• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият”, ки иборат аз 30 номгӯй адабиёти тозанашр буд, баргузор гардид.

 

Зимни муаррифии китобҳо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо  нашри китобҳо табрик гуфта, аз ҷумла зикр кард, ки солҳои охир нашри китоб дар ҷумҳуриамон хеле афзудааст.

Ба таъкиди академик, китобҳо бояд бо теъдоди зиёд нашр шаванд, то ба дасти ҳамаи хонандагон расанд ва маърифати аҳолиро баланд бардоранд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аснои суханронии худ дар ҷамъомад тазаккур дод, ки чанде пештар дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” иштирок доштааст. “Ман борҳо дар деҳоту минтақаҳои дурдасти мамлакат будам ва дар ин навоҳии дурдаст як камбудӣ ба чашм мерсад, ки он дастрас набудани китобҳои хонданӣ аст”.

Ӯ таъкид кард, ки адабиёти 100 соли ахири мамлакат барои муҳим буданаш бояд бо теъдоди зиёд нашр шавад. “Муҳим ин аст, ки китобҳо бояд ба тамоми гӯшаҳои дурдасти мамлакат расанд. Зеро ҳоло ҳам “аниси кунҷи танҳоӣ” “китоб аст, на телефон”.

Низом Қосим ёдрас кард, ки Иттифоқи нависандагон ҳамеша барои табъу нашри китобҳо ҷиҳати расонидани кумак барои таҳриру тасҳеҳ омода аст.

Шоири шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ ҳам китобхониву китобчопкуниро нишонаи хушбахтии миллат арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки “омода намудану гаштаву баргашта бо тавзеҳоту шарҳҳо нашр намудани китобҳо вазифаи муқаддаси инсонии мост. Зеро бо ин роҳ мо метавонем насли ҷавонро китобхону китобдӯст гардонем”.

Силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият” 8 роман, 42 достон, 5 повест, 2 очерк, 296 ҳикоя, 5 мақолаи публитсистӣ, 12 эссе ва зиёда аз 4300 шеъру ғазалро дар бар гирифтаанд.

Бояд зикр кард, ки силсилаи китобҳоро Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудаанд.

АМИТ "ХОВАР"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved