• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ИНЪИКОСГАРИ УФУҚҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо  номи  «Уфуқҳои дӯстӣ» оғоз ёфт. Намоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Идомаи: ИНЪИКОСГАРИ УФУҚҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

ШУМОРАИ ИДОНАИ «САДОИ ШАРҚ»

     Чӣ навиде! Хабари ид муборак бошад!

Ид дар домани Хуршед муборак бошад!

 Ин матлаъи ғазали ноби Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзост, ки дар саҳифаи дувуми муқоваи шумораи 5-и маҷаллаи миллии адабии ИНТ "Садои Шарқ"  омадааст. Дар бахши  "Баёзи Ваҳдат" Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Рустам Ваҳҳобзода, Беҳрўзи Забеҳулло, Дилором Солибой ваҳдату ҳамдилии мардумро тараннум намудаанд. Мунтахаби китоби дувуми романи "Сарои санг"-и Ато Мирхоҷа, ки бо сужети хос ва фарогирии рухдодҳои ибратомўз ҷалби таваҷҷуҳ менамояд, бахши насри нашрияро ташкил медиҳад.

Идомаи: ШУМОРАИ ИДОНАИ «САДОИ ШАРҚ»

КОРВОНИ ВАҲДАТИ МОДАРОН

ҳайати саднафараи  корвони "Модарони ваҳдатсаро" вориди вилояти Суғд гардиданд. ҳайати меҳмонон дар доираи сафари серўзаи худ аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон ва Хуҷанд боздид ба амал оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намуданд.

Идомаи: КОРВОНИ ВАҲДАТИ МОДАРОН

МАНБАИ ИЛҲОМУ ДОНИШ


Дар Боғи устод Рўдакии пойтахтамон иқдоми лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони "Китоб - манбаи дониш", ки аз ҷониби Муассисаи нашриявии  "Адиб" роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Идомаи: МАНБАИ ИЛҲОМУ ДОНИШ

АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА САРНАВИШТИ ШОГИРДИ Ӯ

 

Маҷмўаи очеркҳои Саломиддин Мирзораҳматов аз таърихи пурғановати халқамон, ҳаёти рангину пурмағз ва иддае пурфоҷиаи фарзандони барўманд ва фарзонаи миллат ҳикоят менамояд. Муаллиф Саломиддин Мирзораҳматов ин очеркҳоро бо эҳсосу эҳтироси баланд, бо ҳарорати дил нигоштааст. Биноан, хонандаи соҳибдил дар сари ҳар сатри ин навиштаҳо андеша меронад, ғам мехўрад ва ҳатто сиришки дида мефишонад…

Идомаи: АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА САРНАВИШТИ ШОГИРДИ Ӯ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved