• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Барои ҳар миллат забони модариаш азизу муқаддас аст, зеро он муарриф, ойинаи рўзгор ва фарҳанг, хулоса, ҳастию бақои вай мебошад. Барои мо, мардуми тоҷик, забони модариамон дучанд азизу муътабар аст. Чунки дар давоми садсолаҳо мо соҳиби давлати миллӣ набудем, маҳз забони модариамон, ки дар тўли дарози таърих забони илму фарҳанг ва муоширати байни қавмҳои муқими Хуросону Мовароуннаҳр буд, моро зинда нигоҳ дошт. Адибону олимонамон ба ин забони шевою пурғановат асарҳои ҷовидона офариданд, ки то имрўз ба ҷаҳониён ғизои маънавӣ мебахшанд. Мардуми тоҷик дар гузашта ба бисёр маҳрумиятҳо мувосо кард, тахту тоҷ, давлатдорӣ, дин, шаҳру марказҳои бузурги илмию фарҳангиашро аз даст дод, аммо забони модариашро, ба қавле ба дандон газида, ҳифз кард, нигоҳ дошт. Устод Бозор Собир барҳақ фармудааст:

 

Рўзи ноободияш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлатибедавлатӣ бунёд кард.

Давлате аз ҳарфи вазнин,

Давлате аз шеъри рангин.

Аз чунин шеъре, киҳар як мисрааш

Ҷўяе аз хуни сарбозони ўст,

Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ўст.

Ин нуктаю маъниҳо дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни мулоқот бо аҳли зиё, ки бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябр дар Кохи Борбади пойтахт баргузор гашт, садо доданд. Пешвои миллат нақши муҳимми забони шевою ширини тоҷикиро дар муаррифии миллати мо, сарвати фарҳангиву маънавии он, аз ҷумла осори пурғановати нобиғагони илму адабамон дар арсаи байналхалқӣ таъкид сохта, иброз доштанд, ки солҳои бистуми қарни гузашта маҳз забони бузурги тоҷикӣ яке аз далелҳои муҳимми ташкил шудани давлати миллиамон гашт. Ҳамзамон ҳамагон, хусусан олимони соҳа ва адибону муҳаққиқонро, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки тадриҷан дасти таҷовуз ба фарҳангу забони давлатҳои миллӣ дароз мекунад, барои пос ва поку беолоиш нигоҳ доштан, ғанӣ гардонидан ва рушди ҳамаҷонибаи забони модарӣ чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир даъват намуданд. "Бинобар ин, ба ҳамватанону дўстдорони забони тоҷикӣ муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки барои омўзишу таҳқиқи таърихи забонамон ҳарчи бештар талош намуда, ҷиҳати омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус  донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрўз ангуштшумор мебошанд, инчунин шевашиносону хатшиносон чораҷўӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрўзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем". Роҳбари давлатамон аз фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла сулолаи Сомониён, устодон Рўдакиву Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров, ки ҷиҳати ҳифзу ғанигардонии забони модариамон хидматҳои беназир кардаанд, бо ҳисси ифтихору миннатдорӣ ёд намуда, эшонро ҳамчун намунаи ибрат дар роҳи хидмат ба халқу миллат ва забони он таъкид сохтанд.

Дар суханронии хеш Сарвари давлат якчанд масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки дар айни замон хеле мубрам мебошанд ва барои дар ҷомеа мақоми хосса ёфтани забони давлатиамон муҳиманд. Аз ҷумла: таъмини иҷрои ҳатмии талаботи қонуни забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо, таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар, ислоҳи камбудиҳо дар "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ", такмил ва чопи луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷик, бино бар куҳна шудани грамматикае, ки ним аср пеш навишта шуда буд, таҳияи "Грамматикаи академии забони тоҷикӣ", феҳристбандии электронии тамоми калимаҳои забони тоҷикӣ бар асоси маъхазҳои қадимаву имрўза ва ба барномаи компютерӣ ворид кардани он, эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ ва ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ, коҳиш ёфтани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон ва кам мутолиа намудани асарҳои бадеӣ, риоя нагаштани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз тарафи журналистон, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо дар қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ғайра.

Пешвои миллат дар оғоз аз таърихи забони тоҷикӣ ва мақому нақши муҳимми он ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ дар пойдориву суботи давлати миллӣ андешаронӣ намуда, аз чанд камбудие, ки барои пурра амалӣ шудани Қонуни забони давлатӣ монеаҳо эҷод мекунанд, изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла таъкид гашт, ки бино бар бемасъулиятию назорати нокифояи мақоми муваззафи татбиқи қонун якчанд банди "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016" аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ нагаштаанд. Бинобар ин Академияи илмҳои ҶТ ва Вазорати маориф ва илм вазифадор шуданд, ки "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030"-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамчунин таъкид гашт, ки мо бояд ҷиҳати таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ дар соҳаҳои гуногуни илм, ки пешрафти бемайлони илму техникаи замонавӣ тақозо мекунад, корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Зеро имрўз барои ифодаи як мафҳум истилоҳу вожаҳои гуногун истифода мешаванд ва боиси нофаҳмиҳо мегарданд. Кумитаи забон ва истилоҳотро Пешвои миллат вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг ҷиҳати таҳияву татбиқи истилоҳоти ягона чораҳо андешанд.

Воқеан китоб сарчашмаи дониш ва пойдевори забондонию суханшиносӣ, рушди нутқ ва нотиқӣ мебошад. Ҳар кас, ки зиёд китоб, хусусан асарҳои бадеӣ мехонад, доираи ҷаҳонбиниаш васеъ ва таркиби луғавиаш бою тарзи гуфтор ва суханрониаш ҷаззобу дилкаш ва таъсиргузор мегардад. Аммо, бадбахтона, имрўз наврасону ҷавонони мо ба китобхонӣ кам майл доранд. Сардори давлат дар суханронии хеш ба масъалаи мазкур низ ишора карда, гуфтанд, ки падару модарон дар ин масъала масъулият ҳис намекунанд ва муаллимону устодон низ беаҳаммиятӣ зоҳир менамоянд. Таъкид шуд, ки ҳар як нафар мактаббача дар таътили семоҳаи тобистона ақаллан се китоб ва дар таътили замистона як китоби бадеӣ мутолиа кунад ва муаллимон ҳангоми оғози таҳсил шогирдонро водор намоянд, ки дар назди ҳамсинфони хеш мазмун ва аҳаммияти китобҳои мутолиа кардаашонро нақл бикунанд. "Аз ин рў, ба Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш дода мешавад, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои чорякӣ ва тобистонаву зимистона омўзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагону донишҷўён барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи заруриро муқаррар намоянд", - таъкид намуданд Сардори давлат.

 Вобаста ба масъулияти волидайн ва омўзгорон дар тарбияи наврасону ҷавонон таъкид гашт, ки ба муошират ва рафтору гуфтори наврасону ҷавонон аҳаммияти ҷиддӣ бояд дод. Зеро солҳои охир қисме аз ҷавонону наврасон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо алфози қабеҳу дағал ба ҳам муомила мекунанд, ки ин аз доираи фарҳанг ва расму оини мо берун мебошад. Бояд ҳам падару модар, ҳам кормандони муассисаҳои томактабиву муаллимону устодони мактабҳои миёна ва олӣ ва ҳам аҳли ҷомеа ба ин масъала аҳаммияти ҷиддӣ дода, наврасону ҷавононро ба роҳи рост ва хондани китобу андарзҳои судбахши бузургонамон ҳидоят намоянд.

Дар баробари мутолиаи китоб хонандагонро лозим аст, ки истифода аз луғату фарҳангҳои гуногунро омўзанд ва барои хубтару беҳтар аз худ намудани  осори классикон ва ғанӣ гардонидани захираи луғавиашон аз онҳо фаровон истифода баранд. Вобаста ба ин Роҳбари давлат кормандони Академияи илмҳо, Кумитаи забон ва истилоҳот, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илмро вазифадор карданд, ки шакли электронии "Ғиёс-ул-луғот", "Луғати фурс", "Бурҳони қотеъ", "Фарҳанги Онандроҷ", "Баҳори Аҷам", "Фарҳанги Рашидӣ", "Фарҳанги забони тоҷикӣ", "Луғатномаи Деҳхудо" ва дигар фарҳангу луғатҳоро бо алифбои имрўза дар шабакаҳои иттилоотӣ ворид созанд, то мардум битавонанд ба онҳо дастрасии хуб дошта бошанд.

Масъалаи дигаре ки Сардори давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб карданд, ин вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ буд.

Воқеан, дар бисёр маврид қоидаҳои имло боиси нофаҳмӣ ва баҳсу мунозира мегарданд. Ҳарчанд он ду маротиба тағйир ёфта, аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шуд, то ҳол мушкилию нофаҳмиҳо нисбат ба он зиёданд, ки назар ба гуфтаи Роҳбари давлат ба сатҳи саводнокии мардум, хусусан наврасону ҷавонон таъсири бад мерасонад. ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар қоидаҳои имло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш доданд, ки бо дарназардошти ислоҳи камбудиҳо дар он то моҳи январи соли 2020 "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ"-ро барои тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ вазифадор карда шуданд, ки то нимаи дуюми соли 2020 луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷикиро такмил дода, ба чоп пешниҳод созанд. Ҳамзамон Роҳбари давлат таъкид карданд, ки қоидаи имло фақат барои олимону забоншиносон нест, он бояд барои ҳама қишрҳои ҷомеа фаҳмо бошад.

Чанд сол қабл бо қарори ҳукумати кишвар "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ" тасдиқ шуда буд, ки он ҳангоми номгузории фарзандон ба шаҳрвандон ёригари беминнатест. Аммо то ҳол бино бар хунукназарӣ ва бемасъулиятии волидайн ва кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо баъзе шахсон ба фарзандонашон номҳои ба фарҳангу анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаро мегузоранд. Мо бояд ҳангоми номгузорӣ ба фарзандонамон ба суннатҳои гузаштаи халқамон такя бикунем. Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ ба кормандони САҲШ ва баъзе падару модарон эроди ҷиддӣ гирифта, таъкид намуданд, ки эҳёи номҳои миллӣ ва ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ аз масъалаҳои муҳимми сиёсати забонии давлату ҳукумат ба шумор меоянд: "Аммо дар ин самт аз ҷониби масъулони шаҳраку деҳот ва идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳанўз ҳам саҳлангориву бемасъулиятӣ ба чашм мерасад, яъне баъзеи онҳо то ҳол пойбанди равишу усули пешинаи номгузорӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир карда, фарзандони худро бо номҳои дорои маънои коста ё номҳое, ки ба анъанаҳои номгузории миллии мо бегонаанд, номгузорӣ мекунанд. Дар урфият "номи зебо - ними ҳусн" гуфтаанд. Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили неруманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ў ба шумор меравад".

Ҳамчунин Пешвои миллат ба номгузориҳои ҷуғрофӣ, номҳои маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо эрод гирифта, афзуданд, ки ин масъала хеле муҳим аст. Дар харитаи сиёсӣ арзи ҳастӣ кардани номҳои Суғд, Бохтар, Истаравшан, Рўдакӣ, Ҷайҳун, Рашт ва ғайраро пайвандгари гузаштаи пурифтихори мо ба имрўз маънидод намуда, афзуданд, ки ин амал ҳисси худшиносию худогоҳии мардумамонро боло бурда, ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ нақши мубрам мебозад. "Дар баробари ба танзим даровардани номҳои одамон танзими номҳои маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ аз ҷумлаи масоили бағоят ҳассос аст, зеро номҳои ҷуғрофӣ таърихи зиндаи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забони модарии мо мебошанд. Зарур аст, ки номҳои асили миллии ҷуғрофӣ ҳифз гардида, номи аслии маҳаллу мавзеъҳое, ки бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтааст, дубора барқарор карда шавад.

Аммо дар ин ҷода корҳои сомоннаёфта хеле зиёданд. Ҳоло ҳам комиссияҳои номгузории баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми интихоби ном хусусиятҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва касбу кори мардуми маҳалҳои аҳолинишин ва деҳоти навбунёдро ба эътибор намегиранд".

Дар ҷамъбаст Пешвои миллат ба аҳли толор ва кулли мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, ҳамагонро даъват намуданд, ки забони модариамонро, ки таҷассумгари миллат ва давлати соҳибистиқлоли мост, чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошанд ва то метавонанд барои пурғановат гаштани он ҳиссагузорӣ намоянд.

"Имрўз аҳли олам моро бо номи "тоҷикон", давлатамонро бо номи "Тоҷикистон" ва забонамонро бо номи "забони тоҷикӣ" мешиносанду эътироф мекунанд.

Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан забони муошират яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад. Мо, соҳибзабонон, дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем. Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дўст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гўшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем".

Воқеан, ин даъвати Пешвои миллат ҳар яки мо, соҳибзабононро, вазифадор мекунад, ки дар муносибат ба забони модариамон масъулияти зиёд дошта бошем, барои поку беолоиш нигоҳ доштани он ва бо ин забони шево бехатою зебо суҳбат ва муошират кардани насли наврасу ҷавон саҳм бигирем. Дар ин роҳ аз ҳама беш адибон метавонанд саҳми босазо гузоранд. Зеро як рисолати шоиру нависанда дар он аст, ки дар асарҳои хеш салосату фасоҳати суханро риоя намуда, аз фолклор, вожаҳои дар забони классиконамон роиҷ ва ҳамчунин калимаҳои зебое, ки дар шеваҳои гуногун вомехўранд, истифода бурда, барои ғанӣ гардонидани забони модарӣ ҳисса гузоранд. Як чиз мусаллам аст, ки мардуми китобхон аз асари забонаш равону пурғановат низ забон меомўзанд, ба забони адабӣ суҳбат карданро ёд мегиранд. Дар ин ҷода бояд журналистон низ саҳм бигиранд. Аммо имрўз забони матбуоти мо камбудиҳои зиёд дорад. Баъзе муҳарррирону рўзноманигорон ва наттоқони радиою телевизион дар бархе ҳолатҳо аз нодонию ноогоҳӣ ва  баъзан қасдан қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатиро риоя намекунанд.  Пешвои миллат дар суханронии хеш аз забони матбуот, барномаҳои журналистон ва тарзи гуфтор ва талаффузи наттоқони радиою телевизион интиқод карданд: "Дар ҳоле ки рўзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио дар тарғиби забони ноби тоҷикӣ ва вусъати доираи истифодаи он саҳми арзишманд дошта метавонанд, дар аксар маврид ба одитарин тобишҳои забони давлатӣ эътибор намедиҳанд. Набояд фаромўш кард, ки телевизиону радиои моро натанҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он низ тамошо ва гўш мекунанд".

Хулоса, суҳбати ошкорои Пешвои миллат дар Рўзи забони давлатӣ бо аҳли зиё бори дигар собит сохт, ки давлат ва ҳукумати кишвар нисбат ба забони давлатӣ ғамхории зиёд зоҳир мекунад, барои тоза ва беолоиш нигоҳ доштану барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани он корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад. Ҳар як соҳибзабонро низ лозим аст, ки мисли Пешвои миллат забони модарии хешро дўст дорад ва барои покизагию ғанӣ гардонидани он саҳм бигирад. Зеро мо як забон дорем, ки аз ниёгонамон мерос мондаасту имрўз ҳуҷҷати боэътимоди миллати мо дар ҷаҳон аст.

Оре, барои ҳар як тоҷик Модар якто ва Забони модарӣ низ яктост ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки нисбат ба он беэътиноӣ кунад. 

Равшан Махсумзод, нависанда

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved