• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Маҳфилҳои адабӣ дар Иттифоқи нависандагон зуд-зуд баргузор мешаванд, аммо нишасте, ки ба 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ ихтисос дошт, аз маҳофили пешин хеле тафовут дошт.

Тафовуташ ҳамин буд, ки сари масъалаи мақоми Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёти тоҷик ва ҳусну муаммоҳои шеъраш миёни адибону муҳаққиқон баҳси судманде ба вуҷуд омад.

Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа  оғоз бахшида, дар бораи вижагии осори Пайрав назари хешро баён намуд. Сипас адабиётшиноси шинохта Абдураҳмони Абдуманнон дар ин хусус маърўзаи муфассал ироа дошт. Азбаски қаблан мақолаи олим дар "Адабиёт ва санъат" чоп шуда буд, илова ба муҳтавои он навишта хотираҳо ва ёддоштҳояшро ба ҳозирин арз намуд.

Дар суханрониаш шоири маъруф Аскар Ҳаким дар робита ба ин сана назари тоза ва афкори ҷолиберо манзури ҳозирин гардонд. Мавсуф изҳор намуд, ки то кунун аз хеле ҷиҳатҳо, бо вуҷуди таҳқиқоти зиёд, Пайрав шоири ношинохта боқӣ мемонад. Барои исботи мавқеаш мисолҳои фаровоне аз осори Пайрав овард, навию тозагӣ ва ҳикмати шеъри шоирро бо сабки хоси муҳаққиқӣ баён кард. Маълум, ки адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров рисолаи мукаммале оид ба Пайрав дорад, ки аксарият ба он истинод мекунанд ва андешае ҳаст, ки баъди ин таҳқиқ баррасии шеъри ин шоири накуном дигар хотима ёфтааст. Аммо афкори ҷолибе роҷеъ ба таҷдиди назар кардан ба баъзе нукоти ин рисола аз тарафи музокирачӣ баён гардиданд. Чунин андешаи муҳимме изҳор шуд, ки рўи назарияи шеъри ғиноӣ бештар бояд кор кард.

Ҳамин камбуди назарияи шеъри ғиноист, ки ашъори адибон ба таври лозима мавриди баррасиҳо қарор намегирад ва шеъри Пайрав низ истисно нест. Дар мавриди қиёси шеъри Пайрав бо Саноӣ (дар мавриди тазмини "Бўи ҷўи Мўлиён") низ ҳозирин ҷонибдори   ақидаи Аламхон Кўчаров шуданд, ки шеъри Пайрав "аз мағзи ҷони шоир" (ба қавли устод Айнӣ) рўидааст. ҳозирин иброз доштанд, ки Пайрав шоире буд навовар ва тозаназар. Ў дар як марҳилаи пуртазоди таърих бо умри хеле кўтоҳаш шеъри баландпироя гуфт ва ҷойгоҳи баландеро касб кард.

 Баъзе нидоҳои риторикие, ки дар шеъри Пайрав ҳаст ва дар замонаш ҳамчун камбуди шеър танқид шуда буд, баръакс, бояд фазилати шеър шинохта шавад, шеър наметавонад якмаром бошад, бояд ҷо-ҷо дар ниҳоди хонандааш ҷунбишу таконе ба вуҷуд оварад. Вақте ки аз қиёси шеъри Пайрав бо Саноӣ сухан ба миён омад, профессори ДМТ Мисбоҳиддини Нарзиқул масъалаи маърифати замониро пеш овард. Дар ин хусус низ гуфтмони муфассал сурат гирифт. Ин суҳбат, ҳам дар мавзўи мавриди баҳс ва ҳам  масъалаи матонати сухан,  истеҳкоми маънӣ аз ҷониби академик Носирҷон Салимӣ идома ёфт. Дар мавриди истисноӣ будани эҷод ва нубуғи бархе шуаро, аз қабили Аттору Мавлонову Ҳофиз ва чанде дигар ва дар ҳар марҳилае раванди эҷодро ба даст гирифтани эшон ва таъсиргузориҳояшон ба таълифоти адибони баъдӣ чанд андешаи ин донишманди фозил ба миён гузошта шуд.

Доир ба бархе масоили бамиёнгузошта устод Гулназар назари хоси  худро  баён намуд. Сухан аз ибтикороти ҳамгуни Нимо Юшиҷ ва Пайрав дар шеъри нав ба миён омад ва афзалияти аввалӣ дар ҷараёни навсозии шеър мавриди баҳс қарор дода шуд. Ҳоло то ахир маълум нашуда, ки чаро фаразан, ибтикори Нимо дастгирӣ ёфту аз Пайрав на. Ин масъалаест, ки бояд сари он суханшиносон фикр кунанд ва посухи илмӣ бидиҳанд. Аламхон Кўчаров, Муртазо Зайниддинзода ва шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ низ дар мавриди бархе нукоти баҳси мазкур сухангўӣ карданд.

Нишасти мазкур, чунонки қаблан гуфтем, ба ёдкарди шеъри Пайрав ва арҷгузорӣ ба саҳми ин бузургвор дар ривоҷи шеъри тоҷикӣ ихтисос дошт. Аммо иқрор бояд кард, ки он мақоми на як маҳфил, балки як конфронси илмиро дошт, ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам баъзе масоили ба миён уфтода. Ҳамин ҳаррангии андешаҳо  арзиши баланди маҳфилро таъмин намуд. Он натанҳо дар пайравшиносӣ, балки дар илми шеършиносии тоҷик, назариёти адабӣ ва ҳар равияи илмии дигаре, ки ба фаъолияти адабӣ робита дорад, қадами ҷиддие хоҳад буд.

Ҳафиз РАҲМОН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved