• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар Москва, дар Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, шоири барҷастаи асри миёнаи Шарқ Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ баргузор гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ректори Донишгоҳи давлатии Москва Виктор Садовничий, директори Институти кишварҳои Осиё ва Африқои ДДМ Игор Абилгазиев, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Федератсияи Россия Меҳдӣ Саноӣ, мушовир-фиристода, кордори муваққатии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Федератсияи Россия Моҳтаат Ҳумоюн, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шараф Раҳимов, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Москва ширкат варзиданд.

Дар расми ифтитоҳи нимпайкараи Устод Рӯдакӣ ректори ДДМ академик Виктор  Садовничий аз ҷумла иброз дошт: «Падари шеъри форсӣ» дар ташаккули фарҳанги тамоми минтақа нақши бузург бозидааст. Ӯ мардумон ва фарҳанги минтақаро муттаҳид сохт. Эҷодиёти ӯ, шеърҳо, достонҳо ва қасидаҳояш ҷовидонаанд ва барои ин халқҳо ва тамоми фарҳанги ҷаҳонӣ муҳим мебошанд».

Дар охири маросими тантанавӣ донишҷӯёни кафедраи филологияи эронии Институти кишварҳои Осиё ва Африқо аз ашъори Рӯдакӣ бо забони форсӣ шеърҳо қироат намуданд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз,

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон,

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд…

 АМИТ "ХОВАР"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved