аксар маврид бо танз ва ҳаҷв омезиш меёбад, рўҳ мегирад, нишон пайдо мекунад ва ҳадафманд мешавад. Ў бештар ба масъалаҳое даст мезанад, ки ба зиндагонии инсонӣ доғ меоранд, ба рушди маънавиёти ҷомеа монеа мегарданд. Нависанда ба чунин масъалаҳо оштипазир нест, ба онҳо бо назари дигар менигарад, камбудиҳои иҷтимоиро бериё, аммо бо лутфу зарофати хос ифшо месозад ва мазаммат мекунад. Ў дар интихоби мавзўъ, муносибат ба предмети тасвир, сабку услуби баён ва нигориш тарзу шеваи хос дорад. Ин ҷиҳатҳо дар маҷмўъ осорашро басо ҷаззобу намакин гардонидаанд. Ҳаҷвнигор дар интихоби мавзўъ маҳдуд нест, доираи нигоштаҳояшро масъалаҳои гуногун ташкил медиҳанд,  аммо мазаммати ахлоқ ва рафтори номатлуби инсон дар осори ў нисбатан бартарӣ дорад. Дар муносибат ба мавзўъ адиб саҳлангор нест, суханашро ҳамеша санҷида мегўяд. Суханро ба дарозо намекашад, онро бо зарбулмасалу мақол ва дигар воситаҳои санъати сухан оро медиҳад, хулосаи дилчасп мебарорад. Ин вижагӣ дар ағлаби асарҳои ў, аз ҷумла, "Лутфи худованд",  Дили гарм", "Ҷасорат", "Аз нешханд то нўшханд", "Чошнӣ", "Анори дона-дона", "Шукуфти ғунчаи лабҳо", "Чошнӣ", "Хандадара", "Пайкори мурон", "Атри гулбарг" ва ғайра бараъло ба назар мерасад.

Миёни ин асарҳо "Пайкори мўрон" асари тозанашр аст. Он мундариҷаи ягона надорад, балки мавзўоти гуногунро фаро мегирад. Ҳадафи муаллиф ва шеваи гуфтори ў барои шакли маҷмўъ пайдо кардани резанигоштаҳои ин асар мусоидат кардаанд. Ин нигоштаҳо ба пуррагӣ маҳсули хаёлоти адиб ва ё нукоти бофтаву сохта нестанд, балки маҳсули мушоҳидаҳои шахсӣ, маърифати фардӣ ва ҷаҳонбинии хоси ўянд, ки дар заминаи дарки воқеиёти зиндагии иҷтимоӣ, проблемаву мушкилоти ахлоқӣ пайдо шудаву бо диду назари касбӣ ва қобилияту маҳорати эҷодӣ шакл гирифтаанд. Нависандаи ин нукот ба рафтор ва муносибати мардум бо нигоҳи хос менигарад, воқеиёти иҷтимоиро ба назари танқидӣ мушоҳида мекунад, аз онҳо маънӣ мебардорад, маъниҳоро бо тарозуи ақл бармекашад ва сужаҳо месозад, сужаҳоро суфта мекунад ва манзури хонанда мегардонад.

Нуктаҳои ҳаҷвии ин китобро аз ҷиҳати оҳанги баён ба ду навъ метавон ҷудо намуд:

а) нигоштаҳое, ки, дар қолаби жанри эпиграмма иншо шуда, оҳанги баланди ҳаҷвӣ доранд;

б) нукоте, ки дар шакли андарз гуфта шуда, тобиши танзиашон бештар аст.

Дар нигоштаҳои навъи аввал маънии тасвирҳо дар пасманзари онҳо ифода мешавад, шаклҳо маънии дигарро намо медиҳанд. Дар онҳо ҳаҷв бартарӣ дорад, мақсади муаллиф танҳо хандонидан нест, балки хандидан ба ахлоқи бад, маҳкум намудани кирдори ношоиста, фикри ботил ва амали номатлуб мебошад. Дар ин гуна нигоштаҳо туршиву дуруштиҳои хисоили инсонӣ, ки ҷузъи нуқсонҳои зиндагианд, "бо лафзи андаку маънии бисёр" танқиду мазаммат ва масхара шудаанд. Ағлаби ин чакидаҳо унвони муайян надоранд, яъне дар онҳо содиркунандаи бадӣ маълум нест ва мақсади муаллиф низ ошкор намудани хислати манфури ин ё он ашхоси алоҳида набуда, балки маҳкум намудани бадӣ аст. Ин бадиҳо аз кибр, ғурур, бахилӣ, шуҳратхоҳӣ, тамаъҷўйӣ, баднафсӣ, дурўягӣ, чоплусӣ, дилсиёҳӣ, бадгумонӣ, ҳавобаландӣ ва ғайра маншаъ гирифтаанд. Чанд далел:

1. Аломати саволро расо таъриф карданд, боифтихор қоматашро рост карду ба аломати хитоб табдил ёфт;

2. Ўро мисли туби футбол ба ин сў заданд. Ба он сў заданд, лек афсўс ба ҳеҷ дарвоза ворид нашуд;

3. Баъзе рафиқон дар иҷрои баъзе супоришҳо баъзан саҳлангорӣ мекунанд, вале баъзе роҳбарон бо баъзе аз чунинҳо баъзан бо баъзе сабабҳо муросокорӣ мекунанд;

4. Сухани марди тамаъхоҳ ҳомила аст;

5. Ҳоло ҳаҷми асари адибро на илҳом, балки эҳтиёҷи иқтисодиаш муайян мекунад;

6. Даҳонаш пур аз дандони тилло шуд, аммо суханаш тиллоӣ нашуд.

7. Ҳазор пишак халал расонад ҳам, ягонтои онҳоро пишт намегуфт. Метарсид, ки мабодо дар байни онҳо пишаки сардор ҳам бошад;

8. Озодӣ талаб кард, аз вазифааш озод карданд.

Дар нигоштаҳои навъи дуюм лутфи сухан, зарофат, гуфтори хушҳолкунанда, хандаи беолоиш бартарӣ дорад. Ҳарчанд дар ин навъи резагуфторҳо оҳанги пичингу киноя низ кам нест, аммо мақсади нависанда ҳазлу шўхӣ аст, ки хонандаро ба ваҷд меорад, ўро хушҳол мегардонад, завқашро бедор мекунад. Ағлаби чунин нуктаҳо ҳикмат доранд, бо забони шевову зебо ва равону саҳеҳ гуфта шудаанд. Ин вижагиҳо, аз як тараф, ба онҳо ҳусну таровати тозаи суханро бахшида бошанд, аз сўйи дигар, моҳият ва аҳаммияти нуктаҳоро боз ҳам фузун намудаанд. Барои тақвияти фикр ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем:

1. Бобои барфӣ мафтуни нозу карашмаи бонуе гашта, беихтиёр ўро ба оғўш кашид. Дар натиҷа аз ҳарорати бадани бону обу адо гашт;

2. Аз шодӣ тоқиашро ба осмон партофтанӣ шуд, вале сари калаш ба ёдаш омада, худдорӣ кард;

3. Булбулро гул илҳом бахшад, далолро пул;

Ағлаби матолиби маҷмўаи "Пайкори мўрон" ҳаҷман хурд буда, 2-3 ҷумларо дар бар мегиранд. Вижагии дигари ин нукоти маънибарангез он аст, ки дар онҳо танз, ҳазл ва ҳаҷв дар канори ҳам омада, якдигарро пурра кардаанд. Нависанда барои ҷолибу дилкаш сохтани матолиб аз аносири гуногуни ҳунарӣ: муболиғаи муқобилгузошташуда, иғроқ,  пичингу киноя, хандаи хушҳолкунанда, заҳрханда, муқоисаи баръакс, истеҳзою ришханд, такрори барҷой, ташбеҳ ва амсоли ин моҳирона ва барҷою нишонрас истифода намудааст.

Воқеан А. Муродӣ дар эҷоди танз ва тавлиди ханда аз усули муқобилгузорӣ хуб истифода мебарад. Дар ҳаҷвиёти ў эҳсоси бартарии ахлоқ ба предмети танқид ва бовари воқеъбинона дар ногузирии ислоҳи он ҳамчун қувваи барангезанда ба ҳисоб меравад. Маҳз чунин эҳсос зиддияти байни муносибат ва фикрро тавлид намудааст. Тазод ва муқобилгузориҳои муаллиф, аз як тараф, нигоштаҳояшро ҷолибу намакин гардонида бошад, аз ҷониби дигар, ба онҳо ҷаззобӣ ва муассирӣ бахшидааст.

Тавре Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар пешгуфтор ба китоби "Атри Гулбарг"-и А. Муродӣ навиштааст, "бартарии таҷрибаи эҷодии Абдурауфи Муродӣ аз дигар ҳамқаламонаш дар он аст, ки ў дарки сухану зарофати воло дорад ва шеър низ мегўяд. Ва ин махсусияти эҷодӣ нигоштаҳои ўро бештар ширину дилпазир мекунад". Воқеан  ў дар эҷоди шеър, хоса байтҳои ҳикматангез ва порчаҳои манзуми ҳаҷвӣ низ муваффақ аст. Осори манзуми ўро, асосан суруд,  шаҳрошўб  ташкил медиҳанд, ки дар онҳо ҳам камбудиҳои иҷтимоӣ ва ҳам тазодҳои зиндагӣ тасвир шудаанд. Чунин порчаҳо дар маҷмўаи мавриди назари мо низ кам нест. Амсоли:

Муроҷиати бонуи тоҷир ба ошиқаш:

Агар пул медиҳӣ, гул мекунам ман,

Агар гул медиҳӣ, пул мекунам ман.

                        ***

…Зи чораҷўйиаш ночориаш беҳ,

Зи сардории ў сархориаш беҳ.

Ба назар чунин мерасад, ки маҳз маҳорати шеъргўйии Абдурауф Муродӣ боис гардида, ки нуктаҳои ҳаҷвию танзӣ ва ҳамчунин ҷиддии ў шакли насри мусаҷҷаъро касб намоянд, равону дилчасп ва шевову гуворо шаванд.

Вижагии дигари ҳаҷвнигории А. Муродӣ он аст, ки ў гуфтору ибораҳои нав месозад, ки барои ҷолибу зебо ва таъсирнок гардидани матолиб мусоидат мекунанд. Масалан, "Корам ба кал афтод, кал ҳам ба ноз афтод", "Гап гўйӣ ҷувол-ҷувол, кор гўйӣ касали ниммурдаҳол", "Се ангушт ҳам мушт мешаванд, агар байнашон қалам бошад".

Умуман китоби Абдурауф Муродӣ "Пайкори мўрон" дар адабиёти муосири тоҷик падидаи тозаест, ки ҳам аз ҷиҳати мавзўву мундариҷа ва ҳам сохту таркиб рангоранг буда, бо маҳорати баланди эҷодӣ, самимияти инсонӣ ва диди замонӣ офарида шудааст. Дарку маърифати ин нукот ба хонанда натанҳо завқи маъниву тарбия мебахшад, балки ҳисси инсонӣ ва масъулияти ўро бедор мекунад, неруяшро баҳри мубориза алайҳи хисоили бади инсонӣ дучанд мегардонад.

Ин ва дигар вижагиҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки асари "Пайкони мўрон"  ба Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ  арзанда  аст.

Мурод Муродӣ, профессор

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved