• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

АБДУЛҲАМИД САМАД

Ҳар шахсияти адабӣ шарофату хосияте дорад ва дар ҳамин замина дар ёди ҳамқаламону шогирдон ва ҷомеа мемонад. Масалан: ҳамин ки қадами Боқӣ Раҳимзода ба Иттифоқи нависандагон мерасид, дар як лаҳза деги ҳазлу шӯхӣ ба ҷӯш меомад. Бо муаллим Мирсаид Миршакар рӯ ба рӯ меомадед, ҳатман мепурсид: "Ягон асари нав навишта истодаӣ ё не?".

 

- Ҳо, кам-кам ҷумбуҷӯл дорем, - посух медодем.

- Асари нағз бо ҷумбуҷӯли кам-кам рӯи коғаз намеояд, - бо шакарханд мегуфт муаллим.

- Темаат чист? Дар бораи имрӯз навис. Гузаштаро устод Айниву Ҷалолхон хуб тагурӯ карданд… Баъд дастхатро биёр, ки ман хонам…

Аммо устод Фазлиддин Муҳаммадиев тамоман як олами дигаре доштанд. Инсони хушсурат, аз чеҳраашон нур мерехт, нигоҳашон гарми меҳрбор, ботамкину камгап, вале ширингуфтор. Ба шиносҳо, - хоҳ адиб бошад, хоҳ аҳли касби дигар, - аз рӯи мушоҳида ягон сухани ба хӯву хислати эшон шинамро ёфта чунон бамаврид мепартофтанд, ки ба лаби каси, фаразан, хаставу аз ноомади кор асабӣ ҳам, ханда медавиду ба дили торикаш рӯшноӣ роҳ меёфт.

Устод аксар вақт ҷузъгири бузурге дар даст, андешмандона нарм-нарм қадамзанон ба Иттифоқ меомаданд. Воқеан мутолиа ва муҳокимаи дастхатҳо як бахши кори шӯроҳо ва нашрияҳои Иттифоқ ба шумор мерафт. Силсилаи шеъру ҳикоя, мақолаҳои алоҳидаро муҳокима мекарданд. Роману қиссаҳоро мешуд, ки ду-се бор гаштаву баргашта хонда, дар кӯраи андешаҳо пазонда, аз парвезани танқид гузаронда, ҷоеро бурида, ҷоеро дӯхта, сипас ба чоп иҷозат медоданд. Маҷмӯаҳои нахустини адибони навқалам низ бо ҳамин дастур аз имтиҳон гузашта, барои нашр роҳхат мегирифтанд. Ва мурод аз ин сахтгириҳо, ки дарси маҳорати адабӣ низ ба шумор мерафтанд, он буд, ки эҷодкор аз қадами аввал масъулияти сухан ва суханвариро эҳсос бикунад, аз ҷониби дигар, муҳити адабӣ ба навиштаҳои ӯ шинос шавад, баҳо бидиҳад. Устод Фазлиддин чун раиси Шӯрои насри Иттифоқ ба мутолиа ва муҳокимаи асарҳои нависандагон ниҳоят ҷиддӣ ва ғамхорона муносибат мекарданд. Худашон, ки инсони дақиқкору дақиқназар буданд, аз дигарон низ устувории аҳду паймонро чашмдор мешуданд. Ва инро як ҷузъи ахлоқи инсони бофарҳангу эҷодкор мешумориданд.

Боре мутолиаи дастхати адиберо аз устод хоҳиш кардам. Ман, ки ходими шуъбаи насри маҷаллаи "Садои Шарқ" будам, ба устодон супурдани дастхатҳо ва оростани муҳокимаро ба уҳда доштам. Муаллим розӣ шуданд. Лек рӯзи ваъда ман аз рӯи зарурат беруни шаҳр рафта, дастхатро расонда натавонистам. Ва фардояш рӯи миз чашмам ба ин номаи кӯтоҳ ва бо ҳарфҳои зебову хоно бархӯрду зери хиҷолат мондам: "Мулло Абдулҳамид, гуфта будед, ки романро барои хондан рӯзи душанбе медиҳед. Ф. М."

Устод ба ҳама хайрхоҳ буданд. Кӯҳзодро дӯст медоштанд; ба Муҳиддин Хоҷазод ва Саттору Сорбон бамеҳр муносибат мекарданд; Кароматуллоро эҳтиром, ба Бурҳон Ғаниву Маҳкам Пӯлод чун ошно деги суҳбат ба ҷӯш меоварданд. Ба Гулназар, Саидалӣ, Камолу Ҷонибек муносибати бародарона доштанд. Аммо ҳангоми муҳокимаи асарҳои ин адибон ҳеҷ гоҳ хотир намедиданд ва аз сари манфиати адабиёту талаби замон як сари мӯй дур намерафтанд. Аҷиб ин буд, ки баробари муаллиф, шояд баъзан аз муаллиф бештар барои пухтаву хоно баромадани асар масъулият ҳис мекарданд. Аз ин рӯ, бештари вазни баҳо додан ба асарҳо ба дӯши эшон меафтод. Тасаввур кунед: ҳолатҳое рух медод, ки он кас як романи калонҳаҷми пуробро се маротиба ҷафида маслиҳат медоданд, лек муаллиф меранҷид ва мешуд, ки бо қаҳру алам талху пичинг ва суханҳои заҳрогин низ мегуфт. Дар ин ҳолат табассуме гирди лабони муаллим медавид ва нигоҳи гарми чашмони шаффофи зебояшон ба махзани роз табдил меёфт: яъне фаҳмиши нависанда ҳамин бошад, вой бар ҳоли мову хонанда…

Муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев фикру андешаҳояшонро дурушт баён ё ба сари касе бор намекарданд. Дағаливу беназокатиро ҳам дар адабиёт ва ҳам дар муносибат хуш надоштанд. Нарм, маслиҳатомез ва дӯстона суҳбат меоростанд. Вале барои андешаҳои касеро шунидану гаштаю баргашта асареро таҳрир кардан низ неруи мардона, рӯҳи қавӣ, дили бузург ва назари фароху меҳр лозим аст. Заҳмати эҷодӣ осон нест, қувваи бузурги рӯҳиро металабад. Ва чӣ афсӯс, ки ин неъмат чун истеъдоду дарки маънӣ ба ҳамаи эҷодкорон баробар насиб нагаштааст. Ҷонкоҳонии беҳисоб ва як андоза ройгон рафтани соатҳои умри азизи устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар мутолиа ва муҳокимаи асарҳои суст ё камарзиш аз ҳамин боис буд. Устод сидқан мехостанд, ки асари хоме пухта шавад, номи муаллиф аз нашри асари аз ҷиҳати бадеӣ суст доғдор нагардад, вақти хонанда низ дар мутолиаи асари хому хатала ройгон нагузарад.

Шахсан камина ифтихор дорам, ки устод аз рӯи хоҳишам ҳар чизи иншокардаамро мехонданд ва дар ҳошия ё поварақ бо ҳарфҳои калон-калони зебо менавиштанд: "Нағз… Бад не, мулло… Кашол ёфтааст… Нашуд! Такрори маҳз, аз баҳри дурӯғаш гузаред".

Имрӯз он дастхатҳоеро, ки аз ҳусни хати муаллим ганҷу арзише доранд, варақ мезанаму чун дарс аз онҳо баҳра мебардорам.

Инак, мухтасари ёддошти устод Фазлиддинро дар ҳошияи варақҳои "Паррончакҳо" ба шумо пешниҳод мекунам, то аз он чӣ андоза ҳассосу дақиқназар ва дилсӯзу хушзарофат будани эшонро пай бубаред.

"Қисса ҳаст. Бо шавқ хонда мешавад. Қиссаи такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим.

Маҳорати муаллиф дар афзоиш, такомул. Дар ҳар бозёфташ дили кас хурсанд мешавад, ки нависанда аст муаллиф, то рафт устувортар шуда истодааст ҳамчун нависанда.

Ва боиси хурсандии махсус ин ки маҳз табиатан нависанда аст…

Абдулҳамид намесозад, аз дилаш, аз шуураш ҳамин қисса бармеояд.

Норасоиҳо ҳастанд, 10-12 саҳ. аввал бори казоӣ надоранд… Ихтисор бояд кард. Манзара, гуфтугӯи даромадгоҳи институт такрор, шинос ва нозарур менамояд…

Адоват бар бародар. Батафсил тасвир шудааст. Мегӯед, ки сабаб марги кабк. Лекин кина ба андозаи сад рама гӯсфанд… Ба назарам қайла аз мазза гузаштааст андаке…

"Овоз баровард" ба ҷои "гуфт" дар 30-35 ҷой омадааст…

Ҷоҳои нағз аз сусташ мӯлтар…

Оид ба маҳалпарастон порчаи бисёр баҷо ва пухта.

Пеш ба миллатҳо, ба маҳалҳо, ба кофиру мусулмон ҷудо кардан одат буд, табиӣ менамуд, ҳатто савоб буд мисли ҷудо кардан ба ҳалолу ҳаром. Ҳоло ин кор то ба дараҷаи ҷиноят паст аст, доимо такрор бояд кард, ки дар шуури мардум таҳшин шавад. Хусусан ки матбуоти сиёсиамон хомӯш аст. Ф.М." с.81.

Ин фишурда аз шаш саҳифа мусаввадаи устод Фазлиддин Муҳаммадиев аст. Ба ростӣ, дастхатхонӣ ва муҳокимаи асарҳо як қисми бузурги фаъолияти муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев ба шумор мерафт. Соатҳои бешумори умри азизи муаллим дар ин роҳ танҳо ба хотири баланд бардоштани сатҳи адабиёт, хосса бахши наср, ташаккули маҳорати нависандагони ҷавон сарф шудааст. Ва зикри заҳматҳои бедареғи устод имрӯз қарзи ҳар як шогирд аст.

Алҳол дастхати "Паррончакҳо"-ро варақ мезанаму дигар ишораҳои ҷолиби муаллимро пайдо мекунам. Масалан, дар саҳ. 46 навиштаанд: "Ба гуфти фалон, қавли фалонӣ гуфта, пас аз ин суханеро мегӯянд, ки хосияти хосе дошта бошад. Ба хари касе бор набошад. Дар баёни гапи оддӣ дар истинод ба касе эҳтиёҷ нест… Ф.М."

Ин шарҳ ба ибораи "Ба гуфти Раҳматшоҳ аст".

Дар саҳифаи 60 ман ибораи "мисли шахси оталахӯрда"-ро истифода бурдам ва муаллим андешаашонро ин тавр баён кардаанд:

"Мулло Абдулҳамид!

Аввал ин, ки атола ва шумо, ки адибед, ҳамин варианти адабиашро бояд нависед. Сониян, оё лабу лунҷ пок кардани атолахӯр аз лабпоккунии мошобахӯр фарқ дорад?"

Зери ибораи "аз камари Алибой набошам" касе аз устодон хат кашида, дар ҳошия "ҷудо кашол" навиштааст. Ду ҷумла поён устод ба зери нимҷумлаи "… дар шаҳр коҳи сабилмонда ёфт намешавад" хат кашида навиштаанд: "Нағз, ин ҷоҳо нағз, кашол-пашол не".

Дар саҳифаи 80 муаллим ба ҷумлаи "Вай хандон-хандон сӯи хонаашон тохт" ишора гузошта, навиштаанд: "Мулло, хандон-хандон тохтан мушкил аст. Хандон-хандон рафтан табиист. Як дам мулоҳиза кунед, розӣ мешавед, иншооллоҳ. Ф.М."

Баъди муколамаи қаҳрамон дар саҳ. 100 аз номи муаллиф порае меояд, то ки гуфтаҳои болоро қувват бахшад. Муаллим дар шафати ин пора навиштаанд: "Ана ҳамин нукта баён шуд: ба василаи андешаҳои пирамард, яъне чунон ки бояду шояд, яъне чунон ки санъат тақозо дорад.

Дигар ҳоҷат ба такрори хушкаш нест. Ф.М."

Ба тасвири "… аз мӯи ба пешонӣ овезонаш оби тирафоми борон таровида…", ки дар саҳ. 111 омадааст, муаллим эродашонро ин тавр баён кардаанд: "Ин гап дуруст нест. Хоҳед, қасам хӯрам?"

Дар аксар маврид эродҳои устодро ҳаҷв ва зарофатҳои намакин оро медиҳанд. Бубинед, дар саҳ. 120 навиштаанд: "Бесабаб абзатс мондан убол аст, агарчи фоидае дорад…" Ин ишораи истеҳзоомез ба он аст, ки баъзеҳо ба хотири бештар ситонидани ҳаққи қалам ба таври сунъӣ мисраъҳоро мешикастанд ё ҷумлаҳоро дароз ва ҳаҷми асарашонро бузург мекарданд.

Дар ҷое аз рӯи беэҳтиётӣ калимаи "киса" бо ду "с" чоп шуда будааст. Муаллим навиштаанд: "Кисаи Абдулҳамид калону пур аз пул аст, чунки ду ҳарфи "с" дорад. Ф.М."

Дар боби XIV чунин ҷумла буд: "Акнун мисли нимтанаҳо (маъюбони ҷанг бо чигас роҳ мегарданд). Муаллим эътирози худро ба ин ташбеҳ ин зайл ифода кардаанд. "Акнун чӣ тавр роҳ гаштанашон маълум. Гапа такрор накунед, нахоед, мулло.

Сонӣ, дузда ба инвалиди ҶБВ шабоҳат надиҳед. Ба шумо чӣ шуд?"

Устод калима, ибора ва ҷумлаҳои ночаспон ё ба назарашон зиёдатиро ҷо-ҷо бо қалам ҷудо карда, бо думи дарози морпеч баровардаанд. Ин корашон ҳадаф дорад. Ва ба хотири он аст, ки ҳамин ишора ба дили банда, яъне нависандаи ҷавон сахт нарасад, дар пушти саҳ. 126 навиштаанд:

"Мулло Абдулҳамид, дар чанд ҷой калима ё ибораи барзиёдро ишораи партофтан гузоштам. Агар думчаи ишора дароз бошад, ба ин маънист, ки зиёд будани он калима ба ҳамин дараҷа аён ва ошкор асту шумо эътибор надодаед.

Ҳамин ишораҳо дар ёдатон монанд, дар навишти чизи оянда шояд ба хотир расанд гуфта думдароз кардам.

Ҳангоми ба хаткӯркунак кӯр карданатон андак азият мекашед ва ба таҳшин шудан дар хотира кӯмак мекунад.

Дигар ғаразе нест. Ф.М."

Фазлиддин Муҳаммадиев боғбони хоссакори насри тоҷик буданд. Ва ҳадафи часпу талошҳои зиёдашон дар мутолиаи дастхату муҳокимаи асарҳо сарҷамъ овардани адибон, аз ибтидо рост ва табъи дил сабзидани навниҳолони боғи адабиёт буд. Ташвишу муроди боғбони асил чист? Ниҳолаке каҷ насабзаду ба муҳит осеб нарасонад, нахле дар гармои сӯзон аз беобӣ нахушкад, шохе аз боду тӯфон нашиканад. Ва аз ҳама муҳиммаш, дастниҳолони ӯ меваҳои хушранг, ширину болаззат диҳанд. Муаллим аз ҳар адиби навқалам, чун аз навниҳоли боғ, ҳамин таманноро доштанд.

Оре, устод Фазлиддин Муҳаммадиев чун шахсияти нотакрори бузурги адабӣ бо асарҳои аҷибу муносибати наҷибашон ба мо ва ҳамагон маданияти олии инсониро талқин мекарданд. Сад дареғ, ки қурбонии оғози ҷаҳолату пастфитратӣ гаштанд ва ҷояшон ҳамеша дар байни аҳли адаб холист.

Дар ин нигошта аз вижагиҳои осори пурмуҳтавои устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба он хотир ёд накардем, ки пажуҳишгарони маъруфи тоҷик С. Табаров, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, А. Набавӣ, бисёр адибони номварамон аз паҳлуҳои мухталиф ва арзишҳои эҷодиёти устод китобу мақолаҳо офаридаанд. Ва шоистаи таъкид аст, ки устод Фазлиддин Муҳаммадиев - нависандаи бузурги тоҷик, поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри мо мебошанд. Маҳз эшон бо ҳунару заҳмати хеш дар баланд бардоштани сатҳи маърифати насри муосири мо, махсусан жанри ҳикоя хидмати бемисл карда тавонистанд. Ҳар асари хурду бузурги офаридаи устод дар муҳити адабии тоҷик чун падидаи адабӣ пазируфта мешуд. Ва имрӯз низ қимати осори устод побарҷост ва шахсияти адабияшон ҷилои хосса дорад.

Аз баракати қаламу ҳунари устод ситораи ҳунари устод сол ба сол дурахшонтар гашта, чеҳраҳои басо шукӯҳманди дар наср офарида, забони равону пурлатофати осорашон чун рӯи пурнуру чашмони нозанинашон ба дилҳо зиё хоҳад бахшид. Бале, устод марди озода, нексиришту боғперой буданд. Ва боғи сарсабзу сафобахше аз эҷодиёт, боғе аз шогирдон, боғе аз накукориву хушномӣ то ҷовидон ба ёдгор гузоштанд, ки ҷояшон ҷаннат бод!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved