Эълон
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ ва тарѓиби фаъолонаи дастовардҳои адабиёти тоҷикии даврони нав барои ба кор қабул кардани тарҷумонҳои осори бадеӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, англисӣ, арабӣ озмун эълон мекунад.
Дар озмун тарҷумонҳое иштирок карда метавонанд, ки таҷрибаи кор дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ ва тарҷумаҳои чопшуда аз адабиёти тоҷик бо яке аз забонҳои хориҷии номбурда дошта бошанд.
Барои иштирок дар озмун пешниҳоди маводи зерин зарур аст:
1. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
2. Нусхаи диплом оид ба таҳсилот
3. Нусхаи шиноснома
4. Рўйхат бо нусхаи осори нашршудаи тарҷума аз адабиётҳои тоҷик ва забонҳои хориҷии номбурда
5. Маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ
6. Сурати 3 х 4 (4 дона)
Музди моҳонаи тарҷумонҳо то 1700 сомонӣ аст.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз рўзи интишори ҳамин эълон то 12 декабри соли 2019 дар Маркази тарҷумаи бадеӣ дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, ошёнаи якум) дар рўзҳои кор аз соати 15 то 17, инчунин тавассути сомонаи www.navisandagan.tj.
Телефонҳо барои тамос: 224-14-71; 907-75-53-23, 915-48-03-31.
Copyright © 2017. All rights Reserved