• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

СИТОИШИ БАРОДАРӢ

Дар арафаи рўзи Президент интишороти "Ношир"  маҷмўаи очерку лавҳа, мақолот ва шеърҳоро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонд.

Идомаи: СИТОИШИ БАРОДАРӢ

ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР В. СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки аз 20 то 23 ноябр дар шаҳри бостонии Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ин бора ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки узви ҳакамони ин озмун буд,  хабар медиҳад.

Идомаи: ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР В. СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ЭЪЛОН

Эълон        

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ ва тарѓиби фаъолонаи дастовардҳои адабиёти тоҷикии даврони нав барои ба кор қабул кардани тарҷумонҳои осори бадеӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, англисӣ, арабӣ озмун эълон мекунад.

Дар озмун тарҷумонҳое иштирок карда метавонанд, ки таҷрибаи кор дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ ва тарҷумаҳои чопшуда аз адабиёти тоҷик бо яке аз забонҳои хориҷии номбурда дошта бошанд.

Барои иштирок дар озмун пешниҳоди маводи зерин зарур аст:

1. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

2. Нусхаи диплом оид ба таҳсилот

3. Нусхаи шиноснома

4. Рўйхат бо нусхаи осори нашршудаи тарҷума аз адабиётҳои тоҷик ва забонҳои хориҷии номбурда

5. Маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ

6. Сурати 3 х 4 (4 дона)

Музди моҳонаи тарҷумонҳо то 1700 сомонӣ аст.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз рўзи интишори ҳамин эълон то 12 декабри соли 2019 дар Маркази тарҷумаи бадеӣ дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, ошёнаи якум) дар рўзҳои кор аз соати 15 то 17, инчунин тавассути сомонаи www.navisandagan.tj.

Телефонҳо барои тамос: 224-14-71; 907-75-53-23, 915-48-03-31.

СИЛСИЛАКИТОБҲОИ «30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият”, ки иборат аз 30 номгӯй адабиёти тозанашр буд, баргузор гардид.

Идомаи: СИЛСИЛАКИТОБҲОИ «30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ВАЛӢ САМАД

 

Валӣ Самад - донишманди нуктасанҷ, пухтакор, ҷўянда ва заҳматкашу фидокор, пайвандгари риштаҳои фарҳангӣ, аз барҷастатарин муҳаққиқони ҷўянда ва ёбандаи гавҳарҳои ноёби тамаддуни миллӣ, фирдавсишинос ва шоҳномапажўҳ,  адабиётшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи даҳҳо монография ва мақолаҳои илмӣ, 24 октябри соли 2019 пас аз беморӣ дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Идомаи: ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ВАЛӢ САМАД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved