• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА, академик

Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози Ватан зиёиён бояд мавқеи сиёсии устуворро ишғол намоянд, аз калавандагию бетарафӣ ҳазар кунанд ва ифодагари ормонҳои миллати хеш бошанд. Дар ин маврид ба ёд овардани сухани миллатсози устод Айнӣ - "Намунаи адабиёти тоҷик" кофист, ки мисоли барҷастаи таъсир расонидани адабиёт ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замон мебошад.

 

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Бидуни шакку тардид метавон гуфт, ки дар осори ҳеҷ як адиби тоҷик ба андозаи осори устод Айнӣ масоили миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ғаму дард, шодию нишот, шебу фароз, хулоса бурду бохти миллати тоҷик матраҳ нагардидааст. Айнӣ аз аввалин лаҳзаҳои фаъолияти адабӣ, илмӣ ва сиёсиаш ба ғаму дарди ин миллати ҷафокаш шарик буд ва гуфтан метавон, ки дарду сӯзи ин миллат ӯро аз по дарафтонд. Масъалаи худшиносии миллӣ аз муҳимтарин мавзӯоти осори устод Айнӣ буда, дар аксари навиштаҳои ӯ гоҳе кушоду рӯшан ва гоҳе ба тариқи рамзу дигар воситаҳои тасвири бадеӣ сухан рафтааст. Худи нависанда дар як мақолааш бо номи "Тақдири як халқ" ба ин маънӣ ишора дорад: "Дар муддати ҳаёти худ ман китобҳои зиёде навиштаам ва ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи кишвари азизам, ки дар замонҳои гузашта урдуҳои сершумори аҷнабиён поймол кардаанд, дар бораи фарзандони он сарзамин мебошанд, ки дар қарни VIII-уми эраи мо ба худ номи тоҷикро гирифт". Мавзӯи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ки дар даврони шӯравӣ мавриди назорати сахт қарор гирифта буд ва нависандагон имкон надоштанд, ки аз ҳадди эътидол фарохтар по бигзоранд, дар навиштаҳои Айнӣ аз ибтидои фаъолият нақши босазо касб кардааст.

Тавре ки ишора рафт, андешаҳои миллии адиб аз аввалин давраҳои фаъолияташ шурӯъ мешавад, яъне аз замоне, ки тавассути асарҳои Аҳмади Дониш ва рӯзномаву китобҳои ҷадид аз аҳволи замон бохабар мегардад ва бар "нафъи халқуллоҳ" мекӯшад. Нахустин икдоми ҷиддии адибро дар роҳи манфиатҳои миллӣ ҳамоно таъсиси мактаби ҷадид ва саводнок кардани мардум метавон донист. Ин амал Айнӣ ва ҳамсафонашро аз пешиниён як қадам муқаддамтар мегузорад. Махдуми Дониш иллати ҷомеаи аморати Бухороро ифшо намуд ва зарурати ҷомеаи навро пешгӯӣ кард, вале амалан кореро анҷом дода натавонист, Айнӣ аҳаммияти маърифатӣ ва амалии фаъолияти Донишро дар "Ёддоштҳо" тавассути образи Мулло Амон баён кардааст, ки комилан мувофиқ меояд.

Таъсиси ҷамъияти махфии "Тарбияи атфол", ки дар бедории шуури сокинони Бухоро нақши муҳим бозид, ба манфиатҳои миллии мусулмонони ин кишвар нигаронида шуда буд. Гарчанде муассиси он аслан тоҷикон буданд, мутаассифона, талабагоне, ки ин ҷамъият ба Истамбул мефиристод, қисме аз он ҷо бо мафкураи пантуркистӣ баргаштанд ва баъд аз инқилоб алорағми манфиатҳои миллии мардуми тоҷик фаъолият намуданд, ки дар ин масъала дар навиштаҳои олимон сухан бисёр рафтааст.

То солҳои аввали Инқилоби Бухоро дар таълифот ва андешаҳои нависанда манфиати миллӣ ва манфиати динӣ тавъам омадааст ва устод дар ин солҳои фаъолияташ ба ҳайси мафкурабардори муслимин арзи ҳастӣ кардааст.

Зери мафҳуми "миллати наҷибаи Бухоро" онҳое дар назар аст, ки дар аморати Бухоро зиндагӣ мекарданд, ҳам тоҷику ҳам ӯзбек, ҳам турку ҳам туркман, ҳам эрониву афғон, вале ин нукта мусаллам аст, ки "гузаштагоне, ки китобҳои зиёде таълиф карда, дар олами ислом ба ҳама устод шудаанд", тоҷиканд. Дар аморати Бухоро аз домуллои мактабдор cap карда, то имоми масҷиду мударрисони мадрасаҳо, қозию муфтӣ аксар аз мардуми тоҷик буданд. Аз ин рӯ, бидуни тардид метавон гуфт, ки сару сарвари маънавии ин миллат тоҷикон буданд. Ин амал, яъне ки миллат донистани қавмҳои мухталифи аморати Бухоро натанҳо дар асарҳои Айнӣ, балки дар асарҳои Фитрат, Беҳбудӣ, Мирзо Сироҷ, Аҷзӣ ва дигарон низ дида мешавад.

Таълифи китобҳои дарсии "Тартил-ул-Қуръон", "Заруриёти диния" ва "Таҳзиб-ус-сибён" ба манфиати миллати Бухоро нигаронида шуда буд. Дар ин китобҳо аз миллати тоҷик ном нарафтааст, вале манофеи миллии ин халқ, чун манфиати ислом дар сафи миллатҳои дигари муслимини Бухоро меистад. Ҳамаи он ҷавонони ҷамъияти "Тарбияи атфол", ки ҷон дар каф гирифта, барои саодати сокинони Бухоро мубориза мебурданд, новобаста аз миллату мазҳаб, махдумзодаву деҳқонзода, саҳроиву шаҳрӣ буданашон як мақсади наҷиб доштанд: ободии Ватани азиз, беҳбудии миллати Бухоро. Онҳо дар ибтидо аз марази миллатчигӣ, маҳалпарастӣ, қавму нажодпарастӣ орӣ буда, ҳама якдилу якҷон барои ҳамон мақсади олӣ ҷидол доштанд. Ин равшангарон дар ибтидо инқилоби маданиро пиёда карданӣ буданд, ки барои рушду инкишофи миллат комилан мувофиқ буд. Вале дахолати бегонагон ин инқилобро дар нимароҳ гузошта, самти онро ба инқилоби дигар раҳнамун сохт.

Дар ашъори давраи аввали адиб аз як сӯ ҳамон суннатҳои адабиёти пешин идома ёфта бошад, андаке баъдтар тавассути воқеот ва таҳаввулоти замон тағйироти ҷиддие ворид мешавад. Шеъри "Фоҷиаи шиа ва суннӣ" далели муътамади ин гуфтаҳост. Дар ин шеър адиб ба таври ошкоро ба дифои миллати Бухоро хеста, парда аз рӯйи ин иғвогарон кашида, ба мардум асли мақсади онҳоро мефаҳмонад. Аз ҷумла, Айнӣ ба интишори шеъри боло дар байни ҳарду тараф ба мардум расонид, ки ин кашмакашҳои мазҳабӣ ба ҷуз аз шикасти муслимин ва зарар ба миллати ислом чизи дигар бор нахоҳад овард. "Панд" ("Заминро бояд нафрӯшем") низ танҳо ифодакунандаи манфиати деҳқонони камбағал нест, чунонки дар баъзе асарҳои тадқиқотӣ қайд шудааст, балки монанди шеъри "Фоҷиаи шиа ва суннӣ" дифои марзу буми Бухоро аз мустамликадорони рус аст. Бино ба шаҳодати устод Айнӣ бисёре аз заминҳои ҳосилҳез, боғу бӯстон, иморатҳои зебои қадим ба пули ночизе моли муҳоҷирони рус мегардид, ки ҳама нӯкарони Николай буданд. Шеъри номбурда қабл аз ҳама ба ҳамин масъала нигаронида шуда, бархе абёт ба ин маънӣ далолат мекунад. Масалан, ба модар ташбеҳ кардани замин, ки ҳамрадифи Модар-Ватан аст:

... Чун модари меҳрубони ҷонӣ

Парварда туро ба меҳрубонӣ.

Кас модари меҳрубон фурӯшад?

Аблаҳ бошад, ки он фурӯшад.

Дар шеърҳои тарғибии шоир, ки ба мактабу дабистон бахшида шудааст, ҳамоно манфиати миллии мардуми Бухоро дар назар аст. Аз он ҷо ки ин ашъор ба забони тоҷикӣ эҷод шудаанд, манфиати мардуми тоҷик дар мадди аввал меистад.

Баъд аз инқилоби Бухоро мардуми тоҷик аз як тараф аз зулми амирони манғит озод шуда бошанд ҳам, фоҷиаи дигаре ба сарашон омад, ки пантуркистҳо мавҷудияти чунин халқро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд. Хатари ҳамчун миллат аз байн рафтани халқи тоҷик ба миён омада буд. Агар танҳо дигарон миллати тоҷикро инкор мекарданд, он қадар таассуфовар набуд. Бадбахтона, он тоҷиконе, ки аз сарварони Ҳукумати Халқии Бухоро ба шумор мерафтанд, монанди Файзуллоҳ Хоҷаев, Абдуррауфи Фитрат, Абдуллоҳ Раҳимбоев аз миллати худ мункир шуда буданд. Аз роҳбарони Ҳукумати Халқии Бухоро танҳо Абдуқодир Муҳиддинов садо баланд кард, ки даҳони ӯро бастанд ва ӯ маҷбуран ба онҳо муросо кард. Гуфтан метавон, Айнӣ сарвари маънавии онҳое буд, ки барои ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои мардуми тоҷик мубориза мебурданд.

Мавзӯи худогоҳии миллӣ дар ҳарду самти фаъолияти эҷодии Айнӣ ҷараён ёфтааст: ҳам дар самти таҳқиқи илмӣ ва ҳам дар соҳаи осори бадеӣ. Фаъолияти илмии Айниро метавон ба чаҳор риштаи таҳқиқ ҷудо кард: таҳқиқи илмӣ-адабӣ, тахқиқи илмӣ- таърихӣ, таҳқиқи илмӣ оид ба забон ва таҳқиқи илмӣ оид ба санъат. Фаъолияти эҷодии адабии ӯ низ танҳо бо осори бадеӣ маҳдуд намешавад. Илова ба румону повест, ҳикояву лавҳа, очерку мақолоти публитсистии зиёде перомуни мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти рӯзмарра иншо карда, ки дар бештари онҳо бевосита ва ё бавосита аз мавзӯи худшиносии миллӣ сухан рафтааст. Аз соли 1920 Айнӣ гуфтан метавон комилан ба наср гузашт. Дар ин солҳо ӯ ҳам носир буд, ҳам олим, ҳам рӯзноманигор буд, ҳам муаллим, ҳам адабиётшинос буд, ҳам забоншинос, ҳам санъатшинос буд ва ҳам сиёсатшинос. Дар ин солҳо ва ҳатто солҳои баъдина ҷони Айнӣ бар сари мӯйе овезон буд, аммо новобаста ба ҳамаи ин душвориҳо барои манфиати миллат кор мекард. Баъзе асарҳои Айнӣ, ки ба забони тоҷикӣ навишта шуда буданд, дар нашриёт "гум" мешуданд. Аз ҷумла "Ҷаллодони Бухоро", "Таърихи инқилоби Бухоро", ҳикояи "Фоҷиаи алимаи як ҷавони бухороӣ".

Айнӣ ҳангоми тақсимоти миллӣ, ки хатари беватан мондани тоҷикон ба миён омада буд, пурра ба дифои мардуми тоҷик мехезад. Худи унвони аввалин асари бадеии баъдиинқилоби ӯ "Саргузашти як тоҷики камбағал" "таъкиди мавҷудияти халқи тоҷик дар сарзамини Осиёи Миёна аст". Агар дар ин асар, ки баъдтар ба унвони "Одина" ба нашр расид, тоҷики мазлум тасвир шуда бошад, дар "Дохунда" тоҷики мубориз, саркаш ва ғаюр ба майдон меояд, ки дар ҳамон давраҳои амирӣ низ исёнкору саркаш ва мубориз бар зидди ҳама гуна ҷабру ситам буд. "Ғуломон"-и адиб ғуломони оддӣ нестанд, онҳо ҳамон мардуми таҳҷоии Хуросон - эронтаборон ҳастанд, ки онҳоро беватанони дузд ҳангоми ғорату яғмо асир гирифта, ба Мовароуннаҳр оварда, фурӯхта буданд.

"Ёддоштҳо"-и Айнӣ ифодакунандаи худшиносии маънавии мардуми тоҷик аст. Бино ба гуфтаи академик М. Шукуров, агар дар повести "Одина" ва румонҳои "Дохунда", "Ғуломон" худшиносии иҷтимоии заҳматкаши оддиро ба риштаи таҳқиқи бадеӣ кашида бошад, дар "Ёддоштҳо" "худшиносии иҷтимоӣ аз чорчӯбаи танги маҳдудиёти табақотӣ берун рафта, ба марзи худогоҳии маънавӣ" қадам гузоштааст.

Мақолоти ӯ "Қавми тоҷик ва рӯзнома", "Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик", "Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон", "Тоҷикони кӯҳистон"... бозгӯйи гуфтаҳои болост. "Намунаи адабиёти тоҷик" муаррифии тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон ба ҷаҳониён, аз ҷумла ба садрнишинони бехабари Маскав ва ҷавоб ба иғвои пантуркистон буд. Гарчанд шарқшиносони рус ин асарро ҳимоя карданд, вале пантуркистон бо пуштибонии Бухарин бо "калимаҳои сурх" (таъбири Айнӣ) ба он ҳуҷум карданд ва оқибат он китобро ба "утилсирё" равона карданд. Фикрҳое, ки пантуркистон ба Н. Бухарин талқин карданду ӯ аз минбари баланде С. Айниро ба гумроҳии сиёсӣ муттаҳам намуд, ғайр аз душманӣ ва ғаразҳои миллӣ маънии дигаре надорад. Муборизаи Айнӣ барои барқарор кардани ҳувияти миллии тоҷикон ва бедор кардани ҳисси худшиносӣ дар онҳо камтар аз майдони ҷанг набуд.

Гӯшаи дигари андешаҳои миллии адиб дар асарҳои доир ба таърих иншокардаи ӯ таҷассум ёфтаанд. Илова ба китобҳои "Таърихи амирони манғитияи Бухоро" ва "Таърихи инқилоби Бухоро" асарҳое монанди "Исёни Муқаннаъ", "Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик", "Тирози ҷаҳон" аз ҷумлаи чунин асарҳои муаллифанд. Дар ин гуна асарҳо адиб таърихи пурифтихор ва дар айни замон пуршӯру шарри тоҷик ва муборизаи ӯро алорағми аҷнабиёни ғоратгар нишон медиҳад. Айнӣ бо эҷоди ин қабил асарҳо собит сохт, ки тоҷик тарсу нест, озодманишу озодиҷӯ аст.

Дар таҳқиқ ва муносибат ба таърих воқеан ҳам С. Айнӣ консепсияи таърихи фарҳанги тоҷиконро ба вуҷуд овард. Баъдан дар идомаи мактаби муаррихии С. Айнӣ Б. Ғафуров консепсияи таърихи иҷтимоии мардуми тоҷикро бунёд гузошт ва ин ду бозёфт аз бузургиҳои дастовардҳои фарҳангии мардуми тоҷик дар қарни XX мебошад.

Паҳлуи дигари фаъолияти илмӣ ва андешаҳои миллии Айниро масоили забони тоҷикӣ ташкил медиҳад. Мақолоти пурарзиши ӯ дар атрофи забони адабии тоҷик, тақризу маслиҳатҳои муфиди ӯ ба китобҳои дарсӣ ва асарҳои адибони тоҷик аз ҷумлаи онҳост. Доираи фарогирии масоили забоншиносии Айнӣ танҳо ба китобҳои дарсии забону адабиёт ва забони асару мақолоти адибони тоҷик маҳдуд намешавад. Ӯ ҳамчунин ба китобҳои дарсии ҳисоб, табиатшиносӣ, табииёт... тақризҳо навишта, забони онҳоро ислоҳ кардааст ва барои беҳтару хубтар баромадани онҳо маслиҳатҳои муфид додааст.

Айнӣ аз аввалин касонест, ки санъат ва мусиқии кадимии тоҷикон - Шашмақомро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Мақолаҳои ӯ "Назаре ба гузаштаи санъати тоҷик", "Санъаткори бузург" аз ҷумлаи онҳоянд. Ӯ натанҳо ин санъати оламшумулро муаррифӣ кард, балки маҳз ба туфайли кӯшиши ӯ ва Бобоҷон Ғафуров донишмандон ва сарояндагони Шашмақом ба пойтахт гирд омаданд ва Шашмақом ба нота навишта шуд ва сарсухани онро худи ӯ навиштааст.

Хулоса, дар ҷаҳонбинии С. Айнӣ нахустин падидаҳои миллӣ-озодихоҳӣ эҳсос мешавад. Инқилоб арзишҳои маънавии ҷомеаро дигар карда, пеши замон масъалаҳои зиёди миллиро гузошт ва андешаҳои миллии С. Айнӣ нисбати онҳо мушаххас гардид. Тамоми фаъолияти нависанда дар замони инқилоб ва баъди он дифои манфиатҳои миллии тоҷикон буд. Дар солҳои минбаъда низ орзуву омоли мардуми тоҷик аз назари С. Айнӣ дур намондааст. Чунин ҷанбаи қавии осори С. Айнӣ аст, ки имрӯз навиштаҳои устод дар худшиносии миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, истиқлолияти кишвар арзишу аҳаммияти бештар пайдо намудааст.

Дар анҷоми андешаҳои хеш бо суханҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии рӯзгору осори устод Айниро бори дигар манзуру таъкид месозем: "Устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр ва фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст".

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved