• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 Ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар» ба Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» 300 нусха китоб ҳадя намуд

Тавре пештар хабар додем, ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Ҷиҳати татбиқи амалии ин озмун имрӯз АМИТ «Ховар» ба МД Маркази  таълимии “Чароғи ҳидоят” 300 нусха китоб ҳалдя намуд.

 

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» имрӯз ба Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»  300 нусха китоб  ҳадя намуд.

Китобҳо, ки онҳоро кормандони Агентӣ чун туҳфа аз китобхонаҳои шахсии худ ҷамъоварӣ намуданд, аз асарҳои бадеӣ, ашъори баргузидаи адибони классику муосир, адабиёти хориҷӣ ва  дастурҳои таълимӣ   иборат мебошанд. Китобҳоро муовини якуми Директори АМИТ «Ховар» Сайрам Бақозода, Шоири Халқии Точикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рудакӣ, ходими адабии Агентӣ Камол Насрулло ва чанд нафар  кормандони он дар ҳузури таълимгирандагони муассисаи мазкур ба роҳбарияти МД Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»  эҳдо намуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замири насли ҷавон бедор кардани  эҳсоси баланди миллӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, талқини  ахлоқи ҳамида, эҷодкорӣ, омӯзиши илм, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад,  то дар оянда духтарони ин муассиса тавонанд ҳамчун шаҳрвандони сазовор ва намояндагони шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки баҳри татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тарғибу ташвиқи бештари аҳолӣ, бахусус    ҷавонону наврасон  ба китоб ва китобхонӣ АМИТ «Ховар» дар сомонаи худ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» рубрикаи нав боз намуд.

Дар ин рубрика ҳамарӯза маводи ҷолибу хонданӣ доир ба эҷодиёти адибони тоҷик ва ҷаҳон, китобҳои нав,  фаъолияти китобхонаҳо, китобдорӣ, китобхонӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонаю  китобхонӣ, инчунин андешаҳои  адибону олимон,  шахсиятҳои барҷаста, мутахассисон ва коршиносон   доир ба ин мавзӯъҳо ҷой дода мешаванд.

Директори МД Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар ҷаҳони муосир, ки ҷавононро бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба гурӯҳои ифротию тундгаро шомил намоянд, бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро китоб шамъи дили инсон, роҳбару  роҳнамои ӯ дар зиндагист, ки аз нури ӯ  метавон неку бад  ва  нафъу  зарарро шинохт.

 

Чунончи Камолиддини  Биноӣ  мефармояд:

 

Ҳамнишине  беҳ аз китоб  махоҳ,

 

Ки мусоҳиб  бувад гаҳу   бегоҳ.

 

Роҳатафзои  ҷону роҳати  дил,

 

Ҳарчи  дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил.

 

Инчунин  ҳамдами  латиф  кӣ дид,

 

Ки на ранҷа  диҳад, на ранҷонад.

 

Шоир  Камол Насрулло аз  ҳамаи чизҳои офарида  ба инсон наздиктарин, бузургтарин ва бебаҳотарин туҳфа китобро унвон карда, иброз намуд, ки  китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст.

                                                                                                                   «Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, мӯҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам  маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд. Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил бошӣ, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо ба роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад»,-гуфт адиби тоҷик.

 

Мавриди зикр аст, ки дар МД Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 нафар ятимдухтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ин муассисаи давлатӣ бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯдухтарони ятим ва бепарастор, ки дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, таъсис дода шудааст.

Дар марказ духтарон аз тамоми манотиқи кишвар таҳсил мекунанд. Ҳамасола донишҷӯдухтарони маркази мазкур бо сарбаландӣ макотиби олӣ ва омӯзишгоҳҳоро хатм намуда,  бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дар Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» тамоми шароити зист муҳайёст. Марказ дорои китобхона, синфхонаҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, ошхона ва толори маҷлисгоҳи замонавӣ мебошад. Аз ҷумла, барои расонидани  кумаки аввалин  бунгоҳи тиббӣ  фаъолият менамояд. Барои боз ҳам сайқал додани савияи дониши онҳо дар марказ омӯзиши забони англисӣ, асосҳои информатика, забони модарӣ, таълими касбу ҳунар, этика ва эстетика ба роҳ монда шудааст.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved

akn.tj.png
din.tj.png
donishnoma.png
khovar.png
maorif.png
migration.png
mmk.tj.png
parlament.tj.png