Маҷмўаи очеркҳои Саломиддин Мирзораҳматов аз таърихи пурғановати халқамон, ҳаёти рангину пурмағз ва иддае пурфоҷиаи фарзандони барўманд ва фарзонаи миллат ҳикоят менамояд. Муаллиф Саломиддин Мирзораҳматов ин очеркҳоро бо эҳсосу эҳтироси баланд, бо ҳарорати дил нигоштааст. Биноан, хонандаи соҳибдил дар сари ҳар сатри ин навиштаҳо андеша меронад, ғам мехўрад ва ҳатто сиришки дида мефишонад…
Қабл аз он, ки дар бораи Ваҳдати миллиамон ҳарфе гуфт, бояд аз корномаи шахсе сухан кард, ки дар таҳкими он ва дар сарнавишти миллату кишвар нақши калидӣ дорад...
Мардуми Фаронса ба назму насри тоҷикӣ-форсӣ аз садаҳои қабл меҳру муҳаббати хоса доранд. Адабиёт ва санъати фаронсавиҳо низ миёни халқи мо маҳбубияти басо зиёд касб кардааст. Дар асри 19 аллома Аҳмади Дониш зимни сафар ба Петербург ҳунарнамоии санъаткори варзидаи Фаронса Аделина Паттиро тамошо карда, ҳунари операвии ўро чунин васф намудааст:
22 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 55-солагии ансамбли эстрадии "Гулшан" таҳти унвони "Шарораи хотираҳо" барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар он санъаткорони маъруф, сарояндагони ансамбли овозадори эстрадии "Гулшан", аз ҷумла Баҳодур Неъмат, Мағфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Тамара Пўлодова, Маҳбуба Боҳирова, Исматулло Холиқов, Татяна Барило ва Бахтиёр Иброҳимов иштирок менамоянд.
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври шаҳрии озмуни "Фурўғи субҳи доноӣ…" байни муҳассилини макотиби миёнаи умумии шаҳр баргузор гардида, ғолибон муайян шуданд.
Copyright © 2017. All rights Reserved