• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Шеъри Сайидои Насафӣ  монанди сурудаҳои беҳамтову оламшумули дигар классикони адабиёти форсу тоҷик, як навъ гимни бузургдошти инсони заҳматқарину ҳунарвар, Яшти меҳани созандаву фарозанда, мадеҳаи фазлу ҷавонмардиву солорӣ, таронаи ишқу муҳаббати пок ва бадеҳаи муҳассаноти бани башар аст, ки лузумаш ҳеҷ аз миён нахоҳад рафт.

Ин матлаб имрӯз зимни конференсияи байналмилалии «Сайидо ва саҳми ӯ дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик», ки ба ифтихори  400-солагии яке аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ, суханвари бузург Миробид Сайидои Насафӣ дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид.

Ҳамоиши илмиро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Маҳмадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуд.

Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва сарпарасти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмахсуми Бадахш сухан карданд.

Зикр гардид, ки  Сайидои Насафӣ бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти ин давра мақом ва манзалати шоиста дошта, дар ашъори ӯ, пеш аз ҳама, ишқ бо тамоми паҳлуҳояш тараннум ёфтааст. Зиёда аз ин мавсуфро адибе аз табори ҳунармандон муаррифӣ кардаанд ва ашъори ба аҳли ҳунари замон бахшидаи ӯ дар эҷодиёташ мавқеи вижа дораду маҳбубияташро дар байни ҳаводорони шеъри ноби тоҷикӣ бештар афзудааст. Беҳтарину бебаҳотарин ва боэътимодтарин маъхазе, ки моро бо Сайидои Насафӣ, шебу фарози зиндагӣ ва мероси адабии ӯ аз наздик шинос менамояд, эҷодиёти ӯст. Офаридаҳои килки сеҳрангези шоир беш аз 8500 байтро фаро мегиранд.

 

Конференсия аз ду бахш-забон ва адабиёт иборат буда, тӯли ду рӯз донишмандони дохиливу хориҷӣ масъалаҳои Сайидо ва рушди забони адабии тоҷик дар асри XVII, ҳунари вожаофарии Сайидои Насафӣ, сабк ва дарунмояи ашъори Миробид Сайидои Насафӣ, аҳамияти тарҷумаҳолии ғазалиёти Сайидо ва дигар масъалаҳои марбут ба  осори арзишманду афкори  баландии инсонии ин суханвари бузургро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Аз ҷумла, профессор Бадриддин Мақсудов зимни маърӯзааш иброз намуд, ки Сайидо дар инкишофи адабиёти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Ин суханвари бузург дар таърихи адабиёти тоҷик чӣ дар ғазал ва чӣ дар маснавӣ ва ҷанбаҳои дигар ҳамчун шоири навовар шинохта шудааст. Ин донишманди тоҷик зикр кард, ки «ҷойгоҳи Сайидо хусусан дар пешбурди забони адабии тоҷикӣ назаррас аст. Зеро ӯ ҳамаи он воқеаҳоеро, ки дар ҳамон давра рӯй додааст, дар ашъораш инъикос кардааст. Бинобар ин тавре муҳаққиқон таъкид кардаанд, Сайидо дар таърихи адабиёти мо аз мақоми ниҳоят шоистае бархурдор аст ва бояд ҳам забоншиносон ва ҳам адабиётшиносон ҳаматарафа ашъори ӯро таҳқиқ намоянд».

Донишмандон зикр карданд, ки умуман эҷодиёти Сайидои Насафӣ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ падидае нодиру назаррас буда, онро ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво ғанитар гардонидааст. Таъсири мактаби эҷодии шоир ба раванди минбаъдаи адабиётамон пайваста эҳсос мешавад, ки басо мусмиру файзовару ибратбахш аст.

Дар конференсияи байналмилалӣ олимон ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон низ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved