• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Ноқидон ва пажўҳишгарони осори бадеӣ маъмулан роҷеъ ба асарҳои калонҳаҷме чун роману повесту қисса ва ё маҷмўаи ҳикояҳо  пажўҳишу таҳқиқ мебаранду изҳори назар мекунанд. Мо ин қоидаро риоя накардем. Кўшидем танҳо як ҳикояро баррасӣ намуда, ҳамчун як хонанда андешаи худро рўйи коғаз биёрем. Зеро як ҳикояи хуб метавонад ҳамвазни як асари калон бошад ва арзиши онро дорад, ки роҷеъ ба муҳтавою банду баст ва маҳорату ҳадафи муаллифи он изҳори назар карда шавад.

 

Ин ҷо мехоҳам бардошт, таассурот ва андешаи хешро дар мавриди нахустҳикояи устод Саттор Турсун «Шабе дар роҳ» баён созам. Оғози ҷолиб дорад ҳикоя. Дар аввал номи рустое, ки сужаи асар аз он ибтидо мегирад, оварда мешавад. Дар як сархат маънои номи деҳаи «Сайроб» бозгў гардида, ба хонанда аз он маълумот дода мешавад, ки тибқи ривоёт гўё мардум ба ин мавзеъ ҳамчун ба як идгоҳ ба сайр, сайри об меомаданд. Аммо муаллиф, ки қаҳрамони ҳикоя ва ҳамзамон ноқили он аст, ба чунин тавзеҳи номи русто шак дорад. Ҳарчанд мавқеи худро ошкору рўшод иброз намедорад, вале чун  саволи эҳтимолии «Шояд сари об бошад?»–ро ба миён мегузорад, барои хонанда шак доштанаш баръало рўшан мегардад. Аз маҳорат ва касбияти баланди муаллиф аст, ки барои дурустии назари худ манзараи русторо ба риштаи тасвир кашида, барои хонанда маълум менамояд, ки дар Сайроб ду чашмаи калон мавҷуд аст, ки онҳо пур аз моҳиҳои якранг буда, аз ҳузури одамон ҳаргиз намеҳаросанд ва то кунун ба онҳо дасти одамӣ нарасидаву ба гузашти солҳо аз рўйи ҳаҷм тағйир надидаанд. Нависанда тавассути ҳамин тасвири манзара мехоҳад бигўяд, ки модоме  ин ҷо ду чашма ҳасту аз ҳар кадоме аз онҳо «қариб ним санг оби зулол ҷорист», метавон ақида кард, ки номи аслии деҳа на Сайроб, балки Сароб аст.

Баъдан ҳолати қаҳрамон бозгў мешавад ва аз он ки нависанда ўро лакот, ташнаи об, либосҳояшро олуда ба чангу хок ва интизори василаи саворӣ тасвир мекунад, барои хонанда рўшан мегардад, ки ў аз роҳи дур (Душанбе) омадаву сафараш ба сўйи Бойсун идома дорад. Бад-ин васила нависанда аз осонбаёнӣ дурӣ меҷўяд ва дарки баъзе паҳлуҳои сужаро ба хонанда ҳавола мекунад. Албатта, агар хонанда ҳушманд буда, сарсарӣ нахонад ва рамузфаҳм бошад, дарки ҳадафи нависанда барояш муяссар мегардад.

Меҳвари умдаи асар дар атрофи муносиботи миёни Иброҳимови соҳибмансаб, ки мақому сарвату пулу мол хислатҳои хабисаи инсонӣ ба мисли манманӣ, бартариҷўйӣ, айшпарастӣ, манфиатхоҳӣ, тамаъҷўйӣ ва ғайраро дар ў парвардаанд, ронандаи ў Ғании қаблан ҳабсшуда ва ноқили ҳикоя чарх мезанад. Барои он ки хонанда муътақид гардад, ки Иброҳимов  ғоратгари  молу мулки ҷамъиятист, ба манзараи зерин ошно мегардад: Иброҳимови аз таъсири истеъмоли шароб сархуш баъди тай кардани қисмати зиёди масири миёни Сайроб ва Бойсун ронандаашро маҷбур месозад, ки мошинро пас гардонад. Ба кўҳи Фарҳод, ба назди чўпонҳо мераванд. Аз муносибати сарчўпону ёварони ў маълум мегардад, ки нисбат ба Иброҳимов «эҳтиром»-и зиёдро қоиланд ва саъй мекунанд, ки мабодо аз эшон амали ноҷое сар занаду боиси озурда гардидани хотири ў гардад. Ҳукми қонун доштани гапи Иброҳимов барои онҳо аз он рўшан мегардад, ки «марди ришдор» – қассоби бечораи  навакак аз сар буридани гўсфанд фориғшуда ва дар сари дасторхон нишаста, луқмаи гўшти аз табақ бардоштаашро ҳанўз ба даҳонаш набурда, баъди гўшакигўйии Иброҳимови аз нўшонўшии навбатӣ масту махмур ва  сарчўпони хушомадгўю лаганбардор аз ҷой боло гардида, аз пайи иҷрои супориши нав мешавад.

Сужаи асар аз он ҷо тезутунд мегардад ва барои хонанда симои воқеии Ғанӣ, ронандаи Иброҳимов баръало зоҳир мешавад, ки баъди идома додани сафар ва паси сар шудани як қисмати роҳ ногоҳ ба ёди Иброҳимов мерасад, ки кулоҳаш нест. Гўё дурри гаронбаҳоеро аз даст дода бошад, ки якбора ҳушёр гардида, куҷо шудани онро аз Ғанӣ мепурсаду аз бетаваҷҷуҳии ў девона гардида, барои вайро бим додан таҳдид мекунад, ки аз кор ҷавоб медиҳад. Иброҳимов аз қазияи рухдода асабиву дар ғазаб аст ва Ғанӣ  баръакси ў ботаҳаммулу ботамкин:

«…–Шамол бурдагист. Дар ин зулмот аз куҷо ёбам?

–Меёбӣ!

–Шаб аз нисф гузашт… Ман надонам, ки он сабил дар кадом гўр афтид.

–Ту бисёр машмаша накун, бача…Забонат хеле дароз шудагӣ барин-а? Барои ман кўтоҳ кардани ин хел чизи касиф ҷудо осон… Мошинро қафо гардон!»…

Конфликт миёни Иброҳимов ва ронандаи ў тавассути муколамаи миёни онҳо рафта-рафта тезутунд гардида, он гоҳ ба нуқтаи кулминатсионии худ мерасад, ки ба дар ҳабс будани ронандааш ишора карда, Иброҳимов мегўяд: «–Рост гуфтаанд, хар ба Макка равад ҳам, хар аст». Ҳамин баҳои охир ба иззати нафси Ғанӣ мерасад, нангу номус ва ғурури ўро бедор менамояд, косаи сабрашро лабрез мекунад, ба ношунида гирифтани суханҳои пасту баланди хўҷаину нодида гирифтани дуздию ғоратгарии ў хотима мегузорад ва мошинро аз ҳаракат боздошта, ҷаста берун мешавад. «Дари онро аз тарафи Иброҳимов кушод ва дона-дона карда гуфт:

–Ту, охир, аз ман сад бор бадтар-ку! Дузд ҳам ту, ҳаромхўр ҳам ту, занакбоз ҳам ту… Агар ихтиёри ман мебуд, ба дастат фақат каланд медодам. Фуро аз мошин, зудтар! То ҳамин вақт тоб овардам-бас, об аз сарам гузашт».

Дар ағлаби осори бадеӣ образи ронандаи хўҷаин итоаткор, марҳами роз ва хидматгузори содиқ тасвир мешавад. Тавре маълум гардид, образи Ғанӣ рангубори баръаксро дорад. Ў ғуломи ҳалқабаргўш не, балки дар муқобили ноадолатиҳо эътирозгар аст ва бо баёни  эътироз хешро аз азияти виҷдон раҳо месозаду нафаси тоза кашида, эҳсоси рифоҳу роҳат мекунад. Бо мақсади, ба ибораи маъмул, дар ҷояш шинондан ва муҷозот намудани Иброҳимов  ўро дар зулмоти шаб, дар миёни роҳ, дар як макони беодам тани танҳо гузошта, роҳи худро бо ҳамсафараш Абдуллои писари Салим-амаки оҳангар идома медиҳад.

Ислоҳ ёфтани Ғании қаблан дар ҳабсбуда ва нуқтаи баланди дарки масъулияти ў дар назди ҷомеа ҳамчун як шаҳрванд дар он зоҳир мегардад, ки бо он чи ба Иброҳимов раво дид, яъне аз нигоҳи худ онро муҷозот намуд, ором нагардид, балки тасмим гирифт, ки дар назди қонун низ ҷавоб гўяд ва зери таъсири ҳамин андеша баъди ба манзил расидан «…мошинро дар қади роҳ нигоҳ дошт. Ва халтаи гўштро сари китф андохта, ба қадамҳои устувор сўйи биное рафт, ки дар пештоқаш «Шуъбаи корҳои дохилӣ…» навишта шуда буд». Ин ҷо беихтиёр дар дили хонанда нисбат ба Ғанӣ ҳисси эҳтиром бедор мегардад ва ба ў аҳсанту офарин мехонад.

Нависанда бо тасвири ҳолати фавқуззикр қолабшиканӣ карда, хилофи ақидаи дар миёни аксари мардум маъмули аз фарди ҳабсшуда амали хайр наояд, амал мекунад.

Аз маҳорати волои нависанда аст, ки бо ба поён расидани мутолиаи ҳикоя хонандаро бо худ ҳамфикру ҳамраъй месозад ва ў ба ин натиҷа мерасад, ки набояд адолат поймол шавад, барои тантанаи он садо бояд баланд кард, ба ҳеч ваҷҳ набояд ба он роҳ дод, ки шаъну шарафи инсонӣ, ки барои ҳар як фарди соҳиби нангу номус арзиши воло дорад, паст зада шавад, ба ҳеч сурат набояд иҷозат дод, ки дузду ғоратгари амволи ҷамъиятӣ беҷазо монад, ҳақиқатро бояд гуфт, агарчи талх аст…

Сироҷиддин ИКРОМӢ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved