• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Дар санаи 26-уми декабри соли 2018 Президенти мамлакат Паёми навбатиро  ироа намуданд, ки он як навъ ҷамъбасти тамоми соҳаҳою самтҳои Тоҷикистони азиз дар соли 2018 ва солҳои пештар буда, барномаи рушд барои соли 2019 ва солҳои минбаъда  маҳсуб мегардад.

 

Дар оғози Паём таъкид шуда, ки Тоҷикистон ба ин марраи пешрафт якуякбора ва ба осонӣ наомадааст, балки  хатарҳои вазнинро аз сар гузаронид, ки ин ба тамоми сокинони мамлакат як навъ ҳушдор аст, то барои таъмини  амну амонӣ, зиндагонии пурбаракат, оромии ватани маҳбубамон тамоми талошу саъю кўшишро ба харҷ диҳем ва ҳамаи инро ҳифз карда тавонем. Иловатан, ин нуктаҳои таъкидшудаи Паём моро хаёлан гўё ба он солҳои душвору хатарзо мебарад ва пеши чашмони мо даҳшату ваҳшати он рўзҳо  намудор гашта ва дар гўшҳои мо нолаҳои ҷонкоҳи модарону хоҳарон, фиғону гиряҳои  дилхароши гурезаҳои иҷборӣ такроран ва ҷонхарош садо медиҳанд.

Чунончи, дар Паём омадааст:"Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид...Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарўзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд...Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ... ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид... Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, мо ба марҳалаи рушд ворид шудем...".

Ин ҷо таъкид ба фосилаи барои таърих начандон зиёд шудааст, аммо агар аз он замони рух додани ин воқеоти мудҳиш ба имрўзи рўзгорамон назар кунем, хеле пеш рафтаем, дастовардҳо хеле назаррасанд, ободиҳо дар кишвар дар тамоми соҳаҳо хушҳолкунандаанд ва оромии саросарӣ дар мамлакат таъмин буда, зиндагӣ ба манзараи боғи шукуфои биҳиштӣ шабоҳат пайдо кардааст. Ба ҷумлаи охири ин иқтибос агар амиқтар зеҳн монем, ба ин натиҷа мерасем, ки ба рушд ёфтани мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо ҳамагӣ 18 сол сипарӣ шудааст, аммо чун ба паҳнои ватан бингарем, мебинем, ки манзара ҳайратангезу тааҷҷуббарангез аст ва: "Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо"- гуфтани шоир дар зеҳнамон чархон мешавад.

Дар ибтидои Паём ва боз такроран  ба он масъала таваҷҷуҳ карда шудааст, ки муносибати байни ду кишвари ҳамҷавор-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии ўзбекистон соли 2018 баъд аз бист сол боз ба маҷрои аввалаи худ баргашт ва девори дар миёнабуда аз байн бурда шуд.

Дар ҳақиқат, рахна афтодан байни  дўстии ин ду миллати асрҳо бо ҳам дўст мушкилот, баҳсҳои душворҳал ба бор оварда, тайи солиёни зиёд ҳаллу фасли худро ёфта натавонистанд. Хушбахтона, ин мушкилот, ин девори ҷудоӣ аз миён бардошта шуд ва акнун намояндагони  ҳарду миллат озодона ба кишварҳо, ба хонаҳои якдигар омадурафт доранд. Ин рўйдоди хеле хушҳолкунанда мебошад, ки мардумони ду тараф онро бо хурсандию шодмонии хеле зиёд пазируфтанд ва дар ин фурсати хеле маҳдуд чорабиниҳои бисёри фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ дар шаҳрҳои ду ҷумҳурӣ баргузор карда шуданд ва намояндагони ду миллат боз ба ҳам омаданд.

Соли 2018  рўйдодҳои зиёди муҳимми таърихӣ амалӣ гардидаанд ва яке аз онҳо ба истифода дода шудани чархаи аввали НБО-и Роғун мебошад, ки ин сохтмони боҳашамат  Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам шуҳратманд гардонд ва бештар муаррифӣ  намуд.

Ман дар маросими ба истифода додани чархаи якум ширкат доштам ва рости гап, агар сохтмони ин неругоҳро як муъҷизаи аср  гўем,  иштибоҳе нахоҳад шуд. Ҳамон тавре ки Президенти кишвар дар суханрониаш ба кормандони неругоҳ ҳар замон "Аҳсан, аҳсан" мегуфт, баҳои  ҳаққоние буд ба заҳматҳои шабонарўзии коргарон, ки аз 23 ҳазор нафари онҳо 40 фоизашон ҷавонони то 30-сола буданд ва ин ифтихори миллати тоҷик аст бо чунин фарзандони баору номус.

Дар ҳақиқат, манзара муъҷизаосо буд, ба сохтмон назар афканда, хаёлоти афсонаомез зеҳнҳоро мепечонад, гўё боваратон намеояд, ки ин ҳама муъҷиза маҳсул ва самараи дасти пурфайзи одам бошад. Бале, "дасти одам гул аст" мегўянд, ки ҳақ асту рост.

"Роғун"- ро метавон арсаи номуси миллат номид. Чӣ хуш аст, ки алорағми ҳамаи сангару монеаҳо кори он боз шурўъ гардид ва алъон бо тамоми  саъю  ҷаҳд идома дорад.   

Самти дигаре, ки дар Паём зикр шудааст, масъалаи вазъи соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он мебошад ва ба таъкиди Сарвари мамлакат, алъон ду мушкил дар ин соҳа монеаи пешравиҳо гардидаанд,  яке "норасоии кадрҳои соҳибкасби омўзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти  кишвар".

Воқеан, агар омўзгор бо илми ҳозиразамон мусаллаҳ набошад, асосҳои фанро амиқ ҳазм накарда бошад, шогирдро чӣ гуна таълим хоҳад дод, ба дасти оянда, ки талаботаш хеле ҷиддист,  чӣ навъ ва дар кадом сатҳ толибилмонро  месупорад, онҳо дар оянда магар мақоми худро муайян карда метавонанд? Мантиқан, агар омўзгор аз нигоҳи соҳибкасбӣ комил набошад, бешубҳа, сатҳу сифати таълим заифу коста хоҳад шуд ва ба рушди ҷомеа ҳатман латма ворид мегардад.

Паёмро шамими баланди гуманистӣ ва арҷгузорӣ ба мартабаи инсон-шаҳрванди кишвар фарогир шудааст, ки маънан ҳам табиати миллати мо ҳамин тавр аст. Дар он таъкид шуда, ки ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд ҳам ба ятимону маъюбон, ашхоси бесаробонмонда, нафақахўрону собиқадорон зоҳир кардани ғамхориҳоро  вазифаи  асосии  худ  мешуморад.

Дар Паём таъкид шуда, ки ҷаҳони муосир дар вазъи хеле мураккаб қарор дорад, куштор, ҷанг, харобӣ, сарсонӣ, ноамнӣ, бесаробон, бе ватан мондани одамон дар сайёра дар ҳоли афзоиш мебошад, ҷараёну равияҳои тундгаро фаъолияти худро батадриҷ тавсеа мебахшанд, ки зиндагии одамонро ба мушкилот бештар рў ба рў менамояд.

Ба ин мақсад ва ба нияти он ки насли нави миллат бояд ҳаматарафа таълимгирифта, босаводу бамаърифат ва хушрафтору  хушгуфтор бошад, дар Паём ба падару модарон ба ин маънӣ муроҷиат карда шудааст:

"Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кўшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омўзонанд.   Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа  диҳанд".

Дар Паём зикр шудааст, ки се соли оянда -2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"  эълон мегарданд. Бале, акнун деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бештари аҳолӣ дар он ҷо кору фаъолият доранд, бештар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор хоҳанд гирифт. Воқеан, дар деҳот захираҳои зиёде мавҷуданд, ки барои рушди мамлакат заминаи мусоид ва ҳаётӣ фароҳам оварда метавонанд ва ҳамакнун рў овардан ба рушди босуръати тамоми самтҳои деҳот айни муддаъост.

Дар Паём омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша мекўшад барои тақвияту рушди ҳама гуна касбу ҳунар, қобилияту истеъдоди одамон шароити мусоид фароҳам созад, чаро ки касбу ҳунар, қобилияту истеъдод рукни таконбахши ҷомеа буда, барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани ватани азизамон чун шаҳчароғҳои мунаввар нақш бозида тавонанд ва ҳамин тавр хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки Паёми Президенти мамлакат дурнамоест барои рушду пешрафти  самтҳои  мухталифи  мамлакат, ки ояндаи кишвари моро равшан месозад ва ҳар як шахсро вазифадор мекунад, то ин дастуру  пешниҳодҳои  Сарвари кишварро дар кор, рўзгору фаъолияташон сармашқи амали худ  қарор диҳанд.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37