• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

21-уми сентябр муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 148-и шаҳри Ваҳдат номи олим, омўзгор ва рўзноманигор, доктори илмҳои филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Асадулло Саъдуллоевро гирифт. Ба ин муносибат дар саҳни мактаб ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки адибону рўзноманигорон, олимону омўзгорон ва дўстону шогирдони марҳум гирд омаданд.

Нависандагон Кароматуллоҳи Мирзо, Ато Ҳамдам, Абдулҳамиди Самад, Азизи Азиз, Мардон Раҷаб, доктори илмҳои филология, узви вобастаи АУ, профессор  Аламхон Кучаров, адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода, устодони ДМТ Сангин Гулов ва Аъзамҷон Азимов дар суханрониашон қайд намуданд, ки гиромидошти хотираи аҳли илму адаб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси хушнудист ва низ хидматҳои бузурги Асадулло Саъдуллоевро зикр карданд. Аз ҷумла Сангин Гулов ва шогирдони дигари устоди зиндаёд иброз намуданд, ки барои хонандаи беҳтарини мактаб стипендияи ба номи Асадулло Саъдуллоев таъсис дода, ба бунёди осорхона ва ғанӣ гардондани китобхонаи мактаб ҳамеша ҳисса хоҳанд гузошт.

Дар охир хонандагони мактаб табъи меҳмононро бо шеъру суруд болида гардонданд.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved