• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға  намунаи олии чунин арзишҳост.  Ин нуктаро декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Сироҷиддин Эмомалӣ зимни конфронси илмӣ- амалӣ, ки имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷастаи тоҷик  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид, баён дошт.

 Сироҷиддин Эмомалӣ зикр намуд, ки барои зинда кардани номи Мавлоно дар замони соҳибистиқлолии мамлакат саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва берун аз Тоҷикистон зиёд мебошад.

«Зеро маҳз бо талошҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат шӯҳрати ҷаҳонии Мавлоно дубора эҳё гардида, имрӯз хурду бузург ашъори безаволи ӯро мутолиа, таҳлилу таҳқиқ ва муҳокима менамоянд»,- афзуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд. Осору афкори ӯ мавриди арҷгузорӣ ва омӯзиши пайваста қарор дода шуда, барои гиромидошти шахсияти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд.

Нишони баргузории чунин чорабиниҳо ҳамоиши бузурги  байналмилалие буд, ки соли 2007 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  донишмандони  шинохтаю мавлоношиносони сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Ин ҳамоиши бошукӯҳ дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар ин сол яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш ҷойгир аст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ тағйири ном карда, дар маркази ноҳия  муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта  шуд.

Зикр гардид, ки Мавлоно 30 сентябри соли 1207 дар Балх ба дунё омада, дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ ва эҷод намудааст. Шоир дар соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

Гуфтанист, ки дар конфронс адабиётшиносон Абдушукури Абдусаттор, Мисбоҳиддин Нарзиқулов ва Муҳриддин Низомов   оид ба паҳлӯҳои мухталифи осори Мавлоно сухан  карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола   30 сентябр  дар Тоҷикистон Рўзи  Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил  мешавад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved