• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

МУЖДАИ НУСРАТУ НИШОТ

                                                     

 ШодбошӣАкбар Абдулло

 

Шумо дар ҳамин рўзҳо дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадаед.  Давраи тифлии Шумо дар сояи лутфу меҳрубониҳои волидон сипарӣ шуд. Баъд, таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Восеъ касб намудед.  Дар дилатон азми парвозҳои баландтар чун чўҷаҳои шоҳини кўҳсорони баланд пайдо шуд. Солҳои 1965–1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил карданатон Шуморо водор кард, ки ҷасорату ҷавонмардӣ ва ҳайсияти фарзандии худро ҳифз намуда, дар хидмати давлату миллати худ камари ҳиммат бандед.

Идомаи: МУЖДАИ НУСРАТУ НИШОТ

САНГАРИ ТАНДУРУСТИИ СИНО

 

Аскар ҲАКИМ

БАҲОРи УММЕД

 

Баҳор ояд, баҳор ояд дигар бор,

Ки орад аз насими фарвадин бор.

 

Парасту кунҷи айвон лона монад,

На ғам дар хонумону хона монад.

 

Гаҳе бо ҳафтрангии камонҳо

Камар бандад чу домод осмонҳо,

 

Арўсаш хиттаи сабзи замин аст,

Тариқи ҷовидони ишқ ин аст,

 

Ки гирӣ ончунон дилбар дар оғўш,

Ки худро дар барат созад фаромўш.

 

Канори сабзро бар ту кушояд,

Лабони лолааш бар ханда ояд.

 

Дамад чун пуштаҳо сарсинаи ў,

Ки сар монӣ саҳар бар синаи ў.

 

Тамоми рўз масти васл бошӣ,

Ба шаб орӣ зи рўз ин бори кошӣ.

 

Дигар бор ин баҳор ояд пур аз гул,

Зи савти гул шавад мадҳуш булбул.

 

На ёре дар фироқи ёр нолад,

Дар оғўши ҳарими ёр болад.

 

Муғаннӣ сар кунад аз нолаи най,

Шавад дашту даман то волаи вай.

 

Гули хуршед хандад аз сари кўҳ,

Шавад ҳар кас зи шодӣ ҳамсари кўҳ.

 

Дили бигрифта чун дарё кушояд,

Фараҳзо мавҷ пушти мавҷ ояд.

 

Миёни шаҳр дар анбўҳи мардум

Кунад аз шодӣ одам хешро гум,

 

Ки гаштаст ў зи пешин меҳрубонтар,

Ба додар додару хоҳар ба хоҳар.

 

Наёрад ёд аз номи куруно,

Ки шуд соф аз даруну аз буруно.

 

Зи офат то раҳонад ҷони инсон,

Табибонро фаришта сохт Яздон.

 

Дигар инсон ба сони меҳр хандад,

Ба ҳар ҷинсе чу бар худ меҳр бандад.

 

Дигар аз хорбунҳо гул бирўяд,

Зи нақши сумбҳо сунбул бирўяд.

 

Баҳоро, хокро афлок месоз,

Заминро аз кудурат пок месоз.

 

Гул афшон бар мазори рафтагон ту,

Ки гул буданду гул рафтанд он сў.

 

Ба он гулҳо заминро нармтар кун,

Дили моро ба дунё гармтар кун.

 

Дареғо, сарви озодӣ ба кишвар

Зи хоки поки маҳрумон кашад сар.

 

Баҳоро, рўдҳоро кун равонтар,

Маро ҳам ҳамраҳи онон ҷавонтар,

 

Ки бо азми дигар аз ҷо бихезам

Ва хоки бадсиголонро бибезам,

 

Ки ин ҷо сарзамини мардхез аст,

Адолат бо қасоват дар ситез аст.

 

Ба ҳам овар ту ҳар қалби шикаста,

Ки он бар ҳилми ту уммед баста.

 

Баҳоро, хорҳоро гул бигардон,

Ки ҳаст ин шеваи гардуни гардон.

 

Чу бошад зиндагонӣ, сар барорем,

Ки мо аз зодагони сарбадорем.

 

Ба ҳар ҳоле, биё, хандон бишав боз

Ва Наврўзи навоинро деҳ оғоз!

  

АТО МИРХОҶА 

ЭҲТИЁТ

Барои ризокорон – донишҷўёни мактабҳои тиббии Тоҷикистон, ки ҷасорат нишон дода, ба хонаҳои беморон рафта, ба онҳо мадад мерасонанд.

 

Рўзи бад мегузарад, номи наку мемонад,

Аз шумо, номварон, сурхии рў мемонад.

Баргрезони хазон бигзарад аз ҳиммататон,

Дар гулистони Ватан нашву нуму мемонад!

***

Мушкили моро бувад мушкилкушояш эҳтиёт,

Дард бе дармон агар бошад, давояш эҳтиёт.

Бар сари мо аз фалак омад балое, к-аз ҳарос

Худ Баҳовиддин кунад аз ин балояш эҳтиёт!

Каш ба рўи худ ниқобу дур бош аз издиҳом,

Аз ҳавояш эҳтиёту аз садояш эҳтиёт!

Ҳар қаламравро, ки бинӣ, з-ин сиёсат дур нест:

Ҷони худро мекунад шоҳу гадояш эҳтиёт.

Ҷабр аз маъшуқа оё бадтар аз ин мешавад?

Мекунад дилдода аз нозу адояш эҳтиёт!

Гўямат, эй кўҳи побарҷо, ту ҳам як зарраӣ,

Заррае омад, ки кўҳеро зи пояш эҳтиёт.

Аз гумону шубҳа чун шуд пур дили инсоният,

Омад инак, ҷони ман, рўзи ҷазояш, эҳтиёт!

Ҷон фидои синаи оинае, к-ў ин замон

Бенавоеро намояд бо сафояш эҳтиёт.

Санҷиши некиву покиву ҷавонмардӣ расид,

Эй ки худ як зарра ҷонӣ, аз баҳояш эҳтиёт!

Чун шаби торик дорад рўзи равшан дар бисот,

Хештанро боядо кардан барояш эҳтиёт. 

Рустам ВАҲҲОБЗОДА 

АЗ  ҶОВИД МЕГӮЯМ

Ту аз таҳдид мехонӣ, ман аз тавҳид мегӯям,
Ту ёдам медиҳӣ аз сӯгу ман аз ид мегӯям.

Ҷаҳон ҳар рӯз наврӯзи дигар андар канор ояд,
Марав бар ҷодаи тақлид, аз таҷдид мегӯям.

Туро сад сол дар пеш асту нофарҷом мегӯйӣ,
Нафас гар дар шумор уфтад, ман аз уммед мегӯям.

Ту нури шамъи худ дар остин аз ман ниҳон дорӣ,
Биё, ки бо ту ман аз ояти хуршед мегӯям.

Баланд уфтодааст андози ҳарфи сабз дар бустон,
Сухан андозаи гесуи маҷнунбед мегӯям.

Маҷӯ онро, ки пайдо нест, агар ҷони ту шайдо нест,
Раҳо кун домани човидан, аз Ҷовид мегӯям.

Дишаб барномае аз кору пайкори табибони Русия бар алайҳи вабои ахир пахш мешуд ва дар интиҳои ин барнома чанд тан аз гӯяндагони (сарояндагони бард)-и Русия барои ин табибон ба нишони таҳсину шукру сипос сурудҳое тозаэҷоди худро пахш карданд. Сурудҳо бисёр бетакаллуфу содаву саридастӣ буд, аммо самимиву аз таҳти дил. Лозим шумурдам дар ҳамин сабку ҳаво матни сурудеро манзур созам, то шояд идома пайдо намояд.

ТАБИБОН 

Табибон, табибон,
Азизон, ҳабибон,
Ниҳода ба каф ҷон,
Раҳонед ҷонҳо.

 

Миёни хатоҳо,
Миёни гумонҳо,
Гаҳе носипосиву
Захми забонҳо,
На дар фикри суду
На бими зиёнҳо,
Чу кӯҳ устувору
Чу дарё равонҳо

 

Табибон, табибон,
Азизон, ҳабибон,
Ниҳода ба каф ҷон,
Раҳонед ҷонҳо.

 

Дар ин ҷабҳаи нав,
Ки душман ниҳон аст
Зи чашми дигарҳо,
Шуморо аён аст,
Шумо афсаронед,
Табибон, табибон,
Ки тири шумо бехато
Бар нишон аст.

 

Зи хоки Ватан ин
Ваборо биронед.
Нишон аз балои
Замона намонед.
Ба ин қаҳрамонӣ
Шумо ҷовидонед,
Чунин то абад дар
Дили халқ монед.

 

Шумо модаронед,
Шумо хоҳаронед,
Бародар ба ҳар фард,
Давогар ба ҳар дард.
Дар ин арсаи ҳақ
Худо ёратон бод,
Дилу дасти Сино
Мададгоратон бод!

 

Табибон, табибон,
Азизон, ҳабибон,
Ниҳода ба каф ҷон,
Раҳонед ҷонҳо.

Парда ҲАБИБ

        Барои табибони ҷоннисори миллат

Гашта барпо ба ҳар шифохона

Сангари тандурустии Сино,

Сангари тандурустии Розӣ,

Сангари тандурустии барҷо,

Сангари тандурустии тоҷик,

Чобукиву дурустии тоҷик.

 

Посдории миллати тоҷик,

Сангари азми давлати тоҷик,

Сангари меҳру шафқати тоҷик,

Тозагии шарофати тоҷик -

Сангари тандурустии тоҷик,

Ҳушёриву чустии тоҷик.

Афканад ҳар ки гоҳу ногаҳ агар

Санг аз ҳар куҷо ба ин сангар,

Ў ба Сино намекунад бовар,

Нест огаҳ зи рози Розиаш,

Хасм бидҳад аз он ки бозиаш,

Мехурад санги қисматаш бар сар.

 

Сангари тандурустии миллат

Сангари иттиҳоди тоҷик аст,

Сангари адлу доди тоҷик аст,

Сангари имтидоди тоҷик аст,

Сангари устувории ҷовид,

Кўҳи нанги зиёди тоҷик аст!

Кароматулло ОЛИМЗОДА

МУНОҶОТ

Худовандо, зи вирусҳо ту халқамро нигаҳбон шав,

Зи офатҳои нав пушту паноҳи Тоҷикистон шав.

 

Дар ин дунёи ноором мардум баски беморанд,

Зи алтофат шифобахшандаи  ин дардмандон шав.

 

Гулистони умеди халқи манро аз хазон кун дур,

Зи файзат, боғбоно, файзбахши ин гулистон шав.

 

Ба онҳое, ки мағруранду аз паймони ту дуранд,

Бидеҳ инсофу роҳандозашон дар аҳду паймон шав.

 

Ба тифлоне, ки дар ҳар кишваре муҳтоҷи обу нон,

Бидеҳ ризқи фаровон, обёри абри найсон шав.

 

Дар ин дунё, ки майдони набарди ҷоҳҷўён шуд,

Ҷилавгири набарду фитнаҳои ҷоҳҷўён шав.

 

Ба онҳое, ки сарват гашта бут, к-онро парасторанд,

Шикан бутҳояшонро, ҳомии инсофу виҷдон шав.

 

Худовандо, чу додӣ ваъда «бо душворӣ осонист»*,

Ба беморону муҳтоҷон Раҳиме бошу Раҳмон шав.

_______

*Ишора ба ояте аз  сураи «Аламнашраҳ» аст, ки Худо ваъда кардааст,  албатта, пас аз душворӣ осонӣ хоҳад омад.

Салими ЗАРАФШОНФАР

Фирўзрўзи фардо

Рўзе сияҳшаби мо

субҳи сафо бигардад,

Боди самум  рўзе  боди сабо бигардад.

З-офатсамар гили мо  рўяд гули масаррат,

Накбатфизо фазомон

накҳатфизо бигардад.

 

Бар бедавоии худ ёбем мо даво боз,

Бар захмҳои худ мо ёбем мўмиё боз.

Садди сукути сарди афлокро шикаста, 

Аз ҷомҷанг созем онро пур аз садо боз.

 

Бар дил зи навсапеда нуру сафо бирезем,

В-аз он бурун зуломиранҷу ано бирезем.

Аз ҳабсхонаҳомон, яъне зи хонаҳомон,

Рақсону пойкўбон бар кўчаҳо бирезем.

 

Баҳри зиёрати ҳам бо ташнагӣ расида,

Бар дўст даст бидҳад ҳар дўсти рамида.

Дар байни мо бисайрад мурғи салом бебим,

Аз панҷаҳоямон чун аз панҷара раҳида.

 

Дилдода боз дилпур бо дилбараш нишинад,

Аз рўйи беҳиҷобаш гулбўсаҳо  бичинад.

Меҳнатзада муҳоҷир, ҳасратзада мусофир

Раҳ бар ватан бигирад, дидори мом бинад.

 

Сад гулситон шукуфад табъи фусурдаи мо,

Сад осмон биболад қалби фишурдаи мо.

Исоҳушони хушдам, синоҳушони хушдаст

Созанд зинда ҷони садзахмхўрдаи мо.

 

Фирўзрўзи фардо, оре,  ҳамебиёяд,

Наврўзи аҳли дунё, оре,  ҳамебиёяд.

Бар қасди тирарўзӣ, бар қасди ғуссаву дард

Субҳи саодати  мо, оре,  ҳамебиёяд.

 

Фирўзрўзи фардо, армонфурўзи дилҳо,

Дар куҳназиндагимон навравзане кунад во.

Он гаҳ башар, ки умре буд пош-пош, гардад

Монандаи саҳифот андар китоб якҷо.

 

Фирўзрўз ояд бо гулфишонӣ охир,

Хуш  армуғонӣ орад амну амонӣ охир.

Чанде башар ба шар буд андар набарди хунин,

Гум аз ҷаҳон бигардад шарри ҷаҳонӣ охир.

 

Аз гунагун ливои халқу милал бисозем

Як  лолагун ливои нусрат к-аз он бинозем.

Дастобадаст рўйи

Рейхистаги уфуқ пас

 Мисли шафақ варо мо он рўз барфарозем.

ИҚДОМҲОИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОНРО НАБОЯД НОДИДА ГИРИФТ

 

Имрӯзҳо вобаста ба вазъияти хатарзои бавуҷудомада дар баробари гирифтории мардум ба вабои аср-  СOVID–19 дар расонаҳо, хусусан дар Фейсбук сару садоҳое баланд мешаванд, ки ба андешаи ман аксаран  бисёр сатҳӣ ва аз сари эҳсосоту изтироб, баъзан аз содагиву нофаҳмӣ  ва ҳатто баъзан бо таъсири ангезишҳои иғвобарангез ва душманона рӯ мезананд.

Идомаи: ИҚДОМҲОИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОНРО НАБОЯД НОДИДА ГИРИФТ

МӮЪМИН ҚАНОАТ — ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

 

 

Имрӯз рӯзи таваллуди Устод Мӯъмин Қаноат, шоири ширинкалом, ҳамосасаро ва ходими барҷастаи сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи Тоҷикистон аст. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз ба синни мубораки 88 мерасид.

Идомаи: МӮЪМИН ҚАНОАТ — ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

НИГОҲЕ БА ЯК БАЙТ

                                                              Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

                                                              Ба бекориву нодонӣ намонем.

Ин байт дар назар сода меояд, вале саршор аст аз даъват ба сўи илму дониш, ба сўи доноӣ ва худшиносиву огоҳӣ аз маърифат, аз шинохти асолати худ. Даъвати инсонҳо ба сўи маърифат, илму дониш дар осори адибони бузург ҳамеша ҳузур доштааст, чи дар замони қадим ва чи имрўз дар осори бузургмардони андеша ин мавзўъ зудуда нашудааст. Устод Садриддин Айнӣ нарму латиф ва бо меҳрубонӣ инсонҳоро ба сўи илму маърифат фаро мехонад ва дар зимн хуро ҷузъе аз онҳо медонад. Яъне, устод худро ҳам барои омўхтани илм даъват дорад, вақте мегўяд, эй рафиқон, биёед, дарс бихонем, ин даъват ба устод низ дахл дорад.

Идомаи: НИГОҲЕ БА ЯК БАЙТ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved