• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

10 октябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмўаи тозанашри "Шоири як шеър", ки фарогири  эҷоди 37 шоири ҷавони тоҷик аст, рўнамоӣ шуд. Дар маҳфили бошукўҳ адибони маъруфи кишвар, адабиётшиносон, муаллифони маҷмўа ва дўстдорони шеър иштирок карданд.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси ИНТ, маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки хонанда бо як шеър ҳам метавонад аз ҳунари шоирии муаллиф огаҳӣ пайдо кунад. Гулрухсор, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон, ки муаллифи сарсухан аст ва маҷмўа бо кўшишу талоши ў ба нашр расидааст, чунин ибрози андеша кард:

"Бузурге гуфтааст, ки шеър гуфтугўи инсону Худост. Барои ҳамин тамоми китобҳои муқаддаси дунё бо шеър навишта шудаанд. Асолати инсон дар сайёра ишқ аст, ки ба воситаи шеър изҳор мешавад. То ҷое медонам, дар дунё чунин китоб ба нашр нарасидааст. Бояд гуфт, ки ба сабаби имкони кам доштани мо шеърҳои шоирони зиёди дигар аз ин китоб берун монданд ва дар оянда ин иқдомро давом медиҳем".

Ба андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, яке аз бартариятҳои ин китоб он аст, ки муаллифон якдигарро хубтар мешиносанд, шеърҳоро бо якдигар қиёс мекунанд ва аз ҳунару истеъдоди ҳамқалами худ огаҳии бештар меёбанд.

Воқеан, ояндаи шеъри мо ба касоне вобастааст, ки аз шеър огаҳ ҳастанд, истеъдод доранд ва ба сўйи ҳадафҳои худ қадам мезананд. Дар назди адабиёту хонанда масъулияти худро медонанд. Қисми бештари шеърҳои ин маҷмўа хубу пазироанд, - иброз дошт мунаққиди маъруф Абдураҳмони Абдуманнон.

Сармуҳаррири моҳномаи "Садои Шарқ", шоир ва донишманди маъруф  Рустам Ваҳҳобзода, ки дар тарбияи бештари муаллифони маҷмўаи "Шоири як шеър" саҳми аввалиндараҷа дорад ва низ муҳаррири маҷмўа ўст, аз ҳусну қубҳи шеъри шоирони ҷавон сухан кард. Ба гуфтаи ў, ин шоирон то ҷое расидаанд, ки дигар роҳи баргашт надоранд ва баргаштанӣ ҳам нестанд.

Чанде аз муаллифони маҷмўаи "Шоири як шеър" аз қабили Шобегим Маликшоева, Муҳриддин Сабурӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Кўҳзоди Фатҳулло, Шаҳриёр Олимӣ, Шаҳёд, Саид Ризо, Эҳсони Аъзамиён, Бахтовар Бобоҷонов ва дигарон аз шеърҳои худ қироат карданд. Маҳфил бо сурудхонии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаррама Шарифова ба охир расид.       

Т. Бузургмеҳр, "АС"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved