• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Бо ишораи муҳтарам Шавкат Мирзиёев - Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, дар шаҳри Навоӣ (Кармина), воқеъ дар самти ҷануби кишвари Ўзбекистон, шурўъ аз соли 2017 барпо намудани ҳамоиши илмии байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Мир Алишери Навоӣ (09.02.1441 - 03.01 1501)  ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин чораҷўии илмӣ ва самарабахшии он дар ш. Навоӣ (маркази вилояти Навоӣ) Бунёди Алишери Навоӣ ташкил карда шудааст, ки раиси он номзади илми филология, фолклоршиноси ўзбек Улуғбек Сатторов мебошад. Имсол низ рўзҳои 5-6 феврал бахшида ба 578-солагии Алишер Навоӣ сеюмин ҳамоиши илмии байналмилалӣ баргузор гардид. Аз шаҳри Душанбе  академик  Кароматулло Олимов ва камина  барои иштирок дар кори он даъват шуда будем.

 Рўзи 3 феврал ба Тошканд ва аз Тошканд ба ҳамроҳии  Эргаш Очилов - ходими калони илмии Пажўҳишгоҳи забон, адабиёт ва фолклори ўзбеки АИ Ўзбекистон (шахси ниҳоят меҳрубон ва самимӣ) ва шарқшиноси ҳиндӣ Ахлоқ Аҳмади Оҳан бо роҳи заминӣ ба Самарқанд ва аз Самарқанд ба шаҳри Навоӣ расидем. Шаҳри Навоӣ маркази идории вилояти Навоӣ, яке аз шаҳрҳои бузурги саноатию фарҳангии Ўзбекистон мебошад.  Бегоҳӣ, ки ба ин шаҳр расидем, моро Улуғбек Сатторов истиқбол намуд. Чун фардои он рўз барои мо рўзи муқаррарӣ буд, иқдом гирифтем, сафари Бухоро намоем. Бухоро аз Навоӣ 90 км. дуртар мавқеият доштааст. Мо аввал ба ноҳияҳои Ғиждувон, Шофирком, Вобканд ва Когон рафта, маконҳои таърихӣ ва мазорҳои бузургоне чун Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Орифи Ревгарӣ (маъруф ба Моҳитобон), Хоҷа Маҳмуди Анҷири Фағнавӣ ва Хоҷа Баҳоуддини Нақшбандро зиёрат намудем. Ҳамаи мазорҳои номбаршудаи шахсиятҳои маъруфи гузашта феълан дар ҳоли мараммату ободкунӣ қарор доранд.

Дар Бухоро моро устоди Донишгоҳи давлатии Бухоро, дотсент Қаҳрамон Тўқсанов хуш истиқбол намуд. Азбаски ў зодаи Бухоро буда, ҷойҳои дидании ин шаҳрро хуб медонад, моро ба қисмати бостонии шаҳр, ки дар ҳолати пешинааш нигаҳдошт шудааст, раҳнамоӣ кард. Вақте ба майдони Регистон расидем, дидани арк, мадрасаҳои Мири Араб, Кўкалтош, Нодир Девонбегӣ, Лаби Ҳавз, масҷиди Болоиҳавз (онро масҷиди Баланд низ меномидаанд), корвонсароҳо, Манори Калон, мақбараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Чашмаи Аюб ва ғайра бинандаро ба гузаштаи дури таърих мебаранд. Мавзеъҳои бостонии номбаршуда диққати бинандаро сахт ба худ мекашанд. Онҳо ба ҳам ҳамоҳангии аҷибе доранд. Чунин тасаввуре пайдо мешавад, ки агар яке аз ин мавзеъҳои таърихӣ мавҷуд набошад, ин ансабли бузурги меъморӣ халалдор мешавад. Таваҷҷуҳи касро махсусан мақбараи Исмоили Сомонӣ, ки онро ин Амири одил барои падараш бино кардааст ва колбади худи ў низ он ҷо ба хок супорида шудааст, ба худ ҷалб намуд. Мароқангез он аст, ки ба гуфтаи муаррифи он мазор, дар Осиёи Миёна хишти пухта бори аввал барои сохтмони ҳамин мақбара ихтироъ ва корбурд шудааст. Он яке аз бузургтарин ва зеботарин намунаҳои меъмории ҷаҳони қадим ба шумор меояд. Мақбара  рў ба самти офтоббаро сохта шудааст. Намои он аз масофаи дур хеле ҷаззобу назаррабо ҷилва мекунад. Деворҳои чор тарафи он 10 х 10 метр буда  ба ҳам мутаносиб афтодаанд. Мақбара дар тайи замонаҳо ҳеч тармим надидааст ва ба он эҳтиёҷ ҳам надорад. Вақте  аз наздик  бо диққат мушоҳида мекунӣ, дида мешавад, ки дар ҳеч кадом хишти он тарқидагие нест. Мегўянд, бо гардиши офтоб тобиши ранги умумии мақбара тағйир меёбад. Чунин мақбара дар таърихи маданияти моддии қадимии Шарқ нотакрор мебошад. Он ба забон тавсифношуданист, онро бояд дид... Бегоҳии ҳамон рўз мо ба шаҳри Навоӣ баргаштем.

