• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки аз 20 то 23 ноябр дар шаҳри бостонии Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ин бора ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки узви ҳакамони ин озмун буд,  хабар медиҳад.

 

 Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ  аз шахсиятҳои намоён, кормандони масъули идораҳои давлатӣ ва адибону олимон иборат буд.

 Дар озмун аз рӯи панҷ номинатсия 90 нафар довталабони ғолиб  аз 18 шаҳру  ноҳияи вилоят иштирок доштанд.

Дар ҷамъбаст дар номинатсияи аввал-аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик мудири кафедраи  Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз шаҳри Бӯстон Осими Оқил, дар номинатсияи дуюм: аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик хонандаи синфи 7-и мактаби 34-и шаҳри Панҷакент Рухшона Норова,дар номинатсияи  сеюм: аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ хонандаи синфи шаши ноҳияи Деваштич Зебунисои Азизиён, дар номинатсияи чорум: аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон  хонандаи синфи 11-и мактаби 6-и шаҳри Панҷакент  Асламбек Алибеков сазовори  ҷойи аввал гардиданд.

Дар номинатсияи Шоҳҷоиза магистранти курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз ноҳияи Ашт  Моҳрӯ Қурбонзода ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб шуд.

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аксари иштирокчиёни озмун қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ба онҳое, ки соҳиби ҷоизаи аввал гардиданд, даҳ ҳазорӣ, ба нафарони сазовори ҷойи дуюм гардида ҳафт ҳазорӣ ва ба гирандагони ҷойи сеюм панҷ ҳазорӣ маблағ тақдим карда шуд. Соҳиби Шоҳҷоиза бо мукофоти пулии понздаҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Ба ҷуз ин иштирокдорони дигари озмун низ бо ифтихорномаҳо қадр гардиданд. Ҷоизаҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон ба ғолибон дар ҷамъбасти озмун дар вазъияти  мутантан супорида шуд.

Ҷолиб ин аст, ки бо қарори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар марҳилаи ҷамъбастии озмун, ки моҳи декабр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе доир мегардад, на танҳо онҳое, ки сазовори ҷойи аввал гардиданд, балки нафарони соҳиби ҷойҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум низ ҳуқуқи иштирок кардан ва бори дигар санҷидани маҳорати худро доранд.

Бояд гуфт, ки озмунҳои  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман», ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллатамон амалӣ гардидаанд, саросари мамлакатро фаро гирифта, далели равшани бозгашти мардум, хусусан рӯ овардани  насли нав, ҷавонону наврасон ба асолати миллӣ: илму адаб ва фарҳангу адабиёти ҳазорсолаамон гардиданд.

Умед аст, ки ин озмунҳо, ки воқеан тавонистанд дар саросари ҷумҳурӣ  шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба китобу китобхонӣ бедор намоянд, минбаъд ҳамасола роҳандозӣ карда мешаванд ва саҳми боризи худро дар пешрафти маънавиёти миллату давлат  мегузоранд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved