• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,

Ин замин бо ӯ ба дунёебаробар мешавад.

      Бозор Собир

 

Тавъамии устод Айниро ба халқи азизаш Мирзо Турсунзода дар сарсухан ба чопи русии "Ғуломон" чунин таъкид карда буд: "На ҳама вақт мешавад, ки зиндагиномаи як кас қариб тамоман ба зиндагиномаи халқи ӯ қаробат пайдо кунад, чунонки ин ҳолат ба Садриддин Айнӣ рух додааст. Ҳаёти ӯ ба ҳаёти тоҷикон - аз солҳои сиёҳи гузаштаи тира то рӯзҳои хушбахтии даврони мо иртиботи ногусастанӣ дорад. Ва агар сол ба сол, қадам ба қадам тӯфони пуршӯри воқеаҳои қариб як асрро, ки Айнӣ зиндагӣ кардааст, мушоҳида кунем, ин ҳикоя оид ба тақдири тамоми халқ мешавад, ҳикоя дар хусуси он мешавад, ки чӣ тавр мардуми меҳнатӣ аз камбағалӣ ва беҳуқуқӣ ба хушбахтӣ ва рӯшноӣ расид. Аввал тифл, баъд ҷавон ва дар охир марди камолёфта - Айнӣ он чиро дида, аз сар гузаронидааст, ки қавми ӯ дида аз сар гузаронидааст. Айнӣ барои мо рамзи тай намудани роҳи пурмашаққати халқаш мебошад". 

Оре, тамоми зиндагинома ва фаъолияти илмӣ, публитсистӣ ва эҷодии устод Айнӣ бозгӯи муҳаббату садоқат ба халқи азизаш ва талош баҳри озодиву истиқлолияти миллати азияткашидаи тоҷик мебошад. Андешаҳои истиқлолиятхоҳии устод Айнӣ нахуст солҳои аввали мадрасахонӣ, вақте ки ба асари "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмадмахдуми Дониш  шинос мешавад, зуҳур мекунад.

Баҳори соли 1899 устод Айнӣ ба матни пурраи "Наводир-ул-вақоеъ" шинос мешавад ва мазмуну муҳтавои ин асар ба тафаккур ва ҷаҳонбинии иҷтимоиии ӯ таъсири басо ҷиддӣ мерасонад. Албатта, Садриддини муллобача, чи хеле ки худ иқрор мекунад, ҳангоми мутолиа баъзе масъалаҳои "Наводир-ул-вақоеъ"-ро, ки ба нуҷум, фалсафа ва тасаввуф оид буданд,  дуруст дарк намекард, вале тасвири воқеии ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, зулму тааддӣ, хурофотпарастӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷомеа ба ӯ таъсири амиқ мерасонад  ва ба чунин хулоса меояд, ки "ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модомки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст (инқилоби фикрӣ, кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод)".

Умуман, бардошти Садриддин Айнии ҷавон аз "Наводир-ул-вақоеъ" боиси тақвияти ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоӣ, доираи тафаккур ва завқи эстетикиву ҳунари нигорандагии нависандаи оянда гардид ва ӯ аз хаёлоти шарқӣ даргузашта, ҷиддан ба тасвири реалистӣ рӯ овард. Ин нуктаро худи Айнӣ чунин тавзеҳ медиҳад: "Шиносоии ман ба "Наводир-ул-вақоеъ" ба ман танҳо инқилоби фикриро бедор карда намонд, балки ба сарам савдои насрнависиро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмадмахдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода таҷассум кунонда, нишон дода тавонад" .

Чизи дигаре,  ки боиси бедории фикрӣ ва худшиносии устод Айнӣ дар айёми мадрасахонӣ мегардад, шиносоӣ ба матбуоти даврии аз Русия, Туркия, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон  ба Бухоро омада мебошад. Устод Айнӣ дар "Ёди мозӣ" ном шеъри худ, ки соли 1914 дар маҷаллаи "Ойина" ба табъ расидааст, бедории фикрӣ ва оғози ҳақталошиву фаъолияти иҷтимоиашро ба интишори матбуоти даврӣ дар Бухоро вобаста медонад:

Буд ба ҷои рӯзнома "Замчинома" бар кафам,

Бо камоли шавқ "Абӯмуслим" қироат доштам.

 

Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард,

Чун ба худ дидам, зи ҳоли худхиҷолат доштам.

 

Тарҷумонӣ кард "Аҳволи замон"  аз ҳоли ман,

"Вақт"-ро дар пеши худ миръоти ибрат доштам.

 

Дар ҷароидномаи аҳволи худ дидам аён,

Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.

Дар ҳақиқат, аз ибтидои садаи ХХ ва махсусан баъди инқилоби солҳои 1905-1907-и рус дар Бухоро рӯзномаву маҷаллаҳои бисёре, аз қабили "Ҳабл-ул-матин" (Ҳиндустон), "Чеҳранамо" (Миср), "Сироҷ-ул-ахбор" (Афғонистон), "Тарҷумон" (Боғчасарой), "Мулло Насриддин" (Тифлис), "Вақт" (Оренбург), "Садои Фарғона" ба забонҳои  тоҷикӣ, туркӣ, тоторӣ ва русӣ ворид гардида, ба Айнӣ барин ҷавонони огоҳдили бухороӣ рӯҳияи худшиносӣ ва маърифатпарварӣ ато менамуданд.  Садриддин Айнӣ чун хонандаи ҳарису муътақиди матбуоти даврӣ тирамоҳи соли 1915 ба қӯшбегии аморати Бухоро, ки ӯро барои рӯзномахониаш гунаҳгор карданӣ буд, чунин ҷавоби сазовор медиҳад: "Аввал ин ки агар ман як рӯз рӯзнома нахонам, девона мешавам. Дувум ин ки хоҳ хонам, хоҳ нахонам, рӯзномаҳоеро, ки ман ба онҳо обуна ҳастам, почтаи давлати рус оварда медиҳад".  

Умуман, матбуоти даврӣ барои устод Айнӣ ва Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Мирзо Назруллои Ғафурзода, Мирхон Порсо барин  ҳаммаслакони ӯ қисми таркибии фаъолияти иҷтимоӣ гардида буд ва табиист, ки барои ба амал баровардани армонҳои худ дар соҳаи маорифу мактаби замонавӣ, ки мебоист ҷомеаро аз чанголи ҷаҳолату нотавонӣ берун барорад, аз ин минбари иттилоотиву тарғиботӣ ҳам истифода мекарданд.

Бояд гуфт, ки дар қаламрави аморати  Бухоро шумораи зиёди мактабу мадраса мавҷуд буд. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дар ибтидои асри ХХ танҳо дар шаҳри Бухоро зиёда аз 200 мадраса фаъолият доштааст, ки шумораи умумии муҳассилини онҳо ба 10 ҳазор мерасидааст. Вале дар ин мактабу мадрасаҳо асрҳо боз барномаҳои таълим якранг давом карда, боиси қафомонии илму фарҳанг ва рушди ҷомеа мегардидаанд. Бинобар ин, зиёиёни тоҷик дар фикри барпо намудани мактабҳои сохти нав шуданд ва яке аз он равшанфикрони собитқадаме, ки ҳанӯз солҳои аввали мадрасахонӣ мушкилот ва норасоиҳои зиёди барномаҳои таълимии мактабу мадрасаҳои куҳнаро эҳсос карда, бо тамоми ҷиддият ба ислоҳи маориф камар мебандад, устод Садриддин Айнӣ буд.

Ҷараёни ташкилшавӣ, фаъолият ва ба мухолифати мутаассибон гирифтор шудану оқибат, баъди камтар аз нуҳ моҳи мавҷудият (аз 5 ноябри соли 1908 то 26 сентябри соли 1909), баста шудани мактаби усули нав дар китоби "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро"-и устод басо муфассал баён гардидааст. Ин ҷо ҳамин қадар ёдовар шудан кофист, ки аввалин мактаби усули нави Бухоро ба забони тоҷикӣ дар хонаи Абдулвоҳиди Мунзим кушода мешавад, ки он ба ҷойи бурёи замину калтаку фалақ бо партаю тахтаю бӯр муҷаҳҳаз шуда, усули нави дарсдиҳӣ истифода мешавад ва дар ин муассиса вазифаи душвори таълим ба зиммаи Айнӣ меафтад. Китобҳои таълимӣ тартиб дода мешаванд ва кор ба дараҷае самаранок мегардад, ки 9 сентябр маҷлиси имтиҳони кушода сурат мегирад ва он ба иштирокдорон таассуроти амиқи шодиовар мебахшад. Устод Айнӣ дар "Таърихи инқилоби Бухоро" ном китобаш менависад: "Маҷлиси имтиҳон хуб гузашт. Саъю кӯшиши муассисони мактаб, хусусан ғайрати чандинмоҳаи Мирзо Абдулвоҳид ва истеъдоди бачагони бухороӣ чунон таъсире бахшид, ки аз ҳамон вақт дар байни мардуми Бухоро фикри инқилоби илмӣ пайдо шуд. Яке аз газетахонони аввалини Бухоро Бӯрибойи 80-сола аз он таассур гиря карда гуфт:

- Ман умед дорам, ки то 10 сол дар Бухоро инқилоб мешавад. Авлоди Ватан аз разолат ва сафолати имрӯза раҳоӣ меёбанд. Афсӯс, ки ман он рӯзҳоро нахоҳам дид, лекин шумо, ҷавонҳо, мебинед. Ҳазор шукр, ки ман оғози корро дидам. 

Ҳамин тариқ, ислоҳоти мактабу маорифи тоҷик, ки баҳри амалӣ гардидани он Садриддин Айнӣ аз солҳои аввали таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро кӯшишу талош намуда, дар саргаҳи ислоҳоти фарҳангӣ қарор гирифта буд, оқибат як андоза ҷомаи амал пӯшид ва фаъолияти омӯзгории устод минбаъд дар шароити нави таърихӣ густариш ёфта, ӯ табақаҳои гуногуни миллати хешро ба худшиносӣ ва ифтихори миллию ватанхоҳӣ ҳидоят намуд. Ба гуфтаи шарқшиноси маъруфи чех Иржи Бечка: "Аҳаммияти асосии Айниро дар давраи пеш аз инқилоб бояд дар муаллимпешагӣ ва фаъолиятҳои омӯзиши ӯ ҷустуҷӯ кард".

Бояд гуфт, ки баъди инқилоби солҳои 1905-1907-и рус дар Шарқ, аз ҷумла дар Эрон ва Туркия, ҳаракатҳои озодихоҳона авҷ мегирад ва дар Бухоро низ ҳаракати инқилобии ҷавонбухориён таъсис меёбад, ки Садриддин Айнӣ ва ҳаммаслаконаш чун Абдулвоҳиди Мунзим, Мирзо Муҳиддин, Мирзо Абдулқодир, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким,  Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ва дигарон ин ҳаракатро намояндагӣ мекарданд. "Маромномаи ҷамъият, -- менависад Айнӣ дар "Таърихи инқилоби Бухоро", -- фақат илмӣ буда, дар низомномаи он барои эҳтиёт "ҷамъият мутлақо ба сиёсат дахл намекунад" навишта шуда бошад ҳам, аъзоёни ҷамъият халқро ба ислоҳоти умумӣ ташвиқ карда, фасодҳои тарзи идораи амирро фош намуда, аҳолиро бар зидди ин идораи золимона бармеангехтанд".

Фаъолияти ислоҳталабии ҷавонбухориён рӯз ба рӯз вусъат пайдо  мекунад ва амири Бухоро - Олимхон маҷбур мешавад, ки 22 апрели соли 1917 дар хусуси ислоҳот фармон барорад. Ҷавонбухориён 23 апрел ба намоиши шукрона баромаданд, вале ба аксулҳаракати сахти ҳукумат дучор шуданд. Рӯзҳои 23 - 24 апрел бо фармони амир садҳо маорифпарварону озодипарастон таъқиб гардиданд. Ҳукумати амирӣ С. Айниро низ, ҳарчанд дар намоиши шукрона ширкат надошт, 75 чӯб зада, ба зиндон партофт. 

Аскарони инқилобӣ С. Айниро дар қатори дигар ислоҳотхоҳон аз зиндон озод намуда, ба беморхонаи Когон бурданд. Дар он ҷо нависанда 52 рӯз табобат гирифта, 25 амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Баъд Айнӣ ба Самарқанд, ки дар тасарруфи Русия буд, сафар кард ва қисми зиёди умри минбаъдаи худро дар ин шаҳр гузаронд.

Бояд гуфт, ки устод Айнӣ нисбат ба сохти амирӣ душмании сӯзон мепарварид ва баъди он ки бародаронаш Сироҷиддинхоҷа ва Муҳиддинхоҷа бо дасти амир ва думравонаш ба қатл расонда шуданд, фаъолияти озодихоҳӣ ва ислоҳталабии устод ба дараҷот тақвият ёфт  ва дар Самарқанд сохти нави ҷамъиятиро, ки ҳукумати  амириро барҳам дода, ба халқи меҳнатӣ ваъдаи озодиву истиқлолият дода буд, ба тамоми ҳастӣ пазируфт ва дар тарғибу ташвиқи ғояҳои инқилобӣ ва маорифпарварӣ камари ҳиммат баст. Акнун шеърҳои адиб рӯҳи амиқи сиёсӣ ва тарғиботӣ гирифтанд. "Суруди озодӣ" ё "Марши ҳуррият", ки  сад сол муқаддам таълиф гардидааст, ифодакунандаи ҳолати рӯҳӣ ва болидахотирии  қаҳрамони лирикӣ аз сохти нави дар назари аввал боадолати иҷтимоӣ мебошад:

Эй ситамдидагон, эй асирон,

Вақти озодии мо расид.

Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Вале табаддулоти сиёсӣ ва иҷтимоие, ки бар асари инқилоби Октябр ва дар Осиёи Миёна таъсис ёфтани ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ ба вуқӯъ пайваст, ба халқи тоҷик басо гарон афтод. Ҷараёни иртиҷоии пантуркизм, ки ҳанӯз аз ибтидои садаи ХХ бо шиори авомфиребонаи ислоҳоти мактабу маориф таваҷҷуҳи равшанфикрони Бухорову Самарқандро ба худ ҷалб намуда буд, аз мусоидати сиёсати болшевикӣ истифода карда, тамоман ба инкоркунии миллати тоҷик майл намуд. Дар ин давраи барои миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ басо хатарнок ба устод Айнӣ лозим омад, ки тавассути осори публитсистӣ, илмӣ ва бадеии худ ба пуштибонии миллати соҳибтамаддун, вале азиятдидаи хеш бархоста, онро ҳамроҳи дигар фарзандони сарсупурдаи халқи азизаш  аз вартаи гумномӣ раҳоӣ бахшад. 

С. Айнӣ ба матбуоти хориҷи Бухоро, чун "Мулло Насриддин", "Шӯро", "Вақт", "Ойина", низ робита дошта, дар мақолаҳои худ ҳамватанонашро ба бедориву хештаншиносӣ ва рӯ овардан ба мактабу низоми нави иҷтимоӣ ҳидоят намудааст. Вале бояд гуфт, ки фаъолияти рӯзноманигории устод дар  шаҳри Самарқанд дар ҳафтаномаи "Шуълаи инқилоб" маҷрои тоза ва густурда пайдо карда, ба дараҷаи пешаи касбӣ мерасад.

Мутахассисон фаъолияти ҳафтаномаи "Шуълаи инқилоб"-ро ба ду давра ҷудо намуда, 22 шумораи онро ба давраи аввал (аз 10 апрел то 16 октябри соли 1919) ва 69  шумораашро ба давраи дувум (аз 7  декабри соли 1919 то 8 декабри соли 1921) мутааллиқ медонанд ва ҳамкории С. Айнӣ ба "Шуълаи инқилоб" ба давраи дувум рост меояд. Устод пешниҳоди сармуҳаррир ва мудири "Шуълаи инқилоб" Саидризо Ализодаро, ки баҳри ба роҳ андохтани фаъолияти дубораи ҳафтанома ба душворӣ ва маҳрумиятҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда буд, оид ба ҳамкорию ёрмандӣ ба ҷон мепазирад ва "ба сифати яке аз муассисон ва муҳаррирони фаъоли журнал" (Раҳим Ҳошим) то метавонад ҳамроҳи Мухторӣ ва Маҳмудӣ барин кормандони соҳибмаърифат баҳри фурӯзон мондани ин шуълаи умед - ягона нашрияи тоҷикӣ талош меварзад. Устод сабаби асосии таваққуфи камтар аз думоҳаи "Шуълаи инқилоб"-ро дар ниҳоят камшумор будани муштариёни он медид. Бинобар ин, дар аввалин мақолаи худ - "Танвири афкор" аз ин нашрия баҳра бардоштани ҳамзабононашро хоҳишу тавалло мекунад: "Ҳар ҳафта як соат умратонро ба хондани ин рӯзнома сарф кунед, ба қадри иқтидоратон аз ҷаридае, ки ба забони худатон нашр мешавад, истифода намоед, дар бадали ин як соат умре, ки ба бехабарӣ гузарондед, талофӣ намоед. Ҳар фоидае, ки аз рӯзнома мегиред, ба бародарони бесаводатон бо ҳам бинед, то ки худатон ва ҳамзабонони худатонро танвири афкор ҳосил ояд, то ки ба худ як хатти ҳаракат муайян карда, ба дарди худатон ва ҳамватанатон ва қавматон ва бани навъатон бархӯред".

Оре, дар шароите,  ки ҳаракати пантуркистӣ дар тамоми Осиёи Миёна ба авҷи аъло расида, миллатчиёни ашаддӣ бо тамоми қувва аз пайи аз байн бурдани нуфузи забони тоҷикӣ буданд, боз аз фаъолият мондани ҳамин як нашрияи тоҷикӣ басо таассуфангез ва аламовар буд. Устод Айнӣ чун мебинад, ки дар зарфи шаш моҳи муроҷиат аз тамоми аҳолии тоҷикзабон, ки "дар Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ғайра ҳастанд, асари таваҷҷуҳе намешавад", дар мақолаи "Сайфу қалам" аз нав бо оҳанги боз ҳам муассиртар ҳамзабононро ҳушдор медиҳад, ки: "Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ - агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем… Эҳтиёҷоти ҳаррӯза ва нуқсоноти воқеаи худамонро ба воситаи матбуот музокара намуда, ба ҳар дарди худ аз ин маъҷуни мураккаб, яъне матбуот даво ҷӯем!" Муаллиф дар зери мафҳуми қалам илму маориф ва таҳти унвони сайф зарурати хидмати аскариро дар назар гирифта буд.

Дар "Шуълаи инқилоб" бо имзоҳои гуногуни мустаор чоп гардидани асари калонҳаҷми "Таърихи силсилаи Манғития, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд" ва 93 мақола, очерк ва тарҷумаи адиб гувоҳ бар он аст, ки Айнӣ маҳз дар ҳамин ҳафтанома ҳамчун нависанда ба камол расида, дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон низ чун суханвари воқеанигор шинохта шудааст.

Давраи дигари  фаъолияти рӯзноманигории С. Айнӣ ба таъсиси рӯзномаи "Овози тоҷик" (1924-1930) иртибот мегирад ва устод дар он чун яке аз муассисон, муҳаррирон ва ходимони доимии адабӣ саҳми муносиб мегирад.

Шояд, калимаи тоҷик, ки бори аввал чун мафҳуми сиёсиву ҷуғрофӣ дар номи рӯзнома низ корбаст шуда буд, устод Айниро зиёда болидахотир ва шавқманд намуд, то ҷое ки "Баромад оқибат "Овози тоҷик" гӯён ин дастоварди таърихии миллатро ба кулли ҳамватанон шодбош мегуфт. Устод нахустмақолаи индавраинаи худро, ки дар шумораи аввали нашрия дарҷ гардида буд, "Қавми тоҷик ва рӯзнома" номид ва боз вожаи тоҷикро зевари унвони  як қатор мақола ва китобҳои  илмию бадеияш намуд: "Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик", "Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон", "Тоҷикони кӯҳистон", "Аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии тоҷикони кӯҳистон", "Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон", "Китобҳои тоҷикӣ", "Саргузашти як тоҷики камбағал", "Намунаи адабиёти тоҷик" ва ғайра.

Устод Айнӣ чунин мешуморид, ки "рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад" ва халқи тоҷик, ки акнун соҳиби ҷумҳурият ва рӯзнома шудааст, то метавонад тавассути ин минбари иттилоотӣ муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима ва натиҷагирӣ қарор дода, дар ташаккули ҷомеаи навбунёд ҳиссагузор бошад.  Худи устод басо огоҳона ва боҷуръатона мавзӯъҳои бунёдӣ ва мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор медод, ки ин ҳолат аз 33 маводди хурду калони дар "Овози тоҷик" дарҷгадида  равшану возеҳ эҳсос мегардад.

Азбаски Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон қаламрави Бухорои Шарқиро фаро мегирифт, рӯзномаи "Овози тоҷик" азм намуд, ки нахуст ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикони кӯҳистон таваҷҷуҳ намояд ва ин масъала дар мақолаҳои "Тоҷикони кӯҳистон" ва "Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон" матраҳ мегардад. Устод Айнӣ ба рағми душманони халқи тоҷик, ки савод ва қобилияти ташкилотии тоҷикони кӯҳистонро инкор карда, бо ҳамин истеъдоди давлатдории онҳоро зери шубҳа мегузоштанд, чунин таъкид мекунад: "Аҳолии кӯҳистон нисбат ба соири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хатту савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаи тоҷикони кӯҳистон ишғол мекарданд" ва боз меафзояд, ки: "Қобилияти ташкилотии шӯроӣ дар тоҷикони кӯҳистон аз соири қавмҳои Туркистон бештар аст". Танҳо лозим аст, ки аз байни ранҷбарони тоҷик мутахассисони варзида ба воя расонда шавад ва дар ин самт муаллиф чанд пешниҳод мекунад.

Бояд гуфт, ки дар нақшаи тақвимии "Овози тоҷик" масъалаи мактабу маориф ҷойи асосиро мегирифт ва шумораи дувуми рӯзнома бо мақолаи "Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик"-и С. Айнӣ оғоз меёбад. Устод дар муҳлати кӯтоҳтарин ба роҳ андохтани кори мактабҳои тоҷикӣ, бо муаллимон ва китобҳои дарсӣ таъмин намудани мактабҳоро ба миён мегузорад ва дар мақолаи дигар - "Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон" оид ба шеваи навишти китобҳои мактабӣ чунин андеша меронад: "Моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик забони форсии сода, аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии нашунида халт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст… Ин гуна забон аз Фалғар - Масчоҳ гирифта то Қаротегин ва Дарвоз маъмул ва ҳамафаҳм аст… Бояд  забони китобҳои мактабии тоҷикон забони форсии сода бошад. Ба иборати дигар, забони аксарияти тоҷикони кӯҳистон бошад".

Устод Айнӣ дар ҳар давраи барои халқу ватан тақдирсоз ба таълифи осори публитсистӣ даст мезанад ва ба ин восита рӯҳи озодипарастӣ ва ватанхоҳии ҳамватанонашро тақвият мебахшад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд асари публитсистӣ, аз ҷумла, очерки таърихӣ-тадқиқотии "Исёни Муқаннаъ" ва очерки адабӣ-таърихии "Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик"-ро таълиф намуд, ки хонанда аз муборизаи пешгузаштагони баруманди худ - Муқаннаъ ва Темурмалик ба муқобили аҷнабиёни истилогар ба ваҷд омада, моҳияти озодӣ ва масъулияти ватандориро ҳарчи бештар дарк менамояд.

Устод Айнӣ ба таълифи асарҳои публитсистӣ агар ҳанӯз айёми дар Бухоро буданаш оғоз намуда бошад, таълифи осори илмиашро асосан дар Самарқанд роҳандозӣ мекунад ва яке аз аввалин асарҳои илмии устод "Намунаи адабиёти тоҷик" аст, ки таълифи он ба соли аввали баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон рост меояд. Ин китоб, чунонки худи муаллиф дар сарсухан ёдоварӣ кардааст, бо дархости Ҳукумати Мухтори Тоҷикистон дар шахси Раиси Шӯрои комиссарҳои халқ Абдулқодир Муҳиддинов таълиф меёбад ва хусусияти тазкиравӣ дошта,  аз Рӯдакӣ то Пайрав Сулаймонӣ оид ба 220 адиби дар асрҳои Х-ХХ  дар хоки Мовароуннаҳр зиндагӣ ва эҷодкардаи тоҷик сухан рафта, намунаи эҷодиёти онҳо оварда мешавад. Дар сарсухани "Намуна…" устод таъкид мекунад: "Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунонки як қавми муаззам бо номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунин, забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳею амире нест. Чунонки мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки дар ривоҷи забону адабиёти тоҷик  дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё  ки муҳоҷирати эрониён набуда,  сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост.

Дар ҳолати ҳозира ҳам мо мебинем, ки дар Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона, Фалғар, Масчоҳ ва умуман, дар шарқи Бухоро ин қавм зиндагонӣ доранд ва забон, урф, одат ва адабиёти худро  бо тамому камол нигоҳ доштаанд".

Ин асар дар айни авҷи ҳаракати пантуркистӣ, ки дар Мовароуннаҳр мавҷуд будани миллатеро бо номи тоҷик инкор карда, даъво мекарданд, ки инҳо турконе мебошанд, ки дар зери таъсири мадраса забони форсиро омӯхтаанд, таълиф гардид ва муаллифи он ҳаққи тоҷиконро натанҳо ба мероси фарҳангӣ, инчунин ба сарзамини миллӣ исбот карда, "бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронда ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад. Аз  таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки бо талошҳои зиёди фарзандони асили миллат ба вуқӯъ пайваста буд, пантуркистон қисман шикаст хӯрда буданд, бинобар ин, онҳо даъвои дигарро пеш оварданд: "Агар тоҷик ном миллате вуҷуд дошта бошад, пас тоҷикон бояд фарҳанги қадимаи худро исбот намоянд, зеро Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Низомӣ, Румӣ, Ҷомӣ ва … моли эрониёну афғонҳост". Ва устод Айнӣ дар таълифи "Намунаи адабиёти тоҷик" принсипи ҷуғрофии тадқиқро истифода карда, бо овардани намунаи эҷодиёти 220 адиби таҳҷоии Мовароуннаҳр нишон дод, ки миллати тоҷик халқи қадима ва бумии Осиёи Миёна буда, дорои фарҳанг, адабиёт  ва урфу одати хоси  худ мебошад.

Бадхоҳони миллати тоҷик далелҳои мантиқӣ ва сиёсии "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро инкор карда наметавонистанд, ин аст, ки онҳо бо роҳҳои дигар   ҳуҷум оварда, оқибат муваффақ шуданд, ки асарро ба "утилсирё" супоранд, аммо  "тазкира дигар ба ҳадаф расида буд, Айнӣ ва Муҳиддинов нақши таърихии худро адо намуданд. Як сол пеш аз манъи пурраи тазкира ва соли 1930 ба "утилсирё" супурдани он Тоҷикистон аз ҷумҳурии худмухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт".

Бояд гуфт, ки мувофиқи дарёфти Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ба ҷумҳурии мустақили шӯравӣ расидани Тоҷикистон ҳанӯз дар  "Намуна…" басо зарифона пешгӯӣ шуда буд: "Сатри охирини китоб чунин садо медиҳад: "по заказу РЕВКОМА ТАДЖИКСОЙ ССР", яъне бо супориши КУМИТАИ ИНҚИЛОБИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН". Вале он вақт Тоҷикистон мақоми "ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ, яъне  ҷумҳурии мустақил, надошт ва акнун "ҷумҳурии мухтор" эълон шуда буд. Ё бо дасти сабуки муаллифи асар ё сарсуханнавису ҳуруфчину муҳарриру мусаҳҳеҳи китоб устод Лоҳутӣ ё нахустраиси Нашриёти марказии халқҳои СССР, фарзанди худогоҳу ҷонфидои халқи тоҷик Абдулқодир Муҳиддинов ин сатр ҷовидона ҳусни хотимаи он шоҳкитоб шуд ва қариб чор сол пеш аз қарори расмӣ Тоҷикистонро "ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ", яъне ҶУМҲУРИИ МУСТАҚИЛ эълон намуд".

Акнун дар пеши Айнӣ масъалаи пуштибонӣ аз мероси доманфарохи адабии тоҷикон меистод ва ин масъаларо низ тавассути як қатор асарҳои илмии дар солҳои 30-юм таъдиф намудааш, аз ҷумла "Дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-и ӯ", "Шайхурраис Абӯалӣ Сино", "Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ" ва махсусан китоби дастҷамъии "Намунаҳои адабиёти тоҷик" бомуваффақият ҳаллу фасл намуд. Устод Айнӣ дар ин ҳолат аз принсипи илмӣ-таърихӣ истифода карда, таъкид намуд, ки тоҷикон то асри ХV бо дигар халқҳои форсизабон  дорои  мероси адабии муштарак  мебошанд, бинобар ин,  метавонанд, ки чун меросбари Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ барин классикони ин адабиёти оламшумул низ дониста шаванд. Бо ин мақсад устод истилоҳи илмии "адабиёти форсу тоҷик"-ро пешниҳод мекунад. Адабиётшиноси шинохта И. С. Брагинский аз зери таҳрири  Айнӣ гузаштани асари "Намунаҳои адабиёти тоҷик"-ро қайд карда, таъкид менамояд, ки: "Маҳз ӯ, Садриддин Айнӣ, равобити миёни адабиёти аз лиҳози забон ягонаи  форсӣ ва тоҷикиро аниқ карда, аз ҷумла, дар мисоли эҷодиёти Рӯдакӣ далели пайдоиши назми классикии форсиро дар муҳити тоҷикон, дар қаламрави Осиёи Миёна, асоснок намуд".

Дар ҷорӣ кардани истилоҳи адабиёти форс-тоҷик низ устод Айнӣ ва дигар зиёиёни тоҷик ба мухолифат дучор гардиданд. Ҳатто шарқшиносони машҳур чун Е. Э. Бертелс ва А. Н. Болдирев дар аввал ин истилоҳро рад карданд. Дар сарсухани "Намунаҳои адабиёти тоҷик", ки бо таҳрири устод Айнӣ корбаст шудааст, аз ҷумла, омадааст: "Агар асрҳои Х-ХV-ро гирем, мебинем, ки дар ҳақиқат тақдири таърихии қавм ва халқҳои форсизабон дар ҳарду тарафи дарёи Ому, дар ин муддати таърихӣ, аз нашъунамои маданияти давраи Сомониҳо сар карда то ба фалокатҳои зулми Муғулон чунон ба ҳамдигар печдарпеч буд, ки ҳамаи ин халқҳо дар он вақт дар як забон эҷодкори ягона адабиёт шуда мебароянд… Бинобар ин, адабиёти тамоми ин давраро монополияи Эрон дониста ва ҳуқуқи мероси онро танҳо ба Эрон тааллуқ додан ҳаргиз мумкин нест… Адабиёти ин давраро адабиёти форсӣ-тоҷикӣ номидан дурусттар мешавад".

Устод дар рисолаи "Шайх Муслиҳиддин  Саъдии Шерозӣ" ин ақидаашро боз ҳам мушаххастар асоснок мекунад: "Баъзе шарқшиносон розӣ намешаванд, ки Саъдӣ шоири форс-тоҷик номида шавад… Аммо худи Саъдӣ на ин ки аз шоири форс-тоҷик будан метарсад, балки беибо ва нотарсона худро тоҷик мешуморад, сабаб дар ин аст, ки ӯ дар миёнаи форс-тоҷик ҳеҷ фарқ намегузорад. Чунончи, ӯ дар як банд  аз тарҷеъбандҳои худ, ки бо мисраи "Гуфтори хушу лабони борик" сар мешавад, баъди ба маҳбуб бо як-ду мисраи арабӣ "ту маро бо шамшер куштӣ"-гӯён хитоб кардан менависад:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр

Чандин накунанд бар мамолик.

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Бинобар ин, мо ҳам Саъдиро шоир ва нависандаи тоҷик ва яке аз устодгузаштаи худ мешуморем ва аз вай меомӯзем" .

Аз мактуби Айнӣ ба Мирзо Турсунзода ва дигар ҳуҷҷатҳо маълум мешавад, ки истилоҳи адабиёти форс-тоҷикро аввал кумитаи ҳизбии ҷумҳурӣ рад мекунад ва дигар шахсони мутасаддӣ ҳам аз баҳри ин истилоҳ гузаштан мехоҳанд, вале устод Айнӣ бо кадом роҳе бошад, аз исботи дар асоси принсипи илмӣ-таърихӣ ба шоирони то асри ХV Эрон ҳақдор будани халқи тоҷик низ даст намекашад. Устод соли 1949 дар мактубаш ба Мирзо Турсунзода менависад: "Модомки партия термини "форс-тоҷик"-ро рад кардааст, барои ман як установкаи партиявӣ даркор аст, ки ба ҳамон такя карда (албатта, бо далелҳои таърихӣ ва илмие, ки худ медонам) мақола нависам, то ки мо ба шоирони хубтарини ғарбии Эрон ҳам ҳақ пайдо кунем".

Оқибат ин пофишориҳои илман асосноку эътимодбахши устод Айнӣ самараи дилхоҳ медиҳад ва дар илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ ин истилоҳ роиҷ мегардад, ба дараҷае, ки китоби бузургҳаҷми донишманди барҷаста Евгений Эдуардович Бертелс, ки соли 1960 дар Маскав ба табъ мерасад, номи "Таърихи адабиёти форсу тоҷик"-ро мегирад.   Муаллифони мақолаи "Оид ба мақом ва аҳаммияти тазкираи "Намунаҳои адабиёти тоҷик" дар таърихи қарни ХХ-и тоҷик"  Муҳаммадюсуф Имомзода ва Масрури Абдуллоҳ хизматҳои таърихии баъдиинқилобии устод Айниро оид ба мероси адабии тоҷикон баррасӣ намуда, ба чунин хулоса омадаанд, ки: "Ӯ (С. Айнӣ - А. К.) тамоми умри баъдиинқилобии худро барои он сарф кард, ки аз ин имкони ягона ҳартарафа истифода карда, манфиатҳои халқи худро чи аз дасти нигилистон, чи баъзе шарқшиносони шӯравӣ, ки ҳудудҳои мероси адабии тоҷиконро бо хосту хоҳиши худ ҳал карданӣ мешуданд, қотеона дифоъ бикунад ва ба ин васила халқи тоҷикро, ҷавонону адибони "насли комсомол"-ро, ки Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи он буд, дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихороти миллии бо "далелҳои таърихиву илмӣ" асоснок кардашуда тарбия намояд".

Дар хусуси моҳияти истиқлолхоҳии асару мақолаҳои Айнӣ сухан ронда, боз як масъалаи басо муҳим - талошҳои пайгирона ва ҷоннисоронаи устодро оид ба дараҷаи истифода ва мақоми забони адабии тоҷик  аз назар гузарондан лозим мешавад. Пантуркистон ва мухолифони "дар диёри  Мовароуннаҳр ва Туркистон истиқомат доштани як қавми муаззам бо номи тоҷик" (С. Айнӣ) ҳанӯз аз ибтидои солҳои 20-ум аз нигоҳи сиёсӣ ва бузургманишӣ ба муқобили забони тоҷикӣ баромада, онро дар шароити нави таърихӣ корношоям ва куҳнашуда мешумурданд.  Соли 1924 дар рӯзномаи "Туркистон" мақолаи иғвогаронае чоп мешавад, ки дар он аз ҷумла омадааст: "Хоҳиши ҷорӣ кардани ин забон (яъне, забони тоҷикӣ - К.А.), аввалан, барои даромадан ба зиндагӣ монеъ мешавад, чунки муҳит ва ҷараёни таърих монеи ин кор аст. Аз тарафи дигар, ин забон барои қабул кардан фоидадор набуда, балки забони бефоида ва зиёдатӣ аст". Зиёда аз ин, онҳо  мавҷудияти забони тоҷикиро тамоман инкор мекунанд. Соли 1928 дар маҷаллаи "За партию"  М. Шевардин навишта буд: "Тоҷикон забони адабии худро надоштанд ва ҳанӯз надоранд, онҳо ба забони форсӣ менависанд, ки на ҳамеша ба тӯдаи мардум фаҳмо меояд". Ё худ "забони адабиёти тоҷик як забони куҳна ва аз истеъмол баромадаст" - мегуфт шарқшиноси рус Дяков.

Ана дар ҳамин давраи барои  тақдири забони тоҷикӣ басо ҳассос устод Айнӣ ба ҳимояи он баромада, аз ҷумла  дар мақолаҳои "Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ" (1928), "Забони тоҷикӣ" (1928), "Ҷавоби ман" (1929), "Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик" (1952) таърихи ҳазорсола доштан ва дар давраи нав низ  қобили истифодаи комил будани забони тоҷикиро бо далелҳои муътамади илмӣ собит намуд. 

Устод Айнӣ дар мақолаи "Забони тоҷикӣ" ақидаи забоншиносонро оид ба ҳолати истифодаи забони адабии тоҷик ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: "Аз рӯи шунидам, дар болои хостани забон дар адабиёти нави навиштаи тоҷик ду фикри асосӣ меравад: яке, қабул кардани забони умумии форсӣ, ки аз он ҳамаи форсизабонони ҷаҳон фоида бурда тавонанд, дигаре, забони содаи авоми тоҷик". Устод ба ақидаҳои гурӯҳи аввал, ки забони матбуоти Эронро ба сифати забони адабӣ қабул карданӣ буданд, комилан муқобил мебарояд, зеро ин забон "60-70 фоиз ба арабиҳои мушкил омезиш ёфтааст ва бинобар арабизада будан барои босаводҳои Эрон низ мушкил эҷод кардааст". Ин аст ки "агар мо байналмилалӣ мекунем гуфта, забони адабиёти тоҷикро аз доираи тоҷикон барорем, қисми авоми тоҷик аз ғизои дониш маҳрум мемонад" ва таъкид мекунад, ки "худи ман тарафдори фикри дувумӣ ҳастам, зеро аввал хеш, дувум дарвеш" аз масалҳои машҳури тоҷикӣ аст". Баъд усули таъйини забони ҳозираи тоҷикро шарҳу тафсир дода, роҳҳои истифодаи онро дар мактаб, муассисаҳо, матбуот, нашриёт ва тарҷума нишон медиҳад ва ақидаҳои хешро дар дигар мақолаҳо тақвият мебахшад.

Чи хеле ки ишора шуд, устод Айнӣ ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар мадраса, вақте ки ба "Наводир-ул-вақоеъ" шинос гардид, ба сараш ҳавои насрнавис шудан пайдо шуда буд. Вале ин орзу танҳо баъди инқилоби Октябр, дар Самарқанд, ҷомаи амал пӯшид. Истеъдоди фитрии нигорандагӣ, таҷрибаи зиёди зиндагӣ, майли беҳамтои инъикоси ҳаёти душвору нобасомони мардуми меҳнатӣ  нависандаро водор карданд, ки  дар солҳои 20-ум ва 30-юм  ва баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун "Ҷаллодони Бухоро", "Одина", "Дохунда", "Марги судхӯр", "Ғуломон",  "Ятим",  "Мактаби куҳна", "Аҳмади девбанд", "Ёддоштҳо" як силсила асарҳои насрие офарад, ки дар онҳо ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар як давраи таърихӣ чун дар оина инъикос ёфтааст. Адиб дар қиссаи "Одина" ва романи "Дохунда" ҳаёти мардуми кӯҳистони тоҷикро мавриди тасвир қарор медиҳад, кӯҳистоне, ки дар давраи ҳукумати амирӣ сокинони он  дар торикӣ ва нодорӣ умр ба сар мебурданд ва акнун, дар даврони шӯравӣ, соҳиби ҷумҳурӣ бо исми Тоҷикистон гардида, ба ҳаёти нав қадам гузоштанд. Асарҳои мазкур ба наслҳои гуногуни хонандагони солҳои 20-ум ва 30-юми тоҷик вобаста ба ҷаҳонбинӣ, муносибати ҷамъиятӣ ва завқи эстетикиву адабиашон таъсири калони маърифатӣ ва бадеӣ расондаанд. Устод тавассути қиссаи "Одина" намунаи хуби забони адабии тоҷикро ба қишрҳои гуногуни ҷомеа пешниҳод кард. Сотим Улуғзода мулоқоти устод Айниро дар тирамоҳи соли 1928 бо донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷик ба ёд оварда менависад: "Устод бо ҳар кадоми мо гарм-гарм вохӯрдӣ карда, моро дар паҳлуи худ ба стулҳо нишонд.

- Мо, талабагон, дар бораи забони адабӣ суханҳои шуморо бодиққат гӯш кардем, -- гуфт яке аз рафиқони мо. - Моён ба шумо тамоман ҳамфикр ҳастем, домулло. Агар, масалан, "Одина"-и шуморо гирем, ба фикри мо, забони вай айни ҳамон забони адабиест, ки шумо гуфтед". Ҷолиби диққат аст, ки аксари адибони насли комсомол маҳз баъди мутолиаи "Одина" ва "Дохунда" ба майдони адабиёт ҷиддитар қадам гузошта, ба офариниши аввалин ҳикояву достонҳои худ сар карданд.

Макони баргузории воқеаҳои романи бузургҳаҷми "Ғуломон" бошад, шаҳри Бухоро ва гирду атрофи он буда, дар асар тавассути тасвири кору пайкори як авлоду се насли мардуми меҳнатӣ (Некқадам, Эргаш ва Ҳасан) таърихи зиёда аз садсолаи халқи тоҷик (аз соли 1825 то соли 1932) ба таври реалистӣ  ба қалам омадааст. Вақте ки хонандаи имрӯз дар баробари молҳои Абдураҳимбой  тамғазании Некқадами ғуломбачаро ва чун мол рӯирост харидуфурӯш кардани  канизак Ҷаҳонороро бо далелҳои ҳуҷҷатӣ мехонад, зиёда мутаассир шуда, ба қадри арзишҳои волои  айёми истиқлолият  ва ободии ин сарзамини зархез яке бар чанд мерасад.  Ва ҷои ифтихори миллати тоҷик аст, ки романи "Ғуломон" чун намунаи адабиёти бадеии халқҳои Осиёи Миёна дар 200-ҷилдаи китобхонаи адабиёти ҷаҳон ҷой гирифтааст.

Асари охирини бузургҳаҷми  устод Айнӣ - "Ёддоштҳо"-ро, ки ҷамъулҷамъ аз 1000 саҳифа иборат буда, ба 23 забони дунё тарҷума  ва чоп гардидааст, қомуси халқи тоҷик номидан ба мақсад мувофиқ аст, зеро дар он ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик дар як давраи  муайяни таърихӣ бо тамоми паҳлуҳояш пешкаши хонанда гардидааст. Маълумоти нависанда оид ба сохту намуди биноҳои мадраса, хонақоҳ ва масҷидҳои Бухоро, расму русум, урфу одатҳои халқӣ, маросими мардумӣ, чун маъракаҳои моҳи шарифи Рамазон, иди Наврӯз, тӯй, гулгардонӣ, зочабозӣ, рафтору гаштори табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ,  дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дорои арзишҳои баланди илмӣ ва таърихӣ мебошанд. Соли 2018 аз ҷониби Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. "Ёддоштҳо" барои дуруст ба роҳ мондани ҳунарҳои мардумӣ маводди фаровон дода метавонад.

Ҳамин тариқ, роҳи ҳаёт, кору пайкор ва осори безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар замони истиқлолияти миллии тоҷикон арзишҳои боз ҳам бештари илмӣ, фарҳангӣ ва таълимиву тарбиявӣ касб карда, қишрҳои гуногуни ҷомеаи моро ба худшиносӣ, масъулияти ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳидоят мекунад. 

Аламхон КӮЧАРОВ, узви вобастаи АИ ҶТ

 

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved