• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

БА ИСТИҚБОЛИ ҶАЛАСАИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 Мунаққиди рус В. Г. Белинский  дар мавриди адабиёти  бачаҳо ва вазифаҳои он фармудаст, ки: "…адабиёти бачагона барои тарбия навишта мешавад, тарбия фаъолияту амали бузургест, ки  тақдири инсонро  ҳал мекунад. Тарбияи ибтидоӣ бояд дар атфол на маъмур, на шоир, на ҳунарманд, балки инсонро бинад, ки оқибат метавонад  ин ё он кас шавад, вале одамиятро фаромўш накунад… Тарбия одамро  намеофарад, вале  кўмак мекунад, ки ў тағйир ёбад, нек ё  бад шавад".

 

 Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки  тозагӣ ва озодагии  дунёи инсон  ё  бунёди ў, ки дар ниҳоди ҳар як одам  аз  хурдӣ поягузорӣ мешавад - яке аз муҳимтарин вазифаи ҷомеа  будааст.  Бозсозии  инқилоби  маънавиро дар кишварамон таъмин  намоем, насли ҷавонро, ки аз кору пайкори онҳо ояндаи миллат вобастагӣ дорад, аз таъсири ғояҳои манфури  зиддиинсонӣ  эмин дорем, онҳоро дар рўҳияи  озодандешӣ, муҳаббат ба ватан, анъанаҳои нек ва  урфу одатҳои миллӣ, ҳамчун инсонҳои ҳаматарафа мукаммал тарбия намоем.

Пажўҳишҳои олимони  равоншиноси олам собит кардаанд, ки  яке аз пурбортарин давраҳо дар  ташаккулёбии шахсияти инсон - нахустин солҳои  ҳаёти ў мебошанд. Ошиқи  адабиёти бадеӣ кардани кўдакон бояд  зина ба зина - аз як синну сол ба синну соли дигар, то ба воя расидани онҳо  сурат гирад. Аммо фаъолияти баъзе шоирону нависандагони бачагонаи мо  зинапояеро мемонад, ки  чанд зинаи аввалро надорад.  Ин гуна адибонамон  гўё  мехоҳанд, ки ба як ҷаҳиш чанд зина  боло бароянд. Вале чунин  хоҳиш  аслан нодуруст ва ғайриимкон мебошад. Ба бачаҳо бисёр суханҳои хубу зебо гуфта, ба рўяшон даричаи зебоифаҳмиро боз намудан  лозим  аст ва  моҳияти тарбияи онҳо дар давраи синни  томактабӣ бояд дар ҳамин бошад.  Яъне,  ба бачаҳо забони модарӣ, усулу роҳҳои  вожасозро бояд дар синни томактабӣ омўхт.  Барои расидан ба ин ҳадаф барои бачаҳои аз 3 то 5- сола  эҷод намудани ҳикояҳои ба фаҳмиши онҳо мувофиқ  зарур  мебошад.  Чунки бачаҳо  маҳз дар ҳамин синну сол ҳар як калима ва ибораро ба тарзи автоматӣ бо гўш қабул мекунанд ва бо гузашти як вақти муайян ба маънии онҳо сарфаҳм мераванд. Муҳим он аст, ки  ин маъниҳои аз ҷониби  бачаҳо мустақилона ҳифзу даркшаванда умрбод дар майнаи онҳо ҷой мегиранд.

Дунёи  ахлоқиву маънавӣ,  хислат  ва малакаҳои  ақлонии  бача  дар синни  аз 3 то 5-солагӣ ташаккул меёбанд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми навиштани ҳикоя ё афсона барои хурдсолон се ҷиҳати муҳимми онро бояд ба эътибор гирифт:

- кўтоҳ бошад, то кўдак  дилгир нашавад;

- сода бошад, то зеҳни кўдак қабул карда тавонад;

- ҳикмат дошта бошад, то дар хотири кўдак бимонад.

Тарбияи бадеиву зебоишиносӣ дар рушду нумўи  қудрати фикрӣ, ахлоқи ҳамидаи бачагон ва  инкишофёбии нутқи буррои онҳо  нақши муҳим доранд. Агар кўдакони синни томактабӣ бо адабиёти хубу босифати ба фаҳмишу талаботашон мувофиқ таъмин карда шаванд ва  калонсолон  чунин  китобҳоро сари вақт дастрас намуда, ба онҳо пайваста  қироат  ё мазмунашонро нақл намоянд, чунин  бачаҳо, бешубҳа, ба мактаб бо дили саршори муҳаббат ба адабиёт ва  дониш  ворид мешаванд. Ва минбаъд, дар  солҳои таҳсил, ин  муҳаббат  мусоидат мекунад, ки адабиёти бадеӣ дўсти қарин ва ҳамешагиашон  гардида, онҳоро аз ҳаводиси рўзгор, сирру асрори  одаму одамгарӣ  бохабар намояд.  Ва ин дўстӣ, яъне  хониши ҳамешагии асарҳои комили бадеӣ, барои дар рўҳи одамдўстӣ тарбия ёфтани насли наврас, инкишофёбии ҳисси зебоишиносии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Аз ин гуфтаҳо то чӣ андоза муҳим будани баррасии вазъи имрўзаи насри бачагонаи тоҷик барои  кўдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ, аҳаммияти тарбиявӣ-омузгорӣ ва илмиву назарии он боз ҳам равшантар мегардад.

Вале, бо таассуф бояд иқрор шуд, ки  илми  адабиётшиносии мо ба таҳқиқи масъалаҳои назариву илмии адабиёти бачагона, бахусус  насри  кўдакони синни  томактабӣ ва синни хурди мактабӣ,  кам андар кам аҳаммият медиҳад.  Адабиётшиносии мо дар омўзиш ва таҳқиқи масъалаҳо, адабиёти классикӣ, советӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст: мақолаҳову монографияҳои  зиёд чоп, рисолаҳои  номзадиву докторӣ дифоъ шудаанд. Аммо дар байни онҳо (ба истиснои чанд мушоҳидаи иҷмолии адабиётшиносон  Юсуфҷон  Акбаров ва Неъматҷон Файзуллоев),  ягон асари алоҳида, бахшида ба масъалаҳои насри бачагонаи  то синни мактабӣ ба назар намерасад.    Ҳатто  дар миқёси адабиётшиносии тамоми собиқ шўравӣ низ чунин асарҳо ангуштшуморанд.

Азимҷони АМИНӢ,

 

мунаққид ва адабиётшинос

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved