• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Зиндагии рӯзмарраи шоир мисли зиндагӣ дар ҷабҳа аст. Шояд ин қиёс чандон маъмулӣ нанамояд, вале шабоҳатҳоеро байни инҳо метавон дарёфт. Ва пирӣ шабеҳи бемористони ҳарбист.

 

Шоири машҳури тоҷик, дӯсти бузурги ман Муъмин Қаноат рахти сафар аз ҷаҳон барбаст. Мо бо ҳам аз дер боз, аз солҳои ҳафтодуми садаи гузашта ошно шуда будему то солҳои охир дӯстии самимона доштем. Соли 1971 дар Тоҷикистон ва дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ шастсолагии шоири  бузурги Машриқзамин, дорандаи ҷоизаи Ленинӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, фарзанди шуҳратманди халқи тоҷик Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта шуд. Ман ҳамчун ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Қирғизистон ба ин ҷашни шукӯҳманд даъват шуда будам. Муъмин Қаноат он вақт ҷонишини Мирзо Турсунзода буд. Баъдан мо аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудем. Аз ҳамон замон мо бо Муъмин пайваста дар Маскав, дигар шаҳрҳои собиқ шӯравӣ ва дар кишварҳои хориҷӣ вомехӯрдему рӯз аз рӯз дӯстиямон мустаҳкамтар мешуд. Солҳои охир ҳини дидору суҳбатҳо мо ҳамеша дар бораи дӯстии халқҳоямон, аз мулоқоти муштаракамон бо мардум ва ашъори шоирони ҳамзамонамон гап мезадем. Дидору суҳбати охирини мо дар Маскав иттифоқ афтода буд.

Вақте ки як ҳамзамони наздик, хусусан инсони азизу бузурге аз олам дармегузарад, танҳоии бепоёнеро эҳсос мекунӣ. Ва ҳоло ҳамин монда, ки бо дарду ҳасрат бигӯям: Алвидоъ, эй дӯст!

Омар Султонов, Шоири халқии Қирғизистон, шаҳри Бишкек

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved