• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ШАМСИ РАХШОНИ ТЕАТР

Соли равон ба зодрўзи актёр, режиссёр, драматург, сенариянавис, тарҷумон ва педагоги шинохтаи санъати театрӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсӣ Қиёмов 100 сол пур шуд.  

Идомаи: ШАМСИ РАХШОНИ ТЕАТР

СӮЗУ СОЗИ МАШЪАЛИ ТОБОНИ МАЪРИФАТ Мутафаккир ва адиби ҷаҳоншумул Саноии Ғ

Мутафаккир ва адиби ҷаҳоншумул Саноии Ғазнавӣ машаққату заҳмати эҷодро чунин ба қалам овардааст:

Ҳарза н-овардаам ман ин тасниф,

Ҷону дил кардаам дар он таълиф.

Ресмон кардаам тану ҷонро,

То ба сўзан бикандаам конро.

Ба андешаи мо, чунин заҳмати тоқатшикану сангинро ба сарсупурдагони роҳи илм низ нисбат додан месазад, хосса муҳаққиқи фарохназари адабиёту фарҳанги тоҷик чун Муҳаммадҷони Шакурӣ (1926-2012), ки дар давоми умри бобаракати хеш, бар замми зиёда аз 600 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, панҷоҳ асари комил ба аҳли илму адаб ва хонандагони маънираси тоҷик ва хориҷӣ пешкаш кардааст. Асари охирони ин суханшиноси фидоӣ – “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” ҳамагӣ ду моҳ пеш аз даргузашти устод ба табъ мерасад ва як навъ ҷамъбасти фаъолияти чандинсолаи муҳаққиқ оид ба ин ҷараёни  мафкуравии миллатгароён мебошад. 

Фаъолияти илмӣ ва фарҳангии Муҳаммадҷони Шакурӣ басе густурда буда, муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фарҳанг, мусиқӣ ва таърихи миллати тоҷикро фаро гирифтааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба донишманд қувваву неруи тоза бахшид ва ў фаъолияти хешро ба самти фарҳанг, забон ва худшиносию худогоҳии миллӣ равона намуд. “Ҳар фарди тоҷик асрҳо боз орзуманди чунин рўзе буд. Имрўз бовар ҳосил шуд, ки истиқлолу озодӣ на як орзуи дастнорас, балки чизи имконпазир будааст... Акнун лозим аст, ки миллат сарнавишти худро ба дасти худ бигирад, барои расидан ба умри дубора, барои эҳёи маънавӣ замина омода созад. Худшиносӣ аз шартҳои асосии ҳаёти огоҳонаи таърихӣ ва муборизаи роҳи сарнавиштсозист”.

Муҳаммадҷони Шакурӣ бо ҳикмати “мероси падар хоҳӣ, илми падар омўз” пайравӣ карда, ба хотири хушнудии арвоҳи қиблагоҳаш – Шариҷонмахдуми Садри Зиё, ки умре ба китоб ва таълифу тасниф пайваст буд, бо роҳи ноҳамвори илму пажўҳиш қадам гузошт ва нахуст ба душвориҳо рў ба рў омад. Рисолаи номзадие, ки солҳои 1948-1952 бо номи “Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ” бо роҳбарии адабиётшинос Холиқ Мирзозода таълиф карда буд, бо баҳонаи “Аҷзӣ шоири иртиҷоӣ аст” дар Сталинобод (Душанбеи имрўза) пазируфта нашуд. Муҳаққиқи ҷавони аз мухолифати адабиётшиносони давр ранҷур ба маркази Иттиҳоди Шўравӣ – шаҳри Москва рафта, дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шўравӣ зери ҳимоя ва роҳбарии олими хайрандеш И. С. Брагинский дар мавзўи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”- и С. Айнӣ” рисола навишт ва онро ибтидои соли 1955 дифоъ намуда, ба Душанбе баргашт ва дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ  Тоҷикистон то охири умр ифои вазифа намуд.

Махсусан, баъди он ки соли 1971 дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Москва бо номи “Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосири тоҷикӣ” рисолаи докторӣ дифоъ мекунад, фаъолияти илмии устод Шакурӣ густариш ёфта, ба дараҷаи камолот мерасад ва заҳматҳои бедареғи ў ба унвону ҷоизаҳои бисёре, чун узви пайвастаи Академияи илмҳои  Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ қадр мешавад.

Осори таҳқиқотии Муҳаммадҷони Шакурӣ, аз ҷумла “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёдоштҳо”-и устод Айнӣ”, “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта  мақоме дорад”, “Паҳлуҳои таҳқиқи бадеӣ”, ”Диди эстетикии халқ ва насри реалиётӣ”, “Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ”, “Таърихи советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо”, “Сотим Улуғзода”, “Анъана ва навоварӣ”, “Анъана, халқият ва маҳорат”, “Пайванди замонҳо ва халқҳо”, “Истиқлол ва худшиносии  иҷтимоиву маънавӣ”... ҳар кадом ба таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни адабиёт ва фарҳанги тоҷик бахшида шудаанд. Ва дар ҳама маврид дар пажўҳиши устод яклухтии том, ҳамбастагии хусусиятҳои ғоявию бадеӣ,  забону услуб ва ҷаҳонбинии адибон басо равшан ба назар мерасад. Ба гуфти профессор Матлубаи Мирзоюнус: “Хулосаҳои М. Шакурӣ дар бораи насри реалистӣ ва хусусиятҳои он, дар бораи услуби фардии нависандагон ва ҷараёнҳои услубии насри муосири тоҷикӣ барои омўзиши паҳлуҳои гуногуни адабиёти баъдиинқилобии тоҷик заминаи муҳиме фароҳам оварданд”.

Дигар хусусияти ба худ хоси пажўҳиши устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар таҳқиқоти адбиётшиносӣ бомаром истифода кардани масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад, ки ин падида аз солҳои 60-70-уми асри ХХ оғоз гардида, дар замони истиқлолият басо густариш пайдо намуд. Дар асарҳои “Хуросон аст ин ҷо” (1997) ва “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ”(1999) муҳаққиқ масъалаи ягонагии миллӣ ва  масъулияти шаҳрвандии тоҷиконро дар давлати миллӣ ба миён мегузорад ва таъкид мекунад, ки: “Яке аз вазифаҳои умдаи давлати миллии тоҷикон бартараф кардани пайомадҳои зиддитоҷикии амали пантуркистҳо ва сиёсати мустамликадорон мебошанд. Пора кардани  халқе ва кишваре аз хоҳиши суст ва нест кардани он сар мезанад. Давлати миллӣ ҳама омилҳоеро, ки миллатро суст ва нест мекунанд, бартараф менамояд.  Қувваи миллат аз ягонагист”.

Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ забони ҳар халқро асоси ҳастии миллат медонад ва покиза ва беолоиш нигоҳ доштану ба афзудани иқтидори илмиву иҷтимоии он ҳамвора талош варзидани соҳибони забонро  аз  муҳимтарин шарти мамлакатдорӣ мешуморад. Солҳои 60-уми садаи ХХ аз ҷониби ҳизби коммунист сиёсати аз байн  бурдани фарқиятҳо ва забонҳои алоҳидаи миллӣ ба миён гузошта шуд ва ин сиёсати нигилистонаи мафкурабардорони Шўравӣ аз тарафи бархе аз зиёиёни ҷумҳуриҳои миллӣ низ дастгирӣ ёфт. Дар ҳамин давра адибони тоҷик, аз ҷумла М.  Қаноат, Л. Шералӣ, У. Раҷаб, Б. Собир ба ҳимояи забони модарӣ бархоста, ин нияти ноодилона ва худкомаи мафкуравиро маҳкум карданд. Устод Лоиқ “Заҳр бодо шири модар бар касе, К-ў забони модарӣ гум кардааст” гўён беэътиборӣ ба забони модариро гуноҳи нобахшиданӣ донистааст. Ва дар ҳамин давра китоби М. Шакурӣ бо номи  “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” (таҳрири аввал с. 1968 ва таҳрири дувум с. 1985) дастраси хонандаи тоҷик гардид, ки дар он роҳҳои амалии нигаҳдории асолати забони тоҷикӣ матраҳ гардидааст. Муаллиф сарчашмаи асосии забони адабии муосири тоҷикро забони адабиёту илми классикӣ ва забони зиндаи халқ мешуморад: “Зебоиву равонӣ, тавоноиву матонати забони адабиёту илми классикӣ бояд ҳамеша намунаи ибрати мо бошад ва ҷустуҷўйҳои нави замони мо ба он такя кунад. Робитаи мо ба забони халқ ва адабиёти классикӣ ҳар чӣ бештар бошад, пояҳои халқии забони адабии имрўза ба ҳамон андоза устувор хоҳад буд. Яке аз манбаъҳои асосии иқтидори имрўзаи забони адабӣ  иқтидори дирўзаи он аст”.

Бояд гуфт, ки як соҳаи муҳими фаъолияти устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, чунонки аксари суханшиносони муосир чун А. Маниёзов, Х. Отахонова, Х. Шарифзода, А. Сатторзода, А. Раҳмонзода, М. Имомзода ишора кардаанд, ба таҳлилу таҳқиқи зиндагинома ва осори доманадори устод Садриддин Айнӣ  иртибот мегирад. “Устод Шакурӣ бештари вақту қувваи худро ба таҳқиқи эҷодиёти Айнӣ бахшидаанд, – иброз доштааст академики АИ Тоҷикистон Х. Отахонова. – Доир ба эҷодиёти устод Айнӣ чи дар Тоҷикистону Ўзбекистон ва чи дар Москва асарҳои хурду калони зиёде навишта шудаанд, вале асарҳои ба С. Айнӣ бахшидаи устод Шакурӣ бо назари амиқрави таърихии муаллиф, ошкор намудани моҳияти ҳодисаҳои иҷтимоие, ки дар асарҳои нависанда инъикос ёфтаанд, нишон додани миллият ва поэтикаи ин асарҳо фарқ мекунанд”.

Таҳқиқоти мукаммали Муҳаммадҷони Шакурӣ оид ба эҷодиёти пурбаракати устод Айнӣ аз рисолаи номзадии “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”- и устод С. Айнӣ” оғоз мегирад ва минбаъд бо маром идома меёбад. Махсусан, дар асарҳои “Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ”, “Сайри адабии С. Айнӣ ва марҳалаҳои он”, “Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон”, “Равшангари бузург”,  “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садои бист” осори устод аз нигоҳи мундариҷа, муҳтаво, жанру услуб  ва ҳунари нигорандагӣ ба таҳлил омада, шахсияти адиб чун маорифпарвар, равшанфикр ва ниҳоят пуштибону падари маънавии халқи тоҷик дар як давраи ҳассоси тарихи халқ  муайян карда мешавад. Мақолаи “Падари милат” (1995), чунонки муаллиф қайд мекунад, ҷавоби сазоворест ба як мақолаи буҳтонангези дар як рўзномаи Эрон чопшуда, ки мувофиқи он гўё устод  Айнӣ ғуломи ҳалқабаргўши дастгоҳи идеологии болшевикон будааст, бо кўшиши ў  хатти тоҷикӣ ба  лотинӣ гардонида шуда будааст ва ғайра.

Ҷолиб аст, ки номи ин мақолаи басо муфассал (“Падари миллат”) аз забони фарзанди сарсупурдаи тоҷик Бобоҷон Ғафуров иқтибос шудааст: ба муносибати ба табъ расидани китоби “Тоҷикон” дар як нишаст касе иброз медорад, ки барои ин хизматҳои бедареғ месозад, ки муаллифи онро падари миллати тоҷик гўем. Бобоҷон Ғафуров дар ҷавоб худро фарзанди халқи тоҷик ном бурда, устод Айниро падари миллати тоҷик медонад. “Алҳақ, Садриддин Айнӣ яке аз бузургтарин фарзандони миллат аст, ки дар як давраи  буҳронии сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон дода ва барои ин ки халқ аз зери харобазори таърих дубора сар бардорад ва қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст”. Ва дар 13 бахши мақола тавассути таҳлили холисона ва муҳаббатомези осори устод Айнӣ муҳаққиқ  андешаҳои мазкури худро сабит намудааст.

Асари “Равшангари бузург” аз се мақолаи муфассал иборат аст ва мақолаи дувум  “Адабпажуҳии Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллии тоҷикон” номгузорӣ шуда, оид ба фаъолияти илмию адабии устод баҳс мекунад. Мақола давом ва инкишофи мақолаҳои “Фаъолияти илмии устод  Айнӣ ва худогоҳии миллии  меҳнаткашони тоҷик” (1978) ва “Бобои пуршарафи халқи тоҷик” (1980) мебошад ва маълум мешавад, ки М. Шакурӣ ҳанўз аз солҳои 60-70-уми қарни гузашта фаъолияти адабиётшиносии устод Айниро амиқан ба таҳлилу таҳқиқ гирифта, ҷавҳари пажўҳиши устодро дар ифодаи худогоҳӣ ва  худшиносии миллӣ медонад: “Донишҳои амиқ ва фаровони устод Айнӣ, аз таърихи халқи худ, аз сарватҳои чандинасраи маданият, адабиёт ва забони тоҷикон ҳамаҷониба огоҳӣ доштани ў ба сифати як силоҳи буррои муборизаи ҷамъиятӣ амал карда, дар протсесси бедории иҷтимоӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон чун як омили муҳим бевосита иштирок намуд”.

М. Шакурӣ бар он аст, ки устод Айнӣ тавассути “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ҳақиқати таърихиро оид ба ҳастӣ ва дорои фарҳанги ғанӣ будани миллати тоҷик исбот намуд ва дар рисолаҳои “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў”(1934), “Шайхурраис Абўалии Сино”(1939),  “Устод Рўдакӣ”(1940), “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” (1940), “Як симои номашҳури адабиёти тоҷик – Восифӣ” илмро чун  силоҳе  дар муборизаи роҳи ҳуқуқи миллат ба кор бурд.

Дар замони Шўравӣ халқият, синфият ва ҳизбият аз рукнҳои асосии адабиётшиносӣ ба шумор мерафт ва С. Айнӣ басо зарифона таҳқиқоти адабиётшиносии хешро дар асоси равиши халқият роҳандозӣ намуд ва ба ин восита устод имкон пайдо намуд, ки ҷанбаҳои халқӣ ва башарии осори адибони классикиро баррасӣ намояд. Муҳаммадҷони   Шакурӣ аз ҳамин зовия осори адабиётшиносии устодро  ба таҳлил гирифта, маҳорати беҳамто, диди фарох ва мантиқи қавии сухани пажўҳандаро дар шинохти Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Саъдӣ,   Навоӣ,  Восифӣ, Бедил собит месозад. Аз ҷумла, баёни эътирози Айнӣ ба шарқшиносоне, ки Саъдӣ ва дигар шоирони классикии то асри XVI-ро танҳо ба Эрон муталлиқ медонистанд, ҷолиб аст. Устод ҳақдории халқи тоҷикро ба   Саъдӣ бо як порча шеъри худи Шайх исбот кардааст:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷабр,

Чандин накунанд бар мамолик.

Шояд ки ба подшаҳ бигўянд:

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Ва мегўяд: “Бино бар ин, мо ҳам Саъдиро шоир ва нависандаи тоҷик ва яке аз устодони гузаштаи худ медонем ва аз вай меомўзем”. Устод Айнӣ, ба қавли М. Шакурӣ, дар осори илмии хеш низ, пеш аз ҳама, барои дуруст муайян кардани сарнавишти таърихии миллат талош намудааст ва дар айни ҳол ба илми адабиётшиносии давраи нави тоҷик асос гузоштааст: “Айнӣ бунёдгузори адабиётшиносии навини тоҷикӣ дар Фарорўди садаи бист аст ва аз бисёр ҷиҳатҳо роҳҳои таҳаввули баъдии адабиёшиносиро дар Тоҷикистон муайян  намудааст”.

 Соли 1948 М. Шакурии навкор дар муҳокимаи китоби “ Мирзо Абдулқодири Бедил”-и С. Айнӣ дар Институти забон ва адабиёт ширкат варзида, бо ташвиқи яке аз ҳамкорон ба ин асар чанд эрод мегирад ва баъд хатои худро фаҳмида, аз карда пушаймон мешавад. Дар мулоқоти навбатӣ устод Айнӣ ба олими ҷавон оид ба кори илмиаш маслиҳатҳо дода дар фарҷом хулоса мекунад: “Лекин ба кадом мавзўъ, ки даст занед, ба чи кор, ки машғул шавед, ба асобағал одат накунед. Дар ҳар сурат бе асобағал гаштанро ёд гиред”. Ин ҳушдори устод маънои онро дошт, ки дар зиндагӣ кас бояд гаправ нашуда, аз рўйи ақлу салоҳдиди худ амал  кунад.  Муҳаммадҷони  Шакурӣ минбаъд дар тамоми рафти зиндагӣ мувофиқи ин ҳикмат амал карда, мактаби илмии устод Айниро, то тавонист, идома ва густариш бахшид. Равонаш шод бошад.

Аламхон КӮчарзода

МАҲФИЛИ БАҲОРОНА ДАР ТИРАМОҲ

 

5 октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ифтихори Рўзи забони тоҷикӣ дар меҳмонхонаи «Душанбе» маҳфили адабии шоири шинохта Ато Мирхоҷа баргузор гардид. Дар ин маҳфил мухлисони шеъру суруд, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медоданд, ширкат варзиданд.

Дар оғоз филми ҳуҷҷатии мухтасар дар бораи мақоми суханварии Ато Мирхоҷа намоиш дода шуд.  

Сипас шоир перомуни шириниву шевоии забони тоҷикӣ сухан гуфта, бо қироати шеър онро васфу ситоиш намуд. Ҳамчунин номбурда иброз дошт, ки 5-уми октябр рўзи мавлуди Пешвои миллат мебошад ва аз ин хотир барои мо арзиши бештар дорад.

Сарояндагони шинохта Давлатманд Холов, Шуҳрат Сайнаков, Фотима Машрабова ва дигарон бо сурудҳои бар матни шоир эҷодшуда вақти ҳамагонро хуш карданд.

Қироати шеър аз сўи як гурўҳ ҷавонон ба маҳфил ҷолибияти бештар бахшид.

Хабарнигори«АС»

РАҲНАМОИ МО ДАР ҲАЁТ

 

Аз замоне ки инсонҳо дар сайёраи Замин арзи ҳастӣ карданду тадриҷан барои зинда мондану ҳаёт ба сар бурдан олатҳои гуногуни меҳнатро ихтироъ намуда, ба гурўҳ, қабила ва ҷамъият тақсим шуданд ва оҳиста-оҳиста муносибатҳои  ҷамъиятӣ ташаккул ёфт, ниёз ба низому тартибот ва қонунҳое пайдо карданд, ки дар аввал ҳаёти иҷтимоӣ, яъне муносибати байниҳамдигарӣ ва тадриҷан ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ бояд хидмат мекард. Мегўянд, нахустин қонуне ки барои ҳифзи озодию ҳуқуқи инсон арзи ҳастӣ кард, эъломияи ҳуқуқи башар буд, ки аз ҷониби ниёи абармарди мо Куруши Кабир, поягузори империяи бузурги Ҳахоманишиҳо ба тасвиб расид…

 

Ҳифзи қоидаю қонунҳо дар ҳама давру замон кори муҳим, қарзи инсонию оини ҷавонмардӣ ба ҳисоб меомад. Инсонҳои ҳақталош, баору номус ва адолатҷў барои тантанаи адлу адолат ҷони ширини хешро дареғ надошта, мубориза мекарданд ва агар лозим ояд, сар ба дору тан ба куштан медоданд. Мо аз таърихи куҳани халқамон дар ин бобат мисолҳои бешумор дорем. Дур намеравем, аз воқиаҳои начандон дури таърихӣ (манзурам даргириҳои солҳои навадуми қарни бист), хуб медонем, ки фарзандони баору номуси миллатамон ҷиҳати барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва мубориза бар зидди гурўҳҳои иртиҷоиву ифротгарою мансабхоҳ, ки барои ғасби ҳокимият  ва пиёда кардани мақсадҳои нопоки хеш дар кишварамон оташи ҷангро афрўхта, Конститутсия, қонунҳои дигарро поймол ва беқонуниву беҳокимиятиро ба амал оварданд, ҷони хешро нисор карданд. Мардуми мо он замон бо чашми сар диданд, ки беқонунию беҳокимиятӣ чӣ гуна рўзҳои сиёҳро ба бор меорад.

Аз ин ҷиҳат барои шаҳрвандони мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва мо ҳар сол ин санаи тақдирсозро ҷашн мегирем, дучанд азизу муқаддас аст. Зеро он дар замоне қабул гардид, ки ҳанўз дар кишвари мо оташи ҷанг хомўш нагардида, сулҳу салоҳ ва волоияти қонун пурра таъмин нашуда буд. Мардуми ҷангзада ва сарсону парешон мехостанд ҳарчӣ зудтар муноқишаҳо хотима ёбанду сохторҳои идораи давлат фаъол гарданд ва мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бехатарии онҳоро таъмин намоянд ва вазъияти басо сангини он замон ба эътидол ояд. Барои ин давлати тозаистиқлоли моро мебоист Конститутсияи навро қабул карда, волоияти қонунро пурра таъмин намояд ва тарафҳои даргирро ба сари мизи музокира шинонад. Барои ин пеш аз ҳама бояд сохт ва шакли идораи давлати ҷавону соҳибистиқлолро муайян мекарданд. Зеро он замон Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ, ки ҷумҳурии мо як ҷузъи он ба ҳисоб мерафт, барҳам хўрда буд ва понздаҳ республики он худро давлатҳои мустақил эълон карда буданд. Тоҷикистони мо истиқлол ба даст оварда бошад ҳам, бино бар ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави он буҳрони шадиди сиёсиву конститутсионӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омада буд. Касе дар ёди барои эъмори ҷомеаи тамоман нав набуд. Дар ҳама ҷо, хусусан дар пойтахти кишвар, бетартибию бесарусомонӣ ҳукмфармо буд. Мардум ба майдонҳо тақсим шуда, муқобили якдигар сангар гирифта буданд. Агар қисме барои барқарор кардани сохти конститутсионию давлати дунявӣ ба даст яроқ гирифта бошад, ҷониби дигар гоҳо ошкорою баъзан пардапўшона мехостанд давлати исломӣ барпо кунанд. Барои ҳамин фарзандони диловару ватандўсти кишварамон баъд аз Сессияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон бо роҳбарии роҳбари ҷавону шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон, ки намояндагони халқ дар он сессияи таърихӣ роҳбарии давлатро ба ў бовар карданд, аз пайи қабули Қонуни асосии кишвар шуданд ва хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 аксари мардуми Тоҷикистон ба тарфдории бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ овоз доданд. Маҳз ба шарофати қабули Конститутсияи нав дар кишвари мо сулҳи деринтизору ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи сиёсӣ ба амал омад ва шаҳрвандон ба хотири ҷамъ аз нав ба ҷойи зисту коргоҳи худ баргашта, аз паи меҳнати осоишта шуданд. Конститутсияи нав ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом дошт, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда (моддаи 1), қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва озодию ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқию дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад. Дар моддаи 5-уми Қонуни асосии мо омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». «Дар  Тоҷикистон  халқ баёнгари  соҳибихтиёрӣ ва  сарчашмаи  ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи  олии  бевоситаи ҳокимияти  халқ раъйпурсии  умумихалқӣ ва  интихобот аст. Халқи  Тоҷикистонро  сарфи  назар  аз  миллаташон  шаҳрвандони  Тоҷикистон ташкил менамоянд» (Моддаи 6).

Ин садои Тоҷикистони навин, давлати озоду демократӣ на танҳо дар вуҷуди шаҳрвандони хеш ҳисси ифтихор, худшиносию худогоҳиро баланд бардошту дар қалби эшон тухми умед ба ояндаи неку дурахшон кишт, балки дарҳои солиёни дароз бастаи кишварҳои гуногуни оламро ба рўи мо боз кард. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе мамониат ба дилхоҳ кишварҳои олам сафар кунанд. Кишвари соҳибистиқлоли моро созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба узвият пазируфтанд ва мо чун давлати мустақил дар пойтахти кишварҳои гуногун сафоратхонаҳои хешро кушодему парчами мо дар он ҷо  барафрохта шуд.

Аҳамияти таърихии Конститутсияи нави Тоҷикистон дар он аст, ки он барои гузаштан аз як сохт ба сохти дигар, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва дар ин замина таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт асос гузошт. Танҳо баъд аз қабули ин ҳуҷҷати муҳим барои гузаронидани  ислоҳоти гуногуни сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ имконият пайдо гашт. Албатта, ин корҳои муҳим дарҳол анҷом дода нашуданд, аммо муҳим он буд, ки замина гузошта шуд. Тадриҷан дар кишвари мо ислоҳоти сиёсӣ, аз он ҷумла низоми бисёрҳизбӣ ба амал омад, ки он яке аз нишони муҳими демократия ва таъмини гуногунандешӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад ва ширкати қишрҳои гуногунро дар идораи давлат таъмин месозад.

Нуктаи муҳими дигаре ки дар Конститутсия омадааст, ин моликияти хусусиро кафолат додани давлат мебошад. Дар замони шўравӣ танҳо моликияти давлатӣ вуҷуд дошт ва бино бар назари иқтисоддонҳо заъфи иқтисодиёти ин давлати абарқудрат ва яке аз сабабҳои заволи он ин эътироф нашудани шаклҳои гуногуни моликият дар иқтисодиёти он мебошад. Дар моддаи 12-уми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

Ин нукта имконият фароҳам овард, ки иқтисоди дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгаштаи кишвари мо давра ба давра қомат рост карда, барои беҳтар гаштани сатҳи некуаҳволии халқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мустаҳкам гаштани иқтидори давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои муҳим фароҳам ояд.

Инак бисту шаш сол боз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз, моро раҳнамуну пуштибон аст. Мардуми мо дар тўли ин солҳо аҳлона заҳмат кашида, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанд. Имрўз дар ҷомеаи мо сулҳуоромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, ки он пеш аз ҳама аз шарофати Конститутсияи мост. Ва риояи он ҳамчун Қонуни асосии кишвар ва санади муҳиму олии ҳуқуқӣ, ки барои таҳияи қонунҳои зиёди дигар ҷиҳати рушди ҷомеаи Тоҷикистон, таъмини амнияту оромӣ, ширкати озоди шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, қарзи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Равшан Махсумзод

ЁДНОМАИ ШОИРОН АЗ УСТОД ГУЛНАЗАР

 

 

Сайидалӣ МАЪМУР

Бовар надорам

Шаке бар даҳри фонӣ гар надорам,

Ба фавти шоираш бовар надорам.

Маро гуфт: “Эҳтиёте, эҳтиёте”,

Вале худ рафту ман ҳампар надорам.

Бародар, хоҳарон дорам зиёда,

Ба мислаш ҷонфидо додар  надорам.

Бирафту монд кабкаш ҳам зи хониш,

Ба рўи бом ман кафтар надорам.

Ҳар он чӣ кардам иншо, бохабар буд,

Аз ў ман доваре беҳтар надорам.

Нафасшуме набуд андар замона,

Нафасгарме дигар дар бар надорам.

Маро буд ошёни меҳр Дар-дар*,

Дигар бе Гулназар Дар-дар надорам.

Гар ин дунё варо номеҳрубон шуд,

Ба дунёи дигар бовар надорам.

______

*Зодбуми шоир, ки банда шаҳрванди фахрии он будам.


Камол НАСРУЛЛО

ГУЛНАЗАРИ ГУЛНАЗАР

Сурати сури саҳар –

 Гулназари гулназар,

Ҳамсафи нури саҳар –

Гулназари гулназар.

 

Аз шаафи ҷони ў, меҳри парафшони ў

Ёфт сухан болу пар...

Гулназари гулназар.

 

Лоиқи даврони мо, қутби дурахшони мо,

Шўру қиёму шарар – Гулназари гулназар.

 

Бо пару боли дигар, ҷону ҷамоли дигар

Шуд ба сухан ҷилвагар Гулназари гулназар.

 

ў, ки зи Дар-дар расид, бо фари дигар расид,

Кард басо боз дар, Гулназари гулназар.

 

Бо суханаш миллате аз сари нангу шараф

Рост шавад ҳар саҳар, Гулназари гулназар.

 

Ҳарчи сухан гуфтаӣ, дарди Ватан гуфтаӣ

Аз дилу ҷону ҷигар, Гулназари гулназар.

 

Боли ҳумо бо ту бод, боди сабо бо ту бод,

Бол кушову бупар, Гулназари гулназар!

 

Нест туро ҳоҷате ҳеҷ ба ганҷи гуҳар,

Ҳарфи ту худ симу зар, Гулназари гулназар!

 


Ато МИРХОҶА

АЛВИДОЪ,

ГУЛНАЗАР, ЭЙ СУХАНСАРОЙИ

ШУЪЛАВАР!

Сухансаройи камназир,

Суруди миллии ту ин саҳар ҳазин намуд,

Зи чор сў сипоҳи марг дар камин намуд.

Ба рўзи наҳс, шоиро, расидаем,

Ки дар ҷанозаи ту саф кашидаем, кашидаем.

 

Алвидоъ, Гулназар,

Эй сухансаройи шуълавар!

 

Ту хоби ноз рафтаӣ,

Валек миллатат ситода назди ту ба по,

Чун он даме, ки медиҳад суруди ту садо.

Хазон агарчи гашт навбаҳори ту,

Бимонд шеъру шуҳрату шиори ту, шиори ту.

 

Алвидоъ, Гулназар,

Эй сухансаройи шуълавар!

 

Ту шоири ягонаӣ,

Ки шеърат аз муқаддасоти миллат аст, ҳон!

Шиносномаи яқини давлат аст, ҳон!

Зи дарди реҳлатат, ки он насиби мост,

Суруду шеъри ноби ту табиби мост, табиби мост!

 

Алвидоъ, Гулназар,

Эй сухансаройи шуълавар!


 

Салими ЗАРАФШОНФАР

Нам-нами  ашкборон

 

Эй чашм, бингар, Гулназар чашм аз ҷаҳон барбаста,

Андар азои шоираш миллат миён барбаста.

Маҳрум гардидем мо аз вопасин дидораш,

Зеро рухаш  буд аз нигоҳи дўстон барбаста.

Бар боғи  Лучоб он қадар осема ўро бурданд,

Роҳаш ба мо буд чун раҳи боғи ҷинон барбаста.

Шуд  нолаам дар сина руст аз ғусса, гўйӣ бошад

Сўги гарон бар синаам санги гарон барбаста.

Ҳайҳот,  натвон зад фиғон аз ин тааб сўйи чарх,

К-ў бо ниқоби латтагин моро даҳон барбаста.

                                          ***                

Нигаҳ пуркин фалак бар одамон кард,

Ҳаме бар Гулназар тираш равон кард.

Ба қадду қомату шаъну шаҳомат

Намоёнтар буд ў, зудаш нишон кард.

                                         ***

Яштат садо медод ҳар ҷо, лек ту нашнида рафтӣ, Гулназар,

Бинмуда пурғул-ғул Ватанро, хомушӣ бигзида рафтӣ, Гулназар.

Монандаи хуршед ин бегаҳ фурў биншаста дар уфқи замон,

Хуни ҷигарҳомон шафақосо зи пас борида рафтӣ, Гулназар.

Ёдам расад гар охирин водид, гирям ҳой-ҳою вой-вой,

К-он рўз ту аз назди ман қаҳ-қаҳзанон хандида рафтӣ, Гулназар.

Доим будӣ ғолиб, намедонам, чӣ сон бо паҳлавонӣ пайкарат

Аз пой дар пайкор бо ранҷу ано ғалтида рафтӣ, Гулназар.

Дар рўйи тобутат сияҳҷома ниҳоданд ақрабо, пиндоштам,

Худ ҷомаи мотам ба марги худ ҳаме пўшида рафтӣ, Гулназар.

Бар даври тобутат бипечонданд махмал, ту ба сўйи ҷовидон

Бар махмали меҳри ману мо ҳамчунон печида рафтӣ, Гулназар.

                                ***

Аҷал бувад, ба қавли халқ, гулчин,

На гул, зи мо гули сари сабад чид.

Ба Гулназар назар фиканду бишнохт,

Гули ягонаро зи байни сад чид.

 

Вале зи ҷони Гулназар фузун  шеър

Гирифта решаву бувад шукуфо.

Бимонда гулситони шеър аз ў,

Ситонданаш аҷал натонад аз мо.

                               

                                  ***

Ба он мардӣ дили тифлонае будаш, намехост

Натанҳо ёр аз ў, ағёр ҳам ранҷад.

Ба мо мегуфт:  «Азбас Гулназар ҳастам, азизон,

Намехоҳам, ки аз ман хор ҳам ранҷад».

                             

                                   ***

Гузар Гулназар менасозад зи гулбоғаки мо кунун,

Намегардад аз чеҳрааш субҳи содиқ ҳувайдо кунун.

Намеояд аз сайри соҳил, ки гўяд табассумкунон

«Салом, эй Салими саҳархези ман!» ў саҳарҳо кунун.

Ҳамошўбу  ҳамшўри дарёи шўхи Душанбе бирафт,

Таку тоқ монда, хазад он ба ёди ҳамово кунун.

Назояд чунон Гулназар моми тоҷик дарёдиле,

Равам, таъзият созам изҳор ман баҳри дарё кунун.

                  ***

Буд фурўтане, на сарфурў

Гулназари баландноми мо.

Гашта шах устухони ў ба нанг,

Пеши хасон нашуд қадаш дуто.

Бори ғурури ў кашон будӣ

Қофилаи қаторкўҳҳо.

                      ***

Аз назарам Гулназари ҳамназарам

Рафт баногаҳ чу яке барқи парон.

Монда ба офоқ зи дунбол манам

Раъдсифат наъразанон, синадарон.

                    ***

Бе Гулназар бар гул назар

Кардам, ба чашмам хор тофт.

Бе Гулназар аз раҳ гузар

Кардам, шудам афтон, зибас

Дар он чаҳи бисёр тофт.

 

Буд  офтоби навтулўъ

Сурхидарў ин субҳдам,

Аз дур дардам ҳис намуд,

Рўзард шуд чун ман зи ғам,

Ў мисли ман бемор тофт.

 

Резонда хуни Гулназар,

Аз тири оҳам захмдор,

Худ гашта ғарқ андар шафақ

Зулмовару зулматшиор

Гардуни дун хуншор тофт.

 

Бе Гулназар кардам назар

Бар ҷониби оби равон.

Дар зери анвори шафақ

Пазруфта ранги лоласон,

Ҷўбор ҳам хунбор тофт.

 

Бе Гулназар кай мекунад

Олам кирои як назар.

Бо Гулназар мегашт он

Сад равшанистон ҷилвагар,

Инак тиҳиву тор тофт.

 

Гуфтам, куҷо бе Гулназар

Бинҳам сарам, андар ҷавоб

Бешоху барг, афкандасар

Дори баланде  баҳри ман

Хушкидаиспедор тофт.

 


Марсия ва таърих ба Гулназар

Дил об шуд зи ҳасрати ҳиҷрони Гулназар,

Аз рахнаи хазон ба гулистони Гулназар.

 

Ҷуз роҳи рост пеша накард ў ба умри хеш,

Макри аҷал гирифт гиребони Гулназар.

 

Дар шоирӣ тамомиёри хуҷаста буд

Мурғи сухантирози хушилҳони Гулназар.

 

Заҳҳоки асри бисту як, ин КОВИДи палид,

Афсўс, бурд мағзи фурўзони Гулназар!

 

Ҷовид монд шеъри баланду суруди ў

Бар меҳан аз садоқату паймони Гулназар.

 

Ҷустам чу соли реҳлати ин марди покдил,

Бо ин дили ҳазин чу рафиқони Гулназар.

 

Дар рўзи панҷшанбаи август сездаҳ

Шуд соқии ҷинон, ба яқин, ҷони Гулназар.

 

Чун бигзарӣ зи қалбу сари сарву пои ў,

Гў: “Монд аз тапиш дили ҳассони Гулназар”.

______

Эзоҳ: Бо тарҳи рақамҳои «қалб» ва «син»-у «вов»-и сарв соли матлуб, яъне рақами 2020, ҳосил мешавад.

Ин марсия ҳангоме ки шоири маъруфи тоҷик, дўсти арҷмандамон Гулназар дар беморхонаи сироятии ш. Душанбе ҳаётро падруд гуфт ва дилҳои дўстону ҳаводоронашро ба ғусса пайваст, аз писараш хабари мудҳишро шунида, хеле мутаассир шудам. Банда низ дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ будам ва ин сўгвориро чун эҳсоси ғам аз ин талафи ҷуброннопазири адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар ҳамон соатҳо иншо намудам ва таърихи фавтро дар мақтаи он зикр кардам, то ки шояд ба ҳаводорони назм хотирае аз ин рўзи сангин ёдовар шуда бошад.

Кароматулло Олимзода,

Бемористони «Истиқлол»,

13 августи соли 2020


Давлат САФАР

Пайванд бо Ватан

Пайванд, ки бо решаи сўзанбарг аст,

Зинҳор, магў, ки умри ў то марг аст.

Аз хоки Лучоб сабз гардад ҳар сол,

Аз як гираҳи баста кушояд сад фол.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved