Ноқидон ва пажўҳишгарони осори бадеӣ маъмулан роҷеъ ба асарҳои калонҳаҷме чун роману повесту қисса ва ё маҷмўаи ҳикояҳо пажўҳишу таҳқиқ мебаранду изҳори назар мекунанд. Мо ин қоидаро риоя накардем. Кўшидем танҳо як ҳикояро баррасӣ намуда, ҳамчун як хонанда андешаи худро рўйи коғаз биёрем. Зеро як ҳикояи хуб метавонад ҳамвазни як асари калон бошад ва арзиши онро дорад, ки роҷеъ ба муҳтавою банду баст ва маҳорату ҳадафи муаллифи он изҳори назар карда шавад.
Рустам Ваҳҳобзода ба муаррифӣ ниёз надорад. Чунонки «мушк худ бибўяд», ў худ саропо шиносномаи шахсу шахсияти худ аст. Алоқамандони сершумор ҳам ба сифати шоири пуркору хушкор медонандашу ҳам ба ҳайси яке аз коршиносони фаъолтарину воқеъбинтарини масоили адабии шабакаҳои иҷтимоӣ (вай дар он фазои маҷозӣ бемаҷоз пуштибони воқеияту ҳақиқати ихтисосӣ ва назокату муҳаббати инсонист), ҳам чун луғатдону истилоҳсози муваффақу ҳам ба гунаи мунаққиду адабиётшиноси жарфнигару амиқбин. Сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» буданаш ҷиҳати дигар аст, ки заҳмати пайвастаи интихобу таҳриру муаррифии беҳтарин осори адабии давронҳои мозиву муосир ва масъулиятҳои пайвастаи роҳбарии эҷодиву ташкилиро дар батн дорад.
Меҳмонхонаи «Адабиёт ва санъат» ин бор бо ҳузури пурфурўғи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Абдулҳамид Самад гармиву рўшноии хоса дошт. Устод аз он қаламкашони пухтакору варзидаест, ки фарозу фуруди зиёдеро дар роҳи адабиёт тай карда, ба ситеғи камол расидааст. Аз ин рў, суҳбати ў ҷолибу лаззатбахш аст.
Ёди чеҳраҳои дурахшони адабу фарҳанг бо созмон додани нишастҳои илмиву маҳфили шеъру суруд метавонад дар зеҳни насли нав дўстии халқҳову адабиётҳоро густариш диҳад.
20 сентябр - 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ
Ҷолол Икромӣ:
Ман дар соли 1909, дар тирамоҳ, тақрибан дар моҳи сентябр ба дунё омадаам. Ин таърихро ман худам аз гуфтаи хешу таборон муайян кардам; набошад дар дастам ягон санад нест, ки синну соли маро муайян кунад.
Низом ҚОСИМ
Ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад. Мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони хеш дӯст дорем ва бо ифтихор ба забон оварем.
Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои 1984-85 буд. Дар чойхонаи «Роҳат» нишаста будем, ки дӯсти бисёр сермутолиа ва аз адабиёту санъати ҷаҳон басо огоҳамон Раҳмон Остон омад. «Сари роҳ ба «Академкнига» даромадам, барои ҳамин дер кардам, – сабаби таъхирашро шарҳ дод ӯ. – Як китоби ҷолиб ёфтам – намунаи нахустини адабиёти бадеӣ ба забони туркӣ».
Идомаи: ИН ХАЛҚ ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИК», ИН ЗАБОН ҲАЗОРОН СОЛ ПЕШ ҲАМ «ТОҶИКӣ» НОМ ДОШТ!
Хоҳӣ, ки шавад замона хуррам аз ту,
Магзор, ба ҳеҷ дил расад ғам аз ту.
Аммо пайи исботи ҳақ, ар лозим шуд,
Бигзор биранҷад дили олам аз ту!
Абулқосим Лоҳутӣ
Шеър падидаи нодирест, ки ҳамеша аз дили қарнҳо садо додааст ва дар тӯли таърих аз миёни сабку шеваҳои ҷудогона, равишу ҷараёнҳои мухталиф дар бештари вақт бо либоси ороставу пероста ва ҷаззобу дилнишин берун омадааст.
Эҷодиёти шоири шинохтаамон устод Саидҷон Ҳакимзода дар назми муосири тоҷик ҷойгоҳи арзанда дошта, вижагиҳои ашъор ва мавқеи шаҳрвандию доираи мавзўъҳои фарогирифтааш аз ҷониби муҳаққиқон беш аз пеш мавриди омўзишу пажўҳиш қарор мегиранд.
БА ИСТИҚБОЛИ ҶАЛАСАИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН
Мунаққиди рус В. Г. Белинский дар мавриди адабиёти бачаҳо ва вазифаҳои он фармудаст, ки: "…адабиёти бачагона барои тарбия навишта мешавад, тарбия фаъолияту амали бузургест, ки тақдири инсонро ҳал мекунад. Тарбияи ибтидоӣ бояд дар атфол на маъмур, на шоир, на ҳунарманд, балки инсонро бинад, ки оқибат метавонад ин ё он кас шавад, вале одамиятро фаромўш накунад… Тарбия одамро намеофарад, вале кўмак мекунад, ки ў тағйир ёбад, нек ё бад шавад".
Маҳфилҳои адабӣ дар Иттифоқи нависандагон зуд-зуд баргузор мешаванд, аммо нишасте, ки ба 120-солагии Пайрав Сулаймонӣ ихтисос дошт, аз маҳофили пешин хеле тафовут дошт.
"Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд."
Эмомалӣ РАҲМОН
Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бисёр қаҳрамониҳо кардааст, вале яке аз нахустин ва бузургтарин қаҳрамониҳояш, бешубҳа, "Намунаи адабиёти тоҷик" аст, ки мисолҳои дурахшонеро қотеъона ба муддаиёни муғризу бебунёд расонид ва фарҳанги ҳазорсолаамонро бебокона аз турктозиҳои замон раҳонид.
Дар адабиёт ва публитсистикаи тоҷик бо лутфу зарофат, танз ва ҳаҷву мутоиба ҷолибу намакин гардонидани осор усули нав нест. Ағлаби аҳли қалам кўшиш менамоянд, ки тавассути истифодаи воситаҳои образноки сухан ба гуфтору навишторашон нармӣ, малеҳӣ ва хушгўйӣ бахшанд ва ба ин васила матлабашонро гуворо, ҷолиб ва муассир гардонанд.
Бо ишораи муҳтарам Шавкат Мирзиёев - Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, дар шаҳри Навоӣ (Кармина), воқеъ дар самти ҷануби кишвари Ўзбекистон, шурўъ аз соли 2017 барпо намудани ҳамоиши илмии байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти Мир Алишери Навоӣ (09.02.1441 - 03.01 1501) ба ҳукми анъана даромадааст.
Бозор Собир шоири боистеъдод, лирики хуштабъ аст. Шеърҳои ӯро дӯст медорам…
Сотим Улуғзода
Дар тасаввури шоир ин олами бебадал оғоз ва анҷоми ӯст. Пайвастагӣ ва дилбастагии шоир ба кӯҳ, деҳа ва рӯд чандон устувор аст, ки дар ҳар шеър зикри онҳо меравад.
Муъмин Қаноат
Дар қарни ХХ дар адабиёти тоҷик ва ҳатто форсизабонон шоире дар тасвир мисли Бозор Собир пайдо кардан мушкил аст. Шеъри тасвирии Бозор Собир шеъри пок аст, соф аст, шеъри бисёр диданӣ ва наққошӣ аст.
Гулрухсор
Бозёфтҳои Бозор аз рӯзгори пурарзиши халқ барои ороиши зоҳири шеър (чун экзотик) ба истеъмол нарафтаанд. Мазмуни он ҳама анъанаву расму русум ба тору пуди шеъри ӯ дилнишин печидаанд ва ба ёди хонанда бачагии ширин, бӯи роҳатбахши пуштаву адирҳо, рангу бори кӯчаву пайраҳаҳои деҳотро меоваранд.
Имрӯз шоири бе гумон баландистеъдод, пайваста дар ҷустуҷӯ, бинобар ин назараш ба бисёр масъалаҳои зиндагӣ пуртазоди мо Бозор Собир 80-сола мешуд. Мулоҳизаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор ТУРСУН дар бораи Устод Бозор СОБИР бисёр ҷолиб ва, билхосса, барои насли нави эҷодкор қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш хоҳанд буд...
Низом ҚОСИМ
Шамсиддини Шоҳин аз охирин ҳалқаҳои заррини силсилаи шоирони классики мост, ки як давраи бузурги адабиётамонро анҷом мебахшад ва ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Нақибхони Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳусни хотимаи он мебошад. Дар ин ҳамоиши илмию адабӣ ҷиҳатҳои муҳимми ҳаёту эҷодиёти ў ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд, мо танҳо як ҷиҳати он - эҳсосу идроки шахсияти адабии хеш ва фарозу фуруди тафохури шоирии Шамсиддини Шоҳинро иҷмолан зикр кардан мехоҳем.
А. АБДУМАННОНОВ
Аз ибтидои солҳои 60 то сар задани воқеаҳои нохуши аввали солҳои 90-и қарни гузашта ҳар рўзи корӣ пас аз нисфи рўз мўйсафеди резапайкаре бо қомати андак хамида, бар сар тоқии чустии сабзинаранг оҳиста-оҳиста қадамзанон ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон меомад.
Ҷанбаи тасвир ва мақоми он дар ташаккулу таҷассуми ҷавҳари шеърият дар як асари манзум дар адабиётшиносии даҳаҳои охир аз муҳимтарин ва пурравнақтарин мавзӯъҳои пажӯҳишӣ будааст. Аммо дар зимн бояд иқрор кард, ки худи мафҳуми тасвир ва тасвиргарии шоирона, анвоъу ақсоми он ба сурати назарӣ ва амалӣ ҳанӯз ниёз ба бознигариҳои ҷиддӣ дорад. Ғолибан мо тасвирро то кунун дар таркиби ташбеҳ (бештар ташбеҳи равшан) ва аҳёнан дар амалиёти зоҳирии падидаҳо, ҷонварон ва инсонҳое дидаем, ки заминаи образ ё худ сувари хаёли шоирона ва таҷассуми шоиронаи воқеиятро ташкил додаанд.
Зиндагии рӯзмарраи шоир мисли зиндагӣ дар ҷабҳа аст. Шояд ин қиёс чандон маъмулӣ нанамояд, вале шабоҳатҳоеро байни инҳо метавон дарёфт. Ва пирӣ шабеҳи бемористони ҳарбист.
АБДУЛҲАМИД САМАД
Ҳар шахсияти адабӣ шарофату хосияте дорад ва дар ҳамин замина дар ёди ҳамқаламону шогирдон ва ҷомеа мемонад. Масалан: ҳамин ки қадами Боқӣ Раҳимзода ба Иттифоқи нависандагон мерасид, дар як лаҳза деги ҳазлу шӯхӣ ба ҷӯш меомад. Бо муаллим Мирсаид Миршакар рӯ ба рӯ меомадед, ҳатман мепурсид: "Ягон асари нав навишта истодаӣ ё не?".
Нахустин китоби Фазлиддин Муҳаммадиев таҳти унвони "Муҳоҷирон" бист сол муқаддам интишор ёфта буд. Аз очерку ҳикояҳои ин маҷмӯа бармеомад, ки ба ҷодаи адабиёт як нависандаи баистеъдод қадам гузоштааст; нависандае, ки дили пурэҳтиросу ҳаҷви нозук ва ҷаҳонбиниву мавзӯи баландтар дорад, забон ва тарзи баёнаш покизаву ҳамвор аст.
Инак, бист сол боз китобҳои Фазлиддин Муҳаммадиев пайиҳам ба дасти хонанда мерасанд. Ва муҳаббати хонанда низ ба нависанда аз як китоби ӯ то китоби дигараш бештару устувортар мегардад, насри имрӯзаи тоҷикро вай наметавонад бе асарҳои Муҳаммадиев пурра тасаввур кунад.
Copyright © 2017. All rights Reserved