• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

МАРОСИМИ БА КОР ДАРОВАРДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Идомаи: МАРОСИМИ БА КОР ДАРОВАРДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

ДАР КӮЛОБ МУҶАССАМАИ УСТОД РӯДАКӣ ДУБОРА ҚОМАТ АФРОХТ

Бахшида ба  Рӯзи Рӯдакӣ субҳи  имрӯз дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,  ки  донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.

Идомаи: ДАР КӮЛОБ МУҶАССАМАИ УСТОД РӯДАКӣ ДУБОРА ҚОМАТ АФРОХТ

БА РОҲИ ОХИРАТ. ТОҶИКИСТОН БО МУЪМИН ҚАНОАТ ВИДОЪ КАРД

 

Тавре қаблан хабар дода будем, 18 май пас аз зуҳр, баъд аз бемории тӯлонӣ, ду рӯз пеш аз 86-умин солгарди умри худ, шоири барҷастаи тоҷик Муъмин Қаноат аз олам даргузашт.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Идомаи: БА РОҲИ ОХИРАТ. ТОҶИКИСТОН БО МУЪМИН ҚАНОАТ ВИДОЪ КАРД

БОРАИ НАНГУ НОМ

Боздиди Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз НБО-и Роғун, ки рӯзи 26 июли соли равон сурат гирифт, боиси шодмониву ифтихори ҳамватанон гардид. Шукуҳу шаҳомат, бузургии кохи нури Роғун, ки ҳамаи мо тавассути наворҳои телевизиони кишвар шоҳиди он гаштем, эътимоди моро ба фардои дурахшони ватан дучандон намуд. Халқи мо шукргузор аст, ки бо ғамхории Сардори давлатамон солҳои охир маҳдудияти барқ бекор гардида, шаҳру деҳоти кишварамон бемамониат бо барқ таъмин карда мешавад. Бунёди НБО-и Роғун ин дастоварди миллату давлати моро афзун хоҳад кард.

Идомаи: БОРАИ НАНГУ НОМ

БОЗОР СОБИР: СУХАНЕ ДАР ОХИРИ РОҲ

Шоири тоҷик Бозор Собир, ҳаштодумин баҳори умри хешро надида, рахт аз ҷаҳон барбаст. Дили шоири бузургу тавоное аз задан бозмонд, ки рисолати адабию ҳаётии худро дар талқини ҳақиқат – интихобу дурусту озодонаи миллат дар роҳи бунёди давлати озоду мустақил медид. 
ӯ чун шоир ва хирадманд ба чаҳон бо чашми хирад назар андохта, сатрҳое иншо кард, ки дар дили ҳамватанонаш ҳисси хештаншиносиро бедор намуданд ва ба андешидан дар атрофи сарнавишти худу кишвари худ водор карданд. ӯ дар роҳи зиндагӣ сари ҳар қадам эътиқоду андешаи ростинро талқин менамуд. ӯ бо ҳамон ҳадафу ормоне роҳи зиндагию адабиётро мепаймуд, ки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи маргаш ироз намуд:

Идомаи: БОЗОР СОБИР: СУХАНЕ ДАР ОХИРИ РОҲ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved