• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67


Рўзи 19 сентябр дар шаҳри Маскав маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Иттиҳодияи байналмилалии ташкилотҳои ҷамъиятии "Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон" баргузор гардид. Дар маҷлис масоили ҳисоботи молиявию хазинадории он, комиссия тафтишотӣ, интихоби раис ва роҳбарияти он баррасӣ шуд.

 

Иштирокдорони маҷлис доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Директори Хазинаи адабиёти ИНТ Акбар Абдулло дар ҷаласа ширкат намуда, андешаҳои худро иброз дошт. Дар маърўзаю музокираҳо саҳми назарраси қаламкашон дар фаъолияти созмон ва таҳкими ҳамкориҳои адабию фарҳангӣ, робитаҳои адабию эҷодии адибони тоҷик бо ҳамтоёни худ таъкид ёфт.

Бо пешниҳоду ҷонибдории вакилон Акбар Абдулло узви Кумитаи иҷроияи Созмони байналмилаии иттифоқҳои нависандагон интихоб шуд. Фаъолияти ниҳодҳои интихобшуда ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ гардидааст. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved