Насли ҷавони имрўз, ки он солҳо наврас ва тифлакони гуруснаву берўзӣ буданд, инак 22 сол аст, ки аз ҳавои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол нафас мекашанду озодона кору фаъолият менамоянд. Воқеан, 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон муқаддас ва тақдирсоз маҳсуб мешавад.
Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо номи «Уфуқҳои дӯстӣ» оғоз ёфт. Намоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Дар Боғи устод Рўдакии пойтахтамон иқдоми лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони "Китоб - манбаи дониш", ки аз ҷониби Муассисаи нашриявии "Адиб" роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Чӣ навиде! Хабари ид муборак бошад!
Ид дар домани Хуршед муборак бошад!
Ин матлаъи ғазали ноби Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзост, ки дар саҳифаи дувуми муқоваи шумораи 5-и маҷаллаи миллии адабии ИНТ "Садои Шарқ" омадааст. Дар бахши "Баёзи Ваҳдат" Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Рустам Ваҳҳобзода, Беҳрўзи Забеҳулло, Дилором Солибой ваҳдату ҳамдилии мардумро тараннум намудаанд. Мунтахаби китоби дувуми романи "Сарои санг"-и Ато Мирхоҷа, ки бо сужети хос ва фарогирии рухдодҳои ибратомўз ҷалби таваҷҷуҳ менамояд, бахши насри нашрияро ташкил медиҳад.
ҳайати саднафараи корвони "Модарони ваҳдатсаро" вориди вилояти Суғд гардиданд. ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серўзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намуданд.
Copyright © 2017. All rights Reserved