Рўзи 5 феврал пас аз маросими гулгузорӣ ба пояи ҳайкали Алишери Навоӣ, ки бо иштироки издиҳоми бузург ба вуқўъ омад, дар толори бузурги Маркази  ҷавонони вилоят таҳти унвони "Ҷойгоҳи мероси эҷодии Навоӣ дар инкишофи маънавият ва маорифи башарӣ" конфронси байналмилалӣ ба кори худ шурўъ намуд. Дар кори ҳамоиш ба ғайр аз намояндагони кишварҳои хориҷӣ ҳокими вилоят Қобил Турсунов бо муовинони худ ва иддаи касири навоишиносони нуқоти гуногуни Ўзбекистон низ ширкат варзиданд.

Дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиш намояндагони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Маҷористон, Туркия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Шветсия, Куриёи Ҷанубӣ, Туркманистон Муғулистон ва ғайра суханронӣ намуданд. Мазмуни ҳамаи гуфтори онҳо таъкиди моҳияти башардўстонаи шахсияти  эҷодии Навоиву осораш ва ба ҳамоварии одамону тантанаи дўстию бародарӣ миёни халқҳои ҷаҳон буд. Ҳамаи сухангўён аз сиёсати дарҳои бози ҳукумати кунунии Ўзбекистон ва дар ин раванд ҷойгоҳи муҳим доштани эҷодиёти гуногунпаҳлуи Алишери Навоӣ мегуфтанд...

Қисмати асосии ҳамоиш дар 6 бахш: "Ҷанбаҳои рўҳонӣ ва ахлоқии осори Навоӣ"; "Омўзиш ва тарғиби эҷодиёти Навоӣ дар хориҷи кишвар"; "Масъалаҳои забоншиносии осори Навоӣ"; "Эҷодиёти Навоӣ:  таърих, фалсафа, санъат"; Иртиботи эҷодиёти Навоӣ бо фолклор ва адабиёти замони нав"; "Таълими осори Навоӣ дар муассисаҳои таълимӣ" идома кард ва дар маҷмўъ ҳудуди 140 маърўза шунида шуд. Дар кори ҳамоиши мазкур як идда донишмандони тоҷик аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, аз ҷумла Нуралӣ Нурзод, Муътабар Шарифова, Нуъмонҷон Неъматов низ бо маърўзаҳои ҷолиб ширкат карданд. Маводди ҳамоиш, ки дар як китоби бузург дар ҳаҷми 690 сафҳа чоп шудааст, ба иштирокдорон тавзеъ карда шуд.

Бегоҳи он рўз кори ҳамоиши илмӣ ҷамъбаст гардид. Қарор шуд, ки дар кишварҳои алоҳида намояндагии Бунёди Алишер Навоӣ ташкил карда шавад ва маблағгузори он Бунёди марказӣ дар шаҳри Навоӣ хоҳад буд. Ғайр аз ин, гуфта шуд, ки  кори матншиносии осори Навоӣ-Фонӣ пурзўр  карда  шавад. Комиссияи босалоҳияте рўи кор оварда шавад, ки он рўи матнҳои интиқодии осори Навоӣ, ки минбаъд падид оварда мешаванд, назорати қатъӣ барад ва бидуни иҷозаи комиссияи мазкур офаридаҳои Навоӣ ба чоп нараванд.

Пас аз конфронс дар толори хурди Маркази ҷавонони вилоят вохўриҳо бо рўзноманигорони Ўзбекистон баргузор шуд. Аз ҷумла, академики АИ ҶТ Кароматулло Олимов роҷеъ ба тарҷумаи тоҷикии "Маҳбуб-ул-қулуб"-и Навоӣ,  ки худ анҷом додаву ба нашр расонидаанд ва инҷониб  дар бораи нусхаи қадимии тозаёфти девони "Наводир-ун-ниҳоя"-и Навоӣ, ки дар захираи дастнависҳои маркази фарҳангии профессор Ш. Ҳусейзодаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ  мешавад, бо намояндагони ахбори умум мусоҳиба намудем.

Шоми ҳамон рўз дар қасри фарҳангии "Фарҳод" бо иштироки ҳунарпешагни вилояти Навоӣ консерти бошукўҳи хотирмоне барпо шуд. Ҳамин тавр, ҳамоиши илмии баргузоршуда на фақат дар омўзишу таҳқиқи осори Алишери Навоӣ саҳми назаррасе гузошт, балки ба тантанаи дўстию бародарии халқҳои гуногуни дунё табдил ёфт.

Рўзи 6 феврал устодони ДДХ ба Хуҷанд баргаштанд ва устод К.Олимов ва ману ҳамроҳонамон боз ба Тошканд омадем. Шаби ҳамон рўз устод К.Олимов низ ба Душанбе парвоз намуданд, вале ман барои иштирок дар нишастҳои дигари илмӣ дар Тошканд мондам.

Рўзи 7 феврал дар Донишкадаи давлатии забонҳои Шарқи Тошканд ҳамоиши байналмилалии "Осори Алишер Навоӣ аз нигоҳи донишмандони ҷаҳон" баргузор шуд. Дар ҳамоиши мазкур аз Тоҷикистон профессор Абдусалом Абдуқодиров (ДДХ)  ва ман ширкат кардем. Ба маърўзаи А.Абдуқодиров "Навоӣ дар куҷо ба дунё омадааст?" вокуниши гарме ба вуҷуд омад. Мавсуф кўшиш намуд бо якчанд далел на дар Ҳирот (тавре ки то кунун қабул шудааст), балки дар Сова таваллуд шудани Навоиро ба субут расонад. Далелҳои асосии ў фармудаи устод С.Айнӣ дар поварақи монографияи эшон "Алишер Навоӣ", тазаккуроти Хондмир дар қисмати хотимаи "Равзат-ус-сафо" ва ҳамчунин қайдҳои Ҷомӣ дар "Баҳористон" буданд. Чунин натиҷа гирифта шуд, ки ин мавзўъ боз ҳам ба таври густардатар омўхта шавад.

Маърўзаи банда "Нусахи дастнависи шарқӣ ва аҳаммияти таҳқиқи кодикологии онҳо" низ хуш қабул шуд. Маълум шуд, ки фанни нусхашиносӣ дар Ўзбекистон ҳанўз ба роҳ монда нашудааст. Пешниҳод гардид, ки дар ояндаи наздик бо даъвати раёсати донишкадаи мазкур барои муддати муайяне он ҷо биёям ва асосҳои ин фанро тадрис намоям.

Маърўзаи Ахлоқ Аҳмади Оҳан - профессори Донишгоҳи Ҷавоҳарлаъл Неру (Деҳлӣ) дар мавзўи "Алишер Навоӣ-Фонӣ ва муосирони ҳиндии ў" хуш истиқбол шуд. Аз гузориши вай маълум шуд, ки дар асри XV дар Ҳинд шоири форсигўе бо номи Мавлоно Ҷамолуддини Ҷамолӣ мезиста ва ў ҳини мусофиратҳои зиёди худ дар соли 1492 ба  Ҳирот омада, муддате дар манзили Абдурраҳмони Ҷомӣ (ки ба ў иродати сахт доштааст) зистааст. Ҷамолӣ дар Ҳирот бо адибону фарҳангиёни он замон чун Ҷомӣ, Навоӣ, Шайх Сўфӣ, Масъуди Шарвонӣ, Мавлоно Ҳусайни Лорӣ, Абдулғафури Лорӣ ва дигарон мулоқотҳо доштааст. Илова бар ин шоирони дигари эрониасли Ҳинд мисли Шаҳиди Қумӣ, Ҳошимии Кирмонӣ (машҳур ба Шоҳи Ҷаҳонгир) бо эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ-Фонӣ ошноии хуб доштаанд. Ҳошимӣ дар ҷавоби "Махзан-ул-асрор"-и Низомӣ маснавии "Мазҳар-ул-асрор" суруда (ин маснавӣ дар соли 1957 бо тасҳеҳи Ҳисомуддини Рошидӣ дар Карочӣ нашр шудааст) ва  дар он Навоӣ -  вазири Султон Ҳусайни Бойқароро чунин ситудааст:

Дошт амире ба ҳазорон камол,

Нодиру мумтозу адимулмисол.

Шердилу соҳиби шамшер буд,

Номи хушаш Мир Алишер буд.

Дар фани туркӣ ба сарири қалам,

Гуфт сало бар Арабу бар Аҷам.

Булаҷаб ин аст, ки он номдор,

Бо ҳамагӣ машғалаи рўзгор

Дод ба девони ғазал интизом,

Кард яке "Хамса"и туркӣ тамом.

Гуфт ба туркӣ суханони бузург,

Аз дами Хизру нафаси пири турк.

Буд шабу рўз ба сад иззу ҷоҳ,

Ҳамнафаси хусрави олампаноҳ.

Бо шинидани ин иттилоот аз зеҳнам гузашт, ки азбаски шоирони номбаршудаи Ҳинд ба форсии тоҷикӣ шеър мегуфтаанд, минбаъд бояд ба онҳо ва осорашон таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Рўзи 8 феврал дар Пажўҳишгоҳи  забон, адабиёт ва фолклори ўзбеки АИ Ўзбекистон  ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони "Масъалаҳои таҳқиқи мероси адабӣ ва илмии Алишери Навоӣ" баргузор шуд. Дар ин ҷамъомади илмӣ дар радифи донишмандони ўзбек, озар, турк ва ҳиндӣ банда дар мавзўи "Шоирони туркизабони асри  XVI дар  "Туҳфаи Сомӣ" гузориш намудам. Дар ин тазкираи форсӣ роҷеъ ба 29 шоири туркизабон сухан рафтааст ва аз сурудаҳои онҳо намунаҳо оварда шудааст. Аз ҷумла, дар бораи Навоӣ ва Бобур Мирзо иттилооти арзишманд ҷойгиранд, ки онҳо ҷиҳати омўхтани адабиёти туркизабони  асри XVI дорои аҳаммияти калонанд. Биноан муҳтавои гузориш барои адабпажўҳони ўзбек мароқангез буд.

Ҳамаи иштирокдорони ҳамоишҳои илмии барпошуда дар суҳбатҳои худ аз он мегуфтанд, ки Навоӣ дар осори гуногунпаҳлуи худ ба ҳайси эҷодкори бузурги инсонпарвар ва тараққихоҳ намоён мешавад ва мутолиаву омўзиши офаридаҳои ў ҷиҳати минбаъд истеҳком ёфтани робитаҳо ва дўстию ҳамзистии халқҳои ҷаҳон метавонанд саҳми бузург гузоранд.

Бадриддин Мақсудов, профессори ДМТ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved