• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

 

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада, 26.01.2019, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрўз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд.

 

Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад.

Имрўз, ки мо дар остонаи ҷашни Сада қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизро ба ифтихори ин ойини деринаи мардумамон самимона табрик мегўям.

Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рўзро то ҷашни Наврўз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврўз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.

Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекардаанд. Яке аз сабабҳои ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони маъруфи мо низ аз ҳамин иборат мебошад. Зеро оташ натанҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рўшноӣ мебошад. Дар айёми Сада рўзҳо торафт дароз ва шабҳо кўтоҳ мешаванд.

Яъне аз ҳамин шабу рўзҳо пирўзии равшанӣ бар торикӣ ва некиву накўкорӣ бар ҷаҳолату бадкирдорӣ оғоз мегардад, ки ин рамзҳо аз замонҳои хеле қадим ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардуми мо пазируфта шудаанд.

Сада, ки аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад, дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хосса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешавад, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунад. Дар рўзҳои мусоиди омодагӣ ба ин ҷашн тоза кардани ҷўю заҳбурҳо низ аз ҷумлаи корҳои зарурии кишоварзон мебошад.

Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо дар баробари таҷлили ин ҷашн ба масъалаҳои сари вақт шурўъ кардани корҳои саҳроӣ ва гузоштани заминаи мустаҳкам барои истеҳсоли маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Аслан, ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, мобайни зимистон - вақте сардии ҳаво паст шуда, имкони бо замин сару кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Мардуми кишоварз ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву хушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад.

Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дўст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд.

Яъне ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дўст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.

Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро омўзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд.

Бахусус, дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо низ таъсири манфӣ расонида метавонад, омўзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим мебошад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки суннатҳои ҷашни Сада барои тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, обод кардани маҳалли зист, сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғу токзорҳо ва боз ҳам пешрафтаву зебо гардонидани Ватани азизамон васеъ истифода шаванд.

Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни бостонии тоҷикон - Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, сулҳу субот ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

 

 

 

Лаълҷубаи  Мирзоҳасан,

котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ВМКБ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37