• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар арафаи рўзи Президент интишороти "Ношир"  маҷмўаи очерку лавҳа, мақолот ва шеърҳоро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонд.

 

Китоб бо дастгирии раиси вилояти Суғд муовини якуми раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба нашр расида, он ба дўстии халқҳои тоҷику ўзбек, ки аз даврони бостон идома ёфта, дар давраи нави тараққиёти давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол мазмун ва моҳияти нав касб кардааст, бахшида шудааст. Маводҳои китоб бо се забон - тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ чоп шудаанд ва нишони ҳамзистии осоишта халқҳои ба ҳам дўст мебошад.

Китоб бо шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим бо номи "Ормон" шурўъ мешавад, ки он ба Презденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст ва ба мисраъҳои зайл шурўъ мегардад:

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон,  ки ҷонаш дар амон бошад.

Ман аз ин сарзамин тиру камонро  дур бинмудам,

Ки доим дар фазояш пурҷило тиру камон бошад...

Китоб аз панҷ боб иборат буда, паҳлўҳои гуногунии зиндагии халқҳои тоҷику ўзбек, ҳамкориҳои самарабахшро дар ҳама ҷабҳаҳо дар бар мегиранд. Билхосса, очеркҳои адибони маъруф Низом Қосим, Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Усмонҷон Ғафуров, Аскар Ҳаким, Тўрон Тўйчиев, Ўрунбой Усмон ва дигарон хонданӣ ҳастанд.

Китоб бо аксҳо ва ороиши зебо ба табъ расидааст.                           Нигина ҚАМАРИДДИНОВА

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved