10 октябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмўаи тозанашри "Шоири як шеър", ки фарогири эҷоди 37 шоири ҷавони тоҷик аст, рўнамоӣ шуд. Дар маҳфили бошукўҳ адибони маъруфи кишвар, адабиётшиносон, муаллифони маҷмўа ва дўстдорони шеър иштирок карданд.
Шеъри Сайидои Насафӣ монанди сурудаҳои беҳамтову оламшумули дигар классикони адабиёти форсу тоҷик, як навъ гимни бузургдошти инсони заҳматқарину ҳунарвар, Яшти меҳани созандаву фарозанда, мадеҳаи фазлу ҷавонмардиву солорӣ, таронаи ишқу муҳаббати пок ва бадеҳаи муҳассаноти бани башар аст, ки лузумаш ҳеҷ аз миён нахоҳад рафт.
Идомаи: ТАҶЛИЛ АЗ 400-УМИН СОЛГАРДИ ТАВАЛЛУДИ САЙИДОИ НАСАФӢ
Рўзи 19 сентябр дар шаҳри Маскав маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Иттиҳодияи байналмилалии ташкилотҳои ҷамъиятии "Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон" баргузор гардид. Дар маҷлис масоили ҳисоботи молиявию хазинадории он, комиссия тафтишотӣ, интихоби раис ва роҳбарияти он баррасӣ шуд.
21-уми сентябр муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 148-и шаҳри Ваҳдат номи олим, омўзгор ва рўзноманигор, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Асадулло Саъдуллоевро гирифт. Ба ин муносибат дар саҳни мактаб ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки адибону рўзноманигорон, олимону омўзгорон ва дўстону шогирдони марҳум гирд омаданд.
Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға намунаи олии чунин арзишҳост. Ин нуктаро декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Сироҷиддин Эмомалӣ зимни конфронси илмӣ- амалӣ, ки имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид, баён дошт.
Copyright © 2017. All rights Reserved