• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Низом ҚОСИМ

Шамсиддини Шоҳин аз охирин ҳалқаҳои заррини силсилаи шоирони классики мост, ки як давраи бузурги адабиётамонро анҷом мебахшад ва ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Нақибхони Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳусни хотимаи он мебошад. Дар ин ҳамоиши илмию адабӣ ҷиҳатҳои муҳимми ҳаёту эҷодиёти ў ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд, мо танҳо як ҷиҳати он - эҳсосу идроки шахсияти адабии хеш ва фарозу фуруди тафохури шоирии Шамсиддини Шоҳинро иҷмолан зикр кардан мехоҳем.

 

Маълум аст, ки Шоҳин дар оғози фаъолияти шоирӣ аз эҷодиёти пурбори Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Мирзо Бедил сахт мутаассир шудааст. Дар ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, чунки кутуби он бузургворон китобҳои дарсии мактабу мадрасаҳои замон буданд ва Шоҳини наврас аз онҳо хуб баҳра бардоштааст.  Таассурот аз Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил дар ду ғазали аввали девони шоир равшан ба назар мерасад. Бо ишора ба ин дар байте тасвирӣ мефармояд:

Маро зи файзи бузургон бувад таваққуъ аз он,

Ки оби баҳр талотум кунад, ба ҷў гузарад.

Оид ба муносибаташ ба Мирзо Бедил ишораҳои зиёд дорад ва дар мавриде сареҳан гуфтааст:

Чи нисбат аст ба Бедил камина Шоҳинро,

Ки қатраро натавон ҳаминони қулзум кард.

Як ғазали Шоҳин бо мақтаи

Хирад ба шеъри ту, Шоҳин, аз он бувад вола,

Ки як ҳадису ҳазораш нукоти муҳтамал аст

баёни ҳофизона, бахусус ғазали "Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст, Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст"-ро ёдрас мекунад.

Шоир ғазале дорад бо мақтаи зерин, ки шояд марбути давраи аввали эҷодаш бошад:

Ҳар нафас, Шоҳин, ба ақди наварўси маъние

Хаҷлаи андеша ороянду домодам кунанд.

Луғати байт беихтиёр ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз, бахусус мисраи  "Хаҷлаи ҳусн биорой, ки домод омад"-ро хотиррасон мекунад.

Иродати Шоҳин ба Шайх Саъдӣ чандон аст, ки аз ў ба ҳар сон фаровон ёд мекунад. Дар бахши аввали чунин байту пораҳо ин ёдкард ба сурати миннатдориву миннатгузорист, ки асли ҳақиқат ҳам ҳаст. Масалан, дар ин байт:

Маро гар дар ин пеша дасте расост,

Ҳам аз дасти ёрии Саъдӣ бихост.

"Дасти  ёрии Саъдӣ" воқеан дар осори Шамсиддини Шоҳин зиёд эҳсос мешавад ва равшанбаёнӣ, ҳадафмандӣ, лутфи суханаш аз файзи он аст.

Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки Шамсиддини Шоҳин мактаби бузурги омўзише дошт дар мисоли эҷоди Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил ва дигар бузургони шеъри гузаштаамон, ки ўро батадриҷ ба пояи шоири номвари замонаш бардоштанд ва аз чунон эътирофу эҳтироми ҳамзамонон бархурдор карданд, ки битавонад бигўяд:

Гашт ҳосили Шоҳин шавкати фалотунӣ,

Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд.

Оҳангҳои зикри  шахсияти инсониву шоирии хеш ва тафохур аз ин ба ҳар ранг дар эҷоди Шамсиддини Шоҳин зиёд дучор меоянд. Дар қисме аз онҳо ин зикр бисёр заминиву фурўтанона аст ва комилан ҳақиқати ҳолро бозгў мекунад. Масалан:

Ҳар касе рафт, нишоне ба ҷаҳон монд аз ў,

Лек, Шоҳин, зи ман ин як-ду рақам мемонад.

Дар ин сатрҳо камолоти инсониву шоирии ў эҳсос мешавад, шоир вазифаи суханварии хешро амиқ дарк карда, бо мондани "як-ду рақам" ҳосили умраш самимона қонеъ асту меболад.