• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

22 феврал дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 70-солагии асари мондагори устод Садриддин Айнӣ "Ёддоштҳо" таҷлил карда шуд.  Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз карда, зимни суханронии худ изҳор дошт:

- Имрўз як маҳфили хоса бахшида ба 70-солагии нашри "Ёддоштҳо"-и устод Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. "Ёддоштҳо"-и устод Садриддин Айнӣ мисли дигар асарҳояшон асаре ҳаст, ки дуру дароз дар дилу ҷони устод пухта расид ва оқибат рўйи коғаз омад. Ҳарчанд, мутаассифона, ба охир нарасид.

 

"Ёддоштҳо" китобест, ки таърихи миллати моро дар охири асри XIX ва аввали асри XX бисёр вусъатнок ба тасвир гирифтааст ва персонажҳои бисёри ин асар характери барҷаста ҳам доранд, ки ҳатман дар хотири хонанда мемонанд. Ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти мардум ҷое бо гиря, ҷое бо ханда, ҷое бо танзу ҳаҷвия ҳам ба кор рафтааст. Онро метавон гуфт, ки китоби таърихи як давраи муайяни мардуми мост.

Нависанда Қодири Рустам маърўзаи ҷолибу хотирмонеро доир ба "Ёддоштҳо" пешкаши аҳли нишаст кард. Мавсуф, аз ҷумла, гуфт:

- "Ёддоштҳо" ҳам асари мустанади бадеӣ аст, ҳам китоби илмӣ. Дар ин асар ду бурди дигари қобилияти Айнӣ мушоҳида мешавад: Якеаш ҷуғрофишиносӣ ва дигаре мардумшиносӣ. Ду риштае, ки қабл аз ин устод Айнӣ дар ин риштаҳо китоб таълиф накарда буд, вале дар "Ёддоштҳо" ба мардумшиносӣ ва ҷуғрофиё низ таваҷҷуҳи зиёд кардааст. Хулласи калом, "Ёддоштҳо" фаротар аз асари ёддоштӣ ва тарҷумаиҳолӣ аст. Онро метавон донишномаи Аморати Бухоро ва бахусус, маркази он шаҳри Бухоро қабл аз Инқилоб донист. Беҳуда нест, ки мутарҷими  бадеии "Ёддоштҳо" Сергей Бородин ин асарро "Бухара" номидааст. Устод Айнӣ бо далелҳое ба ин номгузорӣ розӣ нашудааст, вале ба ҳар сурат, мантиқи Бородин дар ин номгузорӣ хеле қавӣ аст. Чун Айнӣ дар "Ёддоштҳо" натанҳо рўйдодҳои муҳимми зиндагии инфиродӣ ва иҷтимоии худро ба қалам оварда, балки ба таври густарда ҳаёти объективии шаҳр ва Аморати Бухоро, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии онро ба риштаи тасвир кашидааст. Чашму гўш ва ҳуши Айнӣ ҳеҷ гўшае аз ин зиндагиро фурўгузор накардааст. Ва чун чароғи неруманд ҳама зовияҳои торики ин зиндагиро рўшан кардааст. Дар "Ёддоштҳо" мо инъикоси зиндагии беш аз сисолаи Айниро мебинем, ки бо қудрати сухани худ равшан карда, ба хонандагонаш нишон додааст. Аз ин асар хонанда роҷеъ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии синфу табақаҳои гуногуни Бухорои поёни асри XIX ва аввали асри XX, кишоварзону ҳунармандон, косибону рўҳониён, толибилмони мактабу мадрасаҳо, шоирон, амалдорони давлатӣ, ба монанди миршабу раису қозию қозикалону қушбегию амир, гурўҳҳои синфию иҷтимоӣ, ҷамъиятҳои кафшдўзону бофандагон ва саисон, ташкилоти олуфтагон, қаландарон, хоҷагону сайрҳои оммавии мардум дар "Гули Сурх"-у "Наврўз" иттилооти густарда пайдо мекунад. Замоне ки Айнӣ ба таълифи "Ёддоштҳо" шурўъ кард, сохти иҷтимоӣ билкул тағйир ёфта буд. Баъд аз Инқилоб ҳаёти иҷтимоию иқтисодию сиёсии кишвар ба куллӣ дигар шуда буд, зиёда аз ин, мактаб ва барномаҳои дарсӣ, ҳунару ҳунармандӣ низ ба таҳаввулоти бунёдӣ дучор омаданд. Бисёре аз ҳунарҳо, варзишҳои миллӣ ё аз байн рафта буданд, ё дар ҳоли аз байн рафтан буданд. Ин аст, ки нависанда ин ҳунарҳову бозиҳои варзиширо батафсил ва ҷузъ ба ҷузъ баён мекунад. Ба ҳадде, ки аз рўйи ретсептҳои сабт кардаи ў метавон он ҳунарҳоро (масалан, ҳалвопазӣ, шиннипазӣ, рехтагарӣ ва ғайраҳоро) эҳё кард.

Нависанда биноҳои мадрасаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ кардааст, муфассал ба тасвир меорад. Гузару кўчаҳои Бухоро, роҳҳоро аз Бухоро ба туманҳои  он мисли нақшакаши дақиқкор бо зикри масофаи байни ду маҳал ба хонанда пешниҳод мекунад. Вақте ки дар бораи ягон  воқеае сухан мекунад, ҳатман бо зикри кўчаю гузараш мегўяд. Дар замони устод бештари номҳо ё аз байн рафта буданд ва ё дар ҳоли аз байн рафтан буданд. Ҳозир ҳам ин номҳо бештараш нест. Ва мо ин номҳоро аз китоби Айнӣ метавонем пайдо кунем. Бухорои тоҷикон дар "Ёддоштҳо"-и Айнӣ зинда аст.

Дар нигоҳи сатҳӣ, шояд, чунин ба назар бирасад, ки Айнӣ "Ёддоштҳо"-и худро ба риволи солнома аз кўдакӣ ба самти навҷавонию ҷавонӣ ривоят кардааст. Аммо чун бо диққати бештар таваҷҷуҳ мекунем, мебинем, ки дар асл ин китоб сохтори аз қабл дақиқ тарроҳишуда дорад, ки мутобиқ бо мантиқ ва ҳадафи муаллиф аст. Як мисоли содаи гуфтаи мо ин аст, ки Айнӣ барои он ки суханашро дар мавриди падидае ё шахсияте дар як маврид ба итмом расонад, бо таъкид бар ин ки ин воқеа чанд соли баъд рўй додааст, аммо барои такмили мавзўъ дар ин ҷо нақлаш зарур дониста шуд, давоми онро низ меоварад. Аммо агар бо чашми таҳқиқ бингарем, намунаи мураккабтари чунин сохтори китобро низ хоҳем дид. Воқеаю ҳодисаҳо дар "Ёддоштҳо" чунон барчида шудаанд, ки фоҷеа мазҳакаро иваз мекунад, ё баъд аз ҳикояти драмматикие рисолаи таърихӣ оварда мешавад. Сабк ва лаҳни сухани нависанда низ мукарраран тағйир меёбад. Гоҳе сабки шоиронаеро истифода мекунад, гоҳе пародияро. Суханаш гоҳе орому нарм аст ва гоҳе бошиддат. Хонандаи "Ёддоштҳо" монанди мусофире аст, ки гоҳе аз канори боғҳои пурмева роҳ меравад, гоҳе аз миёни водии сарсабзу хуррам, гоҳе ҷангалро убур мекунад ва гоҳе аз роҳи канори рўди пуроб гом мезанад. Нависанда, зоҳиран, ба ин васила мехоҳад, ки хонандааш аз ҳикояҳои якранг ва лаҳни яксони ривоят хаста нашавад, ҳамеша як навие дар пеши роҳаш бошад.

Ба андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод дар "Ёддоштҳо" ҳар як хотираи устод Айнӣ ҳатман як ҷамъбасти тарбиявӣ ё ишоравӣ дорад. Ягон ҷиҳати ҳаёти иҷтимоии асри XIX нест, ки дар "Ёддоштҳо" ҳатман зикр нашуда бошад. Тамоми соҳаҳоро дар бар мегирад. Нависанда ҳамаро дар навбати худ бисёр равшану дақиқ тасвир кардааст. "Ёддоштҳо" дар баробари он ки як донишномаи мукаммали замони Аморати Бухорост, дар айни замон таҳқиқоти мукаммал дар бораи тафаккури миллии мо ҳам ҳаст.

Профессор Иброҳим Усмонов, ки худ рўзгору осори устод Садриддин Айниро мавриди таҳқиқ қарор додааст, чунин изҳори назар кард:

- Дар нимаи аввали қарни XX устод Айнӣ яке аз чор нафар нависандагони бузурги Шарқ буд. "Ёддоштҳо" рўзгори бухороиёни замони Айнии наврас ва ҷавонро инъикос кардааст. Дар назари ман, "Ёддоштҳо" бузургтарин асари насрии адабии Шарқи нимаи аввали асри XX аст, зеро ҳақиқати зиндагии як қисмати Шарқ ва мардуми мусулмони Шарқро бе ба ҳисоб гирифтани кадом як миллат ё болову поёнгузории он инъикос кардааст. Воқеияти зиндагии Шарқи мо дар "Ёддоштҳо" аст. Ман "Ёддоштҳо"-и устод Айниро бо ҳикояҳое, ки  барои онҳо Робиндранат Такур Лауреати мукофоти Нобелӣ шуда буд, муқоиса кардаам. Дар назарам чунин намуд, ки ҳам хати сюжет, ҳам ҳунари нигорандагӣ, ҳам андешаҳои иҷтимоию сиёсии ҳарду адиб себи дукафон аст. Айнӣ аз ҳаёти Бухоро ва Такур аз ҳаёти Ҳиндустон навиштаанд ва ҳарду дар як вақт аз ҳолате навиштаанд, ки дар Шарқ ҳукмрон буд. "Ёддоштҳо" бо ҳамин хусусияташ ба асарҳои бузурги дигари Шарқ ҳампоя аст. "Ёддоштҳо" роҳи худи устод Айниро ҳам нишон медиҳад. Устод Айнӣ аз нафароне буд, ки бо заҳмат бузург шуд ва Инқилобро бо хушӣ пазируфт.

Устод Айнӣ моро бо муҳити адабии Аморати Бухоро ошно мекунад. Бо Дониш, Садри Зиё, Шоҳин, Ҳайрат ва дигарон. Устод дар бораи ёдгориҳои таърихии Бухоро, муқаддасоти Бухоро бисёр гуфтааст. "Ёддоштҳо" воқеаҳо ва ҳодисаҳои зиёдро, ки ба таърихи Бухоро тааллуқ доранд, ёд мекунад. Ҳеҷ кас аз адибони ҳамзамони Айнӣ ва то вай дар бораи мадрасаҳои Бухоро ин қадар мавод надодааст. Мо ба воситаи "Ёддоштҳо" ба маркази илмию фарҳангии пойтахти давлатҳои гузаштаамон - Бухоро шинос мешавем. Устод Айнӣ замонро низ муқоиса мекунад. Ў мегўяд, ки чорсад сол пеш аз замони мо таърихи Бухоро боиси ифтихор буд ва дар замони Айнӣ аллакай таърихи Бухоро боиси ифтихор набуд. Зеро дар мадрасаҳо мударрисҳо он тавре набуданд, ки қаблан буданд ва Айнӣ дар "Ёддоштҳо" мисолҳо ҳам меорад.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ чанд шеъри барои устод Айнӣ бахшидаи худро қироат карда, чунин гуфт:

- "Ёддоштҳо" агар ба забони англисӣ навишта мешуд, ё худ тарҷума мешуд, чандин ҷоизаҳои Нобелӣ мегирифт. Барои он ки дар таърихи адабиёти ҷаҳон ягон асарро баробари асари устод Айнӣ воқеиву фактӣ намебинам. Мо вақте "Ёддоштҳо"-и устод Айниро мехонем, бояд вақт ёфта, "Духтари оташ"-и  Ҷалол Икромиро ҳам хонем. Мо медонем, ки устод  Ҷалол Икромӣ ашрофзода буд ва камбудии Бухороро аз дарун нишон додааст.

Тавре адабиётшинос Боймурод Шарифзода пешниҳод кард, мо бояд асарҳои устод Айниро дар шабакаҳои интернетӣ ҷо кунем ва ин кори душвор ҳам нест. 

Профессор Абдусамад Муллоев пешниҳод кард, ки барои татбиқи мақсадҳои нек мебояд дар якҷоягии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ва донишгоҳҳои муътабари пойтахт маркази Айнишиносӣ таъсис дода шавад. 

Дар охири маҳфил аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҷамъомадагон барои иштироки фаъолона изҳори сипос карда шуд. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved

akn.tj.png
din.tj.png
donishnoma.png
khovar.png
maorif.png
migration.png
mmk.tj.png
parlament.tj.png