• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

22 январ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии шоири зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар маҳфил адибони маъруфи тоҷик, пайвандони шоир, рўзноманигорон ва донишҷўён ширкат варзиданд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, гардонандаи маҳфил Абдулҳамид Самад, Шоирони халқӣ Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, нависандагон Бахтиёри Муртазо, Бароти Абдураҳмон, профессор Иброҳим Усмон, Раҷаб Мардон, Диловари Мирзо, Саидҷаъфар Қодирӣ ва дигарон аз рўзгори шоириву фаъолияти пурсамари рўзноманигории Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сухан карданд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оѓози маҳфил гуфт, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз шоирони ҷавони пешсафи солҳои шастуми асри гузашта ба ҳисоб меравад. Устод Мирзо Турсунзода ҳанўз соли 1968 дар яке аз мақолаҳои хеш, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудааст, дар радифи шеърҳои Лоиқ Шералӣ, Ѓоиб Сафарзода, ба шеърҳои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо самимияти зиёд баҳои сазовор дода, ин се шоирро «се шохаи пургули адабиёт» номидааст. Низом Қосим афзуд:

«Дар он замон ки Лоиқ Шераливу Бозор Собир бо шеърҳои романтикии худ шинохта шуда буданд, Шоҳмузаффар яке аз нафароне буд, ки устуворонаву содиқонаву босубот шеърҳояшро дар равияи реалистӣ эҷод мекард. Тамоми шеърҳояш заминии нақлӣ ва таҳкиявӣ ҳастанд. Аз ҳар шеъри ў як сюшет, як маънӣ мушоҳида мешавад. Ногаҳонӣ набуд, ки ў дар охир ба насри калон рў овард ва романҳо навишт. Яке аз нависандаҳои рус гуфтааст, ки эҷодкор тамоми умр ба сўйи асаре меравад, ки он асар асари асосии умри эҷодкор мешавад.

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳарчанд шеърҳо, очеркҳо, драмаҳои манзуми хуб дорад, ба гумони ман, асарҳои асосии умри ў романҳояш ҳастанд. Тафаккуру равияи реалистӣ дар асарҳои калонҳаҷмаш ҷамъбаст шуд. Ду романи ў – «Талош» ва «Васваса» дар адабиёти муосири мо аз ҷиҳати сюжет мавқеи муайяну намоён доранд».

Гардонандаи маҳфил Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ки солҳои зиёд бо зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ муносибати дўстонаву ҳамкории зич доштааст, аз хислатҳои нек ва ҳунари шоириву нависандагӣ ва рўзноманигории ў ёдовар шуд. Бо овардани намунаҳо аз шеърҳои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, мардумро ба дунёи зебову фарохи шоирии ў бурд.

Профессор Иброҳим Усмон дар бораи ду романи дар охир навиштаи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ андешаронӣ карда, онҳоро ба якдигар муқоиса кард ва аз як роман то романи дигар пеш рафтани маҳорати нависандагии Шоҳмузаффар Ёдгориро бо мисолҳо зикр намуд.

Ба андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ завқи баланди шоирӣ дошт. Дар солҳои шастум, вақте ки шоирон ба минбарҳои баланд баромаданд, вақте ки мардум бо шеър зиндагӣ мекарданд, шеъри орому ботаҳаммули Шоҳмузаффар ҳам дар саҳна буд. Аз ҷумла, шеъри «Кампир гирифта дасти он пир» - и шоир яке аз беҳтарин шеърҳои ҳамон замон шуда буд. Зеро шоир як зиндагиро дар чунин шеъри кўтоҳ ғунҷонда тавонист.

Тамоми шеърҳояш шеъри зиндагӣ буданд. Дар ҳамон замоне ки ҳар кас ҷуръат намекард, дар шумори равшанфикрони пешгом Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳам ҷой дошт. Ҳамроҳи муборизони асили роҳи фарҳангу забони мо қадам мезад.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved